Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рӯзи 24-уми ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябр бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар саросари кишвар вобаста ба ин ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор мегарданд.
Ба муносибати ин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми шодбошиашон ба мардуми Тоҷикистон ёдрас менамоянд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо, хусусан, наврасону ҷавонони кишвар ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз он дар зеҳну шуури ҳар фард ҳанӯз аз синни хурдсолӣ тарбия карда шавад.
Ҷавонони имрӯз, ки насли асили даврони истиқлоланд, парчамро ҳамчун рамзи пешрафту созандагӣ мебинанд. Дар замоне, ки давлат барои ҷавонон имкониятҳои фаровони таҳсил, кор, технология, варзиш ва худшиносиро фароҳам овардааст, парчам ба онҳо нерӯ мебахшад, то дар ин роҳҳо қадамҳои устувор гузоранд.
Се ранги Парчам низ барои ҷавонон маъноҳои бузург доранд:
Сурх – рамзи ҷасорат, озодихоҳӣ ва сулҳу оромии ба дастомада, ки ҷавонон бояд онро эҳтиром намоянд ва пос доранд.
Сафед – рамзи покӣ, ниятҳои нек, дониш ва маърифат. Ин ранги сафед ҷавононро ба омӯзиши илм ва технология ҳидоят мекунад.
Сабз – рамзи табиат, зебоӣ ва рушд. Ин ранги сабз ҷавононро ба меҳнат, созандагӣ ва муҳаббат ба Ватан раҳнамун мекунад.
Тоҷ ва ҳафт ситораи дар марказ ҷойгирбуда низ барои ҷавонон нишонаи ҳувияти миллӣ ва саодати наслҳои оянда мебошанд.
Дар зери Парчами миллӣ ҷавонон худро якҷоя, муттаҳид ва масъули сарнавишти Ватани дӯстдошта эҳсос мекунанд. Имрӯз ҷавонон дар илм, варзиш, фаҳанг ва ихтироот Парчами кишварро дар арсаи ҷаҳон баланд мебардоранд – ин худ нишон медиҳад, ки Парчам барои онҳо рамзи масъулият, ифтихор ва ҳавасмандӣ мебошад.
Дар рӯзи Парчами давлатӣ ҳар як ҷавони тоҷик бо ифтихор ба ин рамзи муқаддас назар мекунад ва дар дил қасам мехӯрад, ки дар роҳи рушди давлат, амният, ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон нақши созанда гузорад.
Бигзор Парчами кишварамон доимо парафшон бошад!
Иди Парчами миллӣ ба тамоми пиру ҷавони мамлакат муборак бошад!
Ҳакимзод Сулаймон - ходими хурди илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
