Skip to main content

Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 барои мо – ҷавонон, ҳамчун як роҳнамо ва дастури муҳим дар самти муносибати масъулона ба табиат арзёбӣ мегардад.

Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат ба масъалаҳои мубрами экологӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва коҳиш додани ифлосшавии муҳити зист таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, дорои захираҳои бойи обӣ аст, аммо тағйирёбии иқлим ва фаъолияти нодурусти инсон метавонад ба ин неъматҳои табиӣ зарари ҷиддӣ расонад. Аз ин рӯ, ҳифзи муҳити зист вазифаи умумимиллӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонон мебошад.

Ҷавонон бояд дар татбиқи сиёсати давлатии экологӣ фаъолона ширкат варзанд, фарҳанги экологиро дар ҷомеа баланд бардоранд ва ба истифодаи технологияҳои муосир ва «сабз» мусоидат намоянд. Таъкиди Президенти кишвар ба рушди энергетикаи барқароршаванда, идоракунии самараноки партовҳо ва ҳифзи экосистемаҳо барои мо намунаи ибрат ва даъват ба амал аст.

Мо – ҷавонони Тоҷикистон, аз ташаббусҳои байналмилалии кишвари худ дар соҳаи обу иқлим ифтихор мекунем. Ин ташаббусҳо на танҳо нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боло мебардоранд, балки масъулияти моро дар ҳифзи табиат ва сарватҳои он бештар мегардонанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 моро ба он ҳидоят мекунад, ки рушди кишвар танҳо дар асоси ҳамоҳангии инсон ва табиат имконпазир аст. Ҷавонон бояд ҳамчун ҳомии муҳити зист, ҷонибдори рушди устувор ва муҳофизи табиати Ватан фаъол бошанд, то Тоҷикистони сабз, тоза ва ободро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.

Исматдинов М.М - ходими илмии филиали Агентии амнияти ХБРЯ дар вилояти Суғд.