Skip to main content

Мо ифтихор дорем, ки осори ҷовидонаи ба забони ноби тоҷикӣ таълифнамудаи гузаштагони мо ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо беҳтарин намунаҳои илмиву адабӣ ва ахлоқиву маънавӣ ғанӣ гардонидааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ масъалаи забон аҳамияти хоса пайдо кард ва ба ҳадде мубрам гардид, ки онро метавон яке аз падидаҳои муҳими шуури миллӣ ва афкори ҷамъиятии он солҳо номид. Воқеан ҳам забони давлатӣ яке аз унсурҳои асосии мавҷудияти давлати миллӣ буда, он пайвандгари таърихи гузаштаи миллат бо имрӯзу фардои он ва пули боэътимоди мавҷудият маҳсуб меёбад. Таърих гувоҳ аст, ки дар тамоми давраҳои таърихӣ ва ҳатто дар сахттарин солҳои ҷанги дохилӣ яке аз манфиатҳое, ки тамоми гурӯҳу табақоти ҷомеаро, сарфи назар аз тамоюлоту самтгириҳои иҷтимоию сиёсӣ, бо ҳам мепайваст, забон буд. Забони тоҷикӣ дар тамоми давраҳои сангини таърих вазифаи муҳими худро иҷро намуда, рамзи муттаҳидӣ, мавҷудият, ифтихор ва ҳувияту худшиносӣ гаштааст. Дар маҷмӯъ он як қисмати муҳим ва ё ба иборати дигар як бахши нигорандаи таърихи халқи мо буда, оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи халқи тоҷик бо ҳама шебу фарози он инъикос ёфтааст.

Лозим ба зикр аст, ки китоби пурмӯҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо номи «Забони миллат - ҳастии миллат» рӯйи чоп омада буд, фарогири таърихи забони тоҷикӣ аст. Зимни мутолеаи он, яқин мефаҳмем, ки сарчашмаи ин ноби ширин аз куҷо пайдо шудааст. Забонишносон дар боби пайдоиши забон зиёд таҳлилу баррасӣ намуда, фикрҳои худро баён намуданд.

Маҳз бо сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат имрӯз миллати тоҷик соҳиби забон, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, урфу одат ва арзишҳои башарӣ гаштааст. Чуноне, ки Пешвои миллат ҷое зикр намуданд, «моро дар таърих маҳз тавассути забон, осор ва фарҳангамон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд». Маҳз ба ҳамин хотир аст, ки забони давлатӣ ҷузъе аз нишони волои давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбад.

Мувофиқи таҳлилҳои забоншиносон дар ҷаҳон беш аз шаш ҳазор забон вуҷуд дорад, ки тахминан бо сесад забон ба таври умум 96 дарсади мардуми ҷаҳон суҳбат мекунанд. Бештар аз 100 забони дунё ҳамчун забони давлатӣ ва расмӣ пазируфта шудаанд, ки дар байни забонҳо забони модарии мо - забони тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дар боби 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” оварда шудааст, ки дар муносибатҳои байналмилалӣ истифодаи забони давлатӣ ба роҳ монда шавад. Мувофиқи боби зикршуда дар муносибатҳои байналмилалӣ тамоми гуфтушунидҳо ва мукотибот бо намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, бо забони давлатӣ ва забонҳои расмии онҳо сурат мегиранд, вале ҳангоми зарурат дар чунин муносибатҳо истифодаи дигар забонҳо маҳдуд намегардад. Инчунин дар моддаи 23-юми қонуни мазкур фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ бо забони давлатӣ, забонҳои расмии кишварҳои қарордошта сурат мегирад.

Айни замон аз ҷониби СММ забонҳои англисӣ, русӣ, хитоӣ, арабӣ, испанӣ ва фаронсавӣ ҳамчун забонҳои расмӣ эътироф гардидаанд. Амалияи шартномаҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки шартномаҳои байналмилалӣ бо се забон забони давлатии тарафҳо ва яке аз забонҳои расмӣ дар сатҳи байналмилалӣ муқарраргардида баста мешаванд.

Сиёсати давлатии баробарии забонҳоро Тоҷикистон пайгирӣ намуда, истифодаи дигар забонҳои халқу миллатҳои гуногунро маҳдуд намекунад. Мувофиқи қисми 1 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд.

Маврид ба қайд аст, ки дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи донишмандону мутафаккирони ҷаҳон ба омӯзиши забони форсӣ- тоҷикӣ ва осори бузурги мутаффакирони миллати тоҷик хеле зиёд аст, ки он мавқеи забони тоҷикиро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор мегардонад. Аз ин рӯ, дар давраҳои гуногуни таърих забони тоҷикӣ диққати бисёр олимон ва нависандагони оламрро ба худ ҷалб кардааст. Ба мисоли асосгузорони фалсафаи материалистӣ Фридрих Энгелс, шоири немис Гёте, шоири рус Есенин, шарқшиносони маъруфи дунё - Бертелс, Брагинский, Бартолд ва дигарон.

Чуноне, ки осори оламгири Ҳофизи Шерозӣ аз ҷониби мутаффакир, шоир ва адабиётшиноси олмонӣ Иоганн Гёте, ки худро дилбастаи осору пайрави мардуми форсу тоҷик ва шогирди Ҳофиз иброз медошт, мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифта, шуҳрати беандоза пайдо намуд ва дар адабиёти мардуми Олмон мавқеи хосаро соҳиб гашт. Аз ин ҷост, ки дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи донишмандону мутаффакирони ҷаҳон ба омӯзиши забони форсӣ - тоҷикӣ ва осори бузурги мутаффакирони миллати тоҷик хеле зиёд аст, ки он мавқеи забони тоҷикиро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор мегардонад.

Нуқтаи дигарро бояд зикр намоем, ки забони тоҷикӣ дар як қатор давлатҳои аврупоиву шарқӣ, ба монанди Фаронса, ИМА, Исроил, Канада, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Узбекистон ва ғайра омӯзонида мешавад. Дар ин кишварҳо нашрияҳо бо забони тоҷикӣ-форсӣ табъу интишор мешаванд, ки ин аз густариш ёфтани забони тоҷикӣ - форсӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ дарак медиҳад.

Достиева Дилафрӯз - ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ