Зан дар ҳама давру замон ҳамчун рамзи меҳрубонӣ, сабру таҳаммул ва фидокорӣ дар ҷомеа мавқеи хос доштааст. Бо фаро расидани 8-уми март — Рӯзи байналмилалии занон, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба занону модарон, хоҳарон ва тамоми бонувон эҳтиром ва қадршиносии худро баён менамояд. Ин рӯз на танҳо ҷашни идона, балки имкониятест барои қадр намудани саҳми бузурги занон дар пешрафти ҷомеа, илм, маориф ва фарҳанг. Занони ҷомеаи муосир бо донишу таҷриба ва фаъолияти созандаи худ дар рушду пешрафти давлат ва ҷомеа нақши арзанда доранд.
Рӯзи 8 март дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон таҷлил мегардад. Ин рӯз рамзи эҳтиром, қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба нақши занон дар ҷомеа мебошад. Таърихи ин рӯз ба муборизаҳои занон барои баробарҳуқуқӣ, адолат ва беҳтар гардидани шароити зиндагӣ вобаста аст. Дар аввали асри ХХ занон дар баъзе кишварҳо барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ, аз ҷумла ҳуқуқи кор, маоши баробар ва иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, эътирозҳо баргузор намудаанд. Бо гузашти вақт ин сана ба як ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт, ки дар он саҳми занон дар рушди ҷомеа, илм, фарҳанг ва маориф қадр карда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин рӯз бо эҳтироми хос таҷлил мегардад. Дар ин рӯз ба модарон, хоҳарон, омӯзгорон ва тамоми занон табрикоту эҳтиром баён мешавад. Зан ҳамчун модар, тарбиятгар ва нерӯи муҳими ҷомеа дар тарбияи насли солим ва пешрафти ҷомеа нақши бузург дорад. Аз ин рӯ, 8 март на танҳо як ҷашн, балки рӯзи қадршиносии меҳнат, фидокорӣ ва хизматҳои арзандаи занон дар рушди ҷомеа мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли 2012 дар Тоҷикистон ҳиссаи занон дар байни мутахассисони илмӣ 75,8 фоиз (1676 нафар)-ро ташкил дода, дар байни кормандони соҳаи маориф 44,8 фоизро ташкил медод. Айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1 миллиону 940 ҳазор нафар хонанда ва донишҷӯ дар ҳамаи сатҳҳои таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 889 ҳазору 744 нафар ё 45,8 фоизро духтарон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳандаҳо аз иштироки фаъолонаи духтарон дар низоми маориф ва баланд гардидани нақши занон дар ҷомеа шаҳодат медиҳанд.
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ занон дар баъзе ҳолатҳо бо маҳдудиятҳо дар бозори меҳнат рӯбарӯ мешаванд, ки ин имкониятҳои онҳоро барои дастрасӣ ба баъзе касбҳо кам мекунад. Бо вуҷуди ин, роҳбарияти кишварҳои минтақа барои беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии занон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар дар соҳаҳои илм, маориф ва шуғл тадбирҳои муҳим меандешанд.
Баробарии гендерӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Ноил шудан ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон ва духтарон метавонад дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 саҳми назаррас гузорад. Дар доираи ин ҳадафҳо масъалаи дастрасӣ ва иштироки баробари занон ва духтарон дар маориф, илм, технология ва шуғли пурра мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дорад.
15 декабри соли 2015 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул намуд, ки 11 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм таҷлил карда шавад. Ҳадафи ин иқдом мусоидат ба иштироки фаъолонаи занон ва духтарон дар соҳаҳои илм, технология ва таҳқиқот мебошад.
Таҳлили вазъи гендерӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки ҳар як давлат барои баланд бардоштани мақоми занон тадбирҳои муайян меандешад. Масалан, дар Қазоқистон барои таъмини баробарии гендерӣ стратегияҳои давлатӣ қабул гардидаанд. Бо фармони президенти кишвар Стратегияи баробарии гендерӣ барои солҳои 2006–2016 қабул гардид, ки ҳадафи он баланд бардоштани намояндагии занон дар идоракунии давлатӣ мебошад. Имрӯз дар Қазоқистон занон дар соҳаҳои гуногуни идоракунӣ ва илм фаъолият доранд ва зиёда аз нисфи хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳанд.
Дар Ӯзбекистон занон тақрибан 45,4 фоизи аҳолии шуғлдоштаро ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди ин, аксари онҳо дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ фаъолият мекунанд. Дар бахшҳои сердаромад, аз ҷумла сохтмон, нақлиёт ва истеҳсолот, ҳиссаи занон нисбатан кам мебошад, ки ин аз мавҷудияти баъзе маҳдудиятҳо дар бозори меҳнат шаҳодат медиҳад.
Дар Қирғизистон ҳиссаи занон дар байни донишҷӯён сол то сол афзоиш ёфта, зиёда аз нисфи донишҷӯёнро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, дар сатҳҳои баланди илмӣ ҳанӯз ҳам бартарии мардон мушоҳида мешавад.
Дар Туркманистон низ занон дар соҳаҳои маориф ва илм мавқеи муҳим доранд. Тибқи маълумотҳо, фоизи занони машғул дар соҳаи маориф зиёда аз 60 фоизро ташкил медиҳад, ки ин аз нақши муҳими онҳо дар тарбияи насли ҷавон шаҳодат медиҳад.
Дар сатҳи ҷаҳонӣ занон дар рушди илм саҳми назаррас гузоштаанд. Таърихан фаъолияти илмӣ бештар бо мардон алоқаманд дониста мешуд, аммо занон низ сарфи назар аз мушкилот ва монеаҳо ба дастовардҳои бузург ноил гардидаанд. Яке аз чунин шахсиятҳои маъруф София Ковалевская мебошад, ки ҳамчун яке аз аввалин профессорони зани математика дар ҷаҳон шинохта шудааст.
Имрӯз занони олим дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тиб, биотехнология ва технологияҳои иттилоотӣ фаъолона иштирок доранд. Бо вуҷуди пешрафтҳо, онҳо ҳанӯз ҳам бо баъзе мушкилот, аз ҷумла стереотипҳои гендерӣ, душвории мутобиқ кардани фаъолияти касбӣ бо ҳаёти оилавӣ ва норасоии дастгирии касбӣ рӯбарӯ мешаванд.
Бо вуҷуди ин, ҷомеаи муосир барои ҷалби занон ба илм ва таҳқиқот қадамҳои муҳим мегузорад. Барномаҳои грантӣ, озмунҳои илмӣ ва лоиҳаҳои дастгирии олимони ҷавон имкониятҳои навро барои рушди занон дар соҳаи илм фароҳам меоранд.
Дар маҷмӯъ, занони имрӯз на танҳо дар соҳаи маориф ва илм фаъолият мекунанд, балки дар рушди ҷомеа, эҷоди навовариҳо ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ нақши муҳим доранд. Барои насли ҷавон муҳим аст дарк намояд, ки имкониятҳо дар илм ва маориф барои ҳама, новобаста аз ҷинс, баробар мебошанд. Ин раванд ба ташаккули ҷомеаи одилона ва пешрафта мусоидат хоҳад кард.
Зоҳидов Абдуҳабиб - кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ
