Skip to main content

Сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин арзишҳои маънавии ҳар як ҷомеаи мутамаддин ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик, ки солҳои душвори ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст, ин ду мафҳум — сулҳ ва ваҳдат — на танҳо арзиш, балки таҷрибаи зинда ва сабақи таърихӣ мебошанд.

Дар таърих бистуҳафтуми июни соли 1997 ҳамчун замони нави давлатдории Тоҷикистон созишномаи сулҳу Ваҳдати милли ба имзо расид. Мо халқи ватандӯст хуб дар ёд дорем, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози соли 1991 баъд аз пошхурии давлатҳои итиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистони азизамон гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Раванди сулҳи тоҷикон худ воқеаи беназир аст, ки сабақҳои арзишманди он на танҳо дар дохили кишвар, балки дар саросари ҷаҳон мавриди истиқбол ва омӯзиш қарор гирифт.

Дар чунин шароити фоҷиабор, шахсияти таърихӣ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — бо иродаи қавӣ, садоқат ба Ватан ва мардум дар саҳнаи сиёсӣ зуҳур карданд. Аз рӯзҳои аввали фаъолияташон, Пешвои миллат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ доданд, то ҷанг қатъ гардад, музокироти сулҳ оғоз шавад ва мардум дубора ба сӯи якдигар баргарданд.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фирориёнро ба ватан баргардониданд, миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонадони ҳар як точику тоҷикон сулҳу субот, тинҷиву осудаги, меҳру муҳаббат ва сарҷаъмиро таъмин намуданд. Мо ҷавонони замони истиқлолият шукри он мекунем, ки чунин сарвари далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпарвар дорем.

Дар шароити имрӯза бояд ҳамаи инро ҳамчун падидаи мусбат арзёбӣ кунем”, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки наврасону ҷавонони мо дар масири ободкориҳо ва шукуфоии Ватани азизамон –Тоҷикистон эҳсоси баланди дӯстдории миллат ва ин сарзаминро нишон медиҳанд.

Халқи ватандӯст сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, Ваҳдати миллиро ҳамчун рамзи асосии пешрафти ҷомеа пазируфта ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош варзида истодаем.

Имрӯз Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар ба тарбияи насли нав, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ваҳдатгароии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус медиҳанд, зеро маҳз ҷавонон ояндасозони миллатанд. Сулҳ ва ваҳдати миллӣ имрӯз мояи ифтихор ва сармояи маънавии тоҷикон аст. Ин ду неъмати бебаҳо моро водор месозанд, ки ҳамеша дар ҳифзи онҳо бошем, қадрашонро донем ва наслҳои ояндаро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем.

Мо, ҷавонон ва фарзандони Тоҷикистони соҳибистиқлол, бояд бо тамоми ҳастӣ талош кунем, то сулҳу суботи ба дастомадаро нигаҳ дорем, ваҳдати миллиро таҳким бахшем ва дар рушду шукуфоии Ватан саҳмгузор бошем.

Ба кишвари азизамон осмони софу беғубор таманно дорам Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак ҳамватанони азиз.

Муовини директор оид ба илм ва таълими МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон н.и.т. Раҳимзода Фирӯз Акбар