Модар ту биҳишти ҷовидонӣ, модар.
Хуршеди баланди осмонӣ, модар.
Дар чашми ту нури зиндагонӣ ҷорӣ,
Сарчашмаи меҳри беканорӣ, модар.
Лоиқ Шералӣ
Воқеан, зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Зан–Модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва назокату малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад. Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.
Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад. Зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, бузургворона, дилсӯзона, бо бахшоишиву дастгирӣ ва пуштибонӣ барои оила, фарзанд ва ҷомеаи худ шабу рӯз заҳмат мекашад. Ҳар як Зан-Модар тараҳумгари зебоӣ, нигоҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши анъанаҳои неки гузаштагонамон буда, дар тарбияи фарзандон ва ба дили онҳо меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳанд ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоянд.
Ба монанди дили худ, дил наёбӣ,
Чу ҳавлии Падар, манзил наёбӣ.
Нишинӣ бо хирадмандони дунё,
Ба мисли Модарат оқил наёбӣ.
Ҳаёт собит месозад, дар он хонаводае, ки Зан–Модар бомаърифату хушахлоқ мебошад, аксар вақт фарзандон бо сазовори номи нек, ба воя мерасанд. Ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан–Модар вабаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.
23-юми феврали соли 1917 ин рӯзи корпартоии занони Русия буд, ки боиси инқилоби Русия гардид ва ҳукумати муваққатӣ ба занон ҳуқуқи овоздиҳӣ дод. Владимир Ленин соли 1922, 8 мартро расман Рӯзи байналмилалии занон эълон намуд. Соли 1977 Созмони Милалли Муттаҳид ба кишварҳои дагар низ пешниҳод намуд, то 8 мартро Рӯзи байналмилалии озодии занон эълон кунанд. Дар Тоҷикистон ин рӯзро Рӯзи Модарон ҷашн мегиранд, барои арҷ гузоштан ба бузургии модар ва нақши ӯ дар оилаву ҷомеаи ҷаҳонӣ.
Таърих гувоҳ аст, ки занону бонувони тоҷик бо ақлу заковат, дониш, рафтору кирдор ва батни поки худ ҳазорон номбардорони дунёи илму фазлро вориди саҳнаи ҳаёт намудаанд. Занони тоҷик яке аз беҳтарин занони дунё аз ҷиҳати ақлу тамиз, илму маърифат, одобу рафтор, меҳмоннавозӣ ва ахлоқи ҳамида ба шумор мераванд. Имрӯз дар Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории кишвар марду зан баробарҳуқуқанд.
Истиқлолияти давлатӣ ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувон шароит фароҳам овард, то ки онҳо дар ҳама гуна касб, кор ва фаъолият намоянд. Дар яке аз суханрониҳои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтанд: ”Далели бе баҳс аст, ки симои занони соҳибмаърифат, ҷасуру далер ва адолатпарвари тоҷик аз паси садсолаҳо дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихии халқамон ба мардуми мо тавону неру мебахшад. Занону бонувон ва хоҳарону духтарони мо имрӯз бо рафтору гуфтори нек, андешаи солим, нангу номус ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми басо арзишманд доранд”. Ин суханҳои Пешвои миллат ба мо бонувон неруву тавони дигаре бахшид ва мо барои пешрафти Ватани азизамон фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаи худро хоҳем гузошт.
Бо шарофати суханҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз занон ҳамчун аъзои Ҳукумат ва вакили Парламент, дар мақомоти ҳокимияти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, дар қушунҳои ҳарбӣ низ масъулияти идоракуниро сарфарозона иҷро намуда истодаанд. Онҳо дар баробари ин чун омӯзгору табиб, олим, ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, дузанда, пазанда, варзишгар, энергетик, хоҷагидору соҳибкор ва муҳофизи Ватан саҳми хешро гузошта истодаанд.
Мақому манзалати волои Зан–Модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муққаддастарин инсон ҳамеша дӯст ва азиз шуморанд.
Беҳуда нагуфтаанд, ки модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад. Дар ҳақиқат занҳои тоҷик шоистаи таҳсин ҳастанд, онҳо ҳам оиларо саришта менамоянд ва ҳам ҷомеаро.
Пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба ҳама мақому манзалати ӯ қарзи ҳар як фарди дунёӣ аст. Подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як инсони солимфикр ва бо нангу номус аст. Мо бояд модарону хоҳаронро на танҳо дар рӯзи ҷашнашон гиромӣ дорем, балки дар зиндагии ҳаррӯза ба қадри ҷоннисорӣ, муҳаббату меҳрубониҳои онҳо расем.
Дар яке аз ривоятҳо омадааст, ки “атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, меҳр аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо якдигар омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи дарду ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад”. Аз ин рӯ Зан-Модар мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, ба оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз рост омада, Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст.
Имрӯз мо аз он сарфарозем, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Рӯзи Модар, ки аз зеботарин рӯзҳои сол ба шумор меравад, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари азизамон бо як шукӯҳу азамати хоса таҷлил мегардад. Бесабаб нест, ки ин ҷашни зебои модарон ба оғози баҳор, яъне фасли сабзу хуррамӣ, шукуфоии табиат рост меояд. Илова бар ин, занро бе баҳор ва баҳорро бе зан тасаввур кардан аз имкон берун аст. Зан-модар, ки ибтидои ҳастии башарият ва эҳёгари нияту ормонҳои фараҳбахш аст, ҳақ дорад, ки зеботарин рӯзи сол насиби ӯ бошад. Дар сатҳи давлатӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намудани Рӯзи Модар, ин нишони эҳтироми Давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба занону модарон мебошад.
Бо ифтихору сарфарозӣ метавон гуфт, ки занону модарон минбаъд низ дар ҳаёти илмиву маънавӣ, сиёсиву фарҳангии кишвар иштироки фаъолона намуда, рисолаи созандагии худро руҳияи тоза мебахшанд.
Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Озмоишгоҳи рустаниҳои шифобахш ва фарматсевтика Мудири озмоишгоҳ, д.и.тиб Шарофова Мижгона Умедҷоновна Ходими илмӣ Абирова Бахтинисо




