Skip to main content

Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ буда, таҷассумгари фарҳанги баланд, хирад ва майли мардуми мо ба сулҳпарварӣ мебошад. Бо гузашти солҳо арзишу аҳамияти ин дастоварди бузург боз ҳам афзунтар мешавад. Ба шарофати ин, халқи тоҷик тавонист соҳибихтиёрии кишвар ва тамомияти арзии онро ҳифз намуда, ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.

Албатта миллати сарбаланди тољик хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд.

Тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро буҳрон фаро гирифта буд, вале роҳи раҳоӣ аз ин вазъияти душвору хатарнок муносибати оқилона ва дурандешонаро тақозо мекард. Бояд гуфт, ки халқи тоҷик барои расидан ба Ваҳдати миллӣ имтиҳонҳои басо душвору сангинро пушти сар кард. Ба шарофати хирадмандие, ки аз қаъри асрҳо бармеояд, халқи мо ба ҷанги бародаркушии ғайричашмдошт хотима дод. Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рузи фируз моро лозим омад, ки роҳи тулонии ноҳамворро тай намоем, монеаҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем.

Қайд кардан зарур аст, ки 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин саннаи тақдирсоз дар сарзамини тоҷикон муҳимтарин ва муассиртарин омили расидан ба Ваҳдати миллӣ буд. Ваҳдате, ки тайи 28 сол ҷомеаи мо марҳала ба марҳала онро тай карда истодааст. Тайи ин чанд сол ҷомеаи мо тавонистааст, ки дастовардҳои хотирмонеро дар роҳи дастёбӣ ба ризоияту Ваҳдати миллӣ соҳиб шавад. Чун ба ин чанд соли душвори бунёдкориву созандагӣ назар мекунем, мебинем, ки чи гуна давлати Тоҷикистон тавонистааст монеаҳои зиёдеро пушти сар кунад.

Тавре маълум аст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ин рӯйдоди таърихиро дар ҳаёти давлати навини тоҷикон борҳо таъкид намуда, онро дар радифи Рӯзи истиқлолияти давлатӣ гузошта, воқеаи муҳиму фаромӯшнашаванда арзёбӣ намудааст. Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар таҷлили даҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ қайд намудаанд: «Баъди 21 вохӯриву музокирот, ки қариб чор сол дар Маскаву Кобул, Теҳрону Алмаато, Бишкеку Ашқобод ва дигар маҳаллу мавзеъҳо гузаронида шуданд, оқибат даври ниҳоиро дар Маскав доир карда, ба санади тақдирсоз ва ҳаётбахши сулҳ имзо гузоштем».

Чуноне маълум аст, давоми зиёда аз се сол нӯҳ даври музокирот гузаронида шудааст, ки баъзе даври онҳо ду се марҳаллаи алоҳидаро дарбар мегирифтанд. Дар лаҳзаҳои душвортарини раванди сулҳ Сарвари давлатамон бо Роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон ҳафт маротиба дар мамолики мухталиф бевосита дидан кардаанд.

Воқеан, таъмини сулҳ ва суботи кишвар бе саъю кӯшиши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради волои мардуми мо номумкин буд. Маҳз зањмати бевоситаи Сарвари давлат боиси он гардид, ки сулҳ дар кишварамон барқарор гардад.

Яъне аз ҷониби Пешвои миллат консепсияи Ваҳдати миллӣ пешниҳод шуд, ки барои амалӣ сохтани он роҳбарияти кишвар ба неруи созанда ва тамаддунгарои ҷомеаи тоҷик такя намуд. Пешвои миллат тамоми истеъдоди сиёсии худро баҳри овардани сулҳ ба Ватан равона карданд. Қобили зикр аст, ки маҳз дар давраи гузарондани музокироти байни тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули фарҳанги ваҳдатгароӣ замина гузошт, ки он имрӯз унсури ҷудонашавандаи тафаккури сиёсии ҷомеаи тоҷик мебошад. Мардуми тоҷик бо роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами худ зиракии сиёсиро аз даст надода, тавонистанд доман задани бозиҳои геополитикии доираҳои манфиатхоҳи хориҷиро пешгирӣ намуда, ба табдил шудани ҷанги шаҳрвандӣ ба ноамнии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҳ надиҳанд. Сулҳе, ки Пешвои миллат ба ҳамватанони маҳбубаш овард, кафили истиқлолияти сиёсии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ гашт.

Ба ақидаи муҳаққиқи маъруфи тоҷик Ҳайдарзода Р.Ҷ. “Эмомалӣ Раҳмон як шахсияти барҷаста дар таърихи тоҷикон буда, дар ҳифзи сохти конститутсионии Тоҷикистон маҳорати баланди сиёсӣ нишон дод. Ӯ ҳамчун Пешвои сиёсӣ ва маънавии тоҷикон тавонист дар давраи баъдиҷангӣ миллатро муттаҳид созад ва дар арсаи байналмилалӣ симои мусбати байналмилалии Тоҷикистонро эҷод кунад”. Дар воқеъ, ба шарофати сиёсати муваффақи Роҳбари дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон мавқеашро дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти сайёра мустаҳкам намуда, ба доираи ҳамкорӣ давлатҳои бисёрро ворид карда, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибат ва манфиатро таъмин гардонидаанд.

Воқеан ҳам Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт. Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.

Ҳамин аст, ки бо шарофати сулҳу суботи комил ҳукумати мамлакат ба рушду пешрафти тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, хусусан, минтақаҳои дурдасти кӯҳистон эътибори аввалиндараҷа дода, барои бунёди корхонаҳои саноатӣ, инкишофи инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва иҷтимоӣ, инчунин таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Бояд гуфт, ки ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тољикистон аҳамияти бузурги байналхалқӣ низ дорад. Муҳимтар аз ҳама, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки бунёди ҷомеаи демократиро ихтиёр кардааст ва дар ин азм устувор аст, эътимоди ҷиддӣ баст, ӯро ба узвияти хеш пазируфт ва тавассути созмону ниҳодҳои байналмилалӣ робитаи чандҷониба устувор кард.

Имрӯз Тоҷикистон узви фаъоли беш аз даҳҳо созмонҳои бонуфузи байналхалқиву минтақавӣ мебошад ва дар ҳалли масоили минтақавиву байналмилалӣ саҳми худро мегузорад.

Вазъи ҷаҳони имрӯза моро ҳушдор медиҳад, ки раванди Ваҳдат дар як давлат ё ҷомеа на танҳо ба омилҳои дохилӣ вобастааст. Омилҳои берунӣ, аз ҷумла кӯшишҳои барқарор намудани ҷаҳони дуқутба, таҳдидҳои замони ҷаҳонишавӣ низ барои таҳкими Ваҳдати миллӣ ва субот дар минтақа ва ҷаҳон андешидани тадбирҳои мушаххасро талаб менамояд. Омилҳои глобалии ба давлат ва ваҳдати миллӣ хатаровар, аз қабили терроризми байналхалқӣ, ҷинояткориҳои трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, афзоиши тундгароёни динӣ, одамрабоӣ, проблемаҳои экологӣ, бекорӣ, ки ҳаррӯз бештар мегардад, ба ҷомеаи Тоҷикистон, ки як узви ҷомеаи башарӣ мебошад, бе таъсир намемонад.

Зеро, дар ҷаҳони ноорому пурҳаводиси муосир Ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ барои мардуми мо омили бунёдии дастовардҳои навин, татбиқи нақшаҳои стратегӣ, кафили боэътимоди амнияти давлат ва ҷомеа зербинои иқтисодиву иҷтимоист ва шарти асосии пешрафту ободии кишвар мебошад.

Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ, дӯстиву ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Озодӣ, Истиқлолият, сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ аз шарофати Ваҳдати миллӣ насиби мо гардид. Бинобар ин вазифаи ҳар кадом шахси ватандӯст мебошад, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намуда, то абад пос дорад.

Қодирова Зулайхо, ходими хурди

илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ