Skip to main content

16-уми ноябр барои мардуми тамаддунофари тоҷик санаи сарнавиштсоз ва рӯзи ифтихори миллӣ мебошад. Дар ин рӯз сокинони кишвар бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат, “Рӯзи Президент”-ро бо тантана ва ифтихор таҷлил менамоянд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», шурӯъ аз соли 2016, 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин рӯз арҷгузорӣ ба хизматҳои беназиру таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо хиради азалӣ, ҷасорати нотакрор ва иродаи қавӣ тавонистанд миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшанд ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба давлати пешрафта, амну обод ва соҳибэҳтиром табдил диҳанд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гардид. Дар чунин айёми сангин ва тақдирсоз, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ бо иродаи қавии мардумпарварона тамоми қувва ва имконияти худро баҳри барқарор кардани сулҳу субот, баргардонидани гурезагон ва шурӯи музокирот бо мухолифин равона намуданд.

Пешвои миллат дар аввалин суханронии худ қавл доданд, ки «ман охирин гурезаро ба Ватан бармегардонам». Воқеан, бо ҷасорату фидокории бесобиқа ва эҳсоси гарми ватанпарварӣ, ин ваъдаро амалӣ карданд. Он кас бо сабру таҳаммул, сиёсати оқилона ва диди дурбин тавонистанд сулҳи пойдорро дар Тоҷикистон барқарор созанд ва пояҳои давлатдории миллиро устувор намоянд.

Аз ҷумла, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, имзои Созишномаи сулҳи умумимиллии тоҷикон, таъсиси Артиши миллӣ ва неруҳои ҳифзи сарҳад, барқарорсозии инфрасохтори давлат, ҳама намунаи ҷоннисорӣ ва хирадмандии Пешвои миллат мебошанд.

Муайян намудани Рӯзи Президент ҳамчун ҷашни давлатӣ на танҳо рамзи эҳтиром ба хизматҳои беназири Пешвои миллат, балки нишонаи эътимоду иттиҳоди мардум дар атрофи раҳбари хирадманд ва созандаи худ мебошад.

Имрӯз таҷлили ин рӯз ифодаи ҳамбастагии миллӣ, ватандӯстӣ ва қадрдонии халқи тоҷик аз хизматҳои таърихиву тақдирсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар таҳкиму тавсеаи давлатдории миллӣ, боло бурдани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми беназир гузоштаанд.

Гиромидошти Рӯзи Президент на танҳо ҷашни рамзист, балки дарси худшиносӣ ва ваҳдат, ҷашни эҳёи ифтихори миллӣ ва садоқат ба Ватан аст. Он аз як тараф қадршиносӣ аз хизматҳои Пешвои миллат ва аз ҷониби дигар нишонаи сарҷамъии тамоми мардум дар атрофи сиёсати сулҳпарварона, ватансозӣ ва башардӯстонаи роҳбари давлат мебошад.

Рӯзи Президент рӯзи ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва пойдории давлатдорӣ аст. Таҷлили ин санаи таърихӣ аз ҷониби мардуми тоҷик далели эҳсоси баланди ифтихор, сипос ва садоқат ба Пешвои миллат мебошад, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи ӯ Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сӯи фардои дурахшон пеш меравад.

Бигзор кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ободу шукуфон гардад!

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!

Юсуфзода Шодоб, ходими илмии шуъбаи сиёсатшиносии

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ