Skip to main content

Ваҳдати миллати мо 28 сола мешавад. Ҳанӯз соли 1997 дар ин рӯзҳои гармои тобистон дар шаҳри Москва, пойтахти давлати Русия миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои мухолифи тоҷик «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба имзо расид. Мушкилоте зиёде пешорӯи ба амал баровардани ин созишнома буданд. Бо вуҷуди ҳама мушкилот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд мардумро ба ҳам оранд ва муттаҳид созанд. Соли 1992 дар Иҷлосияи таърихсози Хуҷанд Сарвари тозаинтихоби кишвар дар мавриди барномаи худ сухан ронда, эълон доштанд: Ман ба шумо сулҳ меорам! Ин замоне буд, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ба авҷи аълои худ расида буд. Иҷлосияи 16-ум аз он ҷиҳат тақдирсоз буд, ки дар он ҷавонмарди қавиирода ва шуҷои ватан Эмомалӣ Раҳмонро вакилони халқ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд, ки тавонист ҷангро хотима диҳад ва дар кишвар суботро пойдор созад. Суханони таърихии Пешвои миллат пас аз 5 сол ҷомаи амал пӯшиданд.

Панҷ соли талош барои дастёбӣ ба сулҳи фарогир ва ҳамешагӣ. Панҷ соли талош барои хотима додани ҷангу вайрониҳо. Панҷ соли талош барои таъмини амнияти сартосарӣ дар ҳудуди кишвар. Панҷи соли талош барои фароҳам овардани заминаҳои зиндагии шоиста барои сокинони Тоҷикистон.

Мо шоҳид будем, шоҳидони зиндаи он солҳои пурошӯб, шоҳидони харобкории дастаҳои мусаллаҳ, шоҳидони беқонуниятӣ, шоҳидони қатлу куштор. Ва шоҳидони лаҳзае, ки марде бархост аз табори адолат ва ваъда дод, ки ман оташи ин ҷанги бародаркушро хомӯш мекунам. Ман ба ин сарзамину ин кишвари азиз сулҳ меорам, ман суботи ҳамешагиро таъмин мекунам, ман ин Ватани аҷдодии харобшударо ба гулистон табдил медиҳам!

Мардуми шарифи кишвар ба азму матонати Эмомалӣ Раҳмон бовар карданд, чун як мушти мустаҳкам атрофаш ҷамъ омада, баҳри ободии мулк талош карданд.

Моҳҳову солҳо гузаштанд. Барои ба даст овардани эътимоди ҷонибҳо дар шаҳру кишварҳои гуногун 8 даври музокироти сулҳ барпо шуд ва ин ҳашт давр зина ба зина пойдевори мустаҳками сулҳу ҳамдигарфаҳмиро гузошт. Худи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як паёми табрикии худ ба муносибати Рӯзи Ваҳдат иқрор шуда буданд: “Як нуктаи муҳимми дигарро низ таъкид бояд кард, ки баъди баргузории иҷлосия роҳи мо то расидан ба истиқрори сулҳ хеле тӯлонӣ буд ва душманону хоинони миллату давлат баъди имзои Созишномаи сулҳ боз чанд соли дигар ба хиёнату ҷиноятҳои худ идома доданд. Вале майлу иродаи қатъӣ ва ақлу хиради мардуми шарифи Тоҷикистон боис гардид, ки ҳама дар атрофи Ҳукумат муттаҳид шуда, бо вуҷуди вазъи бисёр мураккаб ва мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоии он рӯзҳо ба барқарорсозии баъдиҷангии минтақаҳои осебдида, зина ба зина обод кардану пешрафта гардонидани Ватан, давлат ва осоиши ҳар як хонадони мамлакат бо азму талоши ватандӯстона оғоз намоянд”.

Оре, ин роҳе буд дурудароз, аммо натиҷаи он сулҳу субот ва ватансозу миллатсоз буд. Ваҳдати миллӣ ба якпорчагиву баҳамоии миллат сабаб шуд. Тоҷикистон баъди имзои ин Созишнома ба марҳилаи нави таърихии худ дар замони Истиқлол ворид гардид. Силоҳҳо аз дастаҳои ҷангӣ гирифта шуданд, садои тиру туфанг хомӯш шуд.

Давраи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва мустаҳкам кардани пояҳои давлатдорӣ оғоз гардид. Ҳисоботи омории мамлакат аз он шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистони азиз ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида, соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, роҳсозиву коммуникатсия ва дигар соҳаву бахшҳо бомаром тараққӣ карда истодаанд.

Суботу амният дарҳои рушди иқтисодиро дар кишвар боз кард, сармоягузориҳои хориҷӣ афзуд, бунёдӣ сохтмонҳои аср оғоз шуданд. Танҳо дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расид, ки ин қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд.

Тӯли ин солҳо Ҳукумати кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карданд. Дар зарфи 33 соли охир дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд. Шумораи умумии хонандагони макотиби миёнаи кишвар имрӯзҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳукумати кишвар дар бахши илму маориф барномаҳои калидиро роҳандозӣ кард. Имрӯз дар Тоҷикистон 65 литсейи касбҳои техникӣ мавҷуд аст, ки дар он 23 500 нафар таҳсил мекунанд. Илова бар ин, дар ин солҳо беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз доштанд, “имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 %-и онҳо духтарон мебошанд”.

Соҳаи илму маориф, аз ҷумла илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ яке аз самтҳои муҳимми рушди кишвар ба шумор мераванд, ки бевосита ба инкишофи соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ таъсири амиқ доранд. Бо дарки аҳаммияти ин соҳаҳо, Ҳукумати мамлакат барои солҳои 2020–2040 Стратегияи миллии рушди илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқро таҳия ва тасдиқ намудааст. Ҳадафи асосии ин Стратегия баланд бардоштани нақши илм дар рушди устувори миллӣ, гузариш ба иқтисодиёти донишбунёд - иқтисодест, ки на фақат ба ашё ва сарватҳои моддӣ, балки бештар ба дониш, ихтироъкорӣ ва технологияҳои муосир такя мекунад, инчунин таҳкими неруи зеҳнии кишвар мебошад. Дар доираи ин Стратегия вазифаҳои зерин пешбинӣ шудаанд: мусоидат ба ташаккул ва рушди мактабҳои илмии ватанӣ; ҷалби ҷавонон ба илм, махсусан дар риштаҳои риёзӣ ва техникӣ; муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳо ва пойгоҳҳои илмӣ бо таҷҳизоти муосир; афзоиши маблағгузорӣ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ; пайваст кардани илм бо истеҳсолот ва бозори меҳнат.

Мувофиқи Стратегияи мазкур метавон самтҳои афзалиятноки рушди илмҳоро ҷудо кард: табиӣ (биология, геология, геоэкология) - ин самтҳо барои ҳифзи муҳити зист, истифодаи дурусти захираҳои табиӣ ва ҳалли мушкилоти иқлим муҳиманд; риёзӣ ва информатика - таҳкими донишу малакаҳои рақамӣ барои рақамикунонии иқтисод ва ҳалли масъалаҳои мураккаби муҳандисӣ ва иқтисодӣ зарур аст; дақиқ (физика, кимиё) - бо рушди ин фанҳо имконият фароҳам меояд, ки кишвар дар самти коркарди маъданҳо, энергетика ва технологияҳои пешрафта мустақил гардад.

Дар доираи Стратегия, барои рушди илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ барномаҳои махсуси давлатӣ, грантҳо, озмунҳо барои олимони ҷавон ва бурсияҳо барои таҳсил дар хориҷ роҳандозӣ шудаанд. Музди меҳнати кормандони илмӣ афзоиш ёфт, лоиҳаҳои илмӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ва шарикони хориҷӣ маблағгузорӣ мешаванд.

Татбиқи Стратегияи миллии рушди илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ барои солҳои 2020–2040 қадами муҳим дар самти ба давлати пешрафта ва мутараққӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад. Бо роҳи афзун намудани сармоягузорӣ ба илм, таълиму тарбияи насли донишманд ва пайвастани илм бо истеҳсолот, Тоҷикистон метавонад мавқеи худро дар арсаи илмӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ таҳким бахшад.

Бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти Академияи илмҳои Тоҷикистон тағйироти ҷиддӣ ба амал омад. Дар натиҷаи ин ислоҳот, Академияи илмҳо ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон табдил дода шуд. Ин тағйирот на танҳо ном, балки имкониятҳои илмӣ ва сохтори муассисаро низ фаро гирифт. Мақсад аз чунин ислоҳот таҳкими мақоми илм дар ҷомеа, баланд бардоштани сифати корҳои таҳқиқотӣ ва мутобиқ сохтани фаъолияти илмӣ ба талаботи рушди миллӣ мебошад.

Яке аз паёмадҳои муҳим ва мусбати ин тағйирот афзоиши музди меҳнат барои кормандони Академия мебошад. Музди меҳнат ба андозаи аз 20 то 40 % баланд шуд, ки ин ба болоравии нуфуз ва мақоми олимон, инчунин ҷалби мутахассисони ҷавон ба соҳаи илм мусоидат мекунад.

Дар маҷмуъ, иқдомҳои Пешвои миллат дар самти ислоҳоти сохтори илмӣ ба густариши фазои илмӣ-таҳқиқотӣ, эҳёи анъанаҳои илмии миллӣ ва мутобиқсозии илм ба талаботи замони муосир заминаи устувор фароҳам оварданд.

Ин навиштаро бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поён мебарам: Ҳамаи моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо бахусус ҷавонон, нуфуз пайдо кунанд.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба кулли ҳамватанон муборак бошад!

Носир Сафарализода, директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ