Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз неъмати бебаҳоест, ки дар баробари дигар музаффариятҳои миллӣ барои рушду инкишофи шахс, миллат ва дастовардҳори бузурги илмию фарҳангиро эҳдо намуд. Аз ҷумла, эҳёи забони модарии мо ва мақоми давлатӣ гирифтани он ин ҳама аз файзи истиқлолу озодиест, ки барои бедории миллӣ заминаи мондагоре хоҳанд монд.

1212Воқеан, забон ба тафаккури азалӣ ва хиради эҷодӣ сару кор дошта, бузургтарин ҳикмати он дар муоширату муносибати инсонҳо ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, пеши мо саволҳои мухталифе ба миён меоянд: Мо чӣ тавр афкор ва эҳсосоти худро дар қолаби сухан мерезем ва оё қолаби сухан сурат ва моҳияти афкор ва эҳсосоти моро иваз мекунад? Андешаҳо низ вобаста ба ин хеле гуногун матраҳ мегарданд. Масалан, донишманде ибрози андеша дорад, ки «Нахустин устоди ҳунари суханварӣ на Афлотуну Арасту, балки модар аст, ки забону сухани ширину рӯҳнавозаш ба зеҳну тафаккури мо бунёди худшиносиро гузошта, дунёи хаёли моро зебову рангин менамояд».

Оё ихтилофи забонҳо дар фаҳмиши байналмилалӣ ва ҳамзистии ҷаҳонӣ таъсир мегузорад? Вобаста ба ин масъала агар ба таърихи забони модарии мо назар афканем, воқеан , ин ёдгории таърихӣ ва решаҳои бунёди он сарчашмаи бисёр забонҳои дигари дунёст.Замоне онро ориёӣ, замоне авестоӣ, сипас бохтарӣ, баъдан паҳлавӣ ва билохира, форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ хондаанд.

Замоне ин забон дар қатори забонҳои чинию ҳинду бобулӣ ба тамаддунҳои гуногун таъсир дошт, махсусан, ба Юнони Қадим. Нақши пойи вожаҳои ин забонро Куруши Кабир, Дориёюш, Хашиёршоҳ ва Ардашер то ба ҷануби Юнон бурда буданд. Ҳатто имрӯз ҳам садои пойи вожаи “боракалло”-и мо дар тамоми Юнон гӯшрас аст.

Буд замоне, ки забони модарии мо дар зери тасарруфи ҳомиёни нисбатан пурқудрати бодянишин монда буд, аммо ин забон бар сари онҳо ҳукми шоҳона дошт.

Замоне, ки лашкари араб ба кишварҳои мо ҳамла кард ва нуфузи дину забонашро афзун намуд, касе аз мардуми таҳҷойии номдори форсу тоҷик араб нашуд. Аммо замоне, ки арабҳо Мисру Сурияро тасарруф намуданд, онҳо ҳамаро араб карданд ва имрӯз Мисру Сурия сарзамини арабист.

Бузургии забони модарии мо ин аст, ки дар тули қарнҳо асолати миллиро нигоҳ дошта тавонист. Ҳатто муғулҳои бодянишин тавассути он исломро қабул намуда, забони тоҷикиро то ба Ҳиндустон бурданд.

Ҳикмати дигаре дар забони модарии мо ин хат аст. Хате, ки ширинтарин хобҳою ёдҳою созҳоро рӯйи сангу коғазу қалбҳо тасвир намудааст. Хат ин анъанаи бузурги ҳама давру замон аст. Ба андешаи мо, агар забони тоҷикӣ дар рӯзгори мардуми мо афзори тарбияи инсоният бошад, пас хат олоти зеҳну тафаккури олимону донишмандон ва маърифатнокӣ мебошад.

Дар ин ҷо ҳикматеро аз гӯфтаҳои Расул Ғамзатов пеши рӯ меорем, ки дар муколама бо Абӯтолиб чунин савол медиҳад: «Забонҳои шумо ба кадом забонҳо қаробат доранд, ба кадом гурӯҳҳо тааллуқ доранд?». Абӯтолиб ҷавоб медиҳад: Тотҳо мегӯянд, ки забони тоҷикиро медонанд ва ғазалиёти Ҳофизро хонда метавонанд, аммо ман аз онҳо суол мекунам: агар шумо забони Саъдӣ ва Хайёмро донед, пас чаро онҳо барин наменависед?

Албатта, ин муаммои дигар аст, ки ба дарки фасоҳату қаробат ва истеъдод вобастагӣ дорад, аммо ба андешаи мо, аз ҳама қисми фарқкунандаи ҳар як забон муайян намудани ҳис, эҳтиром, зебоӣ, дастрас будан, дӯстдорӣ ва ба қалб наздик будан аст. Инсон танҳо ва танҳо бо шарофияти забон хирадманду боақл мегардад, зеро забон ҳамеша афзори ақл ва роҳнамои тафаккур буд, ҳаст ва мемонад.

Бештари мардумон гумон мекунанд, ки мо хатти ниёгони худро аз арабҳо мерос гирифта бошем, вале ин тавр нест, гузаштагони мо дар шаклгирии ин хат саҳми босазое доштаанд. Ба замми ин, хатти қадимаи ниёгонамон бо навиштаҳои мехии ҳахоманишӣ, паҳлавӣ, авастоӣ ва сипас порсии қадим мисли занҷири пайдарпайиҳо роҳи пурпечутобе тай намудааст.

Ба ин маънӣ забоншиноси англис Ҷеймс Дор низ ҷустуҷӯҳои гуногуне нисбати хатту забони гузаштагони мо намуда, мегӯяд: “Забони модҳо бо забони авастоӣ мутобиқ буда, бешак, забони такаллуми онҳо ориёӣ будааст ва ҳамчунин бо забони порсиҳо низ қаробату наздикӣ доштааст”. Ин ҳама наздикиҳо албатта назди таърих шоҳиданд, аммо маълум аст, ки пушидатарин розҳои инсонӣ дар дунё бо ин хатту бо ин забон васф шудааст.

Ҳамин тариқ, масъалаи фаҳмиши ҷустуҷӯи маъниҳо дар забон маҳфуз мебошад. Бе забон на ҳаёт, на шуур, на тафаккур, на ҳиссиёт, на таърих, на рушти ҷомеа имконпазир аст. Ҳамаи он чизе, ки ба инсон робитаи наздик дорад, ифодаи худро дар забон меёбад. Забон тарзи ҳастии инсон, хосияти моҳиятноки ҳастӣ ва фаъолияти маърифатиe буда, дар он фаҳмиш аз сифати маърифат ба сифати ҳастӣ табдил меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки Забон василаи ифодаи фикру андеша ҳаст, бо тафаккур пайванди азалӣ ва абадӣ дорад.Агар ба масъалаи забон аз дидгоҳи фалсафи сиёсӣ таваҷҷуҳ кунем, дар зеҳни мо он ба сурати вуҷуди мудаббир намоён шуда, тору пуди ҳастиро мутаҳаррик месозад. Беҳуда нест, ки файласуфи шаҳири қарни ХХ - М. Ҳайдеггер дар ин маврид мегуяд : "Фикру андеша ба вуҷуд сухан мебахшад ва забон хонаи вуҷуд аст".Забонро ба хонаи вуҷуд ташбеҳ додани Ҳайдеггер чунин маънӣ дорад, ки дар ҷаҳону ҳастӣ садо ва забон фазои зиндагиро рангоранг месозанд, маънӣ ва мақом мебахшанд. Садо ва ҳуруф забонро ба вуҷуд меоранд. (Хонларӣ П. Таърихи забони форсӣ. -Теҳрон, 1348.-С-15). Ин аст, ки забон ифодагари фикр ва андешаи башарист.

Ҳамин тавр, маънои забон бо тамоми гуногунии системаи аломатҳояш аҳамияти худро абадан нигоҳ дошта, моро водор менамояд, ки нисбати бузургии чунин арзиши бебаҳо ифтихор дошта бошем ва забони давлатиро муқаддас донем.

Мувофики таҳқиқоти Академияи илмҳои Фаронса дар дунё зиёда аз 2796 забон мавҷуд аст, ки онҳо ба ёздаҳ гурӯҳи калон ва понздаҳ гурӯҳи забонҳои хурд тақсим мешаванд. Мардумоне, ки бо ин забонҳо сухан меронанд, аз ҳафт то ҳашт ҳазор лаҳҷаву гуйишро истифода мебаранд. Олимони немис бошанд, тасдиқ менамоянд, ки халқҳои ҷаҳони имрӯза бо 4 ҳазор забон суҳбат мекунанд. Дар таҳқиқоти илмӣ қариб, ки 5600 забони зинда ва мурдаро мавҷуд медонанд. (Ниг.: Язык которого нет… 1988-Мн.: Нар. асвета.1988. С. 5-6.).

Умуман, дар илмҳои забоншиносию ҷомеашиносӣ дар бораи шумораи умумии забон ва диалекти гуиши гуногуни мардумони кураи Замин баҳсҳои хеле шавқоваре мавҷуд аст, ки диққати ҳаводорони ин мавзӯъро ба худ ҷалб менамояд. Аммо муҳимаш ин аст, ки ҳар кас мехоҳад мақоми забони модарии худро хубтару авлотар донад. Асрори мантиқии ин ҳолат бештар аз тарбияи шахсият ва ифтихори ватандорӣ вобастагӣ дорад, ки дар қатори дигар омилҳо забонро яке аз воситаҳои асосии миллатсозӣ ба ҳисоб мегиранд.

Дар диёри азизи мо забон ва лаҳҷаҳои зиёде ҳаст, ба монанди: яғнобӣ, шуғнонӣ, бартангӣ, сарикӯлӣ, язгуломӣ, ишкошимӣ, мунҷонӣ, вахонӣ, ринӣ, сангличӣ ва ҳоказо.

Умуман, гурӯҳҳои забонҳои бадахшонӣ хатти мустақил надоранд ва ҳамаи онҳо ба шохаи эронии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мансубият доранд. Дар вақти гуфтугӯ танҳо намояндагони се диалекти онҳо якдигарро мефаҳманду халос. Аз ин рӯ, забони муоширати байни ин гуфторҳо аз қадиммулайём забони ноби тоҷикӣ мебошад. Ҳамзамон, аҳолии ин минтақаи Тоҷикистон аксар ду ва ё сезабона буда, дар фаҳмашон хусусиятҳои билингвистӣ доранд.

Ҳамин тавр, забони тоҷикӣ забони муошират, забони дину ойин ва такягоҳи асосии ҳувияти миллии тоҷикистониён мебошад. Бинобар ин, ҳар нафаре, ки тавонад сухани хешро дар зеҳну тафаккури дигарон бештар ҷой намояд, вай дар ҳимояву эҳтироми забони хеш муваффақтар мегардад.

Донишманди қарни VIII Асмаӣ мегӯяд, ки: “Марде ба фарзандонаш чунин тавсия кард: фарзандонам, забону гуфтори хешро ислоҳу тарбият кунед, зеро гоҳе, ки ниёз ва ҳодисае барои касе пеш меояд ва дӯст дорад, ки худро дар он ҳангом зебо созад, аз нафаре маркаб ва ҷомаи ӯро ория (қарз) мегирад, вале ҳаргиз касеро намеёбад, ки забонашро ба ӯ қарз диҳад”. (Шайх Муфид.Мусанифот.Ҷ.2,с 91)

Дарвоқеъ, забонро қарз ва ё туҳфа кардан, ғайриимкон аст, аммо хусусиятҳои гуногуни забонҳои бузург метавонанд мардумони дигар қавму миллатҳоро ба худ ром намуда, зеҳнияти онҳоро тағйир диҳад.

Дар Афғонистон низ ормуриҳо ва пошоиҳо, ки бо забони форсӣ гап мезананд, худро тоҷик меҳисобанд. Бояд гуфт, ки этноними «тоҷик» дар чунин ҳолат бештар бо ду маънӣ истифода мешавад. Якум, он ҳамчун умумияти генетикию этнозабонии одамонро ифода менамояд, ки забони тоҷикӣ-форсӣ барои онҳо забони модарӣ мебошад. Дуюм, мафҳуми «тоҷик» бештар умумияти генетикӣ ва фарҳанги як қатор халқҳои Осиёи Миёнаро низ ифода менамояд. Барои мисол, мо метавонем инро ба мафҳуми «славян» ё «миллатҳои славянӣ» муқоиса намоем, яъне ба мисли мафҳумҳои «тоҷик» ва «тоҷиктаборон».

Дар ин ҷо бояд тазаккур дод, ки Ҳокимияти Советӣ соли 1929 дар Тоҷикистон ба ҷойи алифбои арабиасос алифбои лотиниро ҷорӣ намуд ва баъдан соли 1940 ба ҷойи он ҳуруфи кириллиро бо шаш ҳарфи нав ворид кард. (Ниг.: Loқenz, 1994, P.172-173).Аввалин маротиба забони тоҷикӣ соли 1989 мақоми давлатӣ гирифт ва Қонун дар бораи забони давлатӣ қабул шуд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда замони соҳибистиқлолӣ боз барои рушду пешрафти забону анъанаву дигар сунатҳои миллӣ уфуқҳои нави таҳлилу баррасиҳоеро пайдо намуд, ки барои устувории хотираи таърихӣ ва аз нав барқарор намудани саҳифаҳои фаромӯшшудаи таърихӣ заминаи воқеӣ ба миён овард.

Ҳамин тавр, забон яке аз бузургтарин омилҳоест, ки на танҳо бартарияти инсонро аз дигар махлуқоти олам фарқ мекунонад, балки бузургӣ, ифтихор ва бобарории ҳар як миллату халқиятро муаррифӣ менамояд. Акнун забони модарии мо мақоми давлатӣ гирифт, Қонуни забон ба арсаи сиёсати нав ворид гашт. Забони модарии мо ба ҳама пастию баландиҳои тақдир нигоҳ накарда, дарзамони соҳибистиқлолӣ боз рӯ ба эҳёгарӣ ниҳода, асолати таърихии миллати моро нигаҳдошта тавонист.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи ҳамзабонони худро ба «Рӯзи забон» табрику таҳният гуфта, дар рӯшди забону ғановати фарҳангӣ муваффақиятҳои бардавом орзу менамоям.

Муҳаммад Абдураҳмн-узви вобастаи АМИТ, доктори илм сиёсӣ, профессор

Мо ифтихор дорем, ки осори ҷовидонаи ба забони ноби тоҷикӣ таълифнамудаи гузаштагони мо ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо беҳтарин намунаҳои илмиву адабӣ ва ахлоқиву маънавӣ ғанӣ гардонидааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ масъалаи забон аҳамияти хоса пайдо кард ва ба ҳадде мубрам гардид, ки онро метавон яке аз падидаҳои муҳими шуури миллӣ ва афкори ҷамъиятии он солҳо номид. Воқеан ҳам забони давлатӣ яке аз унсурҳои асосии мавҷудияти давлати миллӣ буда, он пайвандгари таърихи гузаштаи миллат бо имрӯзу фардои он ва пули боэътимоди мавҷудият маҳсуб меёбад. Таърих гувоҳ аст, ки дар тамоми давраҳои таърихӣ ва ҳатто дар сахттарин солҳои ҷанги дохилӣ яке аз манфиатҳое, ки тамоми гурӯҳу табақоти ҷомеаро, сарфи назар аз тамоюлоту самтгириҳои иҷтимоию сиёсӣ, бо ҳам мепайваст, забон буд. Забони тоҷикӣ дар тамоми давраҳои сангини таърих вазифаи муҳими худро иҷро намуда, рамзи муттаҳидӣ, мавҷудият, ифтихор ва ҳувияту худшиносӣ гаштааст. Дар маҷмӯъ он як қисмати муҳим ва ё ба иборати дигар як бахши нигорандаи таърихи халқи мо буда, оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи халқи тоҷик бо ҳама шебу фарози он инъикос ёфтааст.

Лозим ба зикр аст, ки китоби пурмӯҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо номи «Забони миллат - ҳастии миллат» рӯйи чоп омада буд, фарогири таърихи забони тоҷикӣ аст. Зимни мутолеаи он, яқин мефаҳмем, ки сарчашмаи ин ноби ширин аз куҷо пайдо шудааст. Забонишносон дар боби пайдоиши забон зиёд таҳлилу баррасӣ намуда, фикрҳои худро баён намуданд.

Маҳз бо сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат имрӯз миллати тоҷик соҳиби забон, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, урфу одат ва арзишҳои башарӣ гаштааст. Чуноне, ки Пешвои миллат ҷое зикр намуданд, «моро дар таърих маҳз тавассути забон, осор ва фарҳангамон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд». Маҳз ба ҳамин хотир аст, ки забони давлатӣ ҷузъе аз нишони волои давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбад.

Мувофиқи таҳлилҳои забоншиносон дар ҷаҳон беш аз шаш ҳазор забон вуҷуд дорад, ки тахминан бо сесад забон ба таври умум 96 дарсади мардуми ҷаҳон суҳбат мекунанд. Бештар аз 100 забони дунё ҳамчун забони давлатӣ ва расмӣ пазируфта шудаанд, ки дар байни забонҳо забони модарии мо - забони тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дар боби 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” оварда шудааст, ки дар муносибатҳои байналмилалӣ истифодаи забони давлатӣ ба роҳ монда шавад. Мувофиқи боби зикршуда дар муносибатҳои байналмилалӣ тамоми гуфтушунидҳо ва мукотибот бо намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, бо забони давлатӣ ва забонҳои расмии онҳо сурат мегиранд, вале ҳангоми зарурат дар чунин муносибатҳо истифодаи дигар забонҳо маҳдуд намегардад. Инчунин дар моддаи 23-юми қонуни мазкур фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ бо забони давлатӣ, забонҳои расмии кишварҳои қарордошта сурат мегирад.

Айни замон аз ҷониби СММ забонҳои англисӣ, русӣ, хитоӣ, арабӣ, испанӣ ва фаронсавӣ ҳамчун забонҳои расмӣ эътироф гардидаанд. Амалияи шартномаҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки шартномаҳои байналмилалӣ бо се забон забони давлатии тарафҳо ва яке аз забонҳои расмӣ дар сатҳи байналмилалӣ муқарраргардида баста мешаванд.

Сиёсати давлатии баробарии забонҳоро Тоҷикистон пайгирӣ намуда, истифодаи дигар забонҳои халқу миллатҳои гуногунро маҳдуд намекунад. Мувофиқи қисми 1 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд.

Маврид ба қайд аст, ки дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи донишмандону мутафаккирони ҷаҳон ба омӯзиши забони форсӣ- тоҷикӣ ва осори бузурги мутаффакирони миллати тоҷик хеле зиёд аст, ки он мавқеи забони тоҷикиро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор мегардонад. Аз ин рӯ, дар давраҳои гуногуни таърих забони тоҷикӣ диққати бисёр олимон ва нависандагони оламрро ба худ ҷалб кардааст. Ба мисоли асосгузорони фалсафаи материалистӣ Фридрих Энгелс, шоири немис Гёте, шоири рус Есенин, шарқшиносони маъруфи дунё - Бертелс, Брагинский, Бартолд ва дигарон.

Чуноне, ки осори оламгири Ҳофизи Шерозӣ аз ҷониби мутаффакир, шоир ва адабиётшиноси олмонӣ Иоганн Гёте, ки худро дилбастаи осору пайрави мардуми форсу тоҷик ва шогирди Ҳофиз иброз медошт, мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифта, шуҳрати беандоза пайдо намуд ва дар адабиёти мардуми Олмон мавқеи хосаро соҳиб гашт. Аз ин ҷост, ки дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи донишмандону мутаффакирони ҷаҳон ба омӯзиши забони форсӣ - тоҷикӣ ва осори бузурги мутаффакирони миллати тоҷик хеле зиёд аст, ки он мавқеи забони тоҷикиро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор мегардонад.

Нуқтаи дигарро бояд зикр намоем, ки забони тоҷикӣ дар як қатор давлатҳои аврупоиву шарқӣ, ба монанди Фаронса, ИМА, Исроил, Канада, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Узбекистон ва ғайра омӯзонида мешавад. Дар ин кишварҳо нашрияҳо бо забони тоҷикӣ-форсӣ табъу интишор мешаванд, ки ин аз густариш ёфтани забони тоҷикӣ - форсӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ дарак медиҳад.

Достиева Дилафрӯз - ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Забон яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат, воситаи асосии муошират ва омили муҳимтарини худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад. Забон на танҳо василаи гуфтору навиштор аст, балки тамоми арзишҳои маънавӣ, таърихӣ ва фарҳангии як миллатро таҷассум мекунад. Аз ҳамин ҷост, ки бузургдошту гиромидошти забони давлатӣ барои ҳар як фарди ҷомеа вазифаи муқаддас ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 нахустин бор “Қонуни забон”-ро қабул намуд, ки тибқи он забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ-ро соҳиб гардид. Ин рӯйдод дар тақдири халқи мо аҳамияти сарнавиштсоз дошт, зеро забон ҳамчун рамзи асосии миллат ва пояи давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Баъдтар, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 “Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав қабул шуд. Мувофиқи он, 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад.

Дар шароити хатарзои ҷаҳони муосир арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатсози ҷомеа забон, фарҳанг, тамаддун ва анъанаҳои миллӣ бамаротиб зиёд мегардад, зеро раванди ҷаҳонишавӣ дар хеш ду ҷанбаи мусбат ва манфӣ дорад ва дар баробари хусусияти ҷаҳонӣ касб кардани урфу одатҳои миллӣ, аз ҷониби дигар, хатари аз байн рафтани онҳо, бахусус забонҳои миллӣ пеш меояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид кардаанд:

«Забон рамзи ҳастии миллат ва рукни асосии давлатдории миллӣ мебошад, ҳифз ва эҳтироми он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худшиносу худогоҳ аст.»

Дар Тоҷикистон забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст. Ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушд, тозагӣ, омӯзиш ва густариши он дар тамоми соҳаҳои ҳаёт пайваста ҷаҳд менамояд.

Забони тоҷикӣ, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад, аз забонҳои қадимтарини олам ба шумор меравад, таърихи пурғановати он беш аз ҳазорсолаҳо идома дошта, осори бузургони адабу фарҳанги ҷаҳонӣ ба монанди Устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва садҳо дигарон маҳз ба ҳамин забон эҷод шудаанд. Ин забони нобу шоирона на танҳо василаи муоширати тоҷикон, балки ганҷинаи тамаддуни умумибашарӣ низ маҳсуб меёбад.

Имрӯз дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи махсус ба забони давлатӣ зоҳир мегардад. Ба шарофати сиёсати забонпарваронаи Пешвои миллат, мақому мартабаи забони тоҷикӣ дар дохилу хориҷи кишвар афзуда истодааст. Дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии бисёре аз кишварҳо имрӯз омӯзиши забони тоҷикӣ роҳандозӣ шудааст, ки ин нишонаи эътироф ва арҷгузории байналмилалӣ ба забони модарии мо мебошад. Бо вуҷуди он ки мардуми тоҷик давоми таърих мавриди ҳамлаи бодиянишинон қарор гирифта, шаҳрҳои таърихии худро аз даст дода бошад ҳам, вале забони модарии худро ҳифз кардаанд.

Ба қавли шоири тавонои тоҷик устод Бозор Собир:

Оҷ гум карду забонро гум накард,

Тоҷ гум карду забонро гум накард,

Тахт гум карду забонро гум накард,

Рахт гум карду забонро гум накард,

Бахт гум карду забонро гум накард.

Рӯзи бузургдошти забони давлатӣ ҳар сол бо шукӯҳ таҷлил мешавад, дар муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва илмӣ, маҳфилҳо, озмунҳои шеърхонӣ, мулоқотҳо ва конфронсҳои илмӣ баргузор гардида, нақши забони давлатӣ дар таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ боз ҳам таъкид карда мешавад.

Дар баробари ин, Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки забонро бояд аз ҳар гуна олудагӣ ҳифз намоем:

«Мо бояд забони тоҷикиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дуруст, пок ва бомаънӣ истифода кунем, онро бо эҳтиром ба наслҳои оянда мерос гузорем.»

Забон сарвати гаронбаҳо ва нишони ҳастии миллати тоҷик аст. Рӯзи бузургдошти забони давлатӣ ба мо хотиррасон мекунад, ки масъулияти асосии ҳар як шахс ҳифз ва такомули ин ганҷинаи маънавӣ мебошад. Забони тоҷикӣ чун пояи давлатдорӣ ва рамзи ваҳдати миллӣ барои таҳкими истиқлолият ва шукуфоии Тоҷикистони азиз хизмат мекунад.

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистрати курси 2 - юми ихтисоси идоракунии давлатии

Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Яке аз умдатарин омилҳои рушди босуботи мамлакат ваҳдату якпорчагии мардум мебошад. Ғояи миллии ваҳдат торафт ба умқи дарку фаҳми ҷомеа таъсир мерасонад. Дар тарғибу ташвиқи ғояи ваҳдат нақши забони миллӣ хеле бузург аст. Забони ягонаи миллии пурқудрат омили муҳими ваҳдати миллӣ мебошад, зеро забони ягонаи адабӣ намояндагони тамоми забонҳо, гӯишҳо ва лаҳҷаҳои Тоҷикистонро муттаҳид месозад. Забони тоҷикӣ тадриҷан ба забони муоширати байналмилалӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта истодааст.

Дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза ба фаҳму дарки аҳли ҷомеа, махсусан насли ҷавон, расонидани таъриху тақдири забони тоҷикӣ, қудрату тавоноии он ҳамчун муқаддасоти миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду нумӯи забони тоҷикӣ дар давраи истиқлол ба таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори шаҳрвандӣ, бедор намудани ҳисси муҳаббату эҳтиром нисбат ба забон ва омӯзишу аз худ намудани забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар, инчунин боло рафтани сатҳи худогоҳии маърифатӣ, маънавӣ ва мафкуравии сокинони мамлакат мусоидат мекунад.

Илова бар ин, забон падидаи фарҳанги миллӣ мебошад, ки маҳз тавассути он миллат ҳувияти хешро таҳким бахшида, муаррифӣ месозад ва онро ҳифз менамояд. Ба ибораи дигар, забон ҳастии миллат аст. Забон ҳамчун падидаи фарҳанги миллӣ на танҳо ҷузъи фарҳанг ба ҳисоб меравад, балки вижагиҳои равонию маънавӣ ва маърифатии халқро низ инъикос менамояд. Дар забони ҳар як миллат равоншинохтии ҳамон миллат таҷассум меёбад. Аз ин рӯ, забон бузургтарин ёдгории маънавию фарҳангии миллат мебошад. Маҳз тавассути забон дастовардҳои фарҳангии миллат аз насл ба насл, аз як замон ба замони дигар, аз як давра ба давраи дигар ва аз як қарн ба қарни дигар интиқол ёфта, дастраси башарият мегарданд.

Забони миллӣ омили муҳими фарҳанг ва рушди он аст. Фарҳанги миллӣ аз бузургию шаҳомати миллат гувоҳӣ медиҳад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллӣ яке аз муҳимтарин васоити ҳифзи ҳувият ва муаррифии миллат дар ҷаҳони зудтағйирёбандаи имрӯза ба шумор меравад. Забони миллӣ ва фарҳанги миллӣ ду ҷузъи як падидаи ҳувиятсозӣ ва давлатсозӣ мебошанд. Ҳифзу таҳкими онҳо бар мабнои рақобатпазирӣ бо фарҳангу забонҳои дигар вазифаи умдаи давлат аст. Ҳифз ва таҳкими забон, ҳамчунин фарҳанги миллӣ, ба устувории пояҳои истиқлолияти давлатӣ мусоидат мекунанд.

Забони давлатӣ омили муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ низ мебошад. Ҳамчунин, он василаи муҳимми иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Эътироф гардидани забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ ба муттаҳидшавии тамоми қавму миллатҳои сокини Тоҷикистон мусоидат намуд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» барои расидан ба ин ҳадаф саҳми бузург гузошт. Забони давлатӣ яке аз рукнҳои муҳими давлати миллӣ ба ҳисоб меравад. Метавон гуфт, ки дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ, забони давлатӣ низ ба қатори муқаддасоти миллӣ дохил мешавад.

Дар ташаккул ва рушди давлатдории навин, инчунин дар устувории умури сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, забони давлатӣ нақши муҳим дорад. Забон дар баробари рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол омили муҳими ваҳдати миллӣ низ маҳсуб меёбад. Ҳар як давлат вазифадор аст, ки на танҳо рукнҳои соҳибистиқлолии худро мустаҳкам нигоҳ дорад, балки ҷиҳати рушди онҳо ғамхорӣ намояд, густариши онҳоро дар қаламрави мамлакат ва берун аз он таъмин кунад. Забони миллӣ забони идеологияи давлатӣ мебошад ва дар татбиқи он саҳми назаррас мегузорад.

Ғояи миллии ҳар як давлат тавассути назм, адабиёт, санъат ва ҳунар ифода ёфта, дар дилу ниҳоди ҳар як фард ҷой мегирад. Соҳиби истиқлолияти комили сиёсӣ гардидани Тоҷикистон дар сарнавишти миллати куҳанбунёди тоҷик давраи нави тақдирсоз буд, ки барои рушди фарҳангу забони миллӣ шароити мусоид фароҳам овард. Тоҷикистон бо чеҳраи хоси фарҳангии худ ба ҳайси давлати миллӣ ба арсаи муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардида, бо роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ қадам ба қадам ба сӯи пешрафт ва бунёди давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд гом мебардорад.

Барои рушди устувори иқтисоди миллӣ замина ва шароити мусоид ба вуҷуд омада, баҳри боло бурдани сатҳи зиндагии мардум имкониятҳо фароҳам шудаанд. Ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат муайян гардида, дар ин замина корҳои бузург дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ анҷом дода шудаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки фарҳанги миллии тоҷик кайҳо аз доираи маҳдуди маҳаллӣ берун рафта, дар намоишгоҳу ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидааст. Забони тоҷикӣ низ, ки ҷузъи фарҳанги миллӣ мебошад, аз нав мақому нуфузи байналмилалӣ пайдо кард. Фарҳангу забони миллӣ заминаҳои маънавии бунёди давлатро фароҳам меоранд ва давлати миллиро дар ҷаҳон, пеш аз ҳама, бо фарҳангу забонаш мешиносанд. Тоҷикон кайҳо боз чун мардуми фарҳангиву тамаддунсоз шинохта шудаанд.

Нуктаи муҳим дар асари Пешвои миллат «Забон — ҳастии миллат» моро ҳушдор медиҳад, ки ба арзишҳои таърихии офаридаҳои моддиву маънавии халқи худ дар асри имрӯза арҷ гузорем:

«Хушбахтона, халқи мо аз ҷумлаи мардумони фарҳангсозу тамаддунсози дунёи қадим маҳсуб мешавад. Офаридаҳои моддиву маънавӣ дар як минтақаи васеи ҷаҳон паҳн гардида, на танҳо мардуми ҳамнажоду ба ҳам наздик, балки қавму қабилаҳои гуногунро дар домани худ парваридааст. Бинобар ин, агар аз захираҳои моддиву иҷтимоиву сиёсии садаҳои охир барои мо дороии бузурге боқӣ намонда бошад ҳам, аз ҷиҳати мероси фарҳангӣ ва арзишҳои ахлоқиву маънавии умумибашарӣ мо соҳиби сарвати нодиру камназире ҳастем, ки дар тору пуди миллат ҷой гирифтааст».

Имрӯз нақши забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи шуури миллӣ, омили ташаккули афкори солими ҷамъиятӣ ва воситаи мафкураи созандаи давлатӣ дар устуворсозии ҷанбаҳои фарҳангӣ, маънавии давлатсозӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва таъинсозии ҳувияти миллӣ, ҳамчунин тақвияти нуфузи байналмилалии Тоҷикистон барои ҷомеаи мо назаррас ва басо ҳадафманд мебошад.

Назрӣ Офаридаев доктори илмҳои филологӣ, сарходими илмии

Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарини ҷаҳон мебошад, ки ҳазорсолаҳо таҷрибаи таърихӣ, фарҳангӣ ва илмиро дар худ ҷамъ овардааст. Ин забон на танҳо василаи муошират, балки рукни асосии ҳувият ва ҳастии миллии тоҷикон ба шумор меравад. Таҳқиқи таърих ва равандҳои ташаккули он барои фаҳмиши рушди фарҳанг ва забоншиносии тоҷикӣ аҳамияти бузург дорад.

Забони тоҷикӣ ба хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, бахусус ба гурӯҳи забонҳои эронии ҷанубу ғарбӣ мансуб аст. Аҷдодаш забони протоэронии ориёӣ мебошад, ки тақрибан дар асрҳои VI–III пеш аз милод ҳамчун забони умумии эронитаборон истифода мешуд. Ҳуҷҷатҳо ва катибаҳои таърихӣ, аз қабили катибаи Бесутун (асри VI пеш аз милод), нишон медиҳанд, ки забони форсии бостонӣ забони расмии империяи Ҳахоманишиён буд.

Дар давраи Сосониён (асрҳои III–VII милодӣ) забони форсии миёна, ки баъдтар «паҳлавӣ» ном гирифт, забони давлатӣ ва динии Эрони Сосонӣ буд. Он сохтори синтетикӣ дошт, вале тадриҷан ба шакли аналитикӣ мегузашт.

Пас аз истилои арабҳо дар асри VII, забони форсии миёна зери таъсири арабӣ қарор гирифт. Бо вуҷуди ин, он аз байн нарафт ва бо унсурҳои луғавӣ ва истилоҳии арабӣ ғанӣ шуд. Ин марҳала заминаи ташаккули форсии дарӣ — решаи мустақими забони тоҷикӣ — гардид.

Аз асрҳои VIII–IX забони форсии дарӣ дар Мовароуннаҳр ва Хуросон ташаккул ёфт. Сулолаҳои маҳаллӣ, аз қабили Тоҳириён (821–873) ва Саффориён (873–903), то андозае истифодаи форсӣ ва арабиро дар муҳити маъмурӣ ва адабӣ эҳё карданд, аммо эҳёи воқеии забони форсӣ дар замони Сомониён (874–999) ба амал омад.

Сомониён забони форсии дариро забони расмии давлатӣ эълон карданд ва рушди адабиётро дар ҳамин забон ташвиқ намуданд. Дар ин давра лаҳҷаҳои Балх, Марв, Ҳирот ва Самарқанд ба шакли адабии форсӣ таъсири калон доштанд. Шоирону донишмандони бузург, мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ ва Абӯалӣ ибни Сино, бо осори худ забони тоҷикиро ба сатҳи ҷаҳонӣ расонданд. Тарҷумаи «Таърихи Табарӣ» намунаи муҳими насри илмии форсӣ мебошад.

Баъд аз суқути давлати Сомониён забони тоҷикӣ ба зери таъсири забонҳои туркӣ ва муғулӣ афтод, вале мақоми он ҳамчун забони адабӣ ва фарҳангӣ нигоҳ дошта шуд. Дар асрҳои XIV–XVII, махсусан дар замони салтанатҳои Темуриён ва Ҳирот, форсии дарӣ забони расмии дарбор ва илму адаб буд.

Ҳатто дар давраҳои номуайянӣ забони тоҷикӣ ҳамчун «сипари фарҳангӣ» миллатро аз нобудӣ эмин нигоҳ дошт. Он дар ин давраҳо бо адабиёти бой ва фарҳанги ғанӣ зинда монд.

Дар давраи Шӯравӣ (1920–1991) забони тоҷикӣ марҳилаҳои тозаи рушдро аз сар гузаронд. Аз ҷумла гузариш аз алифбои арабӣ ба алифбои лотинӣ (1928) ва сипас ба кириллӣ (1940), инчунин ворид шудани истилоҳоти русӣ ва аврупоӣ ба забон.
Садриддин Айнӣ нақши калидӣ дар ташаккули забони адабии муосири тоҷикӣ гузошт. Ӯ шеваҳои мардумии водии Зарафшонро асоси забони адабӣ қарор дод ва ба устувор кардани меъёрҳои имло ва услуб мусоидат намуд.

Соли 1989 бо қабули Қонуни забон, забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ гирифт. Қонунҳои баъдӣ, аз ҷумла Қонуни забон (2009), рушди минбаъдаи забонро таъмин намуданд.

Имрӯз забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони расмии давлатӣ буда, ҳамчунин дар қисматҳое аз Афғонистон ва Ӯзбекистон истифода мешавад. Он бо забонҳои форсӣ ва дарӣ решаи муштарак дорад ва дар муҳитҳои илмӣ, фарҳангӣ ва расонаӣ мақоми худро нигоҳ доштааст.

Таҷлили санаҳои бузурги таърихӣ, мисли 1100-солагии давлати Сомониён ва 1000-солагии эҷоди «Шоҳнома»и Фирдавсӣ, ба болоравии нуфузи забони тоҷикӣ ва эҳёи ҳувияти миллӣ мусоидат карданд.

Забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтор, балки таърихи зиндаи миллат мебошад. Он аз давраҳои пеш аз таърихӣ то имрӯз таҳаввул ёфта, ҳамаи марҳилаҳои таърихиро паси сар кардааст. Забони тоҷикӣ мероси маънавии миллӣ буда, ҳифзу рушди он масъулияти ҳар як фарди ҷомеа ва давлати тоҷикон аст.

Ишратов Шерзод - мудири шуъбаи маъмурӣ ва хоҷагидории Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Азизов Олимҷон - н.и.т., мудири шуъбаи менеҷмент, муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

123123ДУШАНБЕ, 04.10.22025. /АМИТ «Ховар»/. Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмуи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва он яке аз арзишдмантарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои ояндаи мо арзёбӣ мегардад. Таърихи башар гувоҳ аст, ки халқҳо, миллатҳо ва давлатҳо танҳо бо доштани забони миллии худ устувору пойдор мемонанд. Яъне забони ҳар миллат шарти муҳимтарини пойдории он дониста мешавад.

— Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, 5 октябр ҳамасола дар мамлакати мо ва берун аз он Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва, пеш аз ҳама, аз ғамхорӣ ва пуштибонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақоми иҷтимоии забони миллии мо, яъне забони тоҷикӣ, ҳифзу рушди минбаъдаи он дарак медиҳад. Зеро, тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Забон на фақат воситаи муҳимтарини муомилоти инсонӣ ва падидаи иҷтимоист, балки нишонаи асосӣ ва муайянкунандаи асолату ҳувияти миллат мебошад». Маҳз чунин ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Пешвои миллат аст, ки мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеаи мо хеле боло рафт ва худи забон сол аз сол рушд карда, ҳамқадами замон гардид.

Имрӯз забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба сифати забони давлатӣ, балки ба ҳайси забони илму фарҳанг ҳам амал менамояд, зеро имрӯз бо ин забон асарҳои зиёди илмӣ таълиф гардида, аз забонҳои дигар ҳам асарҳои зиёди илмию техникӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума мешаванд.

Чунин мақоми баланд ва аҳаммияти иҷтимоии забони тоҷикӣ моро водор месозад, ки ба таълиму омӯзиш, таҳқиқ ва истифодаи шоистаи забони тоҷикӣ бо муҳаббати бепоёну масъулияти баланд муносибат намоем. Чунин аст рисолати зиёиёни имрӯза ва ояндаи ҷумҳурии мо, ки аз суханони зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд: «Барои озодона бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтану суҳбат карда тавонистан бояд ҳар зиёии тоҷик на танҳо кӯшиш намояд, балки ба дигарон намунаи ибрат бошад».

Бояд бо ифтихор иброз дошт, ки пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар даврони Истиқлол дар мақоми забони давлатӣ қарор дода шуд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзу рушди он саъю талош намуда, дар мамлакат барои рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд.

Дар баробари ин якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, барои пешрафти он силсилабарномаҳои давлатӣ амалӣ карда шудаанд. Ба хотири бузургдошти ин рукни муҳимми давлатдориамон дар қонунгузорӣ тағйирот ворид гардида, ҳамасола Рӯзи забони давлатиро бо шукуҳу шаҳомат таҷлил менамоем.

Тавре ки Пешвои миллат иброз медоранд, «барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугўю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад.

Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям».

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа ҳисобида, моро вазифадор мекунад, ки дар рушду густариши забони давлатиамон- чи дар дохил ва чи хориҷ аз он камари ҳиммат баста, кору иқдоми марбут ба ин масъалаҳоро мунтазам дар тамоми ҷомеа амалӣ намоем. Зеро, «забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост».

Бояд иброз намуд, ки кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар раванди рушди забони тоҷикӣ дар замони истиқлол дар пайи амалӣ сохтани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат фаъолияти босамар ва пажӯҳишҳои назаррас анҷом дода, заминаҳои илмиро барои омӯзиш ва таълими забони тоҷикӣ фароҳам оварда, бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории илмии судманд ба роҳ мондаанд. Натиҷаҳои ин равобит дар таҳияи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, таҳияи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», лоиҳаи «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд.

Бигузор забони давлатии мо бо миллати шарафмандаш ҳазорсолаҳои дигар дар саҳифаҳои таърихи башар мондагор гардида, бо ширинию шевоӣ ва гувороӣ дар дили аҳли башар ошёни меҳру садоқат ва муҳаббату самимияти инсониро бо андарзҳои пандомезаш бунёд намояд.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»: https://khovar.tj/.../zaboni-to-ik-shinosnomai-millat-ru.../

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино (980–1037), ки дар Ғарб бо номи Авитсенна маъруф аст, яке аз бузургтарин донишмандони асрҳои миёнаи Шарқ ва ҷаҳон мебошад. Вай дар соҳаҳои мухталифи илм, аз қабили тиб, фалсафа, мантиқ, риёзиёт, физика, астрономия ва адабиёт саҳми беназир гузоштааст. Гарчанде ки Абӯалӣ ибни Сино бештар ҳамчун табиб ва файласуф машҳур аст, фаъолияти ӯ ҳамчун фақеҳ (ҳуқуқшинос) ва асосгузори меъёрҳои ҳуқуқи тиббӣ низ дар таърих сабт шудааст.

Абӯалӣ ибни Сино дар давраи Сомониён (асри X–XI) дар шаҳри Бухоро дар оилаи тоҷик таваллуд шудааст. Падараш Абдуллоҳ, олими исмоилӣ ва мансабдори дарбори Сомониён, барои таълиму тарбияи фарзандаш шароити мусоид фароҳам оварда буд. Абӯалӣ ибни Сино дар синни ҷавонӣ аз устодони барҷастаи замон, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Нотилӣ ва Исмоили Зоҳид, илмҳои мантиқ, фалсафа ва фиқҳро омӯхт. Дар синни 14-солагӣ ӯ аз муаллимони худ пеш гузашт ва дар 17-солагӣ чун олими баркамол шуҳрат ёфт.

Давраи зиндагии Абӯалӣ ибни Сино бо нооромиҳои сиёсӣ ва фурӯпошии давлати Сомониён ҳамроҳ буд. Вай дар дарборҳои гуногуни ҳокимони Хуросон, Хоразм ва Эрон ба ҳайси табиб, вазир ва мушовир хизмат кардааст. Ин фаъолиятҳо ба ӯ имкон доданд, ки бо низоми ҳуқуқӣ, идоракунии давлатӣ ва масъалаҳои ахлоқи касбӣ, аз ҷумла дар соҳаи тиб, аз наздик ошно шавад.

Гарчанде Абӯалӣ ибни Сино бештар бо асарҳои тиббӣ ва фалсафии худ, ба монанди «Китобу-ш-Шифо» ва «Ал-Қонун фи-т-тиб» маъруф аст, вай дар соҳаи ҳуқуқ низ фаъолият доштааст. Дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр шудааст, ки ӯ гоҳе ба сифати фақеҳ (ҳуқуқшиноси исломӣ) дар дарборҳои ҳокимон кор мекард. Нақши фақеҳ дар он замон аз донистани қонунҳои шариат, мантиқ ва ахлоқ вобаста буд, ки Абӯалӣ ибни Сино дар ҳамаи ин соҳаҳо маҳорати баланд дошт.

Абӯалӣ ибни Сино дар синни ҷавонӣ аз устодони худ асосҳои фиқҳро омӯхта, дар баҳсҳои ҳуқуқии дарбор ширкат меварзид. Фиқҳ дар он давра на танҳо ба масъалаҳои динӣ, балки ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ низ дахл дошт. Дар асарҳояш, аз ҷумла «Донишнома» ва «Китобу-ш-Шифо», ӯ ба масъалаҳои мантиқ ва ахлоқ, ки асоси ҳуқуқи исломиро ташкил медиҳанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардааст. Охирин баёнгари он аст, ки Абӯалӣ ибни Сино ба масъалаҳои адолат, ахлоқи ҳуқуқӣ ва низоми иҷтимоӣ диққати ҷиддӣ додааст.

Абӯалӣ ибни Сино дар чандин дарбор, аз ҷумла дарбори Оли Кокӯя дар Ҳамадон, ба ҳайси вазир кор кардааст. Вазифаи вазир дар он замон на танҳо идоракунии корҳои маъмурӣ, балки таҳияи сиёсатҳои ҳуқуқӣ ва қабули қарорҳои муҳимро низ дар бар мегирифт. Фаъолияти ӯ дар ин мақом нишон медиҳад, ки вай дар масъалаҳои идораи давлатӣ ва танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ таҷрибаи амалӣ доштааст.

Яке аз саҳмҳои муҳими Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи мантиқ аст, ки бевосита ба илми ҳуқуқ таъсир расонидааст. Вай асосгузори мантиқи синоӣ буда, дар асарҳояш ба таҳлили масъалаҳои мантиқии марбут ба далел ва исбот диққат додааст. Ин усулҳо дар фиқҳ барои тафсири қонунҳои шариат ва қабули қарорҳои ҳуқуқӣ истифода мешуданд. Масалан, дар «Китобу-ш-Шифо» ӯ ба таври муфассал ба масъалаҳои мантиқ ва далелҳои ҳуқуқӣ пардохтааст, ки барои фақеҳони замон аҳамияти калон дошт.

Яке аз саҳмҳои барҷастаи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи ҳуқуқ ин таҳияи меъёрҳои ахлоқии касби табибон дар асараш «Китобу-л-Қонун фи-т-тиб» (Қонуни тиб) мебошад. Ин китоб на танҳо як манбаи мукаммали тиббӣ, балки асоси ташаккули ҳуқуқи тиббии ҷаҳонӣ низ ба ҳисоб меравад. Дар ин асар Абӯалӣ ибни Сино ба масъалаҳои зерин диққат додааст, ки барои ҳуқуқи тиббӣ аҳамияти бузург доранд:

1. Ахлоқи касбии табиб. Абӯалӣ ибни Сино дар «Ал-Қонун» меъёрҳои ахлоқии табибро муайян кардааст, ки то имрӯз асоси кодексҳои ахлоқии тиббӣ ба ҳисоб мераванд. Вай таъкид мекунад, ки табиб бояд боэътимод, бовиҷдон ва масъулиятнок бошад. Ин меъёрҳо ба ташаккули қонунҳои марбут ба масъулияти табибон ва ҳуқуқи беморон мусоидат кардаанд.

2. Ҳуқуқи бемор. Дар «Ал-Қонун» Абӯалӣ ибни Сино ба ҳуқуқи беморон, аз қабили эҳтиром ба шахсияти онҳо, махфияти иттилоот ва дастрасӣ ба табобати одилона, таваҷҷуҳ кардааст. Ин принсипҳо асоси ҳуқуқи муосири тиббиро ташкил медиҳанд ва дар таҳияи қонунҳои байналмилалии соҳаи тандурустӣ таъсири амиқ гузоштаанд.

3. Масъулияти табиб. Абӯалӣ ибни Сино дар асараш ба масъулияти табибон дар баробари беморон ва ҷомеа таъкид карда, меъёрҳои ахлоқиро барои пешгирӣ аз хатоҳои тиббӣ ва риояи адолат муқаррар намудааст. Ин меъёрҳо дар ташаккули низоми қонунгузории тандурустӣ дар асрҳои баъдӣ нақши муҳим бозидаанд.

«Ал-Қонун» дар тӯли қариб 800 сол дар донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун манбаи асосии таълими тиб истифода шуда, ба ташаккули низоми ҳуқуқии соҳаи тиб дар ҷаҳон таъсири бузург расонидааст. Ин асар Абӯалӣ ибни Синоро ҳамчун асосгузори ҳуқуқи тиббии ҷаҳонӣ муаррифӣ кардааст.

Гарчанде Абӯалӣ ибни Сино мустақиман дар таҳияи қонунҳои муосир иштирок накардааст, таъсири ӯ ба илми ҳуқуқ аз тариқи мантиқ, ахлоқ ва фалсафа эҳсос мешавад. Усулҳои мантиқии ӯ дар таҳлили масъалаҳои ҳуқуқӣ ва тафсири қонунҳо то имрӯз аҳамият доранд. Инчунин, меъёрҳои ахлоқии табибон, ки дар «Ал-Қонун» оварда шудаанд, дар ташаккули кодексҳои муосири тандурустӣ ва Принсипҳои ахлоқии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, нақши муҳим бозидаанд.

Абӯалӣ Абӯалӣ ибни Сино на танҳо табиб ва файласуфи бузург, балки олими ҳуқуқшинос ва асосгузори ҳуқуқи тиббии ҷаҳонӣ низ буд. Вай дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ, идораи давлатӣ ва таҳияи меъёрҳои ахлоқии касбӣ саҳми арзанда гузоштааст. Фаъолияти ӯ ҳамчун фақеҳ ва вазир, инчунин таълимоти мантиқии ӯ, ба рушди илми ҳуқуқ дар асрҳои миёна мусоидат кардааст. Асарҳои ӯ, ба хусус «Китобу-ш-Шифо» ва «Ал-Қонун фи-т-тиб», на танҳо ба илми тиб, балки ба фалсафаи ҳуқуқ ва ахлоқи касбӣ низ таъсири амиқ расонида, асоси ҳуқуқи тиббии ҷаҳониро гузоштаанд. Абӯалӣ ибни Сино бо мероси ғании худ то имрӯз ҳамчун мутафаккири абадзинда дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ боқӣ мемонад.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

\Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

3123Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, рӯзи 5-уми октябр ҳамасола дар кишвари мо ва берун аз он ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва, пеш аз ҳама, аз ғамхорӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақоми иҷтимоии забони миллии мо, яъне забони тоҷикӣ, ҳифзу рушди минбаъдаи он гувоҳӣ медиҳад. Зеро, тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Забон на фақат воситаи муҳимтарини муомилоти инсонӣ ва падидаи иҷтимоист, балки нишонаи асосӣ ва муайянкунандаи асолату ҳувияти миллат мебошад”. Маҳз, чунин ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Пешвои миллат аст, ки мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеаи мо хеле боло рафт ва худи забон сол аз сол рушд карда, ҳамқадами замон гардидааст.

Имрӯз забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба сифати забони давлатӣ, балки ба ҳайси забони илму фарҳанг ҳам амал намуда истодааст, зеро имрӯз ба ин забон асарҳои зиёди илмӣ таълиф гардида, аз забонҳои дигар ҳам асарҳои зиёди илмию техникӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума мешаванд.

Чунин мақоми баланд ва аҳаммияти иҷтимоии забони тоҷикӣ моро водор месозад, ки ба таълиму омӯзиш, таҳқиқ ва истифодаи шоистаи забони тоҷикӣ бо як муҳаббати бепоёну масъулияти баланд муносибат намоем. Чунин аст, рисолати зиёиёни имрӯза ва ояндаи ҷумҳурии мо, ки аз суханони зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: “Барои озодона бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтану суҳбат карда тавонистан, бояд ҳар як зиёии тоҷик на танҳо кӯшиш намояд, балки ба дигарон намунаи ибрат бошад.”

Мусаллам аст, ки забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмуи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва он яке аз арзишдмантарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои ояндаи мо арзёбӣ мегардад. Таърихи башар гувоҳ аст, ки халқҳо, миллатҳо ва давлатҳо танҳо бо доштани забони миллии худ устувору пойдор мемонанд. Яъне забони ҳар миллат шарти муҳимтарини пойдории он дониста мешавад.

Бояд бо ифтихор иброз дошт, ки пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар даврони Истиқлол дар мақоми забони давлатӣ қарор дода шуд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзу рушди он саъйу талош намуда, дар кишвар ҷиҳати рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.

Дар баробари ин, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, барои пешрафти он силсилабарномаҳои давлатӣ роҳандозӣ шудаанд, ки ба хотири бузургдошти ин рукни муҳимми давлатдориамон дар қонунгузорӣ тағйирот ворид гардидаву ҳамасола Рӯзи забони давлатиро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоем.

Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат иброз медоранд: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад.

Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям».

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа ҳисобида, моро вазифадор мекунад, то дар рушду густариши забони давлатиамон чи дар дохил ва чи хориҷ аз он камари ҳиммат баста, кору иқдомоти марбут ба ин масъалаҳоро мунтазам дар тамоми қишри ҷомеа амалӣ сохтаву ба роҳ монем. Зеро, «Забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост».

Бояд зикр намуд, ки кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар тамоми раванди рушди забони тоҷикӣ дар замони Истиқлол дар пайи амалӣ сохтани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат фаъолиятҳои босамар ва пажуҳишҳои назаррасе анҷом дода, заминаҳои илмиро барои омӯзиш ва таълими забони тоҷикӣ фароҳам оварда, бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориҳои илмии судмандеро ба роҳ мондаанд, ки натиҷаҳои ин равобит дар таҳияи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, таҳияи “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”, лоиҳаи “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Дар фарҷоми сухани худ тамоми ҳамватанонамонро бо фарорасии Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик намуда, орзуи онро дорем, ки ин забон бо миллати шарафмандаш ҳазорсолаҳои дигар дар саҳифаҳои таърихи башар мондагор гардида, бо ширинию шевоӣ ва гувороии худ дар дили аҳли башар ошёни меҳру садоқат ва муҳаббату самимияти инсониро бо андарзҳои пандомезаш бунёд менамояд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм