Skip to main content

Имрӯз, 7 август дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки озмоишгоҳи нав бо барномаи муосири компютерӣ муҷаҳҳаз шудааст, ки барои таҳияи харитаҳои дақиқи радиатсионӣ бо истифода аз маълумоти аксбардории гамма, ченкунии қувваи доз ва координатаҳои GPS таҳия шудааст. Ин харитаҳо имкон медиҳанд, ки назорати муфассали вазъи радиатсионӣ амалӣ гардад, амнияти аҳолӣ ва муҳити зист таъмин шавад ва ба таҳдидҳои эҳтимолии радиатсионӣ сари вақт посух дода шавад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки ифтитоҳи озмоишгоҳ қадами муҳими таҳкими низоми амнияти радиатсионии миллӣ мебошад. Технология ва таҳқиқоти илмии мо барои баланд бардоштани дақиқӣ ва самаранокии мониторинги вазъи радиатсионӣ мусоидат хоҳанд кард.

Таъкид гардид, ки озмоишгоҳ ба як звенои калидӣ дар низоми амнияти ХБРЯ табдил хоҳад ёфт ва ба татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи радиатсионӣ ва амнияти экологӣ мусоидат мекунад. Директори Агентӣ қайд намуд, ки истифодаи усулҳои муосири таҳлили додаҳо ва технологияи геоиттилоотӣ имкон медиҳад, ки сифати пешгӯиҳо беҳтар ва хатарҳо коҳиш дода шаванд. Дар асоси ин лаборатория тањияи Атласи харитаҳои радиатсионии ҳудудҳои Тоҷикистон дар назар аст.

Маросими ифтитоҳ бо намоиши кори барнома ва намунаи харитаҳои радиатсионӣ анҷом ёфт, ки барои таҳлил ва банақшагирии чораҳои амниятӣ истифода хоҳанд шуд.