Системаи байналхалқӣ ба таври назаррас таҳаввул ва тағйир меёбад, дар баробари ин дигаргунӣ ба сиёсати хориҷии кишварҳо низ таъсир мерасонад. Гузариши низоми байналмиллалӣ аз системаи якқутбӣ ба ҷаҳони бисёрқутбӣ, ҳарчанд тадриҷан ва оҳиста ба амал ояд, аммо ин як раванди ногузир (табиӣ ва таърихӣ) аст. Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол низ яке аз сатҳҳои муҳими сиёсати давлатӣ ин сиёсати хориҷии он маҳсуб меёбад. Сиёсати хориҷӣ ҷузъи таркибии сиёсати дохилии давлат ба ҳисоб меравад. Яке аз самтҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бояд қайд кард, ки дуруст ва мақсаднок ба роҳ мондани сиёсати хориҷии кишвар ба таъмини манфиатҳои миллату давлат ва боло рафтани мақому манзалат ва нуфузу эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати бисёрсамта, мутавозин ва санҷидашудаест, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои шарикони байналмилалӣ асос ёфта, Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари дорои равиши хоси дипломатияи худ, фаъол ва таъсиргузор дар арсаи минтақаву ҷаҳон муаррифӣ мекунад.
Мо дар арсаи ҷаҳонӣ дар давраи гузариш зиндагӣ карда истодаем, ки дар он ҳолатҳои норавшан зиёд шуда, пешгӯӣ кам шудааст, дар минтақаҳои гуногун бӯҳронҳо ва низоъҳо ба вуҷуд омадаанд ва пеш аз ҳама, сулҳу субот дар ҳамсоягии мо таҳдид мекунад. Қувваҳои мавҷуда дар ченакҳои гуногун суръат гирифта, арзишҳои бисёрҷониба ва ҷаҳонӣ аз байн рафтаанд. Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз вазъияти мураккаби ҷаҳонӣ сиёсати “дарҳои кушода”-ро идома бахшида, ҷонибдори робитаҳои мутавозин ва тақвият додани равобит бо ҳамаи кишварҳои олам мебошад.
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳимояи манфиатҳои кишвар дар муҳити ноороми минтақавӣ ва байналмиллалӣ, ки дар он зиндагӣ мекунад, барои таъмини сулҳу суботи устувор ва эҷоди як камарбанди сулҳу шукуфоӣ ва субот замина фароҳам меорад.
Аз байн бурдани таҳдиду чолишҳои чунин муҳит ва баҳрабардорӣ аз имконот дипломатияи дурандешро бо тавоноии баланди манёврӣ ва сиёсати қавии хориҷӣ дар арсаи амал ва сари мизи музокирот тақозо мекунад. Қобили зикр аст, ки дар Паёми имсолаи Президенти кишвар, мавқеи Тоҷикистон нисбати ҳалли масъалаҳои мубраму баҳсбарангези байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ комилан возеҳу равшан дарҷ гардида, ягона роҳи ҳал муколама ва дипломатия муайян гардид. Тавре қайд гардид, “Зимни татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо фаъолияти байналмилалии худро ба хотири тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода» минбаъд низ идома хоҳем дод”. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломатия, гуфтугӯи сиёсӣ ва ҳамкории мутақобиларо ҳамчун роҳи муассири ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва пешгирии ихтилофҳо пайгирона пеш мебарад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон анъанаи амиқи дипломатӣ дошта, таҳкими ҳамкориҳоро бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимоди худ дар авлавият қарор дода, минбаъд низ барои мустаҳкам намудан ва рушд додани робитаҳо дар шароити нави ҳамкорӣ дар самтҳои дуҷониба ва бисёрҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ба ҳамин тариқ, дар байни гузашта ва оянда пулҳо сохта мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ба монанди СҲШ, ИДМ, СААД, ИА, СММ, СҲИ ва ғайра буда, ҳамеша саҳми худро дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва глобалӣ гузошта истодааст. Яке аз пешниҳоди навбатии Роҳбари давлат дар ин сол нисбати ҳифзи пиряхҳо дар маҷмааи СММ бо пуштибонии 153 кишвар қабул гардид. Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои муҳим дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи фаъоли худро дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ тақвият бахшид. Дар доираи амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», кишвар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд. Ҳамзамон, 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии СММ оид ба муҳити зист қатънома дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул гардид. Илова бар ин, бо ибтикори Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» пазируфта шуд. Дар баробари ин, ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж бозгӯйи эътирофи арзишҳои фарҳангии кишвар мебошад. Ҳамчунин, 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон намудани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид, ки ҳамаи ин аз эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар муддати чанд соли охир тағйироти ҷиддии иқлим ба назар расада, дар натиҷаи гармшавӣ обшавии пиряхҳо, ки сарчашмаи оби ошомиданӣ ба шумор мераванд, ба назар мерасад. Агар ҳолати мазкур айни ҳол ба инобат гирифта нашавад, дар ояндаи наздик метавонад фалокатҳои иҷтимоиву иқтисодиро ба вуҷуд биёрад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки муносиби раванди мазкур пайваста масъалаи ҳифзи пиряхҳоро дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ бардошта, аз оқибати харобиовари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гӯшрас менамоянд. Ҳамин таъкидҳо ва маърузаҳои пайвастаи Пешвои миллат боис гашт, ки ҷомеаи байналмилалӣ сари масъалаи мазкур тамаркуз намуда, пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро доир ба эълон намудани “Соли байналмилалии пиряхҳо” қабул намоянд. Инчунин, барои ҳифзи пиряхҳо фонди мақсадноки байналмилалӣ таъсис мегардад.
Таърихи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди сиёсати хориҷии мамлакат муваффақона фаъолият намуда, дар роҳи афзоиши эътибори байналмилалии ҷумҳурӣ саҳми босазоеро соҳиб гаштааст.
Хулоса, мардуми Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд қадамҳои устувору баҳодурона гузошта, дар ояндаи наздик бо сарҷамъиву муттаҳидӣ Тоҷикистонро ба кишвари пешрафтаву мутараққӣ табдил дода, обрӯю нуфузи кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар мебардоранд.
Ходими илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ АМИТ Зиёзода Н.И
