Skip to main content

Дар моҳи июли соли 1997, бо шукӯҳ ва рӯҳбаландии хос, дар саросари ҷумҳурӣ сохторҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил ёфтанд. Рӯзи 18-уми июли ҳамон сол дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Маҷлиси муассисони ин ҳаракат баргузор гардид, ки он як рӯйдоди муҳими таърихӣ ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иттифоқи комил Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ интихоб гардиданд.

Дар ин ҷамъомад, Эмомалӣ Раҳмон вазифа ва ҳадафҳои асосии ҳаракатро муайян намуда, таъкид карданд, ки таҳкими давлатдорӣ, пойдории сулҳу оштӣ ва риояи арзишҳои демократӣ бояд дар меҳвари сиёсати миллӣ қарор гиранд. Вай ваҳдатро на танҳо як ғоя, балки рукни аслии рушди давлат ва заминаи асосии пешрафти маънавию иқтисодӣ донист.

Президенти кишвар дар интихоби аъзои ҳаракат ба сифатҳои ахлоқии шахсиятҳо аҳамияти махсус дода, изҳор доштанд, ки дар сафи ин созмон бояд фарзандони содиқ, ватандӯст ва фаъолони ҷомеа гирд оянд — одамоне, ки дарду ниёзҳои мардумро эҳсос мекунанд ва миллату давлатро болотар аз манфиатҳои шахсӣ медонанд.

Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатдориро дар шароити вазнин ва ҳассоси сиёсӣ оғоз намуданд. Таҳти роҳбарии эшон, музокироти сулҳ бо мухолифин ба роҳ монда шуда, дар соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар шаҳри Маскав анҷом пазируфт. Ин санади таърихӣ пояи ваҳдати миллӣ ва сулҳи пойдорро гузошт.

Интихоби Пешвои миллат ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ моҳи ноябри соли 1992 як гардиши муҳими сиёсӣ ва оғози марҳилаи нави таърихӣ барои кишвар буд. Пешвои миллати кишвар бо иродаи қавӣ ва сиёсатмадории дурандешона роҳ ба сӯи сулҳу субот ва барқарорсозии давлатро пеш гирифт.

Натиҷаи ин талошҳо он шуд, ки Тоҷикистон аз вартаи ҷанг раҳо ёфта, зина ба зина ба тараққиёти устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ расид. Ба Ватан бозгашти беш аз як миллион гурезаи иҷборӣ, ҳамгироии гурӯҳҳои мухолиф ва амалӣ шудани ислоҳоти демократӣ ва иқтисодӣ далели рушду устуворшавии кишвар мебошанд.

Маҳз ваҳдат боис гардид, ки миллати тоҷик аз гирдоби низоъ раҳ ёфта, ба роҳи бунёдкорӣ ворид гардад. Сулҳу суботи ҷомеа, ки бо талошу иродаи Асосгузори сулҳу ваҳдати виллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, Тоҷикистонро ба ҷомеаи рӯ ба рушд табдил дод. Имрӯз ваҳдат ва иттиҳоди тоҷикон мавриди омӯзиши созмонҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, ки нишонгари мақоми рӯзафзуни Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Бо таъкиди Пешвои миллат: «Агар ниҳоле бошад, ки ҳамеша меваи ширин медиҳад, ин ҳамон сулҳу ваҳдат аст». Ин ниҳол, ки имрӯз самар медиҳад, боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯст аст. Он замина гузошт ба муносибатҳои нави давлатӣ, равобити байналмилалӣ, сохтмони роҳҳо ва дастрасии кишвар ба уқёнусҳои ҷаҳон. Сохтмони нақбҳо ва роҳҳои автомобилгард дар ҳамаи гӯшаву канори кишварамон намунаи равшани таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихии Роҳи Абрешим мебошанд.

Дар ҳақиқат, ваҳдати миллӣ пояи гулгулшукуфтани Ватан аст. Давлате, ки дар он сулҳу оромӣ ҳукмфармо аст, ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам фарҳангӣ рушд мекунад, сатҳи зиндагии мардум боло меравад. Бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, миллати парешон сарҷамъ гардид, давлат обод шуд ва имрӯз чеҳраи ҳар як тоҷик пур аз шодиву оромист.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз намунаҳои беназири таърихист. Баъд аз нофаҳмиҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ, мардуми тоҷик бо роҳандозии гуфтугӯ, бахшиш ва гузашт ба сулҳу ризоияти миллӣ расид. Чуноне Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ин таҷрибаи мусолиматомез дар муддати кӯтоҳ дар ҷаҳони муосир камназир буд.

Сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати гаронбаҳо заминаи рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар гардид. Барқарории субот имкон дод, ки гурезаҳо баргарданд, сохтори давлатӣ тақвият ёбад ва ҷомеа ба ояндаи умедбахш рӯ орад.

Хулоса, чун фарзанди бедордилу боғайрати миллат, аз ин сулҳу ваҳдати пойдор фахр мекунам. Он заминаи суботи миллат ва кафолати ояндаи дурахшон аст. Ваҳдат – сутуни давлат, рамзи ҳастии миллат ва шарти асосии пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад.

Шарипова Шукрия - ходими илмии МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ