Skip to main content

Имрӯз, 25 июн бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори АМИТ Маҳфили Хиради АМИТ таҳти унвони “Мавқеи геосиёсии Тоҷикистон ва хусусиятҳои он дар масири соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ”, ба муносибати Ҷашни “Ваҳдати миллӣ” ва 40 – солагии фаъолияти илмӣ ва пажуҳишии сиёсатшиноси шинохтаи тоҷик Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз баргузор гардид.

Нахуст ба кори маҳфил ноиби президенти АМИТ Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳусни оғоз бахшида, сухани муқаддимавиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд.

Мавсуф зимни баромади хеш иброз дошт, ки мавриди тазаккур аст, ки 27 июни соли равон ҷиҳати ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” 28 сол пур мешавад. Ваҳдати миллии тоҷикон ва Мактаби сулҳофарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асл намунаи ваҳдати дигар миллату халқиятҳои ҳамсояи дуру наздик низ ҳаст. Онҳо ғояи ваҳдатгароии моро ҳамчун сармашқи ҳалли низоъ ва моҷароҳои гуногун мавриди истифода қарор медиҳанд.

Бо ифтихор бояд гуфт, ки миллати мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар муддати начандон тулонӣ кишварамонро аз вартаи ҷангу ҷидол раҳо сохта, ваҳдати воқеиро таъмин намояд.

Ҳамин аст, ки мо имрӯз бо ифтихори бузург ҷашни Ваҳдати миллӣ, гиромидошти олимону пажуҳишгарон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро дар фазои осоишта муаррифӣ карда метавонем, вобаста ба ин бояд қайд намуд, ки маҳфили имрӯзаи мо ба 40 - соли фаъолияти илмӣ - пажуҳишии Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшниносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, бахшида шудааст.

Зикр шуд, ки устод Муҳаммад Абдурраҳмон Наврӯз дар рушду нумўи илм, Ваҳдати миллӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмии кишварамон хизматҳои шоёне намудааст, ки боиси ифтихори аҳли илму адаб гардидааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 350 китобу монография ва мақолаҳои илмӣ буда, зери роҳбарии профессор 7-нафар докторони илм ва 30 нафар номзадҳои илм ба камол расидаанд.

Ҳамзамон, имрӯз дар маҳфили мазкур рунамои монографияи нави профессор Муҳаммад Абдураҳмон бо номи “Сиёсат” ба муносибати 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” рӯи чоп омадааст, низ рунамоӣ гардид.

Дар идомаи маҳфил шогирдону наздикону пайвандони устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз суханронӣ намуда, аз таҷриаву донишҳои андухтаашон аз устод ёдоваврӣ намуда, ба устод изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз барои хизматҳои шоёнаш аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор сипосномаву ифтихорномаву унвонҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст.