Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимии тоҷикон буда, чун Наврӯзу Сада дар пояи тақвимҳои нуҷумиву мардумӣ ва мавсими фарорасӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд, вале моҳиятан онҳо гардиши солро муштаракан ифода менамоянд. Наврӯз ҷашни шурӯи сол буда, эътидоли баҳориро дар бар мегирад. Аммо Меҳргон фарогири эътидоли тирамоҳӣ маҳсуб меёбад. Ба ибораи дигар агар Наврӯз фарорасии сол бошаду аз оғози соли Нав, оғози корҳои баҳории деҳқон ҳикоят кунад, Меҳргон фурӯравии он (сол) буда, дар якҷоягӣ як соли пурраи кишоварзиро ташкил медиҳанд. Тақсими сол ба ду давраи баробар ва дар ду нуқтаи мушаххаси эътидоли баҳориву тирамоҳӣ дар боварҳои омиёнаи мардуми тоҷику форсу афғон ва соири кишварҳои ҳамҷавори онҳо ҳануз аз замонҳои қадим вуҷуд дошт.
Оид ба қадимӣ будани ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада ҳаминро бояд зикр намуд, ки решаи ин ҷашнҳо аз замони асотирӣ об хӯрда, Наврӯз ба нахустин фармонравои асотирӣ Ҷамшед ва Меҳргон ба аввалин шаҳриёри ҳамосавӣ- Фаридун ва Садаро ба Ҳурмузу Ҳушанг нисбат медиҳанд. Ҳанӯз аз даврони куҳан маълум гардидааст, ки дар таҷлили ҷашни Меҳргон нақши асосиро Фаридун бозида, тибқи андешаи ағлаби пажуҳишгарон Меҳргонро Фаридун ҷорӣ намудааст.Мутобиқ ба маълумоти муаррих Табарӣ, мардум пирӯзии Фаридун бар Заҳҳокро, ки зимоми ҳукуматро баъд аз худкомагӣ ва даъвои Худоӣ кардани Ҷамшед ба даст гирифта буд, як воқеаи бузурги таърихӣ ва иҷтимоӣ шуморида, онро ҷашн гирифтанд ва чунин ҷашн дар моҳи “Меҳр” ва рӯзи “Меҳр” мувофиқ омад. Аз ҳамин сабаб, онро ҷашни “Меҳргон” номиданд. Албатта ин устура буда, ишора ба ҳодисаҳое мекунад, ки дар он Фаридун дар набард бо Заҳҳок аз абзори наве бо номи”гурзи говсар” ва “Дирафши ковёнӣ” истифода бурдааст. Пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок дар айни ҳол пирӯзии ӯ бар табиат низ ҳисобида мешавад, зеро вай намояндаи қудрату шукӯҳи шоҳ буда, паҳлавонию пирӯзмандии ӯ ҷанбаи нерӯи хуршедиашро намоиш медиҳад.
Дар доираи сарчашмаҳои таърихӣ ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада бештар ба кишоварзону барзгарон тааллуқ дошта, аксарияти мардуми бумӣ ё таҳҷойӣ дар он давраҳои таърихӣ ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буданд. Агар Наврӯз оғози рӯзи Нав, оғози кишту кори деҳқон бошад, Меҳргон мавсими ҷамъоварии самараи барзгарон-деҳқонон, бардошти ҳосили зироатҳо ва омодагии замин барои кишти оянда дар аввали фасли зимистон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷашни Меҳргон чунин изҳори назар кардаанд: “Воқеан, Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёнажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд”.
Воқеан ҳам Меҳргон баъд аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузурги миллӣ буда, фурӯғмандтарин ва куҳантарин намоди суннати қадимии фарҳанги ориёӣ ба шумор меравад. Ин ҷашн Ҷашни ҳар сол рӯзи даҳуми моҳи Меҳр, баробар ба дуюми октябр бо шукуҳу шаҳомати хосае таҷлил мегардад. Меҳргон низ чун Наврӯз суфраи хоси хешро дошт. Фарқ дар он аст, ки хони наврӯзӣ бо маводҳое зиннат дода мешуд, ки ҳарфи аввалашон аз “шин” ё “син” иборат буд ва бо номи “ҳафтсин” ё “ҳафтшин” ёд мешуд. Аммо дар хони меҳргонӣ, ки назди шоҳон густарда мешуд, анвои гуногуни хӯришҳо, ҳубобот, меваҷот ва ғайраро мечиданд. Одатан дар мобайни суфра нон мегузоштанд, ки онро “дорун” меномиданд ва он аз орди ҳафт намуди донаҳои ордкардашуда пухта мешуд. Навъҳои гуногуни меваҳои фасл, гулу райҳон, мурғи пухта, шароб, ойина, сурмадон, анвои гуногуни шарбат, ширинӣ, шохаи сабзи дарахти зайтун, биҳӣ, анор, шакару сикка ва ғайраҳо суфраи меҳргониро оро медоданд. Баъд аз зуҳури дини Зардушт дар кишварҳои эронитабор дар хони меҳргонӣ китоби муқаддаси зардуштиён-Авесто низ изофа гардид.
Омӯзши сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҷашни Меҳргон моро ба хулосае водор месозад, ки аслан Меҳргон ҷашни пайвандгари аҳду паймон, дӯстиву рафоқату меҳр ба инсон буда, ҷашни ҷамъоварии ҳосил ва натиҷаи заҳмати пурбор мебошад. Ҷашни Меҳргон аз ҷумлаи ҷашнҳои бошукуҳи мардуми ориётабор буда, аз замонҳои қадим ба мо мерос монда, гузаштагон онро бо тамоми ҷузъиёташ таҷлил мекарданд. Аммо бо мурури замон ин ҷашни мардумию миллӣ аз ёдҳо рафта, муддатҳои тулонӣ дигар таҷлил намешуд. Гоҳ-гоҳе ҳангоми ҳосилғундорӣ аз он ёд мекарданд. Бо шарофати итиқлолияти давлатӣ ва бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросимҳои гуногуни мардумӣ аз нав эҳё гардида, барои дар сатҳи баланд таҷлил кардани онҳо шароити мусоид фароҳам омад.
Дар фароварди сухан мехостам, ҷашни қадимии ниёгони пурифтихорамонро ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистон табрик намоям.
Холназаров Назар, - ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ