Skip to main content

Имрӯз, 19 март қабл аз оғози баргузории Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни ориёӣ: дирӯз ва имрӯз» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои меҳмонон, пажуҳишгарони ва форсизабонон аз кишварҳои хориҷӣ дастархони идонаи Наврӯзӣ ороста гардид.

Ҳадаф аз ташкили чунин маросим муаррифии суннату ойинҳои миллии мардуми тоҷик, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангии Наврӯз ва таҳкими робитаҳои дӯстона миёни олимону пажуҳишгарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз мебошад.

Дар ин маросим мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулозода Масрур, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, инчунин олимону муҳаққиқон, пажуҳишгарон ва форсизабонон аз кишварҳои гуногуни ҳавзаи Наврӯз иштирок намуданд.

Меҳмонон зимни боздид аз хони наврӯзӣ бо анъанаҳои қадимаи ҷашни Наврӯз, аз ҷумла оростани дастархони идона, таомҳои миллӣ ва рамзҳои ин ҷашни бостонӣ шинос гардиданд. Дар дастархон таомҳои суннатии миллӣ, аз қабили суманак, ҳалво, кулчаҳои идона, меваҳои хушк ва дигар навъҳои ғизоҳои миллӣ гузошта шуда буданд, ки ҳар кадоми онҳо маънии рамзӣ дошта, аз фаровонӣ, файзу баракат ва оғози фасли нави зиндагӣ дарак медиҳанд.

Иштирокчиёни ва меҳмонони конфронс аз чунин истиқболи гарму самимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва байналмилалӣ рамзи дӯстӣ, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо мебошад.