Дар тӯли таърих мардуми ориётабор бештар кӯшидаанд, ки донишу хирад ва офаринандагиро дунбол ва тарғиб бикунанд. Аз ин ҷост, ки нахустин китоб ва фарҳангу мероси маънавии башарӣ аз ҷониби эронитаборон халқ гардидаву пажуҳишгарону муаррихони риштаи фарҳангу мардумшинос низ ин нуктаро таъйид кардаанду мекунанд.
Дар ин росто, миллати тоҷик аз пешгомони бунёдгузори илму фарҳанг маҳсуб меёбад. Фарзонафарзандони форсу тоҷик дар гузаштаи дур то ба имрӯз тавонистаанд, ки осори гаронмоя халқ кунанд, ки тамоми башарият аз он истифода бикунад ва нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки гузаштагони тоҷик хату забони комил доштанд, ки тавассути инҳо афкору пиндорҳои худро бинависанд. Имрӯз ҷаҳониён аз осору рисолаҳои бузургони эронитабор баҳравар гардида, осори ононро бо ҳазорон нусха нашр мегардонанд ва ин бозгӯкунандаи бузургии осору забони форсии тоҷикӣ мебошад.
Бояд хуб дарк кард, ки забони форсии тоҷикӣ дар миёни забонҳои дунё мақоми бузургро соҳиб мебошад, зеро чи гунае, ки дар боло зикр кардем, соҳибони забони форсии тоҷикӣ барои пойдориву ҷовидонагии забонашон ҳазорон асару луғатномаҳо иншо карданд, ки дигар мардумон барои аз ганҷинаи забони форсии тоҷикӣ бархӯрдор гардидану тарҷума кардан, ин забони нобу нафисро омӯзиш кардаанду мекунанд.
Ҳарчанд дар тӯли таърих сарзаминҳои тоҷикон аз ҷониби аҷнабиён ғасбу ғорат гардид, чӣ тавре, ки устод Бозор Собир гуфтаанд, ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, вале ягона чизе, ки миллати тоҷикро поянда нигаҳ дошт, ин забонаш ва аҳли китоб будаш буд, аз ин рӯ, беҳуда нагуфтаанд, сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
Дар баробари зӯргӯиву нобудкунии фарҳангу мероси тоҷикон дар тӯли таърих аз ҳама бештар забони форсии тоҷикӣ муқовимату дар пайкор будааст ва ҳамин тавонмандии забон буд, ки на ъарабу на тукртозӣ натавонист миллати тоҷикро дар сафҳаи таърих маҳв кунад.
Лоиқи ёдоварист, ки барои пойдории забони форсии тоҷикӣ хидмати Сомониён хеле бузург аст, зеро замони ҳукмронии онҳо дар Вароруд ҳама осори гузашта ниёгонро ба ин забон тарҷума карданд ва вазири бузурги ин сулола Балъамӣ Қуръонро ба забони Форсӣ тарҷума кард, ҳама ин хидматҳо буд, ки забони порсӣ оламгир шавад. Баъд аз ин адабиёти бузурге бо ин забон халқ гардид, ки барои пойдории забон мусоидати бештар кард.
Пас аз ба худсолорӣ расидани кишвари азизамон Тоҷикистон нисбати забону осори гузашта таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуд, ки имрӯзҳо барои боз ҳам беҳтару хубтар гардидани забон Ҳукумати ҷумҳурӣ қонуну қарорҳои муфидро баровардаву рӯи даст гирифтааст.
Пеш аз ҳама мардуми кишварро зарур аст, ки забони модариро хуб азхуд бикунанд ва барои ҳифзу гиромӣ доштани забон ҳамин амали мо бештар аҳамияти бузург дорад. Бинобар ҳамин, адабиёти муосири тоҷик барои посдории забон бисёр асарҳои арзишмандеро ба миллати тоҷик инъом карда, то ба қадру манзалати забони модарӣ бирасанд.
Чӣ гунае, ки шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ фармудааст:
Забони модариро пос дорем,
Ки аз модар варо мерос дорем.
Аз ин рӯ, забони модарӣ барои ҳифзу нигаҳдориаш ҳамчун амонат ба мо вогузор гардидааст, мо ин ганҷинаи модарон бо баҳои ҷон боястӣ ҳифз кунем. Зеро ҳастии ҳар миллат бештар ба забонаш пайванд аст ва мо барои беганзандии кишвару миллати худ пеш аз ҳама бояд забонамонро тозаву пок нигаҳдорӣ карда бошем ва ин вазифаи хеле гарон аст, ки бар дӯши ҳар тоҷик гузошта шудааст.
Ҳолиё, ки дар остонаи ҷашни забони давлатӣ қарор дорем, ҳамватанон ва ҳамтаборони арҷмандро ба ин ҷашни бузурги миллӣ ҳумоюнбод мегӯем!
Зоҳири САЙФУЛЛО, ходими хурди шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ,
Зебо ЗИЁЕВА, ходими калони шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ,
Садаф ҶАНГИБЕКОВА, лабаранти калони шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ