Skip to main content

Имрӯз, 23 апрел президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Бойгонии Апостолии Ватикан ва китобхонаи Апостолии Ватикан мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Бойгонии Апостолии Ватикан ва Китобхонаи Апостолии Ватиканро ба имзо расониданд, ки минбаъд дар доираи ин ёддошт мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷмӯаҳои Трат муқаддас маҳфузанд мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.

Зимни мулоқот қайд гардид, ки бойгониҳои Апостолии Ватикан, ки ҳуҷҷатҳои бебаҳои марбут ба ҳукумати Калисои умумиҷаҳонӣ ва Китобхонаи Апостолии Ватикан, ки мероси бойю ғании китобҳои илмию санъатро маҳфуз медоранд, ба ихтиёри олимону муҳаққиқони тоҷик гузошта, барои пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ ва омӯзишро дар ин самт ба роҳ монанд.

Гуфта шуд, ки Бойгонии Апостолии Ватикан ва Китобхонаи апостолии Ватикан дар доираи ин ёддошти тафоҳум саъй хоҳанд кард, ки ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди лоиҳаи таҳқиқотӣ кумак расонида, ҳамзамон дар таълифи силсилаи китобҳои “Мероси фарҳангии Хуросони бузург”, ки ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад, саҳми худро хоҳанд гузошт.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо дар доираи ин созишнома барои пешбурди корҳои илмию таҳқиқотии олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Бойгонии апостолии Ватикан ва Китобхонаи Апостолии Ватикан ба мувофиқа омаданд.