Skip to main content
Тибқи натиҷаҳои охирини як тадқиқоти муътабари байналмилалӣ, ки аз ҷониби созмони маъруфи ҷаҳонӣ оид ба арзёбии сатҳи амният ва субот анҷом дода шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни тамоми кишварҳои ҷаҳон мақоми дуюмро аз рӯи амният соҳиб гардид. Ин эътироф гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон тавонистааст дар як муҳити мураккабу пуртазоди ҷаҳонӣ сатҳи баланди амният ва суботи сиёсиву иҷтимоиро таъмин намояд.

Ҷойгоҳи баланд дар раддабандии ҷаҳонӣ - дастоварди бузурги сиёсиву иҷтимоӣ. Ба ин натиҷа омадан осон нест. Дар гузоришҳои таҳлилӣ, омилҳои зиёде ба назар гирифта шудаанд, аз ҷумла:

- сатҳи ҷинояткорӣ ва хавфҳои иҷтимоӣ;

- эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ;

- шумораи ҳодисаҳои хушунатомез;

- амнияти шахсӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ;

- суботи сиёсӣ ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Маҳз дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи чунин нишондиҳандаҳо Тоҷикистон тавонист дар байни садҳо кишвари ҷаҳон мақоми ифтихории дуюм-ро касб намояд.

Таҳлилгарон ва коршиносони байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки яке аз сабабҳои асосии таъмин шудани чунин сатҳи баланди амният дар Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёна ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Пас аз солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромии сиёсӣ, марҳилаи нави таърихии давлатдорӣ бо эҳёи сулҳу ваҳдат оғоз гардид. Ташкили сохторҳои устувори давлатӣ, таҷдиди қувваҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа, самтҳои калидии ин раванд буданд.

Дар баробари ин, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳми мақомоти қудратӣ - Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратура, Гвардияи миллӣ ва дигар сохторҳо дар ҳифзи амнияти дохилӣ ва муқовимат ба хатарҳои муосир назаррас аст. Ғайр аз ин, иштироки фаъоли ҷомеа, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷавонон, занон ва кормандони соҳаи маорифу фарҳанг, дар баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, ба суботи дохилӣ мусоидат кардааст.

Тайи солҳои охир Тоҷикистон на танҳо барои шаҳрвандони худ, балки барои сайёҳони хориҷӣ низ ба як макони бехатар ва ҷолиб табдил ёфтааст. Далели ин - афзоиши ҷараёни сайёҳон аз гӯшаву канори ҷаҳон ба манотиқи сайёҳии кишвар, хусусан ба кӯҳистони Бадахшон, водии Рашт, ноҳияи Варзоб, Хатлон ва Суғд мебошад. Сайёҳон Тоҷикистонро ҳамчун кишвари амн, фарҳангӣ ва меҳмоннавоз муаррифӣ мекунанд, ки дар он муҳити ором ва дӯстона барои ҳама фароҳам аст.

Эътирофи Тоҷикистон ҳамчун яке аз амнтарин кишварҳои дунё, на танҳо як комёбии муваққатӣ, балки марҳилаи нав дар роҳи таҳкими амнияти миллӣ ва рушди босуботи ҷомеа мебошад. Дар оянда низ нигоҳ доштани ин сатҳи баланди амният, тақвияти эҳсоси ватандӯстӣ, баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи амният, вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа боқӣ мемонад.

Мавқеи баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии амнтарин кишварҳои ҷаҳон, ифодагари ҳушёрӣ, масъулият ва иродаи қавии мардум ва роҳбарияти кишвар мебошад. Имрӯз Тоҷикистон на танҳо як намунаи сулҳу оромӣ, балки намунаи як кишварест, ки бо иқдомҳои стратегӣ тавонист дар шароити муосир амнияти комил ва зиндагии осудаи мардумро таъмин намояд.

Абдухолиқова Парвина Носировна - н.и.т., ходими калони илмӣ

Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ