Пиряхҳо яке аз унсурҳои калидии криосфера буда, дар танзими тавозуни обии глобалӣ, иқлими минтақавӣ ва ташаккули манзараи табиӣ нақши муҳим доранд. Тағйироти шакл, андоза ва ҳаракати пиряхҳо, ки бо истилоҳи динамикаи пиряхҳо маъруфанд, таҳти таъсири равандҳои табиӣ ва омилҳои антропогенӣ ба амал меоянд. Дар замони муосир, бо суръат гирифтани тағйирёбии иқлим ва баландшавии ҳарорати ҳаво омӯзиши ин раванд аҳамияти нав пайдо кардааст, бахусус барои кишварҳои кӯҳистон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ташаккул ва афзоиш - пиряхҳо дар минтақаҳое ба вуҷуд меоянд, ки ҳарорати миёнаи солона паст ва бориши барф аз миқдори обшавии он зиёдтар аст. Барфе, ки дар чунин шароитҳо меафтад, тадриҷан зери фишор фишурда шуда, ба ях мубаддал мегардад ва ба шакли пирях ташаккул меёбанд.
Ҳаракат (динамика) - пиряхҳо бо таъсири қувваи ҷозиба ба самти поён ҳаракат мекунанд. Ин ҳаракат метавонад натиҷаи ҷараёнҳои дохилии ях, лағжиши ях бар рӯйи қабати замин ва фишори массаи нав бошад. Ҳаракати пайвастаи пиряхҳо ба тағйирёбии рӯйи замин, ташаккули моренаҳо ва дигар сохторҳои геоморфологӣ мусоидат мекунад.
Обшавӣ ва ақибнишинӣ - бо баландшавии ҳарорати глобалӣ, раванди обшавии пиряхҳо зиёд мегардад. Дар натиҷа, ҳаҷм ва масоҳати пиряхҳо кам шуда, онҳо ба таври назаррас ақибнишинӣ мекунанд. Дар бисёр мавридҳо, пиряхҳои хурд комилан нобуд мешаванд.
Таъсир ва оқибатҳои ҳаракат (динамика)- и пиряхҳо ба табиат:
Тағйироти экологӣ ва гидрологӣ - обшавии пиряхҳо ба болоравии сатҳи баҳру уқёнусҳо ва тағйири реҷаҳои обии дарёҳо оварда мерасонад. Ин равандҳо метавонанд ба кам шудани захираҳои оби ошомиданӣ, таъсири манфӣ ба кишоварзӣ ва халалдор шудани экосистемаҳо сабаб шаванд. Мувофиқи иттилои Хадамоти ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо, аз 25 то 30 фоизи болоравии сатҳи баҳрҳо аз ҳисоби обшавии пиряхҳо сурат мегирад.
Афзоиши хатари офатҳои табиӣ - коҳиши пиряхҳо бо пайдоиши кӯлҳои морена ҳамроҳӣ мекунанд, ки метавонанд рахна шуда, боиси омадани селу обхезӣ шаванд. Ин падидаҳо дар Непал, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бештар ба қайд гирифта мешаванд.
Таъсир ба манзара ва сохти геологӣ - пиряхҳо дар ҳаракати худ массаҳои бузурги сангу хокро бо худ мекашанд, ки ин раванд дар ташаккули дарраҳо, кӯлҳои пиряхӣ ва дигар шаклҳои релеф нақши муҳим мебозад. Бозмондаҳои ин ҳаракатҳо дар шакли моренҳо ва ҷинсҳои геологӣ мушоҳида мешаванд.
Ноустувории геоморфологӣ - Аз нишебиҳо баровардани пиряхҳо устувории ҷинсҳоро паст карда, ба инкишофи ярч, рехтани сангҳо ва эрозия мусоидат мекунад. Сохтори поёни водӣ дигар мешавад, каналҳои «мурда» ба вуҷуд меоянд.
Таҳдид ба самти кишоварзӣ ва энергетика
Кишоварзӣ ва гидроэнергетика, махсусан дар Осиёи Марказӣ, аз таъминоти устувори об вобаста аст, ки бевосита бо пиряхҳо алоқаманд аст. Аз байн рафтани пиряхҳо метавонад боиси норасоии об, паст шудани ҳосили зироат ва ташаннуҷи иҷтимоӣ гардад.
Вазъи пиряхҳо дар Тоҷикистон
Тоҷикистон кишвари кӯҳсорест, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои пиряхии Осиёи Марказиро дар бар мегирад. Пиряхҳо дар ин кишвар на танҳо сарчашмаи асосии оби рӯизаминӣ мебошанд, балки дар таъмини устувории муҳити зист ва иқтисодии обӣ низ нақши муҳим доранд.
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пиряхҳо асосан дар қаторкуҳҳо ҷойгир мебошанд, ки ҳаракати пиряхҳо дар аксари минтақаҳо мушоҳида карда шудааст. Ин гувоҳи он аст, ки дар кишвари куҳсори Тоҷикистон низ ҳаракти пиряхҳо ба табиат ва пайдоиши шаклҳои нави релеф таъсиргузор мебошад.
Боиси қайд аст, ки бисёре аз пиряхҳои хурде, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд дар 50 соли охир ё хеле коҳиш ёфтаанд ё пурра аз байн рафтаанд. Ин тағйирот боиси коҳиши ҷараёни об дар дарёҳо, хавфи зиёд шудани хушксолӣ ва мушкилоти обрасонӣ дар фаслҳои гарм мегардад.
Хулоса
Динамикаи пиряхҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ нишондиҳандаи муҳими тағйирёбии иқлим ва яке аз омилҳои муҳими ба рушди устувори минтақаҳо таъсиркунанда мебошад. Таназзули пиряхҳо на танҳо таҳдидҳои экологӣ, балки иҷтимоӣ-иқтисодиро низ ба бор меорад. Дар шароити бӯҳрони иқлимӣ барои мониторинги илмӣ, идоракунии устувори об ва татбиқи стратегияҳои мутобиқшавӣ дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ чораҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.
Сайфудинова Нурия Илёсовна
лабаранти калони шуъбаи экспедитсиони ва таҳқиқоти саҳрои