Skip to main content
Ҳар сол 23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Артиши миллӣ бо ифтихор таҷлил карда мешавад. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди кишвар рамзи мардонагӣ, шуҷоат, ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат ба ҳисоб меравад. Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан буда, амнияти давлат, оромии ҷомеа ва суботи сиёсиро таъмин менамояд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ба зарурати таъсиси неруи мустақили ҳарбӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин шароити ҳассос ва душвор, таъсиси Артиши миллӣ қадами ҳаётан муҳим барои ҳифзи давлатдорӣ буд. Сарфи назар аз камбудиҳо ва мушкилоти ибтидоӣ, бо иродаи қавии роҳбарияти давлат ва ҷоннисориҳои фарзандони содиқи миллат, Артиши миллӣ пояҳои устувор гузошт.

Дар солҳои аввали таъсисёбӣ сарбозону афсарон бо эҳсоси баланди масъулият барои ҳифзи якпорчагии кишвар хизмат мекарданд. Онҳо дар таъмини сулҳ, барқарорсозии қонуният ва оромии ҷомеа саҳми арзанда гузоштанд. Ин хизматҳо саҳифаҳои пурифтихори таърихи навини давлатдории тоҷиконро ташкил медиҳанд.

Имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон як сохтори муназзам, муосир ва қобили ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳ бо техника ва таҷҳизоти муосир таъмин гардида, сатҳи омодабошии ҷангӣ сол ба сол боло меравад. Омӯзишҳои ҳарбӣ, машқҳои саҳроӣ ва бозомӯзии кадрҳо мунтазам баргузор мегарданд.

Яке аз вазифаҳои муҳими Артиши миллӣ таъмини амнияти марзу буми кишвар мебошад. Сарбозону афсарон дар минтақаҳои сарҳадӣ бо ҳушёрӣ ва масъулияти баланд хизмат намуда, аз ҳар гуна таҳдидҳои эҳтимолӣ пешгирӣ мекунанд. Ин хизмати содиқона боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби ҳақиқии тарбияи ватандӯстӣ барои ҷавонон маҳсуб меёбад. Дар ин мактаб ҷавонон интизом, масъулият, ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббат ба Ватанро меомӯзанд. Артиши миллӣ барои ҷавонон на танҳо ҷойи хизмат, балки мактаби зиндагӣ мебошад.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳтар намудани шароити хизмат ва зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста тадбирҳо меандешанд. Бунёди шаҳракҳои ҳарбӣ, беҳтар кардани таъминоти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани мақоми афсару сарбозон далели ғамхории давлат нисбат ба ҳомиёни Ватан мебошад.

Имрӯз нақши Артиши миллӣ дар таъмини амнияти минтақа ва мубориза бо таҳдидҳои муосир низ муҳим аст. Сарбозону афсарон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ омодаанд, ки ҳар лаҳза амнияти давлат ва шаҳрвандонро ҳифз намоянд.

23 феврал — рӯзи эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба ҳамаи онҳое мебошад, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд ё кардаанд. Ин рӯз рамзи иттиҳоди миллат, қудрати давлат ва эътимод ба фардои осоишта мебошад.

Артиши миллии Тоҷикистон ифтихори миллат, такягоҳи боэътимоди давлат ва кафили сулҳу суботи кишвар аст. Ҳифзи Ватан қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.

Раҳмонов Бахтовар Абдуғаниевич - ходими пешбари илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраев АМИТ

Қаюмӣ Достон Даврон - ходими илмии Институти математикаи ба номи Абдуҳамид Ҷӯраеви АМИТ