Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -16 ноябр
Аз рӯзҳои аввал соҳибистиқлоли Тоҷикистон сиёсати хориҷии кишвар дар асоси принсипи «дарҳои боз»-ро амалӣ мегардад. Имрӯзҳо Тоҷикистон воқеъан бо беш аз 185 кишвари ҷаҳон ҳамкории дипломатию иқтисодию фарҳангиро ба роҳ монда, баҳри рушду нумуи кишвар талош меварзад. Дар ин раванд, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳамкорӣ бо кишварҳои аврупоӣ беназир аст. Бинобар сиёсати хирадмандона ва дипломатияи миллии тоҷикон муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои аврупоӣ амсоли Шоҳигарии Белгия, Фаронса, Олмон, Шветсария ва Италия барқарор гардида, таҷрибаи пешрафтаи ин кишварҳоро барои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карда мешавад.
Агар мо ба оинаи таърих назар андозем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия сафар карданд ва бо Аълоҳазрат Алберто Филипп мулоқот карданд. Яке аз мавзуъҳои асосии музокироти Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Иттиҳоди Аврупо оид ба амният Жозеф Борелл мушкилоти Афғонистон, инчунин таҳдидҳо ва чолишҳое, ки дар ин кишвар вуҷуд дорад мавриди суҳбат қарор гирифт.
Зимни ин вохӯрӣ ва музокироти сатҳи баланд ҳайати Тоҷикистон дар сатҳи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Шоҳигарии Белгия дар сатҳи Директори генералии Хадамоти федеролии корҳои хориҷӣ оид ба равобити дуҷониба масоили муҳими дуҷониба ва судовари ҳамкориҳои тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Баъдан нишастҳои Форуми сармоягузории Тоҷикистон-Белгия дар шаҳри Брюссел барпо гардида , ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Белгия дар соли 2019 – 11 млн. долл. ШМА-ро ташкил дод. Содирот бо Белгия аз фулузот ва маснуоти саноати бофандагӣ иборат буда, моддаҳои химиявӣ ва пластикӣ, озуқаворӣ воридот ба Тоҷикистонро ташкил доданд.
Ба мақсади тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ Белгия Консулгарии фахрии худро дар Душанбе ифтитоҳ намудааст. Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории ду давлат созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад.
Ҳамин тариқ нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳамкориҳо бо давлатҳои Аврупо хеле назаррас аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмии худ ба шаҳри Париж дар як чорабинии фарҳангӣ - "Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ" ширкат варзида, дар Рӯзи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО суханронӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки "Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ" - бузургтарин намоишгоҳи нигораҳои таърихии марбут ба ниёгони Тоҷикон дар Осорхонаи миллии ҳунарҳои зебои Париж - Осорхонаи Гимет кушода шуд. Дар намоиши фарҳанги дар Фаронса 9 млн. фаронсавиҳо аз таърих ва фарҳанги Тоҷикон аз наздик ошно шуданд. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон таассуроташро пас аз боздиди намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ баён дошт ва иброз намуд: “Тоҷикистон чорроҳаи воқеии тамаддун” мебошад.
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон намоишгоҳи бостоншиносии кишвари моро дар Париж “ҳайратангез” номид ва ин таваҷҷуҳи фаронсавиёнро нисбат ба фарҳанги тоҷикон зиёд намуд. Эммануэл Макрон аз муносиботи қотеъонаи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва ҳифзи ҳуқуқи занони Афғонистон истиқбол кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон дар бораи самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар суҳбат намуд. Дар доираи сафари расмӣ мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва раҳбарони баландпояи ин кишвар доир гардид, ки мавзӯи асосии музокирот вазъи Афғонистон пас аз ишғоли қудрат дар ин кишвар аз ҷониби ҷунбиши тундгароёни динӣ буд.
Моҳи ноябри соли 2019 зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Конфедератсия Швейтсария бо Президенти Швейтсария Ули Маурер вохӯрӣ анҷом доданд. Дар мулоқот роҳбарони давлатҳо баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ибрози ақида намуданд. Ули Маурер қайд намуд, ки ҳарду кишвар кӯҳистонӣ буда, дар марзи болооб зиндагӣ менамоем, мо омода ҳастем ҳама лоиҳаҳои Шуморо дастгирӣ намоем. Дар натиҷа мубодилаи савдо байни ду кишвар ба ҳаҷми 132 млн. Доллари ШМА ба имзо расид.
Ҳамчунин Асосгузори судҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарони давлатҳо, ки дар қасри Белвю қароргоҳи Президенти Олмон, дар Берлин баргузор шуд, иштирок карданд. Чунин чорабинӣ дар сатҳи олӣ бо роҳбарони кишварҳо имкон медиҳад, ки масоили гуногунҷанба, аз қабили сиёсат, иқтисод, амният ва мубодилаи фарҳангиро баррасӣ намоянд. Дар ин вохӯриҳои судманд 40 созишномаҳои ҳамкории иқтисодӣ оид ба тадқиқот ва инноватсия, маориф ва илм ҳамкориҳои энергетикӣ, фарҳангӣ, амнияти ва ғайраҳо ба имзо расиданд. Ногуфта намонад, ки мулоқоти сарони давлатҳо дар қасри Белвю қароргоҳи Президенти Олмон Франк Валтер Штайнмайер баргузор гардида буд.
Бояд қайд кард, ки кишварҳои Аврупо дар сиёсати берунаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус дорад. Сиёсати беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари кориашон ба кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Шоҳигарии Белгия, Италия, Фаронса ва Шветсария буд, ки хело муваффақ шуданд. Дар натиҷаи сафари хеш бо як қатор роҳбарон ва шахсони воломақоми ин кишварҳо вохӯрда, қариб бо ҳама самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки кишвар аҳдномаҳо ва созишномаҳо ба имзо расидааст.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираҳои ғании табиии Тоҷикистон, иқтидорҳои бахши саноат, энергетика ва кишоварзӣ дар зимни вохӯрӣ ибрози ақида намуданд. Чунки Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ махсусан Италия ворид намудани технологияи наву навтарин ҳавасманд аст.
Воқеаи таърихӣ ин аст, ки ширкати «Салини Импреджило» (Salini Impregilo) дар барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ инчунин нерӯгоҳи обии барқии Роғун саҳми беназир дорад.
Қобили қайд аст, ки азбаски иқлиму оби тозаву табиати пурғановати Тоҷикистон аз ҷумла Варзоб, Алмосӣ шабеҳияти фарҳангу ҷуғрофии Рими Қадим мебошад, мо метавонем дар соҳаи сайёҳӣ аз таҷрибаи Италия омӯзем. Воқеаи таърихӣ ин аст, ки Водии Алмосии Тоҷикистон аввалин маконест, ки дар ИДМ ҳамчун мероси ҷаҳонии кишоварзӣ эътироф шудааст. Дар ҷаласаи гурӯҳи машваратии илмии СММ дар санаи 8 июли соли 2025 ба ин мако чунин мақом додааст. Ин рӯйдоди таърихӣ Тоҷикистонро аввалин кишваре дар саросари ҷаҳони пасошӯравӣ ба ҳисоб рафта, ки макони худро ба феҳристи бонуфузи GIAHS (системаҳои муҳими мероси кишоварзӣ) дохил кардааст.
Дар ин росто, ёдгориҳои замонҳои қадим аз замони Рим, романтикаи дилрабои Венетсия, панорамаи кӯҳии Тоскана, нишебиҳои ҷанубии Алп, табиати аҷиб, офтоб, баҳр, ҳаво - ҳама инҳо Италия аст! Он дар қисми марказии баҳри Миёназамин мавқеи “беназири ҷуғрофӣ” дошта, ба гаҳвораи тамаддуни Аврупо табдил ёфтааст.
Бояд тазаккур дод, ки омӯхтани таҷрибаи Ҷумҳурии Италия дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла индустриализатсия (саноатикунонии кишвар), рушди бахшҳои саноат, савдо, хидматрасонӣ - бахусус хидматрасониҳои саноатӣ, молиявӣ, нақлиётӣ ва сайёҳӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Зеро имрӯз Италия дар сатҳи ҷаҳонӣ дар ин бахшҳо мавқеи пешсафро ишғол менамояд ва таҷрибаи он метавонад барои татбиқи стратегияҳои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ҳамчун намунаи муассир ва муфид хизмат кунад.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад таҷрибаи ғании кишварҳои мутараққии Аврупоро, амсоли Шоҳигарии Белгия, Фаронса, Олмон ва Италияро модели иқтисодиёти ин кишварҳоро омӯхта дар шароити Тоҷикистон барои пешрафти рушди кишвар қабул намоем.
Азбаски кишвари Тоҷикистон стратегияи чаҳоруми саноаткунонии кишварро паси сар карда истодааст, бо технологияи наву навтарин, истифодаи зеҳни сунъӣ ва “Иқтисоди сабз”-ро ҳамчун калиди пешрафати ҷомеъаи Тоҷикистон муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мешавад.
Бахусус тарзи хидматрасонӣ ба меҳмонони хориҷӣ, муоширати инсонӣ, дониши баланди кишваршиносӣ, таърихи зиёратгоҳо ҳамчун намуна қабул карда, механизҳои муосири сайёҳии кишвари Италия ва Фаронсаро дуруст ба роҳ монем. Бо дар назардошти чунин пешниҳодот, кушишҳо барои дар сатҳи баланд бардоштани ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо идома дорад. Дар ин самт сиёсати беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти кишварҳои аврупоӣ барои омӯхтани таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи аврупоиро ҳамчун модел карда дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон бояд истифода барем. Инчунин дар суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода аз инноватсия, технологияи наву навтарин ва зеҳни сунъӣ ҷанбаҳои афзалиятнок мебошад.
Пеш аз ҳама саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷӣ, махсусан бо кишварҳои аврупоӣ беназир аст.
Воҳидова Санавбарбону, мудири шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор
