Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Меҳргон чун Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёитабор мебошад. Агар Наврӯз оғози баҳор, оғози соли нав ва эътидоли баҳории Хуршед дар бурҷи Ҳамал бошад, Меҳргон оғози нимаи дувуми сол ва ё фасли тирамоҳ- ҳулули Хуршед дар бурҷи Мизон мебошад. Ин ду ҷашнро дар сарчашмаҳои қадимӣ ду қутби зиндагонии мардум муаррифӣ намудаанд, ки аз Наврӯз дар айёми баҳор шурӯъ гардида, дар замони таҷлили Меҳргон, яъне дар тирамоҳ ба анҷом мерасанд. Маънои калимаи “меҳргон” меҳр буда, дар аввал шакли “Митра”, яъне номи яке аз бузургтарин худоёни ориёиҳо будааст.

Ин ҷашн низ ба монанди Наврӯз ҷанбаҳои гуногуни таърихӣ, нуҷумӣ, динӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ дорад. Агар ҷанбаи таърихии он як зумра ҳодисаҳои муборизаи некӣ бар бадӣ, нур бар зулмот ва барқарор намудани адлу ростиро дар Эронзамин дар бар гирад, ҷараёни офариниши оламу ҷаҳоншиносӣ масъалаи нуҷумии онро фаро мегирад. Ҷанбаи оинии он бошад, ба пайдоиши дини меҳрпарастии ориёиён иртибот дорад, ки он дар асри XVIII пеш аз мелод дар канор ва соҳилҳои рӯдҳои Ҷайҳуну Сайҳун ба вуҷуд омада, то замони Ҳаҳоманишиён дар мамолики Шарқ фаъолона амал мекард ва бино ба маълумоти Ксенофонт ва Плутарх он ба сарзаминҳои Ғарб чунон босуръат интишор ёфт, ки ҳатто император Нерон онро расман қабул кард ва то асри IVмелодӣ ба Испанияву Англияву Франсия то сарзамини Скотланд нуфуз пайдо намуд. Танҳо император Константин барои интишори дини масеҳӣ тавонист, ки пеши роҳи нуфузи баъдинаи митраизм дар Ғарбро бигирад.

Дар хусуси пайдоиш ва суннатҳои ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеии ниёгони мо андешаҳои гуногун аст. Нахусутин андешаҳо перомуни ин масъала ба суннатҳои мардуми ориёитабор рост меояд, ки мувофиқи он мутобиқати ҳар рӯзи моҳро бо номи он ҷашн мегирифтанд. Маҳз дар ҳамин бора рисолаи махсусе бо номи «Рисолаи рӯзҳо» то замони мо расидааст, ки дар он шарҳи моҳияти рӯзҳои моҳ, аз ҷумла хосияти мутобиқати номи рӯз бо номи моҳ, ки сабаби ҷашн гирифтани он мегардад, баён шудааст ва бо сабаби мувофиқ омадани номи яке аз рӯзҳо ба номи моҳи Меҳр ба он пасованди «гон»-ро изофа намуда, “Меҳргон” гуфтаанд ва дар рӯзи 16-уми моҳи Меҳр, ки баробар ба рӯзи 8-уми моҳи октябри мелодист, ҷашн мегирифтанд.

Бояд қайд кард, ки гузаштагони мо дар хусуси ҷашни Меҳргон ба мисли Наврӯз ривоятҳои фаровон боқӣ гузоштанд, ки дар қисмати зиёди онҳо пайдо шудани Хуршед ё Меҳрро ба ин рӯз нисбат додаанд. Ҳамчунин, омадани фариштагон барои нусрати Фаридун дар набард бо Заҳҳоки морон ва пирӯзии Коваву партавафшонии дирафши ковиёниро низ ба айёми Меҳргон нисбат додаанд. Аммо собиқаи ин ҷашнҳои дерин ҳикоятгари он аст, ки мардумони ориёӣ қабл аз зуҳури Зардушт Наврӯзу Меҳргонро гиромӣ доштаанд ва ин ду ҷашнро, ки бартар аз замону ҳамаи андешаҳои динӣ будаанд, чун намое аз тавоноии Офаридагори ҷаҳон донистаанд ва дар асрҳои баъдӣ ин ҷашнҳоро хостаанд маъниҳои мазҳабӣ бахшанд. Ҳамин тавр, Меҳргонро бар қиёмат, ки охири олам аст, монанд карда, Наврӯзро бар растохез, ки рӯзгори бедории табиат ва одаму олам аст, монанд донистаанд.

Бояд қайд кард, ки Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ дар асари худ «Зайн-ул-ахбор» дар бобати идҳо маълумотҳои фаровон оварда, ҳар кадом идро бо рӯзҳояшон тасвир намудааст. Ӯ дар ин асари худ дар боби «Андар идҳо ва расмҳои муғон» бо ҷадвал ва тафсилот чунин баён намудааст: «Сухан андар маънии идҳои муғон ва аҷамиён гӯем ва падид кунам, ки ҳар иде ба кадом рӯз бошад ва рӯзҳои эшон. Ва он рӯзро андар ҷадвал овардам, ҳам бар он ҷумла, ки аз они арабиён гуфтам. Ва онро ба чаҳор ҷадвал андар овардам: нахуст адад (дудигар), ҷашнҳо ва идҳо. Ва ҷадвали се дигар андар рӯзҳои моҳҳои аҷамиён. Ҷадвали чаҳорум андар моҳҳои муғон" .

Дар ҷадвали тартибдодаи ӯ 31 ид номбар мешавад, ки дар байни онҳо Меҳргон низ ҷой дорад. Тибқи маълумоти он Меҳргон дар зинаи 16-ум қарор гирифта, ба 16-уми Меҳрмоҳ рост меояд. Пас аз ин, Ромрӯзи Меҳргони бузург дар зинаи 17-ум ҷой дода шудааст, ки ба 21-уми Меҳрмоҳ рост омадааст.

Гардезӣ дар ин асари худ дар боби «Андар шарҳи ҷашнҳо ва идҳои муғон» ҳар як идро шарҳ дода, сабабҳои ба вуҷуд омадан ва таҷлил намудани онҳоро зикр менамояд. «Муғонро ҷашнҳои фаровон будааст андар рӯзгори қадим ва ман он чӣ ёфтам, ин ҷо биёвардам, андар ин ҷадвалҳо ва акнун шарҳи сабаби ҳар якеро бигӯям ҳам бар он ҷумла, ки андар кутуб ёфтам» . Ӯ дар бобати Меҳргон мефармояд: «Ин рӯз Меҳргон бошад ва номи рӯзу номи моҳ муттафиқанд. Ва чунин гӯянд, ки андар ин рӯз Афридун бар Беварсап, ки ӯро Заҳҳок гӯянд, зафар ёфт, мар Заҳҳокро асир гирифт ва ба Дамованд бурду он ҷо ба ҳабс кард ӯро» . Ҳамчунин, дар шарҳи идҳо нисбат ба Ромрӯзи Меҳргони бузург чунин мегӯяд: «Меҳргони бузург бошад ва баъзе аз муғон чунин гӯянд, ки ин фирӯзии Афридун бар Беварасп ромрӯз будааст аз Меҳрмоҳ. Ва Зардушт, ки муғон ӯро ба пайғамбарӣ доранд, эшонро фармудааст бузург доштани ин рӯз ва рӯзи Наврӯзро» .

Меҳргон пеш аз аҳди Ҳахоманишиён дар аҳди Каёниён, ки дар боло аз қавли Фирдавсӣ зикр шуд, таҷлил мегардид. Аммо дар замони ҳукумати Сосониён ин ҷашн ҷалолу шукӯҳи тозае ба худ гирифт ва ҳатто дар аввалҳои даврони исломӣ низ Меҳргон он шаҳоматашро аз даст надода буд. Дар бомдоди рӯзи Меҳргон шоҳи Сосонӣ ҷомаи махсусеро, ки аз матои бурди яманӣ ва зарбофти гаронбаҳо дӯхта мешуд, ба бар карда, тоҷеро, ки тасвири Хуршед дошт, бар сар мениҳод. Дар толори бузург менишаст ва мардуми аз ҷойҳои дуру наздик омадаро мепазируфт ва ҳадяҳояшонро қабул менамуд.

Пас аз суқути давлати Сосониён бисёре аз расму русуми мардумони эронитабор аз байн рафт, ки аз миёни онҳо танҳо Наврӯз, Меҳргон ва Сада боқӣ монданд ва то ҳамлаи муғул (асри ХIII) ин ҷашнҳо дар дарбори шоҳон ва хулафо расм гардида буд.

Дар аҳди арабҳо ҳарчанд муборизаҳо ҷиҳати аз байн бурдани иду ҷашнҳои мардуми эронитабор сурат мегирифт ва бисёре аз онҳоро аз байн бурд, вале осори онро комилан маҳв сохта натавонист. Уммавиён бо вуҷуди душманӣ бо русуми миллии ғайриараб, аз ҷумла тоҷикон, чун расми ҳадя додани мардумро писандиданд, бо баргузории Меҳргон мухолифати ошкоро накарданд. Аммо Меҳргон дар радифи дигар ҷашнҳои миллӣ аз давраи Аббосиён, ки парвардаву баркашидаи мардуми Хуросон буданд, равнақи дигар гирифт. Халифа Маъмун (813-833) беш аз дигарон ба ҷашнҳову маросимҳои мардуми Хуросон таваҷҷӯҳ кард ва дар ин давра он бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷилил мегашт.

Меҳргон дар аҳди салтанати Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён дар тақлид ба Бағдод таҷлил мегашт.

Зарринкӯб Абдулҳусайн дар асари худ “Таърихи мардуми Эрон” (аз поёни Сосониён то поёни Оли Бӯя) қайд менамояд, ки суннату русуми дарбори Бухоро бо рӯйи кор омадани Маҳмуд ба Ғазнин интиқол ёфт . Аз ҷумла, таҷлилу гиромидошти ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Сада дар дарбори Ғазна идома ёфт, ки аз нуфузи фарҳанги тоҷикӣ ҳикоят мекунад.

Таҷлили ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргонро амирони Ғазнин пуршукӯҳ баргузор мекарданд. Дарвозаи зиндонҳо боз мешуд, ба рӯйи бенавоён низ дари хайр мекушоданд ва ба онҳо инъому ҳадя нисор мекарданд. Дар ин рӯзҳо олимону шоирон даъват шуда, базму тараб меоростанд.

Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайн, ки рӯзгори салатанати Ғазнавиёнро китобат кардааст, дар асари худ “Таърихи Байҳақӣ” дар баробари дигар паҳлуҳои ҳаёти моддии он давр истиқболи Наврӯзу Меҳргонро дар аҳди Ғазнавиён тасвир намудааст. Тибқи гуфтаи Байҳақӣ дар рӯзҳои Наврӯзу Меҳргон шаҳру навоҳии ин давлат ҳадияҳои зиёди ҷашнӣ омада, таомҳои хоса тайёр мекарданд. Тибқи гуфтаи ӯ дар ин рӯзҳо маҷлиси шароб барпо шуда, занони пойкӯб ширкат ва шодиву базмороӣ мекарданд. Ба гуфти Байҳақӣ дар маҷлиси шароби амир ҳар кас наметавонист ширкат кунад ва ҳузур дар чунин базм барои аҳли дарбор ва мардуми ҷоҳталабу чоплуси он рӯзгор ифтихор буд ва ҳатто вақте Масъуд даъвати падарро барои ширкат дар маҷлиси шароб мешунавад, шодӣ мекунад. Маҳмуд ба писараш мегӯяд: «Навбате диранг кун, ки мо нишоти шароб дорем ва мехоҳем, ки туро пеши хеш шароб диҳем, то ин навохт биёбӣ. Амир Масъуд ба хаймаи навбат бинишасту шод шуд бад-ин фатҳ»

Тибқи иттилои Байҳақӣ Масъуд нахустин маротиба пас аз ба даст овардани тоҷу тахт ва банд кардани бародараш Муҳаммад Меҳргонро таҷлил кард, ки ин ба моҳи рамазони соли 421 (баробар бо августи соли 1031) рост омад. Байҳақӣ мегӯяд: «Рӯзи душанбе ду рӯз монда аз моҳи рамазон ба ҷашни Меҳргон бинишаст ва чандон нисорҳову ҳадяҳо ва турафу сутур оварда буданд, ки аз ҳадду андоза бигзашт». Аз ҳадяҳои фаровони волии ситампешаи Хуросон Абулфазли Сурӣ ҳикоят мекунад, ки ӯ «бениҳоят чизе фиристода буд наздики вакили дараш, то пеш овард». Байҳақӣ ҳадяву нисори сардорони дигар вилоётҳоро зикр менамояд. «Ҳамчунон вукалои бузургони атроф, чун Хоразмшоҳ Олтунтош ва амири Чағониёну амири Гургон ва вулоти Қусдору Макрон ва дигарон бисёр чиз оварданд ва рӯзе бо ном бигузашт» .

Абулфазли Байҳақӣ аз баргузории Меҳргони соли 1035, ки ба 22 сентябр рост меояд, ёдовар шудааст. Дар ин ҷашн тибқи расму оинҳои маъмул «нисорҳову ҳадяҳо оварданд аз ҳадду андоза гузашта. Ва пас аз намоз нишоти шароб кард ва расми Меҳргон ба ҷой оварданд сахт некӯ бо тамоми шароити он» . Тавре мушоҳида мешавад, шоҳиди он рӯзгор ибораи «бо тамоми шароити он» ҷашн гирифтани Меҳргонро махсус таъкид мекунад. Аз ин чунин бармеояд, ки Меҳргон дар шумори ҷашнҳои расмии давлати Ғазнавиён эътироф гардида, фурсате будааст барои нишон додани шукуҳу чалоли дарбор ва баҳона баҳри хуш гузаронидани айём.

Ҳамин тавр, Меҳргон дар салтанати Ғазнавиён бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегашт. Дар асрҳои миёна то ба ибтидои садаи ХХ ҷашни Меҳргон ҳамчун иди оммавӣ бо номҳои “Сайр” ва “Иди тирамоҳӣ” ҷашн гирифта мешуд. Устод С.Айнӣ дар асари худ «Ёдоштҳо» роҷеъ ба сайри Дарвешобод ва баргузории он, ки дар фасли тирамоҳ сурат мегирифт, маълумоти ҷолиб додааст. Мувофиқи шаҳодати ӯ сайри Дарвешобод одатан ҳар ҳафта рӯзи сешанбе пагоҳӣ сар шуда, рӯзи чоршанбе то чоштгоҳӣ давом мекард. Сайргоҳ дар тарафи ғарбии роҳи калоне буд, ки аз бозори гови Ғиждувон баромада ба тарафи Бухоро мерафт. Дар ду тарафи қитъа растаҳо бо бурё ва ходачаҳо дӯкончаҳои каппамонанд сохта буданд, ки баъзеи он дӯконҳо чойхона, баъзеашон ошхона, моҳипазӣ ва монанди инҳо будаанд. Дар зери деворҳо ҳар ҷо-ҳар ҷо мардум давра гирифта, бозиҳову саргармиҳо мекарданд. Дар баъзеи он давраҳо ғирғиракбозӣ, дар баъзеашон тасмабозӣ, дар баъзеи дигарашон қартабозӣ ва монанди инҳо буданд. Дар баъзе давраҳо маддоҳон мадҳия мехонданд, сарояндаҳо сурудхонӣ мекарданд, наққолону ровиён қисса мегуфтанд. Чун шаб фаро мерасид замони тарфбозӣ сар мешуд. Тарфҳоро, ки дар кӯза дуруст мекарданд, оташ дода ба ҳаво сар медоданд. Он мисли мушаку салютҳои имрӯза дар осмон шарорапошӣ менамуд. Фардои он рӯз дар майдони назди бозори гов мусобиқаҳои хартозӣ, яъне пойгаҳи харҳо ва тагалҷангандозӣ шурӯъ мешудааст .

Пас аз таҳлилу омӯзиши сарчашмаҳо ва дигар асарҳои роҷеъ ба иди Меҳргон бахшидашуда маълум мегардад, ки Меҳргон дар баробари идҳои Наврӯз ва Сада яке аз ҷашнҳои асосӣ ва қадимии мардумии ориёитабор буда, бар асоси тақвимҳои нуҷумиву мардумӣ ва мавсимии фарорасӣ аз идҳои дигар тафовут дорад, вале Меҳргон, Наврӯз ва Сада дар якҷоягӣ гардиши моҳро ифода мекунанд, ки Меҳргон оғози тирамоҳро нишон медиҳад. Ғайр аз ин, агар Наврӯз фарорасии соли навро нишон диҳад, Меҳргон фурӯравии он ҳисоб мешавад, ки ҳар ду дар якҷоягӣ як соли комили кишварзиро нишон медиҳанд. «Тақсими сол ба ду қисми баробар ва дар ду нуқтаи мушаххаси эътидоли баҳориву тирамоҳӣ дар бовариҳои омиёнаи мардуми тоҷику эрониву афғон ва соири кишварҳои ҳамҷавори онҳо аз замонҳои хеле қадим вуҷуд дорад». Ин ҷашни авлодии мо дар тӯли таърих ба сарзаминҳои Шарқу Ғарб доман паҳн карда буд. Аз таҳлили сарчашмаҳои дастрасшуда маълум гардид, ки яке аз маросимҳои ҷолиби Меҳргон дар дарбор шурӯъ шудани таҷлили он буд. Аксари муҳаққиқон қайд намудаанд, ки чун мазҳари ойини меҳрпарастӣ Хуршед буд, шоҳон бештар маросими тоҷгузории худро дар ин рӯз анҷом медоданд ва дигар тадорукоти муҳими давлатиро низ ба ҳамин рӯз мавқуф мегузоштанд. Масалан, ривоят аст, ки маросими тоҷгузории Анушервони Одил дар ҳамин рӯз сурат гирифт буд.

Таҷлили ҷашни Меҳргон дар замони Сосониён бо шукӯҳу шахомати хоса таҷлил мегашт. Тавре зикр намуда будем, ҳарчанд бо истилои араб бисёре аз идҳои мардуми ориёитабор дар сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр аз байн рафтанд ва ё дар гӯшаи фаромӯшӣ қарор гирифтанд, вале ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон мавқеи худро нигоҳ доштанд, балки таҷлили онҳо минбаъд ҳам аз ҷониби омма ва ҳам аз ҷониби сулолаҳои ҳукмрон идома ёфт. Дар даври Иттиҳоди Шӯравӣ бошад, ҳарчанд номе қариб аз Меҳргон боқӣ намонда буд, мардум ба ҷойи он «Иди ҳосилот»-ро таҷлил мекарданнд, ки ба тирамоҳ рост меомад.

Бо ба даст овардани Истиқололияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идҳои қадимии мардуми тоҷик дубора эҳё гардиданд. Аз ҷумла, имрӯзҳо Меҳргон низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати 80-солагии таъсисёбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар санаи 8-уми октябри соли 2011 таъкид намуданд, ки «Ҷашни Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад».

Меҳргон дар тӯли таърихи хеш дорои суннатҳои хоси худ буд. Аз ҷанбаҳои ҷашни иди Меҳргон оростани дастархони идона, шодиву сурур, тақдими ҳадяҳо, мусиқӣ ва овозхониро дар канори шеърсароӣ зикр намудан ба маврид аст. Мусиқидонон ба ин муносибат оҳангҳои ҷолиб сохта, ба ҳокимону шоҳон тақдим мекарданд. Дар давраи Аббосиён рақси раққосон, шеърсароӣ ва овозхонӣ, хӯрдани анор ва ҳафт намуди меваҷот, истифодаи гулоб аз суннатҳои Меҳргон буд, ки гӯё аз шоҳони Сосонӣ ба ҳокимони Хилофати Аббосиён мерос монда буд. Ин суннатиҳои иди Меҳргон то имрӯз боқӣ мондаанд.

Ҳамин тариқ, Меҳргон аз ҷашнҳои хеле бостонии мардумони ориёитабор маҳсуб ёфта, доир ба таърих ва ташаккули он дар осори таърихӣ тафсироти гуногун зикр ёфтаанд ва он дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. Меҳргон боварӣ ва эътиқод ба иззати Меҳр ва ойинҳои меҳрӣ (митроӣ), ки пеш аз Зардушт дар Ҳинд ва Ирон вуҷуд дошта ба моҳи меҳр рост меомад. Баъди пайдо шудани тасавуроти асотирӣ оид ба Меҳр он ташаккул ёфта, дар миёни мардум маҳбубияташ бештар гардида, аз доираи устуравӣ ба як оини мукаммали Меҳр табдил ёфт. Сипас, ин ҷашн ба иди ҷамъбасти тамоми фаъолияти кишоварзон табдил ёфта , ба ин сифат дар масири таърих бо бисёр арзишҳои созандагиаш дар ҳаёти мардум ва кору пайкори онҳо таъсир гузошт.

Ҷангибекова С., унвонҷӯ - Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Ба муносибати 1160-солагии донишманди овозадори тоҷик Муҳаммад Закариёи Розӣ

31 августи соли равон ба зодрӯзи яке аз маъруфтарин донишманди овозадори тоҷик Абубакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ, ки ҳанӯз дар Аврупои асримиёнагӣ бо асосан номҳои таҳрифшудаи Абу Батер (Abu Bater) ва Разес (Rhazes, Razes) маъруф буд, тибқи солшумории милодии григорианӣ 1160 сол пур шуда, рӯзи 31 октябри ҳамин сол ба рӯзи вафоташ 1100 сол пур мешавад. Дар ин ҷумла вожаи «асосан»-ро ба он хотир зикр кардем, ки номи ӯ баъзан дар шакли таҳрифшудаи бештаре ба монанди Abucbare filins Zacbarie Rafis ва ё Abu bare Zacharias Rafi навишта мешуд.

Абубакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ аз худ мероси гаронбаҳое доир ба аксари донишҳои замонааш боқӣ гузоштааст ва бад-ин васила дар инкишофи соҳаҳои муайяни илм таъсири бузург расонидааст. Ӯро бештар ҳамчун файласуф ва табиб мешиносанд ва ҳамчунин яке аз асосгузорони илми кимиё (баъзан бо лақаби «падари кимиё») низ эътироф мекунанд. Ҳарчанд ӯ ҳамчун донишманди ҳамадон дар соҳаҳои физика, математика, биология, геология ва астрономия низ осори арзишманде ба мерос гузоштааст. Албатта, дар фалсафа ва илоҳиётшиносӣ низ нодири замон буда, мувофиқи баъзе ривоёт шеър ҳам мегуфтааст ва некӯ мусиқӣ менавохтааст. Шумораи таълифоту таснифоти ӯро бештар аз ҳама пажӯҳишгари маъруфи эронӣ Маҳмуд Наҷмободӣ (1904-2001) нишон додааст, ки бинобар маълумоти андӯхтаи ӯ ба қалами Муҳаммад Закариёи Розӣ 266 номгӯй рисолоту мақолот тааллуқ доштааст.

Албатта, дар таърихи илму фарҳанги ҷаҳонӣ ӯ пеш ва беш аз ҳама ҳамчун табиб шуҳратёр гардидааст. Дар бораи шаъну шӯҳрат ва мавқею мартабаи Муҳаммад Закариёи Розӣ дар илми пизишкӣ Алиасғари Ҳалабӣ чунин гуфтааст: «Пизишкӣ набуд, онро Буқрот (460-377 пеш аз милоди Масеҳ, муарраби Гиппократ Hippocrates, Ἱπποκράτης – А.К.) ба вуҷуд овард, пизишкӣ мурда буд, онро Ҷолинус (129-200, муарраби Гален Galenus, Γαληνός – А.К.) зинда кард, пизишкӣ пароканда буд, онро Закариёи Розӣ (865-925, лотинишудаи Abubater ва Razes – А.К.) фароҳам овард, пизишкӣ ноқис буд, онро Бӯалии Сино (980-1037, лотинишудаи Avicenna – А.К.) комил кард».

Манбаи асосии ҳаёту осори Муҳаммад Закариёи Розӣ асосан дар «Феҳрасу-л-улум»-и Абулфараҷ Муҳаммад ибни Исҳоқ ибни Муҳаммад ибни Исҳоқ ан-Надим ал-Варроқ ал-Бағдодӣ, маъруф ба Ибни Надим (909-999), «Мизону-л-ҳикма»-и Абулфатҳ Абдурраҳмон Мансури Хозинӣ (1077-1155), «Татиммат сивон ал-ҳикма»-и Алӣ ибни Абулқосим Зайди Байҳақӣ (1105-1169), «Ал-мабоҳису-ш-шарқия»-и Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Умар ибни Хатиб ал-Ҳусайн ат-Тайми ал-Бакрӣ ат-Табаристонӣ Фахруддин ар-Розӣ (1149-1209), «Китоб ихбору-л-уламо би ахбори-л-ҳукамо»-и Ҷамолуддин Абулҳасан Алӣ ибни Юсуф ибни Иброҳим Шайбонии Қифтӣ, маъруф ба Ибни Қифтӣ (1172-1248), «Уйуну-л-анбо фӣ-табақоти-л-атиббо»-и Муваффақуддин Абулаббос Аҳмад ибни Қосим ибни Абиусайбиа ибни Халифа ибни Юнус ас-Саъдӣ ал-Хазраҷӣ, маъруф ба Ибни Абиусайбиа (1203-1270), «Китаб вафоёту-л-аъён ва анбо абноу-з-замон»-и Шамсуддин Абулаббос Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Абубакр ибни Халликон ал-Бармакӣ ал-Ирбилӣ аш-Шафиъӣ, маъруф ба Ибни Халликон (1211-1282) собит гардидааст.

Албатта, дар асоси сарчашмаҳои фавқуззикр муҳаққиқони мухталиф аз қабили Юлиус Фердинанд Руска (1867-1949), Маҳмуд Наҷмободӣ (1904-2001), Убайдулло Исроилович Каримов (1920-1997), Маҳдии Муҳаққиқ (тав. 1930 м.), Парвиз Азкоӣ (1939 м.), Мӯсо Диноршоев (1934-2020), Алиқул Девонақулов (1928-2010), Тоҷиддин Мардонӣ (1947-2024), Ғаффор Ашуров (1930-2001), Баҳром Қурбонов (тав. 1965), Сабоҳат Ҳайдарова, Нигина Махсумзода ва дигарон таҳқиқоти арзишманде ба мерос гузоштаанд.

Нуктаи дигаре, ки қабл аз муқоисаи охирин лаҳзаҳои ҳаёти ду абармарди дунёи мутамаддин Муҳаммад Закариёи Розӣ ва Леонард Эйлерро пешорӯи шумо хонандагони арҷманд хоҳем гузошт, нишон додани ацидаи нодурусте аст, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ гӯё атеист будааст. Албатта, ӯ аз бузургтарин намояндаи фалсафаи асҳоби ҳайуло буд. Лекин дар бораи «даҳрият» («атеистмаобӣ»)-и Муҳаммад Закариёи Розӣ гуфтани як нуктаи ҷолиб бамаврид ва ҳикматпазир хоҳад буд. Ҳанӯз аз замони зиндагиаш Муҳаммад Закариёи Розиро ба «бединӣ», «мулҳидӣ», «атеистмаобӣ» ва «бидъат» таъна мекарданд. Агарчанде ӯ воқеан яке аз барҷастатарин намояндаи фалсафаи «асҳоби ҳаюло» ба шумор меравад, вале Худоро инкор накардааст ва дар қоилияти панҷгонааш ҳамешагии Худо чунон тасдиқу эътироф карда мешавад, ки тамоми динҳои тавҳидӣ абадияти Ӯро чунон эътироф кардаанд. Аз номгӯи осори ӯ ба хубӣ ҳадс зада мешавад ва мантиқан натиҷабардорӣ карда мешавад, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ ба ҳеч ваҷҳ Худоро инкор накардааст.

Дар радди ақидаи онҳое, ки Абубакр Муҳаммад Закариёи Розиро ба бехудоӣ туҳмат мезаданд, ин ҷо овардани номи чанде аз осори илоҳиётшиносии ӯ кофист, то туҳматномаи эшон ботил шуда бошад:

1. في ان للانسان خالقاً متقناُ حکيماُ کتاب – «Китоб андар ин ки инсонро Халлоқи Ҳакиму Комиле ҳаст».

2. في وجوب دعوة النبي على من نقر بالنبوات – «Андар зарурати даъвати пайғамбар алайҳи онҳое, ки нубувватро дашном мекунанд».

3. في الامامة و المؤتم – «Андар имомон ва имомат».

4. في الامامة – «Андар имомат».

5. في الامامة على الکيال – «Андар имомат алорағми ал-Кийёл». Киёл – номи шахс, донишманди ҳамзамони Муҳаммад Закариёи Розӣ, ки дар фаҳмиши масъалаи имомат мухолифақидаи Розӣ будааст.

6. في النبوات و يدعى نقض الاديان – «Китоб андар пайғамбарие, ки «лағви адён» мекунад».

7. في حيل المتنبين و يدعى مخاریق الانبيا – «Андар ҳияли пайғамбарони дурӯғин, ки «пайғамбартарош» номида мешаванд».

Танҳо аз унвони ин таълифот бо возеҳият бармеояд, ки Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ бар панҷгонаи қоилияташ ба Халлоқи Ҳакиму Комил комилан муътақид будааст. Ва ҳамчунин аз мутолиаи номи ин осор алайҳи ин ақидаи ботил, ки гӯё Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ пайғамбариро эътироф намекард, бармеояд, ки ӯ маҳз пайғамбарони козибро эътироф намекард. Дар ҳама давру замон мардуми сустаносире ёфт мешаванд, ки бинобар заифии имон ва адами дониш бар андак сеҳру ҷоду (гипноз) ва ё ҳилаҳои мардумфиребонае гаравида, баъзе афродро муқаддас эълом медоранд ва ҳатто дар радифи пайғамбарон ҷой медиҳанд, ки сафаҳоти таърихи инсоният аз зуҳури чунин “муъҷизот” моломол аст...

Ва чунон ки бо суҳулат мушоҳада шуд, Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ воқеан ҳам ин рукни тавҳидро на танҳо инкор накардааст, балки баръакс, ҳақиқати онро бо далоили зиёд, ки ҳар кадом ба манзалаи китоби воҳидест, собит намудааст.

Агарчанде «муллочаҳое», на муллоҳои воқеан донишманд (вақте сухан дар бораи танқиди «мулло» меравад, танҳо ҳамон «муллоҳое», ки сустаносиранд чунин танқидҳоро ба худ мекашанд, аммо муллоҳои воқеан донишманд ба монанди фозили фарҳехта шодравон Боқизода, ҳеч гоҳ ба зудранҷӣ ва худкашӣ роҳ намедиҳанд, балки ҳамфикри танқидҳои одилонаанд, ки ин масъалаест дигар) «атеистон»-ро дузахӣ фатво мекунанд, ин ҳама дар чаҳорчӯбаи фаҳмишу идроки ҳосилкардаи худашон ҳасту халос, на ҳақиқати мутлақ. Ҳақиқати мутлақро ба таъбири Хоҷа Ҳофиз («Ту паси парда чӣ донӣ, ки кӣ хуб асту кӣ зишт») ва ба қавли Ҳоҷӣ Хайём («Асрори азалро на ту дониву на ман») бигӯем, касе ҳукм карда наметавонад, ки кӣ дӯзахӣ ҳасту кӣ биҳиштӣ, ба ибораи мардум касе фолбинӣ карда наметавонад, ки киро ҷаннат интизор ҳасту киро ҷаҳаннам ва ё, кӣ аз Худо баргаштаасту Худо аз кӣ баргаштааст? Дар ин маврид шоир бисёр хуб ва ба маврид чунин сарводасароӣ кардааст:

Аз Худо баргаштагонро кор чандон сахт нест,

Сахт кори ӯ бувад, к-аз ӯ Худо баргаштааст.

«Аз Худо баргаштагон» фаразан ҳамон атеистон бошанд, ки дар чаҳорчубаи донишашон чунин мегӯянд, аммо чандон сахт набудани корашон чунин маънидод мегардад, ки новобаста аз ҷаҳонбинии атеистиву фалсафию илоҳиётшиносиашон, метавонанд шахсони баинсоф, адолатпеша, бовиҷдон ва рострав бошанд. Ҳамин адолатпешагӣ ва бовиҷдониашон боис гардидааст, ки шоир оқибати кори онҳоро «чандон сахт нест» гуфтааст.

«Худобаргаштагон» онҳоеанд, ки агарчанде аркони шариатро расмӣ иҷро мекунанд, лекин дар рафтору гуфтору пиндорашон натанҳо худи инсоф, балки бӯи инсоф ҳам вуҷуд надорад. «Худобаргаштагон» онҳоеанд, ки аз хӯрдани ризқу рӯзии мардуми бечора ва ятиму бенаво заррае ҳарос надоранд, ҳол он ки аз хӯрдани ҳаққи ҳама кас – нодору тавонгар канорагирӣ даркор аст. «Худобаргаштагон» онҳоеанд, ки дар вуҷуди хабисашон заррае инсоф вуҷуд надорад. «Худобаргаштагон» онҳоеанд, ки дар забон зикри Худову расул, вале қалбашон пур аз фанду фиреб ва дар мағзашон ба ғайр ҳисси танпарастиву молпарастӣ чизи дигар ҷой нагирифтааст...

Дар таърихи башарият аз Одам то ба ин дам ҳастанд онҳое, ки ислом доранду инсоф надоранд ва ё баръакс инсоф доранду ислом на.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳикмати асосӣ, яъне ҷавҳари фалсафии ҳамаи динҳо адлу инсоф, раҳму шафқат, ақлу адаб мебошад. Агар ин мазмунро дар шакли сарводасароӣ баён созем, он гоҳ онро бо чунин мисраҳое, ки банда замоне ба озмуни татаббуи шеъри Беранги Куҳдоманӣ навишта будам, чунин бояд гуфт, ки:

Аз соли нав маяндеш, шояд ки он хуш ояд,

Хуршеди рафта аз кӯҳ ҳар субҳдам барояд.

Булбул чу менахонад, бар шохсори мурда,

Дар боғи тирхӯрда, оҳу, бале, назояд.

Навмед менашав ту, аз ёри бозрафта,

Навмед агар набошӣ, хуршеди ту барояд.

Биншин ту дар баҳорон, бо ёди ёди ёрон,

К-он ёри бозрафта, доманкашон биёяд.

Исфандиёру Рустам, ҳарчанд буда ёрат,

То худ нахоҳӣ бар худ, оре, дигар наояд.

Бо халқ менапояд золим, агар шаҳаншост,

Кофар чу адл дорад, бо халқ мебипояд.

Чун гуфта менатонӣ, он чӣ ки менахоҳӣ,

Бояд набояд онро, чун боядаш набояд.

Абдулҳай ин муаммо, ҳарчанд боз карда,

Мушкилкушои он ку, ё доваре ки бояд.

Агарчанде бар гардани ҳакими тавоно, пизишки воломақом, табиатшиноси барҷаста Муҳаммад Закариёи Розӣ тавқи «атеистӣ»-ро новобаста ба эътиқоду эътирофаташ бар Худованд, илҳоқ кардаанд, бояд гуфт, ки осори фалсафиаш саршори ҳикматҳоест, ки лабрези инсофанд. Ногуфта аз он ки осори илмӣ ва тиббиаш кори миллионҳо ниёзмандону корафтогонро сабук кардаасту сабук кардан дорад...

Ниҳоят барои аз мақсад дур нарафтан бармегардем бар баёни матлаб. Дар ҳаёт, дар рӯзгори одамони наҷиб баъзе монандиҳои аҷиб ба чашм мерасад, ки чунин монандиро дар поёни рӯзгори Муҳаммад Закариёи Розӣ ва Леонард Эйлерро қиёс хоҳем кард.

Дар нимаи дуввуми асри IX ва чаҳоряки аввали асри X ҷомеулулуми бузурги тоҷик Абубакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ (865-925) ва дар асри XVIII донишманди дараҷаи аввали замони хеш Леонард Эйлер (1707-1783) рӯзгори пурмоҷарое ва монанде доштанд. Масалан, Закариё Розӣ, дар илми тибб натанҳо дар замонааш донишманди рақами аввал буд, балки то ҳоло аз чаҳор табиби маъруфи олам сеюм (якум Буқрот, дуюм Ҷолинус ва чаҳорум Бӯалии Сино) ҳисобида мешавад. Дар илми кимиё яке аз асосгузорони илми кимиё қаламдод шудааст, дар физика асосгузори физикаи амалии форс-тоҷик ва дар фалсафа, яке аз файласуфони бузурги инсоният ҳисобида мешавад, ки дар кимиёву физикаву фалсафа донишманди қадри аввали замонааш буд. Бо бисёре аз донишмандони замони худ дар баҳсу мунозара, ба забони илмии имрӯза дар танқиду тақриз буд. Муҳаммад Закариёи Розӣ дар поёни умраш, бино бар нишондоди сарчашмаҳо бо сабабҳои хондан ва навиштани зиёд, дар натиҷаи истифодаи барзиёди боқило, аз сабаби бар болои чашмаш афтидани китоб (китобро ба боло монда хонда хоб мекардааст, то мабодо хобаш барад китоб афтода бедораш кунад ва хонданро идома диҳад) комилан кӯр мешавад. Боқии асарҳояшро бо чашмони шогирдонаш мехондаасту бо дасти эшон китобҳои лозимаро менавиштааст. Дар хондану навиштан ба ӯ бештар аз ҳама яке аз шогирдонаш, ки аз Табаристон ба зиёраташ ба шаҳри Рай омада буд. Роҷеъ ба саволи шогирдони содиқаш, ки шояд чашмонаш ба ҷарроҳӣ ниёз дошта бошанд ва онҳо омодаи табобати чашмони устодашон ҳастанд, чунин посух медиҳад, ки: «...Мурғи аҷал бар қасди ҷонаш парвоз кардааст ва намеарзад, ки дар поёни умраш худро дучори ранҷу шиканҷа гардонад». Ва бад-ин минвол бо чашмони шогирдон хондану бо дасти онҳо навиштани афкораш ӯро қонеъ мекард.

Роҷеъ ба саволи душманонаш, ки нобиноии чашмонаш гӯё нодурустии ақоидаш мебошад, чунин посух медиҳад, ки: “...Чашмони ман нобино нашудаанд, балки аз дидани дидори шумо хаста шудаанд!”

Ҳоло мухтасари поёни кори бузургтарин риёзидони асри XIX, ба қавли Пер-Симон Лаплас (1749-1827), устоди ҳамаи риёзидонони нимаи дуюми асри XIX – Леонард Эйлерро ба ёд меорем. Дар соли 1771 дар ҳаёти Леонард Эйлер 2 ҳолати нохушӣ рӯй дод. Моҳи май дар Санкт-Петербург, дар он мавзее, ки Эйлер зиндагӣ дошт, сӯхтори бузурге ба амал омад, ки дар натиҷа хонаи ӯ бо ашёаш сӯхт. Хушбахтии олим дар он буд, ки каме пештар аз ҳодисаи сӯхтор ба хонаи ӯ косибе бо номи Пётр Гримм аз ватанаш Базел ба меҳмонӣ омада буд ва Эйлерро маҳз ҳамин Пётр бо ранҷу азобе аз марги сӯхтор наҷот дод. Боз хушбахтии дигари олим дар он буд, ки қариб ҳамаи дастхатҳояш ҳам аз сӯхтор эмин монданд. Охирҳои тобистон Эйлер ба бемории шадиди чашм гирифтор шуд, ки сентябри ҳамон сол чашмпизишки машҳури олмонӣ Вентсел, ки низ ба Петербург омада буд, чашми чапи ӯро ҷарроҳӣ кард. Пас аз ҷарроҳӣ чашмони Эйлер боз хуб медиданд, вале табиб ӯро муддати мадиде аз хондану навиштан ва ҳатто аз рӯшноиро нигоҳ кардан манъ карда буд, то ки чашмонаш оҳиста-оҳиста барқарор гарданд. Аммо олими беқарор нахондану нанавиштан наметавонист ва ӯ зуд ба корҳои илмиаш машғул шуд, ки дар натиҷа, ин дафъа, чашмонаш тамоман кӯр шуданд.

Леонард Эйлер фаъолияти илмии боқии умрашро ба воситаи чашму гӯши шогирдону мухлисон ва дӯстону меҳмононаш давом медодааст. Дар ин кор, хусусан, дар соли 1773 бо тавсияи Даниил (Дониёл) Бернулли яке аз шогирдони ӯ, бо номи Николаус Фусс (Николай Иванович) низ аз Базел ба Санкт-Петербург ба зиёрати устодаш омада буд, то ёрии худро расонад. Сафари Николаус Фусс ба Петербург барои Леонард Эйлер бахти калон буд. Дар давоми 10 соли охири ҳаёташ (то дами марг) Эйлер бо чашмони Николаус Фусс мехонду бо дасти ӯ менавишт. Ҳар саҳар Фусс барои Леонард Эйлер аввал рӯзномаҳои нав ва мактуботи ирсолшударо мехонду баъд баъзан мақолоти риёзиро. Боз Фусс қайду эродҳои Эйлерро гӯш мекарду бо супориши устодаш баъди 2-3 рӯз ислоҳшудаашро оварда қироат мекард.

Ин буд шаммае аз вопасин лаҳзаҳои умри ду тан аз донишмандони овозадори олам Муҳаммад Закариёи Розӣ ва Леонард Эйлер.

Абдулҳай Комилӣ, профессор

(дар ҳошияи Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе, 8-10 октябри соли 2025)

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рўзҳои 08-09 октябри 2025 меҳмонони олимақом – сардорони давлатҳои узви ИДМ-ро барои иштирок дар Саммит пазируфт.

Рўзи 9 октябри соли 2025 дар бостонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Саммити “Осиёи Марказӣ – Русия” баргузор гардид. Қобили зикр аст, ки дар кори Саммит сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Беларусия Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян иштирок намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҷаласа иброз доштанд, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба такмили фаъолияти Созмон, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётиву логистикӣ, ҳамгироии рақамӣ, ҳамчунин таъмини суботи энергетикӣ ва пешбурди фаъолонаи ҳамкории башардӯстона равона гардидааст. Ҳамзамон, ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир аҳамияти хоса дода шуд.

Сарони давлатҳо дар идомаи ҷаласа суханронӣ намуда, андешаҳои худро оид ба масъалаҳои муҳимми рӯзмарраи ҳамкории минтақавӣ иброз доштанд. Аз ҷумла, бо Президенти Беларус муҳтарам Александр Лукашенко вобаста ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти бахшҳои тиҷорату иқтисод ва саноату кишоварзӣ, ки дар доираи Комисияи байниҳукуматӣ анҷом меёбад, мулоқот намуда, бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳои Алиев дар мавриди фаъолияти муштарак дар минтақаҳои озоди ду кишвар, бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Ҷапаров дар хусуси ба эътидол омадани масъалаҳои ҳамкорӣ ва эҷод намудани фазои мусоиди дӯстиву якдигарфаҳмӣ, бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев оид ба дурнамои ҳамкориҳҳои стратегӣ, бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Ҷомарт Токаев дар самти тақвияти тиҷорату логистика, бо Президенти Ҷумҳурии Туркманистон муҳтарам Седар Бердимуҳамедов оид ба соҳаи логистикӣ ва неруи “сабз” ва бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян оид ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, бахшҳои фарҳангу маориф ва ҷавонон муколамаи сиёсиву дӯстона анҷом дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки иштироки фаъолонаи сарони давлатҳо ва мақомоти дахлдор аз иродаи устувори ҷонибҳо ҷиҳати густариши муколама ва ҳамкории стратегӣ миёни кишварҳои минтақа ва Федератсияи Русия гувоҳӣ медиҳад.

Дар ҷараёни кори Саммит ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва башардӯстона, инчунин ба талошҳои муштарак барои таъмини субот ва амният дар минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Паҳлуҳои асосӣ ва муҳимми ҳамкориҳои мутақобилан судманди давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил минбаъд низ ҳамчун маҳаки асосӣ барои пешрафту шукуфоии кишварҳо ва зиндагии шоистаи мардуми минтақа хизмат хоҳанд кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба муносибатҳои дӯстонаву ҳамсоягӣ ва сиёсати хирадмандонаву мавқеи устувордоштааш, густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо кишварҳои Осиёи Марказї ва Русия нек ва дурбинона маънидод намуд. Сарони давлатҳои ИДМ дар навбати худ масъалаҳои мубрами дар ҳамоиш гузошташударо матраҳ намуданд. Бо изҳори боварӣ ва ба хотири оромии минтақа, муколамаҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказї ва Русия ҷиҳати амалишавии натиҷаҳои мусбат дар кори ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Русия”, Эъломияи ҷамъбастӣ қабул гардида, нақшаи амали якҷоя барои солҳои 2025-2027 қабул гардид.

Пас аз имзои санадҳо Михаил Швидкой, ҳамраиси Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи (ХБҲБ) кишварҳои узви ИДМ, узви Шурои ИДМ оид ба ҳамкориҳои башардӯстона, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии башардӯстона Қарори Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои ИДМ-ро дар бораи сарфароз гардонидани Раиси Шурои Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Барои хизматҳо дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона” эълон намуд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ҷамъбастӣ ба ХБҲБ ИДМ барои қадрдонӣ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки ин ҷоизаро эътирофи баланди саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушди робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил медонанд.

Дар анҷоми кори Саммит муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои муҳокимаҳоро ҷамъбаст намуда, аз иштироки созанда ва натиҷабахши ҳамаи ҷонибҳо изҳори сипос карданд.

Бо ҳамин навбати Раисии Шурои Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷониби Тоҷикистон дар сатҳи баланди ҳамкориҳои судманд анҷом пазируфт.

Абилзода Гуландом Сардор-номзади илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Назар Мумин Абдуҷалол-доктори илмҳои фалсафа, сарходими илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ.

Конститутсия, ё худ Сарқонуни давлат, оинаи воқеии ҳастии миллат ва таҷассуми ормонҳои таърихии мардуми хирадманду соҳибватани мо ба ҳисоб меравад. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик, ки дорои таърихи пурифтихор, фарҳанги қадим ва анъанаҳои давлатдории ҳазорсола мебошанд, Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки рамзи худшиносӣ, пояи давлатдории миллӣ ва кафили истиқлолияти сиёсиву ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми ноябри соли 1994 на танҳо оғози давраи нави давлатдории миллӣ, балки шурӯи марҳалаи таърихии устуворсозии сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ гардид. Ин рӯйдоди бузурги сиёсӣ маҳз бо заҳмату тадбиру сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид, ки бо ҷасорат ва иродаи қавӣ миллатро аз гирдоби ҷанг раҳо бахшида, ба сӯи ваҳдат ва давлатдории муосир раҳнамун сохтанд.

АСОСИ ТАЪРИХӢ ВА МОҲИЯТИ КОНСТИТУТСИЯ

Дар таърихи давлатдории мо қабули Конститутсияи соли 1994 ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз нақш мебозад, зеро он нахустин бор ба таври озодона аз ҷониби халқи Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Бо ин амали таърихӣ, миллати хирадсолори мо рушди сиёсӣ ва иҷтимоии худро мустақилона муайян кард ва ба сӯи сохтмони давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ қадами устувору пурқудрат гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст, тамоми самтҳои ҳаётан муҳим , аз ҷумла: самтҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро фаро гирифта, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ муқаррар намудааст.

Дар моддаи якуми он зикр мегардад:

“Тоҷикистон — давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.”

Ин меъёр нишондиҳандаи равшани хислати ҳуқуқии давлати мо буда, собит месозад, ки тамоми ҳокимият аз иродаи мардум сарчашма мегирад ва иҷрои қонун баробар барои ҳама ҳатмӣ мебошад.

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Дар марҳалаи пас аз қабули Конститутсия, нақши таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи меъёрҳои Сарқонун ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бузург ва тақдирсоз аст.

Бо сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, меъёрҳои Конститутсия на танҳо ҳамчун санади ҳуқуқӣ, балки ҳамчун фалсафаи давлатдорӣ ва фарҳанги сиёсии миллӣ ҷорӣ гардиданд.

Пешвои миллат дар ҳар як баромади хеш таъкид мекунанд, ки Конститутсия на танҳо китобест барои хондан, балки роҳнамои зиндагӣ, дастури рафтор ва омили ваҳдату субот дар ҷомеа мебошад. Маҳз бо ибтикор ва роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат, соли 1999 ва баъдтар солҳои 2003 ва 2016 ба Конститутсия тағйиру иловаҳои муҳим ворид гардиданд, ки мутобиқ ба талаботи давру замон ва ҷавобгуй ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ буданд.

Ин ислоҳот барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, баланд бардоштани нақши мақомоти интихобӣ, кафолати бештари ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва беҳтар гардидани низоми ҳуқуқбунёдӣ замина фароҳам оварданд.

Имрӯз Тоҷикистон дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ба марҳалаи нави тараққиёт ворид гардидааст, ки он бар асоси арзишҳои конститутсионӣ — истиқлолият, ваҳдат, адолат ва қонуният устувор аст.

КОНСТИТУТСИЯ — КАФИЛИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА РУШДИ УСТУВОР

Сарқонун барои миллати тоҷик мисли чароғест, ки роҳи ояндаро равшан месозад.

Маҳз дар асоси он сулҳи комил барқарор гардид, суботи сиёсӣ таъмин шуд ва давлати тоҷикон тавонист дар муддати кӯтоҳ аз як кишвари пас аз низоъ ба ҷомеаи устувор, ором ва пешрафта табдил ёбад.

Бо такя ба меъёрҳои Конститутсия, Пешвои муаззами миллат сиёсати хирадмандонаи сулҳпарварона, инсонгароёна ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодиро пеш бурда, Тоҷикистонро ба майдони ваҳдати миллӣ табдил доданд. Дар натиҷа, имрӯз кишвари мо ҳамчун давлати сулҳҷӯ, дорои обрӯи байналмилалӣ ва намунаи ҳамзистии осоишта дар ҷаҳон шинохта шудааст.

Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати сиёсӣ, балки пояи устувори давлат, омили ҳифзи арзишҳои миллӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР АМАЛӢ ГАРДИДАНИ МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИЯ

Ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаи ҷомеа ва идомадиҳандаи сиёсати давлатдорӣ, бояд Конститутсияро ҳамчун дастури зиндагӣ қабул кунанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки

“ҷавонон бояд аз ҷиҳати сиёсӣ, маънавӣ ва ҳуқуқӣ обутоб ёбанд, зеро онҳо ояндаи ин меҳану ин сарзамини аҷдодианд”.

Имрӯз дар партави сиёсати Ҳукумату давлат, хосса Пешвои муаззами миллат барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, баргузории озмунҳо, конфронсҳо ва барномаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар пайрави аз ин иқдоми наҷиб озмуни “Беҳтарин донандаи Конститутсия” аз ҷониби Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ намунаи барҷастаи он мебошад.

Ин иқдом на танҳо маърифати ҳуқуқии ҷавононро боло мебарад, балки муҳаббат ва садоқати ононро нисбат ба Ватан ва Пешвои муаззами миллат таҳким мебахшад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — сарчашмаи ҳуқуқ, адолат, ваҳдат ва суботи миллӣ мебошад.

Он на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки асоси маънавии давлатдорӣ ва кафили истиқлолияти миллӣ аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати оқилона, диди дурбинона ва меҳру садоқати беандоза ба миллат тавонистанд, меъёрҳои Конститутсияро ба воқеияти зинда табдил диҳанд ва Тоҷикистонро ба кишвари ободу соҳибиқбол табдил намоянд.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд бо ифтихор бигӯяд, ки мо соҳиби чунин Сарқонун ҳастем, ки ба инсон эҳтиром мегузорад, ваҳдатро ҳифз мекунад ва ояндаи миллатро бо равшании умеду адолат таъмин месозад.

Конститутсия — ин муқаддастарин рамзи давлатдории тоҷикон ва рамзи пояндаи Ватани маҳбубамон Тоҷикистон аст!

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти соли 2- юми ихтисоси идоракунии давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки дар солҳои охир макони гузаронидани конфронс ва нишастҳои бузурги байналмилалӣ гардидааст. Аз ҷумла моҳи октябри соли равон дар пойтахти азизи мо шаҳри Душанбе самити кишварҳои ИДМ, ки дар он аксарияти кишварҳои ин созмони бонуфуз ширкат варзиданд, баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баргузор намудани чунин нишастҳои байналмилалӣ хелле баланду болост. Дар заминаи ин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия В. В Путин изҳори андеша намуда, аз ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ сӯҳбат доштанд. В. В Путин аз корҳои ба анҷомрасида ва ҳамкориҳои Россия ва Тоҷикистон сӯҳбат намуда, оид ба дастовардҳои ин ду кишвар масъалаҳои муҳиммеро баррасӣ намуд.

Аз ҷумла масъалаи НБО- и Сангтӯда, ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини нафту газ ва кушодани 5 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи русӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва дар як соли охир фиристодани 100 нафар муаллимони рӯс аз Федератсияи Россия ба Точикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия квотаҳои махсус ҷудо карда шуд. Дар баробари ин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дигар меҳмонҳои воломақом, Президентҳои давлатҳои аъзои ИДМ вохӯрӣ гузаронида, самтҳои стратегии ҳамкориҳои дуҷонибаро ба ҳар яке аз онҳо мавриди баррасӣ қарор дод.

Мавриди қайд аст, ки Президенти муҳтарами мо ҳамчун Лидери сиёсӣ дар рушду инкишофи натанҳо Тоҷикистони азиз балки кишварҳои ИДМ нақши бориз дорад. Аз ин рӯ мо коршиносон ва сиёсатшиносони кишвар эътирофу ифтихори самимӣ ба Пешвои муаззами миллат дошта, ба он кас дар роҳи дигаргуниҳои нави ҳамкориҳо муваффақиятҳои беназир таманно менамоем.

Давлатбек Қурбонов - номзади илмҳои сиёсӣ, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ

ва муносибатҳои байналхалқии ДДБ ба номи Носири Хусрав

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст даровардани истиқлолияти сиёсӣ дар таърихи 9- сентябри соли 1991 ба марҳилаи нави муносибатҳои сиёсӣ қадам гузошт ва ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар марҳилаи аввали шаклгирии сиёсати хориҷӣ,кишвари мо дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳои олам кушод ва бо эъломи “сиёсати дарҳои боз” равобити байналмилалиро бо мамлакатҳои дурру наздик барқарор намуд. Яке аз аввалин кишварҳое, ки робитаи худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлол барқарор намуд ва истиқлолияти онро эътироф кард, Федератсияи Русия ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатии ду давлат дар давраи соҳибистиқлолии ҳарду кишвар ба худ ранги дигар касб карда, давра ба давра тақвият ёфтаанд. Равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз рӯзҳои аввали истиқлолият бар асоси пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд. Тавре маълум аст, муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз 8 - уми апрели соли 1992 оғоз гардида, ҳамкориҳо ҳам дар муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар ҳоли густариш қарор доранд. Дар таҳкиму тақвияти робитаҳои шарикӣ, густариш ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, нақши Роҳбари ду давлат беандоза буда, ба шарофати вохӯриҳои дуҷонибаи сатҳи олӣ, ҳамкориҳои дуҷониба мақоми хосси шарикии стратегиро касб кардаанд. Иродаи сиёсӣ ва мавқеи ягонаи Роҳбариятии Олии ҳарду кишвар дар пешгирии хатарҳои воқеиву эҳтимолӣ,бартарафсозии таҳдидҳо ба истиқлолу амнияти кишварҳо, робитаҳои ду давлатро боз ҳам мустаҳкам намудааст.

Гуфтугӯҳои бисёрмаротибаи В.В. Путин бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ ва Шӯрои байнидавлати давлатҳои аъзои Ҳамкории иқтисодии Авруосиё, Шӯрои бехатарии давлатҳои аъзои СААД, саммитҳои Созмони ҳамкории Шанхай басо аҳамияти муҳими сиёсӣ дошта, дар заминаи онҳо ҳамкориҳои муштарак шакл гирифтаанд. Дар рафти ин вохуриҳо масъалаҳои воқеӣ ба монанди баланд бардоштани сифатнокии ҳамкори бисёрнақшавии тарафайн, масъалаҳои бехатарии минтақавию ҷаҳонӣ ва мустаҳкам гардондани раванди ҳамгироӣ дар ҳар гуна андозаҳо диққат дода мешаванд.

Дар давоми соли 2025 низ муносибатҳои дуҷониба густариш пайдо карданд. Давоми имсол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо В.В. Путин чор маротиба дидору гуфтушунид анҷом дода, чор маротиба суҳбати телефонӣ доштанд.

Шоми 8 октябри соли 2025 Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия, бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Ин сафар дар рӯзҳое сурат гирифт, ки Тоҷикистон мизбони чанд мулоқот ва саммитҳои минтақавӣ, аз ҷумла ҷаласаи Шӯрои сарони аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Саммити “Русия - Осиёи Марказӣ” буд, ки мавзӯъҳои амният, ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҳамгироӣ ва рушдро дар сатҳи минтақавӣ фаро мегирифт.

Дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, ки 9 октябри соли равон сурат гирифта буд, маросими имзои санадҳои дуҷониба баргузор шуд, ки зимни он 16 санади нави ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистону Русия ба имзо расид ва ба таври зайл аст:

Нақшаи чорабиниҳо оид ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2025-2030;

Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсуми гурӯҳи ширкатҳои БТК оид ба амалисозии лоиҳаи ташкили кластери саноати сабуки гурӯҳи ширкатҳои БТК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Русия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ;

Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия аз 17 апрели соли 2019;

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии қӯшунҳои Гвардияи миллии Федератсияи Русия;

Созишнома миёни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ бо мақсадҳои рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

Харитаи роҳ оид ба ҳамкориҳо дар самти нақлиёт барои солҳои 2025-2030 миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия;

Ёддошти тафоҳум дар самти мубориза бар зидди вабо миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии назорат оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некуаҳволии инсони Федератсияи Русия;

Ёддошти тафоҳум миёни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таълими касбии дахлдори иловагӣ ва таълими касбӣ;

Харитаи роҳ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи давлатии энергияи атомии Росатом оид ба татбиқи санҷиши пешазлоиҳавии радиатсионӣ ва тадқиқоти партовгоҳи Деҳмой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи асосҳои молиявии иқтисодии безараргардонии он;

Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорат дар соҳаи тандурустии Федератсияи Русия;

Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорати алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи оммавии Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои истифодаи спектри радиобасомад, муқовимат ба паҳншавии иттилоот ва (ё) захираҳои иттилоотии ғайриқонунӣ дар шабакаи интернет, муқовимат ба зангҳои қаллобӣ ҳангоми расонидани хизматрасониҳои алоқа;

Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД Коргоҳи мошинасозии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахси ҳуқуқии ваколатдори Федератсияи Русия оид ба таъсиси Парки саноатии Тоҷикистон ва Русия.

Созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи русиягии хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия.

Дар ҷараёни музокироти давлатии сатҳи олӣ инчунин ба як қатор масъалаҳои дигар аз қабили рушди ҳамкории гуногунҷанба барои афзунсозии минбаъдаи ҳаҷми тиҷорату сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ифтитоҳи парки саноатӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, ҳамёрӣ дар бахшҳои рақамисозӣ ва истифода аз зеҳни сунъӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, сиёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, омодасозии кадрҳои ҷавон диққати махсус зоҳир намуданд.

Санадҳои имзошуда ва дигар тавофуқоти дар доираи сафар ҳосилшуда ба рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар такони нав мебахшанд.

Дар баробари равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳамкориҳои онҳо дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил(ИДМ), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ(СААД), Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) идома доранд. Пеш аз ҳама, ҳамкориҳо дар доираи ИДМ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии ҳарду кишвар шурӯъ шудааст. Тибқи санадҳои таъсисии ИДМ Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам муассисон ва ҳам узви комилҳуқуқи ин созмон мебошанд. Ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон ба манзури густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ин иттиҳодия ва рафъи ихтилофу мушкилоти мавҷуда мавқеи муштарак доранд. Дар сиёсати хориҷии хеш, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои узви ИДМ аҳамияти вижа медиҳад. Миёни аъзоёни асосии кишвар дар миқёси ИДМ ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, ин давлат чун шарики асосии стратегии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Дар хотима бояд гуфт, ки Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушода дорад, яъне доимо тарафдори муносибатҳои дӯстонаи дутарафа ва чандтарафа бо давлатҳои дунё ва ташкилотҳои байналхалқӣ мебошад. Боварӣ дорем, ки муносибатҳои дӯстӣ ва шарики стратегии байни Тоҷикистону Русия мемонад ва дар оянда бо зинаи нави рушде, ки ҷавобгӯӣ манфиатҳо ва иқтидорҳои давлатҳо ва халқҳоянд, мустаҳкам мегардад.

Достиева Дилафруз, ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Дар шароити муосири геополитикӣ муносибатҳои байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ҳамчун омили калидии суботи минтақавӣ ва рушди иқтисодӣ барҷаста мешаванд. Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ин муносибатҳо аз марҳилаҳои гуногуни таҳаввулот гузашта, имрӯз хусусияти шарикии стратегӣ пайдо кардаанд.

Силсислаи форумҳои коршиносии «Осиёи Марказӣ - Русия: рӯзномаи рушди муштарак» намунаи равшани ин таҳаввулот мебошад. Аввалин форум 18 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона и Қазоқистон бо ташаббуси Институти миллии таҳқиқоти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ номи Е.М. Примаков Академияи илмҳои Русия (ИМЭМО АИР) ва Институти Қазоқистонии таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд. Ин чорабинӣ ба мушкилот ва дурнамоҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар соҳаҳои иқтисод, амнияти минтақавӣ, рушди сармояи инсонӣ ва ҳамкории иттилоотӣ тамаркуз кард.

Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон, Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ - Русия» ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) соли 2025, Форуми дуюми коршиносии мазкур 11 октябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил шуд. Ин вохӯрӣ ҳамчун идомаи форуми аввалин ва ҳамоҳанг бо чорабиниҳои сиёсии сатҳи баланд, майдони муҳим барои мубодилаи афкор ва таҳияи рӯзномаи муштараки рушд гардид. Форумҳо ба ҳамкориҳои бисёрҷониба, аз ҷумла масъалаҳои захираҳои обӣ, иқлим, энергетика ва фарҳанг тамаркуз кардаанд.

Муносибатҳои Русия ва Осиёи Марказӣ таърихи тӯлонӣ доранд, ки аз асрҳои миёна оғоз шуда, дар асри XIX бо фатҳи Русияи императорӣ ба авҷи худ расид. Дар он давра, Русия ҳудудҳои васеъи минтақаро, аз ҷумла хонигарҳои Бухоро, Хива ва Қӯқандро ба ҳайати империя дохил кард. Ин раванд, ки бо номи "Фатҳи Русия дар Осиёи Марказӣ" маълум аст, ба иқтисоди минтақа таъсир расонд ва ҳамзамон муқовиматҳои миллиро ба вуҷуд овард. Дар давраи шӯравӣ (1920-1991) кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ рушд карданд, аммо ҳукмронии марказӣ аз Маскав буд. Ин давра бо саноатикунонӣ, таълим ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳамроҳ буд, аммо ҳамчунин бо сиёсатҳои репрессивӣ ва аз байн бурдани фарҳангҳои маҳаллӣ равона шуда буд.

Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқлолияти худро эълон намуданд, аммо муносибатҳо бо Русия ҳамчун шарики стратегӣ боқӣ монданд. Русия ҳамчун ҳамсояи ҳамҷавор ва манбаи асосии муҳоҷирати корӣ ва тиҷорат нақши муҳим мебозад. Дар солҳои 1990-ум ва 2000-ум, созмонҳо мисли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) муносибатҳоро устувор карданд. Дар солҳои охир, бо афзудани нуфузи Чин ва Ғарб, Русия талош мекунад, ки ҳузури худро дар минтақа нигоҳ дорад, хусусан дар соҳаҳои амният ва энергетика. Масалан, дар соли 2022, ҳангоми ҳодисаҳо дар Қазоқистон, нерӯҳои СПАД барои кӯмак даъват шуданд, ки ин ҳамкориҳои амниятиро нишон медиҳад.

Дар шароити муосир муносибатҳо бо чолишҳои геополитикӣ рӯбарӯ ҳастанд, аз ҷумла низоъҳо дар Украина ва тағйироти иқлимӣ. Аммо, тибқи маълумотҳои иқтисодӣ ҳаҷми тиҷорат байни Русия ва Осиёи Марказӣ дар солҳои 2022-2025 афзудааст. Масалан, тиҷорати умумӣ дар соли 2024 зиёда аз 45 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки 18,6% аз ҳаҷми умумии тиҷорати минтақа аст. Қазоқистон бо Русия тиҷорати 27,8 миллиард доллар дошт, ки афзоиши 3%-ро нишон медиҳад. Ин рақамҳо аз аҳамияти Русия ҳамчун шарики тиҷоратӣ шаҳодат медиҳанд.

Аввалин Форуми коршиносӣ дар шаҳри Остона бо иштироки роҳбарон ва мутахассисони калидии институтҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ИМЭМО АИР (Русия), ИҚТС (Қазоқистон), Институти стратегии ва байниминтақавии таҳқиқотӣ назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ИСБТ), Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ (ИБОМ, Ӯзбекистон), Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (МТС), Институти миллии таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон (ИМТС ҚР) ва ғайра баргузор гардид. Дар панели «Роҳҳои рушди ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Русия» бо маърӯзаҳо иштирок карданд: муовини директори ИМЭМО АИР Сергей Афонтсев (мавзӯъ: «Ҳамкории иқтисодии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар контексти геополитикии нав») ва муовини директори ИМЭМО АИР Станислав Жуков (мавзӯъ: «Самтҳои нав барои рушди ҳамкории иқтисодии Русия ва Осиёи Марказӣ»). Дар панели «Таҳдидҳо ва хатарҳои амнияти минтақавӣ: имкониятҳои бартарафсозии онҳо» бо маърӯза иштирок кард сардори Маркази таҳқиқоти пасошӯравӣ Эдуард Соловев (мавзӯъ: «Мушкилоти амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ – таҳдидҳои нав ва мушкилоти кӯҳна»). Панели сеюм ба рушди сармояи инсонӣ ва ҳамкориҳои таълимӣ бахшида шуд. Дар ҳошияи форум байни ИМЭМО АИР ва ИҚТС Меморандум дар бораи ҳамкорӣ имзо шуд. Тибқи пешниҳоди директори ИҚТС Е. Тукумов, формати вохӯриҳои экспертӣ «Русия – Осиёи Марказӣ» солона ва ба саммитҳои сарони давлатҳо пайваст карда мешавад.

Иштирокчиён эҳтиёҷоти диалоги байни ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, хусусан дар «треки дуюм»-ро тасдиқ карданд. Ин форум замина барои чорабиниҳои минбаъда гузошт ва ба афзудани ҳаҷми тиҷорат дар солҳои 2022-2023 мусоидат кард.

Форуми дуюм 11 октябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарон ва намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, коршиносон, муҳаққиқон, доираҳои дипломатӣ ва намояндагони вазорату идораҳо баргузор гардид. Ин вохӯрӣ ҳамчун идомаи форуми аввалин ва ҳамоҳанг бо чорабиниҳои сиёсии сатҳи баланд, аз қабили саммитҳои минтақавӣ, ташкил шуд. Форум ба ҳамкориҳои бисёрҷониба, аз ҷумла муносибатҳои стратегӣ, иқтисодӣ, устувории минтақавӣ, захираҳои обӣ, иқлим, энергетика, фарҳанг, забон ва илм тамаркуз кард. Он дар доираи Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ - Русия» (9 октябр) ва нишасти Шӯрои ИДМ (9-10 октябр) сурат гирифт, ки дар онҳо роҳбарони кишварҳо иштирок карданд. Форум бо ташаббуси Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия ташкил шуд. Дар қисмати ифтитоҳии форум Хайриддин Усмонзода (директори МТС), Қобилҷон Хушвахтзода (президенти АМИТ), Кирилл Бабаев (директори Институти Чин ва Осиёи муосири АИР), Мирзошариф Ҷалолов (сардори Раёсати таҳқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Эдуард Соловев (сардори Маркази таҳқиқоти пасошӯравӣ ИМЭМО АИР) суханронӣ намуданд. Дар ҳусни оғози форум, директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки муносибатҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хусусияти шарикии стратегӣ доранд. Вай қайд кард: «Сарфи назар аз равандҳои мураккаби солҳои охир, ба ҳеҷ кас муяссар нашуд, ки мамлакатҳои моро парешон кунад. Боварии дуҷонибаи сиёсӣ бар хилофи баъзе интизориҳо, ба рушди босуръати тиҷорат ва густариши муносибатҳои бисёрҷониба мусоидат мекунад». Ин суханҳо баёнгари устувории муносибатҳо ҳатто дар шароити тағйиротҳои геополитикӣ мебошанд. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода дар сухани ифтитоҳии хеш ба таърихи муносибатҳои Русия бо Осиёи Марказӣ ишора карда, гуфт: «Таърихи муносибатҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пур аз намунаҳои ҳамкориҳои самаранок дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг мебошад.

Ин робитаҳо заминаи устуворе шуданд, ки бар пояи он саҳифаи нави рушди муштараки мо ташаккул меёбад». Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар замони муосир илм ва навоварӣ ба забони умумие табдил ёфтаанд, ки чолишҳои ҷаҳониро ҳал мекунанд. Дар муҳокимаҳо масъалаҳои калидӣ, аз қабили таъмини амнияти энергетикӣ ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуданд. Директори Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия Кирилл Бабаев дар суханронии худ ба афзудани муносибатҳои иқтисодӣ ишора кард: ҳаҷми тиҷорати Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2024 зиёда аз 45 миллиард долларро ташкил дод, сармояҳои ҷамъшуда беш аз 20 миллиард доллар баробар буда, зиёда аз 210 000 донишҷӯёни осиёимарказӣ дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.

Дар саммити 9 октябр Коммюникеи ниҳоӣ қабул шуд ва Нақшаи иқдомҳои муштарак барои солҳои 2025-2027 тасдиқ гардид. Ин ҳуҷҷатҳо ба рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва сармояи инсонӣ тамаркуз кардаанд. Форум ҳамчун платформа барои коршиносон имкон дод, ки ин нақшаҳоро муҳокима кунанд ва пешниҳодҳои нав диҳанд. Яке аз натиҷаҳои асосӣ - тасмим дар бораи таъсиси формати доимии «Диалоги коршиносӣ Осиёи Марказӣ - Русия» барои форумҳои оянда ва чорабиниҳои тематикӣ гашт. Дар форуми дуюм дар бахши пленари мавзӯи “Мушкилоти умумӣ барои субот: тағирёбии иқлим, бахши об-энергетикӣ ва нооромиҳои глобалӣ", дар сесияи аввал мавзӯи "Робитаи стратегӣ ва ояндаи умумӣ: иқтисод, энергетика ва логистика", дар сесияи дуюм мавзӯи "Ваҳдат дар гуногунрангӣ: Нақши илм, забонҳо, фарҳангҳо ва маориф дар ташаккули фазои сулҳу шукуфоӣ" ва дар қисмати пушида дар асоси принсипи «Chatham House” миззи мудаввар дар мавзӯи “Амнияти минтақавӣ: омилҳои беруна ва дохилӣ” баррасӣ гардиданд, ки маърӯзаи коршиносон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Русия шунида шуд. Дар бахши пленарии ин форум директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра дар мавзӯи “Самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия” ва дар сесияи дуюм мудири Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих Сайидзода Зафар Шералӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия” суханронӣ намуданд.

Силсилаи форумҳо ба чанд мавзӯи калидӣ тамаркуз кардааст, ки ҳар кадоме аз онҳо аҳамияти стратегӣ барои рушди муштарак доранд. Пайвастагӣ байни ду форум дар таъкид ба устувории муносибатҳо ва ниёз ба диалоги экспертӣ зоҳир мегардад. Дар ҳар ду форум таъкид шуд, ки сарфи назар аз тағйиротҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба таҷрибаи се даҳсола эътимоди сиёсии баландро тавсеа бахшидаанд. Дар форуми аввалин, сафири Русия А. Бородавкин ва директори ИҚТС Е. Тукумов ба таҳдидҳои муштарак нисбат ба ҷавонон ва низоми амнияти умумиосиёӣ ишора карданд. Дар форуми дуюм Х. Усмонзода устувории ин муносибатҳоро таъкид кард. Ин ҳамкориҳо дар таъмини суботи минтақавӣ нақши муҳим мебозанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин диалогҳо ба афзоиши ҳаҷми тиҷорат ва бартарафсозии таҳдидҳои терроризм ва экстремизм мусоидат кардаанд. Дар шароити таҳдидҳои нав, мисли низоъҳои байналмилалӣ ҳамкориҳо дар доираи СПАД ва ИДМ муҳиманд.

Яке аз нуқтаҳои марказии ҳар ду форум ҳамкориҳои илмӣ буд. Дар Остона директори ИМЭМО АИР Ф. Войтоловский ба зарурати тамоси экспертӣ дар шароити тағйироти ҷаҳонӣ ишора кард ва дар Душанбе академик Қ. Хушвахтзода такид намуд, ки: «Ҳамкориҳои илмӣ ба як шакли хосси дипломатия табдил ёфтаанд — дипломатияи эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва кӯшиши муштарак барои созандагӣ». Мавзӯъҳои калидӣ ин рушди устувор, ҳифзи муҳити зист, амнияти энергетикӣ ва озуқа, омодасозии насли нави муҳаққиқон.

Таҳлили илмӣ нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои илмӣ байни Русия ва Осиёи Марказӣ дар солҳои 2022–2025 афзудааст, ки ба рушди минтақа мусоидат мекунад. Масалан, барномаҳои муштарак дар соҳаҳои таълим ва таҳқиқотҳои экологӣ.

Форумҳои аввалин ва дуюм ҳамчун майдон барои мубодилаи афкор ва дарёфти ҳалҳои муштарак тавсиф шуданд. Дар Остона имзои Меморандум байни ИМЭМО АИР ва ИҚТС ва пешниҳоди солона кардани форматҳо (Е. Тукумов) замина гузоштанд. Дар Душанбе, таъкид шуд, ки чунин вохӯриҳо қадами нав дар таҳкими эътимод мебошанд. Дар Форуми Душанбе Меморандум дар бораи ҳамкорӣ ва тафоҳуми мутақобила байни Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Чин ва Осиёи муосири Акакемияи илмҳои Русия ба имзо расонида шуд.

Ин силсилаи форумҳо имкон дод, ки коршиносон рӯзномаи муштаракро таҳия кунанд, ки ба рушди иқтисодӣ, амният ва илм тамаркуз кардааст. Аз ҷумла, дар солҳои 2022-2025 тиҷорати Русия бо Осиёи Марказӣ ба 45 миллиард доллар расид ва Нақшаи 2025-2027 ба сармоягузорӣ ва тиҷорат тамаркуз дорад. Дар соли 2023 тиҷорати Русия бо минтақа тақрибан 44 миллиард долларро ташкил карда, дар соли 2024 ба зиёда аз 45 миллиард доллар афзуда, дар соли 2025 бошад афзоиши 4%-ро нишон додааст. Ҳиссаи Осиёи Марказӣ дар содироти Русия аз соли 2021 то 2023 афзудааст. Дар соли 2022 содироти Қирғизистон ба Русия 250% афзудааст, содироти Қазоқистон 39%, Қирғизистон 90% ва Ӯзбекистон 77% афзудааст. Дар семоҳаи аввали соли 2025 тиҷорати дуҷониба зиёда аз 17% афзудааст. Дар минтақаи Авросиёӣ сармоягузориҳои Русия 23,5 миллиард доллар (26%), Туркманистон 17,5 миллиард доллар (12,5%) ва Қазоқистон 15,5 миллиард доллар (11,1%)-ро ташкил медиҳанд. Дар соли 2024 содироти Русия 0,5% афзуда, ба 278 миллиард доллар расидааст, ки тамаркуз ба Осиё дорад. Ҳаҷми умумии мубодилаи молӣ Тоҷикистон ва Руссия дар соли 2023 ба $1,7 млрд расид, ки афзоиши 12,5% нисбат ба соли 2022-ро нишон дод. Россия дар умум 20,6% аз тиҷорати умумии хориҷии Тоҷикистонро ташкил кард. Соли 2024 ҳаҷми умумии мубодилаи молӣ ба $1,9 млрд расид, ки афзоиши 15% нисбат ба соли 2023 мебошад. Дар 6 моҳаи аввали соли 2015 ҳаҷм ба зиёда аз $1 млрд расид, ки афзоиши 10% нисбат ба ҳамон давраи соли 2024-ро нишон медиҳад. Дар соли 2023 тиҷорати Русия бо минтақа тақрибан 44 миллиард долларро ташкил карда, ки се як қисми тиҷорати Осиёи Марказӣ мебошад. Ин афзоишҳо ба саммитҳо ва форумҳои силсилаи мазкур, ки ба таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ мусоидат кардаанд, нисбат дода мешаванд, зеро онҳо платформа барои мубодилаи афкор ва имзои созишномаҳо фароҳам овардаанд.

Таҳлили эмпирии воқеӣ нишон медиҳад, ки силсилаи форумҳо ва саммитҳои марбут ба онҳо дар солҳои 2022-2025 ба афзудани ҳаҷми тиҷорат ва сармоягузорӣ байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат кардаанд. Дар соли 2022, пас аз баргузории форуми аввалин дар Остона тиҷорати умумӣ аз 30 миллиард доллар афзуда, ба 35 миллиард доллар расидааст, ки ин афзоиши 17%-ро нишон медиҳад. Дар соли 2023 тиҷорат ба 44 миллиард доллар афзудааст, ки се як қисми тиҷорати минтақаро ташкил медиҳад. Дар соли 2024 тиҷорат ба зиёда аз 45 миллиард доллар расида, содироти Русия 0,5% афзудааст, ки тамаркуз ба Осиё дорад ва сармоягузориҳои Русия дар минтақаи евроосиёӣ 23,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ин афзоишҳо ба нақшаҳои иқдомҳои муштарак барои солҳои 2025-2027, ки дар саммит қабул шудаанд ва меморандумҳои имзошуда дар форумҳо нисбат дода мешаванд, зеро онҳо ба рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва пайвандҳои гуманитарӣ тамаркуз кардаанд. Масалан, дар Тоҷикистон ҳиссаи Русия дар гардиши тиҷоратӣ 58%-ро ташкил медиҳад, зиёда аз 300 корхонаҳои муштарак бо сармояҳои русӣ амал мекунанд ва гардиши мол байни ду кишвар тақрибан 2 миллиард доллар аст.

Силсилаи форумҳои коршиносии «Осиёи Марказӣ - Русия: рӯзномаи рушди муштарак» намунаи ҳамкориҳои самаранок дар сатҳи экспертӣ мебошад. Аз форуми аввалин дар Остона (2022) то дуюм дар Душанбе (2025) таҳлили маърӯзаҳо нишон доданд, ки муносибатҳои стратегӣ устувор буда, ба чолишҳои ҷаҳонӣ посух медиҳанд. Дипломатияи илмӣ ва ҳамкориҳои муштарак дар соҳаҳои калидӣ метавонанд заминаи рушди устуворро таъмин кунанд.

Дар асоси таҳлили маърӯзаву мақолаҳо ва баррасии натиҷаҳои форумҳои коршиносии «Осиёи Марказӣ - Русия: рӯзномаи рушди муштарак» мо чунин пешниҳодҳоро барои такмили фаъолияти форумҳо пешкаш менамоем:

1. Ба форумҳо намояндагони бахшҳои хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои дигар, ба мисли Чин ва Ҳиндустон даъват карда шаванд, то ки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ васеътар гарданд ва дурнамоҳои минтақавӣ амиқтар таҳлил шаванд.

2. Бо назардошти афзоиши тиҷорат ва сармоягузорӣ (масалан, 45 миллиард доллар дар соли 2024) лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ, ба монанди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохторӣ дар доираи нақшаҳои иқдоми 2025-2027 таҳия ва амалӣ карда шаванд, ки натиҷаҳои форумҳоро ба амалӣ табдил диҳанд.

3. Эҷоди як платформаи онлайнӣ барои мубодилаи доимӣ ва ҳамоҳангсозии коршиносон байни форумҳо, ки имкон медиҳад, ки пешниҳодҳо ва натиҷаҳо пас аз чорабиниҳо низ идома ёбанд ва ба рушди доимии ҳамкориҳо мусоидат кунанд.

4. Бо назардошти таҳдидҳои зикршуда нисбат ба ҷавонон, дар барномаҳо курсҳои махсус ва барномаҳои таълимии муштарак барои донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон доир карда шаванд, ки шумораи 210 000 донишҷӯёни Осиёи Ммарказӣ дар Русияро боз ҳам зиёд кунанд.

5. Баъди ҳар форум гузоришҳои муфассал бо маълумотҳои эмпирӣ ва таҳлилҳои иқтисодӣ (масалан, афзоиши 17%-и тиҷорат дар соли 2022) нашр шаванд, то ки таъсири иқтисодӣ ва сиёсии чорабиниҳо ба таври шаффоф арзёбӣ шуда, барои форумҳои оянда роҳнамо бошанд.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Содружество Независимых Государств (СНГ), созданное в 1991 году как механизм координации постсоветских государств, эволюционировало от преимущественно экономической платформы к многоуровневой структуре, где гуманитарное измерение играет ключевую роль в укреплении взаимного доверия. В 2025 году во время председательства Таджикистана в СНГ, состоявшегося в Душанбе, произошло значимое событие: награждение Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона медалью Межгосударственного фонда гуманитарного сотрудничества (МФГС) за вклад в развитие гуманитарных связей. Это не только персональное признание, но и символический акт подчеркивающий стратегическую ориентацию Таджикистана на «мягкую силу» в региональной политике. Персональное признание актуалена в свете глобальных вызовов, таких как миграционные потоки, культурные разломы и необходимость сохранения общего культурного наследия.

МФГС учрежденный в 2008 году в соответствии с Договором о межгосударственном фонде гуманитарного сотрудничества государств-участников СНГ, выступает ключевым инструментом для реализации Концепции дальнейшего развития гуманитарного сотрудничества в СНГ на период до 2020 года (с продлением до 2030 года). Фонд фокусируется на четырех приоритетных направлениях: образование, наука, культура и молодежная политика. Его деятельность включает финансирование совместных проектов, таких как международные форумы научной интеллигенции, издательские инициативы и образовательные обмены, что способствует формированию «общего гуманитарного пространства».

В 2024–2025 годах МФГС реализовал более 50 проектов, включая поддержку экологических программ и цифровизацию культурного наследия, что особенно актуально для Центральной Азии. Сопредседатель Правления МФГС Михаил Швыдкой, специальный представитель Президента РФ по международному культурному сотрудничеству, подчеркивает, что фонд не только распределяет гранты, но и выступает платформой для диалога интегрируя гуманитарные инициативы в более широкую повестку СНГ. В этом контексте медаль «За заслуги в развитии гуманитарного сотрудничества» — высшая награда фонда, вручаемая за системный вклад в межгосударственные связи.

Председательство Таджикистана в СНГ (апрель 2024 — декабрь 2025) ознаменовалось акцентом на гуманитарные и экологические приоритеты, что отражено в Концепции председательства, утвержденной Советом глав государств. Под руководством уважаемого Эмомали Рахмона Таджикистан инициировал проекты по укреплению молодежного сотрудничества, включая программы обмена студентами и культурные фестивали, что усилило роль страны в региональной интеграции.

Вклад Таджикистана в гуманитарное сотрудничество СНГ проявляется в нескольких аспектах. Во-первых, активное участие в реализации Договора о зоне безъядерного оружия в Центральной Азии, где гуманитарные инициативы пересекаются с вопросами безопасности. Во-вторых, продвижение таджикского языка и литературы как части общего культурного наследия, через совместные издательские проекты с Россией и Казахстаном. Наконец, в период председательства было подписано 19 документов, включая соглашения по гуманитарным программам, что подтверждает эффективность таджикской дипломатии. Эти усилия получили высокую оценку от Генерального секретаря СНГ Сергея Лебедева, отметившего «неизменно эффективное» лидерство Таджикистана.

Церемония награждения состоялась 10 октября 2025 года по итогам саммита СНГ в Душанбе, где Михаил Швыдкой от имени Правления МФГС объявил о решении о вручении медали уважаемого Эмомали Рахмону. В своей речи уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул, что награда — это признание коллективных усилий народа Таджикистана в развитии культурно-гуманитарных связей, что подчеркивает принцип «народной дипломатии».

Символическое значение события выходит за рамки персонального признания. Оно усиливает позиции Таджикистана как лидера в гуманитарной сфере СНГ, способствуя институционализации формата «СНГ+» для расширения диалога с другими регионами. В сравнении с предыдущими наградами МФГС (например, форумам интеллигенции в 2025 году), эта медаль акцентирует роль лидера государства в интеграционных процессах. Анализ показывает, что такие акты способствуют росту инвестиций в гуманитарные проекты на 15–20% в последующие годы, как это было после аналогичных событий в 2019–2020 годах.

Предлагаемая модель «гуманитарной дипломатии» Таджикистана включает три компонента: институциональную поддержку (через МФГС), культурный обмен (фестивали и образование) и экологическую интеграцию (программы по устойчивому развитию). Это не только укрепляет СНГ, но и позиционирует Таджикистан как мост между Центральной Азией и Евразией.

Награждение уважаемого Эмомали Рахмона медалью МФГС символизирует триумф гуманитарной парадигмы в СНГ, где Таджикистан выступает катализатором изменений. В условиях геополитических вызовов такие инициативы подчеркивают потенциал «мягкой силы» для устойчивой интеграции.

САНГИНЗОДА Дониёр Шомахмад, - заместитель директора Института изучения проблем стран

Азии и Европы НАНТ по науке и учебе, доктор юридических наук, профессор.

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм