Skip to main content
Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад. Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими миллӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз на танҳо нишони асосии давлатдориро гиромӣ медорад, балки ба таҳкими худшиносии миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва эҳтироми арзишҳои давлатдорӣ мусоидат мекунад. Парчами давлатӣ на танҳо як матои рангин аст, балки оинаи равшани таърих, мубориза ва орзуҳои миллати кӯҳнабунёди тоҷик мебошад, ки ҳамчун рамзи муқаддас таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва орзую ормонҳои тамоми сокинони кишварро таҷассум мекунад. Бинобар ин, ҳар сол 24-уми ноябр, ҳар як фарди тоҷик бо ифтихор Рӯзи парчамро ҳамчун рамзи муқаддаси миллӣ бо тантана пешвоз мегирад.

Таърихи парчами тоҷикон ба чандин ҳазорсола пеш бармегардад, аз вақте ки ин рамз ҳамчун нишони давлатдорӣ ва ҳамоҳангии миллӣ дар байни аҷдодони мо пайдо шуд. Куҳантарин ишора дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо дар «Авесто» омадааст, ба мисли: «Балхи зебо бо дирафшҳои барафрошта» ва «дирафши говпайкар». Баъдтар, тибқи «Шоҳнома» – и Абулқосими Фирдавсӣ, Шоҳ Фаридун парчами худро бо сангҳои қиматбаҳо ва тасвири ситораи чоргӯшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои сурх, зард ва бунафш оро дода, онро «Дирафши Ковиёнӣ» номид.

Дар давраи Шӯравӣ, парчами Тоҷикистон таҳти таъсири идеологияи коммунистӣ ташаккул ёфт.

Парчами амири Бухоро матои росткунҷа, рангаш сафеду сабз,ки дар он бо арабӣ навишта шуда буд «Султон-сояи Худо» дар тарафи дигар навишта шуда буд, ки «Нест Худое ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад расули Худо» тасвир ёфта буд. Дар байни ин ду навиштаҷот тасвири моҳи нопурра ва ситораи 5-гӯшаи тиллоӣ ҷойгир карда шуда буд. Канорҳои ин матоъ бо нақшҳои ранги сиёҳ-гулобӣ нақшу нигор карда шуда буд.

2 сентябри соли 1920 амири Бухоро аз сари ҳокимият дур карда шуда ба ҷои он Республикаи Халқии Советии Бухоро ташкил карда шуд, ки ба таркиби он қисмҳои марказӣ, ҷануби-шарқии Тоҷикистон дохил мешуд. Нишони парчами давлатии Республикаи Халқии Советии Бухоро аз ду матои бо ҳам часпидаи сурху сабз таркиб ёфта дар он дар мобайн расми ним моҳ ва ситораи панҷгӯша тасвир ёфта буд бо навиштаҷоти Р.Х.С.Б.

14 августи 1923 комитети иҷрояи Бухоро қарор қабул кард, ки дар парчам тағиротҳо дароварда шаванд. Ранги сабзро бардошта, фақат ранги сурхро монданд.

Аз соли 1924 то 1929 Республикаи Автономии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки парчами пештараро тағйир дод. Парчам аз матои сурх иборат буда дар он герби Ҷумҳурии Автономии Сотсиалистии Тоҷикистон тасвир карда шуда буд. Дар дохили герб досу болға, аз канорҳояш хушаи гандуму пахта тасвир ёфта буд. Дар канори герб навишта шуда буд: «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед». Солҳои 1931 то 1935 парчами Тоҷикистон аз матои сурхи якранг, ки дар он бо алифбои лотинии турконидашуда ҶСС Тоҷикистон навишта шуда буд. Аз соли 1935 то 1940 ба парчам нақши досу болға илова шуд ва инчунин дар зери навиштаҷоти тоҷикӣ ба забони русӣ Таджикская ССР навишта шуда буд.

Соли 1940 алифбо аз лотинӣ ба кирилии русӣ табдил дода шуд ва парчам низ дигаргун шуд. Ранги он сурх монд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии кирилии тоҷикӣ (ҶШС Тоҷикистон) ва кирилии русӣ (Таджикская ССР) навишта шуд. Дар болои номи ҷумҳурӣ нишонаи зарини «досу болға» нигошта шуд. > Олимчон: Аз соли 1953-1991 парчами Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ қабул карда шуд. Парчами Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон порчаи сурхе буд ба андозаи 1:2, ки ду рахи сафед ва сабз дошт. Рахи сафед ду баробар паҳнтар аз рахи сабз буд. Ранги сафед рамзи пахтакорӣ, бунёди санъатии кишвар ва ранги сабз намояндаи дигар маҳсулоти кишоварзӣ буд.

Моддаи 18‑и Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки Нишону Парчами давлатӣ ва Суруди миллӣ рамзҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дахлнопазирии онҳоро қонун ҳимоя менамояд. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд ва озмун эълон карда шуд. Дар робита ба ин, барои ҷамъбасти натиҷаҳои озмун оид ба таҳияи Парчам, Нишони давлатӣ ва матни Суруди миллӣ комиссияи махсус ташкил карда шуда, вакилони мардумӣ бо камоли масъулият дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ оид ба тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистони тозаистиқлол иқдомоте рӯи даст гирифтанд. Ниҳоят, 24 ноябри соли 1992 бо тасдиқи «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчами давлатӣ ба шакли имрӯзааш пазируфта шуд.

Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо рахи поёнии сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳноии ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар рахи сафед тасвири тоҷ ва ҳафт ситораи панҷгӯша ҷойгир шудаанд.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни рамзҳои давлатӣ яке аз мавқеи асосиро ишғол намуда, он таҷассумгари ғояи миллии давлати Тоҷикистон мебошад.
Асоси ҳуқуқии рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки тибқи моддаи 3-юми Конститутсия, рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст.

Дар ин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 12-уми майи соли 2007 мавриди амал қарор дода шудааст, ки то қабули қонуни мазкур масъалаҳои марбут ба парчами давлатӣ аз ҷониби низомнома “Дар бораи Парчами давлатӣ”, ки бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999 тасдиқ шуда буд ба танзим медароварад.
Дар муқаддимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омада шудааст, ки «Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ» рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Шинохти ҳар давлати озоду мустақил дар асоси мавҷудияти рамзҳои хоси соҳибихтиёрии он, бахусус тавассути Парчами давлатӣ сурат гирифта, басо муҳим аст, ки шаҳрвандони аз нигоҳи сиёсӣ ҳушёру зирак ва аз диди ҳуқуқӣ соҳибмаърифати он намунаи волои худшиносии миллӣ ва ватанпарварию ватандӯстӣ нишон дода, ба Парчами давлатии хеш эҳтироми доимӣ дошта бошанд, чунки донистани қадру манзалати рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ маънии пос доштани ин сарзамин, гузаштаи таърихии он ва ҳифзу гиромидошти арзишҳои муқаддаси Истиқлолияти давлатиро дорад.

Дар таърихи фарҳангии тоҷик, парчам ҳамеша мақоми арзанда доштааст ва ҳамчун ҷузъи таъриху тамаддуни миллат ба шумор меравад.

Ҳар як унсури парчами Тоҷикистон паёмҳои амиқ дорад, ки бо табиати кишвар ва арзишҳои миллӣ вобаста аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донистанд ва гуфтанд: Ранги сурх-рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, Ранги сафед-нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз-нишонаи сарсабзиву шукуфои, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Ин аломатҳо на танҳо зебоӣ медиҳанд, балки парчамро ба оинаи таърихи миллат табдил медиҳанд – таъриҳе, ки пур аз мубориза, эҷод ва умед аст. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ 24.11.2021 ҷайд карданд: “Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳансолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст.

Воқеан, дар ҷаҳони муосир соҳиби парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад.

Бинобар ин, дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ арҷгузорӣ ба Парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад.
Бо мақсади гиромидошти ин рамзи муқаддаси миллӣ 20-уми ноябри соли 2009 бо фармони Президенти мамлакат рӯзи 24-уми ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид”. Ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009, №563 ҷабул карда шуд, ки 24 ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд.

Яке аз рукнҳои арҷгузорӣ ба парчами миллӣ ин риоя кардани тартиби истифодабарии он мебошад. Тибқи моддаи 5 – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, ки мувофиқи он парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
- дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ), гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои гумрукии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохтан мумкин аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин афрохта мешавад:
- дар воситаҳои нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва ё шахсони дигар мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии раъйдиҳӣ;
- дар рӯзҳои ид ва ҳангоми баргузории чорабиниҳои тантанавӣ дар иншооту биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоиву маишии давлативу хусусӣ, биноҳои истиқоматӣ, ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо;
Мутобиқи моддаи 6-и қонуни ҶТ «Дар бораи Рамзҳои давлатӣ» тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад:
- дар ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва киштиҳое, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
- дар асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматнок ва лотереяҳои пулию молии давлатӣ;
- дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; > Олимчон: - дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ва вакили ҷамоат;
- дар нишони сарисинагии хизматчиёни давлатӣ;
- дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, хиёбонҳо, гулгаштҳо, лавҳаҳои телевизионӣ ва дигар нашрияҳои давлатӣ ҳамчун рамзи давлатӣ;

- дар аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Эҳтиром гузоштан ба давлат ин аз эҳтироми рамзҳои давлатӣ сарчашма мегирад.

Аз лиҳози ҳуқуқӣ аксари шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла аз ҷониби ҳар се шохаи ҳокимият, аз ҷумла: ҳангоми савган ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳое, ки бори аввал ба мансаб таъин карда мешаванд, узви маҷлиси миллӣ ва вакилони маҷлиси намояндагон ва аксар шахсони мансабдори хизмати давлатӣ, ки бори аввал ба мансаби хизмати давлатӣ таъин карда мешаванд, дар назди парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ савганд ёд мекунанд.

Адабиёти тоҷик ҳамеша бо рамзҳои миллӣ, аз ҷумла парчам, зинда шудааст. Шоирони бузург дар шеърҳои худ парчамро ҳамчун шамъи роҳнамо, хуршеди нурафшон ва посбони истиқлол тасвир кардаанд. Масалан, дар шеъри маъруфи Ҳақназар Ғоиб чунин гуфта мешавад:

Рангҳои парчами мо хушҷило,
Тоҷи он мероси кайшоҳӣ бар мо.
Ҳафт ахтар ҳафт бурҷи роҳи нур,
Роҳкушои олами бахту сурур.
Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!
Ранги сабзаш сабз шуд аз ҷони мо,
Ранги сурхаш хуни аҷдодони мо.
Дар сафедияш раҳи бахти сафед,
Мебарад моро ба фардои умед.
Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!

Мисраҳои мазкур на танҳо зебоии парчамро нишон медиҳанд, балки маънои амиқи онро низ. Шоири маъруфи тоҷик, Камол Насрулло , дар васфи парчам менависад:
Тоҷикистон, Парчамат тоҷи сар аст!
Парчами ту аз ҳама болотар аст!
Парчами ту Парчами адл асту дод,
К-ин дирафши Коваи оҳангар аст!
Парчами ту буда аз ҷилди паланг,
Бегазанду маҳкаму тобовар аст!
Аз миёни халқ гардида баланд,
З-ин сабаб дар Парчами ту бовар аст!
Аз Фаридуни ҳазоронсола пеш,
Халқи моро ҷилваи болу пар аст!

Ин шеър парчамро ҳамчун маркази диққати миллат ва нури умед тасвир мекунад, ки ҳамеша парафшон аст ва миллатро ба сӯи пешрафт даъват менамояд. Дар адабиёти муосири тоҷик, парчам ҳамчун "бахти миллат" ва "шамси мунир" зикр мешавад, ки шоирони гуногун онро бо орзуҳои озодӣ пайванд додаанд.
Ин шеърҳо на танҳо эҳсосоти шоиронро инъикос мекунанд, балки рӯҳи умумии миллатро низ ифода месозанд.

Ҳамасола рӯзи 24 ноябр дар пойтахт ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд: бардоштани парчам дар муассисаҳои давлатӣ, ҳамоишҳо, конфронсҳо, нишастҳо, суҳбатҳои илмӣ-маърифатӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва озмунҳои таҳсилӣ аз ҷумлаи онщо мебошанд. Дар муассисаҳои таълимӣ лексияҳо, дарсҳои тарбиявӣ, мащфилҳои шеърхонӣ ва озмунҳои эҷодӣ бахшида ба Рӯзи парчам баргузор карда мешаванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин рамз на танҳо гузашта, балки ояндаи миллатро низ равшан мекунад.

Яке аз рамзҳои муосири Тоҷикистон – пояи парчами бузурги дар маркази ш.Душанбе буда мебошад, ки баландияш ба 165 метр мерасад ва дар солҳои аввал ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шуда буд. Ин иншоот ба ҳайси нуқтаи фарҳангӣ, сайёҳӣ ва рамзии давлатдорӣ маъруф аст. Қобили зикр аст, ки дар ҳамаи вилояту ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон майдонҳои парчам сохта ба истифода дода шуда истодаанд. Дар кушодашавии аксари ин иншоотҳо Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита иштирок менамоянд, ки ин амали он кас ҳам аз арҷгузорӣ ба парчами давлатӣ далолатмекунад.

Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати рӯзи парчам 24.11.2022 қайд карданд: “Ҷашн гирифтани Рӯзи парчами давлатӣ арҷгузорӣ ба хизматҳои фидокоронаи фарзандони бузурги халқамон Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ, Шераку Деваштич, Спитамену Муқаннаъ, Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаамон мебошад, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик барои ҳифзи ному нанг ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ҷоннисориҳо карда, забон, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми куҳанбунёдамонро то замони мо расонидаанд.

Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо, хусусан, наврасону ҷавонони кишвар ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз он дар зеҳну шуури ҳар як фард ҳанӯз аз синни хурдсолӣ тарбия карда шавад.

Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси замони муосир ва равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ масъалаҳои ҳифзи истиқлолу озодӣ, суботу оромӣ, муқаддасоту арзишҳо, суннату анъанаҳо ва расму ойинҳои миллӣ барои мо аҳаммияти рӯзафзун пайдо карда истодаанд.

Аз ин рӯ, мо – мардуми Тоҷикистон – вазифадорем, ки дар зери Парчами давлати худ боз ҳам бештар муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон саъю талош намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз кунем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшем ва ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Бигзор, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ифтихору сарбаландӣ, нангу номус ва сарҷамъии миллат дар фазои осудаву ороми кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди созандагиву рушди Ватани азизамон – Тоҷикистон бошад”.

Парчами давлатӣ рамзи шоистаи сарфарозӣ аз истиқлолу соҳибватанӣ ва омили муҳими ифтихор аз давлатдориву мустақилият буда, миллати тоҷик ҳанӯз дар гузаштаҳои дури таърихӣ дорои суннатҳои бошарафи парчамдорӣ буд.

Ҳар як фарди бомаърифат ва соҳибхиради мамлакати озоду мустақили мо бояд Парчами давлатиро чун рамзи сарбаландӣ ва сарфарозию ифтихор дуруст шинохта, ба бузургӣ ва муқаддас будани он ба таври шоиста арҷгузорӣ карда, бо чунин муносибати ватандӯстона дар бунёди ҷомеаи пешрафта саҳм гузошта, садоқатмандона ва бо масъулияти баланд баҳри таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, боз ҳам баланд бардоштани обрӯ ва эътибори миллату давлатамон дар сатҳи ҷаҳони муосир саҳмгузории арзанда намояд.

Ҳикматов Муҳабатшо - нозири калони шуъбаи менеҷмент ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Азизов Олимҷон - н.и.т.т, мудири шӯъбаи менеҷмент ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Адабиёт:
1. Низомнома Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Паёмҳои телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчам http://www.president.tj/habarho_231110.html http://www.president.tj/node/27263
• Парчам ҳамчун муқаддасоти миллии давлатдорӣ https://sud.tj/markazi-matbuot/khabarho/1222/
• Парчам – барангезандаи эҳсоси ватандӯстии ҷавонон https://iet.tj/tj/parcham-barangezandai-25-11-2020/
• ПАРЧАМ-РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ЯГОНАГИИ МИЛЛАТ
• Таърихи парчами тоҷикистон https://amit.tj/tj/tarikhi-parchami-tochikiston
• https://tg.wikipedia.org/wiki/