Skip to main content
Мавзеъҳои баландкӯҳ ва наздиқуллагии Тоҷикистон дорои системаҳои табиии махсус буда, дар табақаи криолитӣ (криолитозона) ҷойгир мебошанд. Табақаи криолитӣ як қисми криосфера, қабати болоии қишри замин аст ва аз дигар мавзеъҳо бо шароитҳои махсус ва мураккаби ба он хос, фарқ мекунад. Криолитозона аз забони юнонӣ гирифта шуда маънояш κρύος- сардии яхин, сармо, λίϑος – санг ва ζώνη – камар, тасма мебошад.

Ин минтақа пойгоҳи табиӣ барои пажӯҳиши ҳамагуна дигаргуниҳо, ки дар раванди тағйирёбии глобалии иқлим ба вуқӯъ мепайвандад, ба шумор меравад. Дар ин табақа аксари равандҳои табиии ба ҳамдигар алоқаманд ва аз якдигар вобаста сарчашма гирифта, бошиддат ва дар як масоҳати на он қадар калон ба амал меоянд, ки таваҷҷӯҳи хоси тадқиқотчиён ва олимонро ба худ ҷалб намудаанд. Ин мавзеъҳо макони пиряхҳо, яхбандиҳои абадӣ ва қабатҳои бисёрсолаи яхбаста яъне сарчашмаи асосии манбаъҳои обии мамлакати мо мебошанд.

Суръати азхудкунии минтақаҳои баландкӯҳ тайи солҳои охир мутахассисонро водор бар он месозад, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳандисӣ-техникӣ дар ин мавзеъҳо бештар кор кунанд, зеро оғози корҳои сохтмони роҳҳо, иншооти гуногун ва корҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок дар ин ҷойҳо, донишу малакаи иловагиро оид ба хусусиятҳои муосири криосфера, табақаи криолитӣ ва умуман шароити баландкӯҳҳо ва омӯзиши динамикаи онҳо талаб менамояд.

Зарурати бо омӯзиши амиқ фаро гирифтани ин мавзеъҳоро инчунин маълумотҳои, дар натиҷаи тадқиқотҳо бадастомада, оид ба дигаргуншавии муҳити глятсиалии онҳо дар тӯли даҳсолаҳои охир, ки тағйирёбии глобалии иқлим ба он сабаб шудааст, ба миён овардааст. Таҳаввулоти бавуҷудомада боис бар он шудааст, ки хатари сар задани ҳодисаҳои фавқулодда аз қабили фуромадани селҳои глятсиалӣ дар натиҷаи рахна шудани кӯлҳои пиряхӣ, ярчфуроӣ ё канда шудани қитъаҳои алоҳидаи замин ва дигар хатарҳои табиӣ, бештар ба қайд гирифта шуда истодаанд.

Раванди таназзулёбии пиряхҳо ва дигар ҷузъҳои криосфера, ки таи даҳсолаи охир идома дорад пеш аз ҳама ба обнокии дарёҳо ва реҷаи гидрологии онҳо таъсири манфӣ расонида истодааст ва сабаби ҳамаи ин дигаргуниҳо тағйирёбии иқлим бо баландшавии ҳарорати глобалӣ дониста мешавад.

Табақаи криолитӣ бо пиряхҳо ва ҷинсҳои бисёрсолаи яхбастааш, ки порчамонанд, дар шакли ҷазираҳо ва қитъаҳои наздиқуллагӣ, дар баландкӯҳҳои Алп, Қафқоз, Тиён-Шон, Ҳимолой ва Помир дар масоҳати 3 млн.км2 ба ҷануб то 270 а.ш. паҳн гаштааст ва 25 % майдони хушкии кураи заминро ишғол менамояд, майдони фарох барои гузаронидани тадқиқотҳои саҳроӣ барои олимон ва коршиносони соҳа мебошад.

Пайдоиши табақаи мазкур дар нимкураи шимолӣ бо яхбандиҳои такроршавандае, ки қитъаи Замини моро таи 2 млн.соли охир фаро гирифта буд, алоқамандии зич дорад.

Дар таърихи инкишофи геологии Замин қабати болоии он якчанд маротиба ба яхбандиҳои шадид дучор гаштааст ва баъзе қитъаҳои замин на як бору ду бор яхбандиҳоро паси сар намудаанд.

Маротибаи охир 650 ҳаз. сол пеш, баъд аз яхбандии навбатии шадид ин табақа (криолитозона) дигар об нашудааст, зеро дар рӯи Замин баъдтар якчанд давраҳои хурд ва на он қадар тӯлонии яхбандӣ ба вуқӯъ пайвастаанд.

Яхбандии аз ҳама қадим, бо номи Тупчак дар ҳудуди имрузаи Тоҷикистони мо беш аз 200 ҳазор сол қабл, дар давраи чаҳоруми барвақтӣ(Q1) ба вуқуъ пайваст ва майдони наздик ба 30 ҳазор км2-ро ишғол кард, ки нисбат ба майдони имрӯзаи бо пиряхҳо пӯшидашуда 3,5 баробар васеъ буд.

Он вақт хат ё марзи барфӣ (снеговая линия), нисбат ба мавқеъи имрӯзааш дар масофаи 500 метр поёнтар ҷойгир буд. Махсусан яхбандӣ дар Помири Шарқӣ хело васеъ паҳн шуда буд ва дар муқоиса бо майдони имрӯза ҳашт маротиба васеътар масоҳатро дар бар мегирифт.

Яхбандии дуюми ба қайд гирифта шуда бо номи яхбандии Лахш машҳур аст, ки дар нимаи дуюми давраи чаҳоруми миёна(Q2), яъне 100 ҳазор сол пеш ба амал омада тамоми сарзамини кӯҳистони моро фаро гирифт. Водии дарёи Заринрӯд (Муксу) то наздикии маркази ноҳияи Лахш бо яхбандӣ печонда гирифта шуда буд. Нақши яхбандии номбурда то ҳол дар шакли моренаҳо, суфаҳо (зинаҳо), обовардҳои глятсиалӣ, шухҳои суфташуда ва ғайраҳо дар ин ноҳия дида мешавад.

Дар охири давраи чаҳорум (голотсен), ки давраи муосири геологии инкишофи Замин аст ҳаво бо тадриҷ гарм шудан гирифт ва тӯли 12 ҳазор сол мешавад, ки сарзамини мо бо яхбандиҳои қаҳратун рӯ ба рӯ нагаштааст. Вале гармшавӣ дар ин давра яксон ҷараён надошт ва дар ин байн баъзан сардиҳои кӯтоҳмуддат ҳам ба қайд гирифта шудаанд.

Нимаи аввали асри XX нисбатан гарм буд ва обшавии пиряхҳо вусъат гирифт, солҳои 1960-1970 бошад дараҷаи миёнаи ҳарорати ҳаво андак паст фуромада таназзулёбӣ суст гардид. Ин замон дар Тоҷикистон масоҳати баъзе пиряхҳо аз қабили пиряхи Меғдор (РГО) -и ҳавзаи дарёи Ванҷоб ва ба номи Ян Рипка (Мушкетов)-и ҳавзаи Заринрӯд васеъ шуданд. Баъд аз солҳои 70-уми асри гузашта нишонаҳои аввали тағйирёбии иқлим мушоҳида гаштанд ва ин раванд то ҳол идома дорад.

Бояд зикр кард, ки ба таърихи беш аз садсолаи омӯзиши пиряхҳо ва яхбандиҳои қадим нигоҳ накарда байни олимон ва тадқиқотчиён то ҳол ҳамфикрӣ оид ба шумора, синну сол ва хусусиятҳои палеоҷуғрофии яхбандиҳои гузашта дида намешавад. Зеро таи солҳои тулонӣ барои омӯзиши ин масъалаҳо асосан маводҳои геоморфологӣ истифода бурда мешуданд, айни замон бошад, бештар маълумотҳои геологӣ, палеонтологӣ, археологӣ ва физикию кимиёвӣ барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар самти омӯзиши криосфера истифода карда мешаванд, ки ин ба тадқиқотчиён кӯмак намудааст, то натиҷаҳои дилхоҳро ба даст биёранд.

Оид ба яхбандиҳои дар Тоҷикистон гузашта ва умуман омӯзиши криосфера дар баландкӯҳҳои мо маълумотҳо хело кам ба нашр расидаанд, зеро ба ин бахши илмҳои табиӣ дар гузашта диққати зарурӣ дода намешуд ва корҳои тадқиқотии саҳроӣ хело кам гузаронида мешуданд.

Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат алалхусус баъд аз эълон гардидани “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034” тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 13 августи соли 2024, ки бо пешниҳоди кишвари мо ва давлати Фаронса қабул гардид, таваҷҷӯҳ ба омӯзиши илмҳои криосфера хело зиёд гашта истодааст.

Баргузории конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе аз 29 то 31 майи соли ҷорӣ яке аз қадамҳои муҳим барои тақвият бахшидани корҳо дар ин самт буд. Маърӯзаҳои дар ин конференсия пешниҳодгардида барои табодули маълумот байни олимон ва коршиносон заминаи хуб фароҳам овард. Баргузории чунин чорабиниҳо мусоидат менамоянд, ки аз таҷрибаи олимон ва коршиносони ватаниву хориҷӣ огаҳӣ пайдо карда, дар ҳамкорӣ бо онҳо усулҳои муосири омӯзиши пиряхҳо ва дигар ҷузъҳои муҳими криосфераро дар амал роҳандозӣ намоем.

Абдусалом Маҳмадалиев - номзади илмҳои геология ва минералогия,

сарходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон