Имрӯз, 28 ноябр дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи «Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2024, №101 тасдиқ гардидааст, конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Марҳилаҳои асосии таърихи афкори иқтисодии халқи тоҷик ва вазифаҳои илми муосири иқтисодӣ» баргузор гардид.
Дар оғози кори конференсия директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Бобозода Комил Олимҷон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд. Дар кори ҳамоиши мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ – Ҳикматуллозода Неъматулло низ, иштирок ва бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.
Ҳамзамон, дар кори конференсия муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, сардори Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии молия»-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Умед, намояндагони вазорату идораҳо, донишгоҳҳою муассисаҳои илмӣ ва дигар шахсони даъватшуда тибқи Барномаи конференсия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори конференсияи мазкур муҳокимаи масъалаҳои - Пешвои миллат ва рушди иқтисоди миллӣ; масъалаҳои актуалии рушди илми иқтисоди ватанӣ; илми иқтисодӣ дар давраи трансформатсияи рақамӣ; Консепсияи иқтисоди сабз ва проблемаҳои муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон; илми иқтисодӣ дар шароити ҷаҳонишавии иқтисоди ҷаҳон; таърихи афкори иқтисодии халқи тоҷик; илми иқтисодии академӣ, соҳавӣ ва донишгоҳӣ: дастовардҳо ва дурнамо ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.
Қайд намудан маврид аст, ки дар чорабинии мазкур ба таври маҷозӣ Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ иштироки фаъолона намуданд.
