
(дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,10.10.2025.Душанбе )
Ҷумҳурии Тоҷикстон пас аз ба даст овардани Истиқлоли сиёсӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳамкориҳои дуҷониба ба кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд ИДМ) аз усулҳои эътирофшудаи байналмилалӣ кор гирифта, таваҷҷуҳи асосиро ба ташаккул ва рушди муносибатҳои дӯстона дар ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ равона кардааст.
Бояд қайд намуд, ки ИДМ моҳи декабри соли 1991 бо мақсади мусоидат намудан ба раванди ҳалли масъалаҳои муҳим дар марҳалаи таъсиси давлатҳои соҳибистиқлол ва ҳифзи робитаҳои таърихии ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ таъсис дода шудааст. Яке аз барномаҳои муҳим Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2030 мебошад. Инчунин, дар соли 2025 Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди саноати вазнини мошинсозӣ, Консепсияи рушди саноати сабук, Консепсияи ҳамоҳангсозии низоми миллии идоракунии ҳаракати ҳавоии ИДМ, Консепсияи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ, Стратегияи рушди илмию техникии ИДМ барои солҳои 2026-2030, Стратегияи ҳамкорӣ дар рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ барои давраи то соли 2035 ва Стратегияи рақамисозии долонҳои асосии нақлиётии кишварҳои ИДМ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Дар марҳалаи кунунӣ ИДМ ҳамчун яке аз корпоя (платформа) асосии таҳкими ҳамкориҳои аъзои он дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ фаъолият менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо дар доираи ИДМ таваҷҷуҳи хоса медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати зерини мақомоти оинномавии ИДМ шомил мебошад. Аз ҷумла:
-Шурои сарони давлатҳо;
-Шурои сарони ҳукуматҳо;
-Шурои вазирони корҳои хориҷӣ;
- Шурои иқтисодӣ, Шурои ҳамоҳангсозии фармондеҳони Қушунҳои сарҳадӣ, -Ассамблеяи байнипарлумонӣ ва суди Иқтисодӣ.
Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти зиёда аз 80 сохтори саноатии ИДМ фаъолона иштирок менамояд.
Мавриди қайд аст, ки иштироки ҳамаҷониба дар фаъолияти ИДМ ва таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ИДМ- ро дар ҳифз ва рушди ҳамкориҳои кишварҳои аъзо тибқи барномаи такмилёфта дар заминаи консепсияи ҳамгироии босуръат ва бисёрҷониба баланд арзёбӣ менамояд. Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси сохтори гуногунро дар заминаи ҳамгироии иқтисодӣ ва амниятӣ дар доираи ИДМ, бо назардошти манфиатҳои миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори рушди минбаъдаи нуфуз ва аҳаммияти ИДМ дар ҳифз ва густариши робитаҳои анъанавии кишварҳои аъзо буда, омодааст, ки барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои судманд, рушди робитаҳои иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ мусоидат намояд. Дар ин росто муколамаи созанда ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба аҳаммияти муҳим дошта, ба мо имкон медиҳад, ки тавоноии худро дар ҳалли мушкилоти умумӣ ба таври назаррас такмил диҳем ва ба рушди ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, муқовимати муассир ба чолишҳо ва таҳдидҳои навро таъмин созад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар мақомоти ИДМ роҳбарӣ намуда, ба ҳамгироӣ, амният ва рушди устувори кишварҳои аъзо мусоидат менамояд; ду ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо, ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои иқтисодӣ, Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, инчунин зиёда аз 40 ҷаласаи комиссияҳои ҳамкориҳои соҳавӣ бомуваффақият гузаронида шуданд.
Ҳамин тариқ, ташаккули бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи ИДМ мавриди таҳқиқ қарор дода, ба чунин хулоса расидем:
-Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи худро бо кишварҳои ИДМ пайваста густариш дода, бо фаъолияти воқеии худ мубраммият ва устувории худро нигоҳ медорад;
-Амалӣ сохтани консепсияҳо ва нақшаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, барои давраи то солҳои 2035, имкониятҳои навро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои ИДМ фароҳам меоварад;
- Бо назардошти манфиатҳои миллии тарафҳо ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат, энергетика ва инфрасохтор миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои ИДМ пайваста рушд хоҳанд ёфт.
- Муносибатҳои судманди иқтисодӣ, ҷалби сармоягузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои ИДМ бо мақсади рушди босуръати иқтисоди ҷонибҳо ба роҳ монда шудааст.
Файзуллаева Нигора Негматовна, - ходими хурди илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
27-уми феврали соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи “Раванди муҳоҷират ва таъсири он ба бозори меҳнат” бо иштироки муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир ва ширкати роҳбарони идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ баргузор гардид.
Директори Институти илмҳои гуманитарӣ, д.и.фил. Қаландариён Ҳоким Сафар сараввал муовини Раиси ВМКБ Абдулназарзода Абдулназарро барои ширкат дар конференсияе, ки ба масъалаи басо муҳим ва актуалӣ – раванди муҳоҷират ва таъсири он ба бозори меҳнат бахшида шудааст, хайра мақдам гуфта, ба Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ барои зери таваҷҷуҳи ҳамешагӣ қарор додани фаъолияти олимон ва ҳалли мушкилоти илмӣ ва барои пиёда намудани сиёсати илмпарваронаи Пешвои соҳибзаковату соҳибфаросати миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипоси самимиамонро баён намуданд.
Ҳамчунин профессор Қаландариён Ҳ.С. дар суханронии ифтитоҳӣ чунин изҳори назар намуданд: “Масъалае, ки имрӯз моро ба ҳам овардааст, мавзуи нав нест. Тадқиқотҳои охирини генетикӣ ва археологӣ аз он дарак медиҳанд, ки раванд ва ҷараёни муҳоҷират беш аз ду миллион сол аст, ки вуҷуд дорад. Шарҳи мафҳуми истилоҳии муҳоҷират ё таърифи илмии он мазмуни куллии равандро баён мекунад. Яъне ҳама гуна ҳаракати ҳудудии аҳолиро, ки бо убури сарҳади берунӣ ва дохилӣ бо мақсади тағйир додани ҷойи истиқомат ё иқомати муваққатӣ барои таҳсил ё фаъолияти меҳнатӣ, сарфи назар аз он ки зери таъсири омилҳои ҷалб ё фишор ба вуқӯъ мепайвандад, муҳоҷират мегӯянд.
Аз ин таъриф бармеояд, ки дар умум чор намуди муҳоҷират мавҷуданд: доимӣ, муваққатӣ, ихтиёрӣ ва маҷбурӣ.
Агар тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид шумораи муҳоҷирони байналмилалӣ ба беш аз 300 миллион нафар расида, анқариби 4% аҳолии ҷаҳонро ташкил дода, танҳо беш аз 4 миллион шаҳрванди кишварҳои Осиёи Миёна дар Федератсияи Русия қарор дошта бошанд ва тамоюли болоравии ин рақамҳову фоизҳо пешбининашавандаву пешгиринашавандаанд, меарзад то ба ин мавзуъ ва таъсиру паёмадҳои мусбату манфии он таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад.
Ин масъала ба андозае муҳим ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодии муҳоҷир ба андозае мазмуни сиёсӣ ва зери таваҷҷуҳи созмонҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 18-уми декабрро ба унвони Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирон эълом кард.
Агар имрӯз давлатҳои бо мушкилоти демографӣ ва норасоии қувваи корӣ дар бозори меҳнат маҷбуранд, ки бо таҳияи барномаҳои махсус ва муҳайёи имтиёзҳо шаҳрвандони кишварҳои дигарро ҷалбу даъват намоянд (чун барномаи Переселение дар Федератсияи Русия ё Грин картаи Амрико, барномаҳои мухталифи ҷалби муҳоҷирони Аморати муттаҳидаи Араб, Сербия, Португалия, Эквадор, Германия), пас, кишварҳое, ки ҷараёни муҳоҷират дар онҳо зиёд аст, ночору ноилоҷанд то барномаҳои махсуси зидди муҳоҷиратро таҳия намоянду дар амалӣ сохтани он сахт кӯшо бошанд.
Агар ба харитаи раванди муҳоҷират як назари иҷмолӣ афканем, муҳоҷирони кишварҳои дунё, ки чанд насли пешашон барои дарёфти зиндагии шоиста тарки диёр кардаанд, имрӯз боз, ҳарчанд хӯрҷини моддияшон пур аст, пуштора карда, дар ҷустуҷӯву кофтукови муҳити амну амоне ҳастанд, ки боду ҳавои тоза дошта бошад, табиати зебову бе ғашу олоиш дошта бошад, осмони софу нилгуни афсонавӣ дошта бошад ва муҳим аз ҳама ғизои табииву ғайри сунъӣ ва мардуме, ки фарҳанги писар ғамгусори падар то дами охирин бошад, ҳастанд.
Ин муҳиту табиате, ки ҷаҳониён ҳавасаш мехӯранду дар орзӯяш хӯрҷинбапушт мегарданд, магар муҳити тоҷиконаи ВМКБ нест?! Агар ҷавоб «ҳа» бошад, пас, чаро фоизи баланди ҷараёни босуръати муҳоҷират ба ин гӯшаи зебои кишвари азизамон рост меояд?
Таърих гувоҳ аст, ки баргашти муҳоҷирон ногузир аст. Имрӯз агар ин муҳитро мардуме тарк мекунад, ки хуну чеҳраи тоҷикона дорад, шояд муқимшудагони оянда аздастдодагони сириштмоя (генофонд) бошанд ва ё тамоман як халқияту як миллати дигар. Агар генофонди миллат сарнавишти таърихии миллат ва имрӯзу фардои онро муайян намояд, муҳоҷират дар шароити ҷаҳонишавӣ зарбаи сахт ва эҳтимоли нест кардани сириштмояи миллатро дорад.
Сипас, муовини Раиси ВМКБ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир ҳозиринро аз номи Раиси ВМКБ Мизонабот Алишер Худобердӣ хайр мақдам гуфта, оиди масоили равандҳои мухталифи муҳоҷират, хусусиятҳои хосу таъсиррасонии онҳо ба бозори меҳнати ВМКБ нуқтаи назари хешро баён намуданд.
Ба иштирокчиёни конференсия рӯйнамои н.и.и., докторанти ИИГ АМИТ Шоидарвозова Марзия Саидвалишоевна, ки дар асоси таҳлили натиҷаҳои аз таҳқиқотҳои саҳроии се навоҳии Бадахшон: Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа ва ш. Хоруғ бадастомада, дар доираи мавзуи зикргардида, пешкаш гардид.
Дар фарҷоми Конференсия аз ҷониби иштирокчиён: Каниев Мулкамон - сардори Шуъбаи хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, Қозидавлатзода Зайнулараб – сардори Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш. Хоруғ, Мирзоқандов Аминҷон - Сарвари Раёсати маорифи ВМКБ, Шоламов Саидазиз – мутасаддии Барномаи устуворгардонии ш. Хоруғ дар филиали Агентии Оғохон оид ба муҳити зист дар Тоҷикистон, Сайфуллоева Ольга – менеҷер оид ба масъалаҳои академии Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Осиёи Марказӣ баромад намуданд.
Интихобот воситаи асосии сиёсати бунёдгар ва созанда аст. Дар олам кишвареро дарёфт намудан номумкин аст, ки аз интихобот истифода нанамояд. Новобаста аз сохти сиёсӣ ва муносибатҳои сиёсии ҳукмрони ҷамъиятӣ сохторҳои гуногуни таркибии кишварҳои олам ба раванди интихобот рӯ меоранд. Интихобот, навъ ва шакли гуногуни он мавриди истифода қарор доранд.
Интихобот ягона воситаест, ки тавассути он шахс ҳамчун манбаи ҳокимият имконият пайдо мекунад, ки мустақилона ба воситаи овоздиҳӣ мавқеашро муайян намояд. Дар ҳолати интихоботи умумӣ ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ пайдо мекунад, ки озодона дар интихобот иштирок намояд ва ба ҳокимият таъсир расонад. Масалан, нигоҳдоштан ё иваз кардани парламент, ҳукумат, тағйир додани раванди сиёсии давлат ва ғайра.
Интихоботҳо дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ҳамчун падидаи муҳими фаъолияти шахсӣба шумор рафта, онҳо ба институтҳои гуногун ва дараҷаи идоракунии парламент, президент, мақомотҳои намояндагӣва ҳокимияти маҳаллӣ таъсири амиқ мерасонанд.
Натиҷаи интихоботҳо аз дараҷаи инкишофи маданияти сиёсӣ, шакли идоракунӣ ва мавқеи ҳизбҳои сиёсию дигар институтҳои сиёсии ҷомеа вобастагии зиёд дорад. Интихоботи озоду демократӣ аз рӯи принсипҳои умумӣ, баробар, бевосита, алтернативӣ, пинҳонӣ гузаронида мешаванд. Масалан, принсипи интихоботии умумӣ маънои онро дорад, ки ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар интихоботҳо иштирок намуда интихоб шаванд.
Бояд зикр кард, ки дар ҳар як мамлакат вобаста ба манфиатҳои ҳизбҳо, дараҷаи инкишофи маданияти сиёсӣ ва анъанаҳо интихобот мегузарад.
Мавриди зикр аст, ки дар гузаронидани интихоботҳо маданияти сиёсӣ ва шуури сиёсӣ нақши муҳимро бозӣ мекунад. То чӣ андозае, ки маданияти сиёсии интихобкунандагон баланд бошад, ҳамон андоза сатҳи касбии ҳайати депутатҳои интихобшуда баланд мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар қатори дигар мамлакатҳои пешқадам роҳи бунёди ҷомеаи демократиро ихтиёр кардааст. Бинобар ин, барои гузаронидани интихоботи демократӣ заминаҳои хуби объективӣ гузошта шудаистодааст. Яке аз мисолҳои равшан ин, қабули қонунҳои-конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олӣ", Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоби вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ" шуда метавонад, ки Иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз таърихи 10 декабри соли 1999 қабул кардааст. Мувофиқи қонуни интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 нафар барои интихоб шудан ба Маҷлиси намояндагон муайян карда шудааст. Аз тарафи дигар қонун системаи омехтаи интихоботро муқаррар кардааст: 41 вакил аз ҳавзаҳои якмандата ва 22 нафар аз ҳизбҳои сиёсӣвакил интихоб мешаванд. Шаҳрвандоне, ки то рӯзи интихобот ба сини 18 расидаанд, ҳуқуқи интихоб кардан доранд, ба шарте ки онҳо бо қарори суд дар ҷойҳои махсус нигоҳ дошта нашаванд ва маҳрум аз озодӣ нашуда бошанд. Дар ҳамин асос, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба синни 25 расида ва ҳуқуқи интихоб шудан дошта бошад, ҳадди ақал панҷ соли охир шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳиби маълумоти олӣ аст, метавонад номзадии худро ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият дошта, дар интихоботи соли 2025 барои соҳиб шудан ба 63 курсиҳои Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон.
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз 33 аъзо иборат аст, ки 8 нафари онҳо аз ҷониби Президент таъин ва 25 нафари дигар аз ҷониби Маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб карда мешаванд. Номзадҳо бояд ба синни 25 - солагӣ расида, соҳиби маълумоти олӣ ва ҳадди ақал панҷ соли охир бояд шаҳрванди Тоҷикистон бошанд. Номзадҳо бо роҳи овоздиҳии махфӣ дар Маҷлиси якҷояи ҳамаи мақомоти намояндагии маҳаллӣ интихоб мешаванд.
Гузаронидани интихоботҳои демократӣ ва озод яке аз рукнҳои муҳими демократия буда, барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи муҳими сиёсӣ тайёр мекунанд.
Дaр ҷомеaи демокрaтӣ роҳи aсосии ҳизб бa сӯйи ҳокимияти сиёсӣ интихоботи мaрдумӣмебошaд. Ҳизб тaнҳо тaвaссути тaвсеaи зaминaи интихоботии худ метaвонaд бa парлумон роҳ ёбад ва бa ҳокимият дaстрaсӣ пaйдо намояд. Бинобар ин, ҳамаи ҳизбҳо бa тaблиғу ташвиқи бaрномaи пешaзинтихоботии худ, тaъмини рейтинги зaрурии номзaдҳои худ бa мaқомоти нaмояндaгии ҳокимият aҳaмияти ҷиддӣ медиҳaд. Ситодҳои мaхсуси интихоботӣ тaшкил кaрдa мешaвaнд, ки дaр онҳо технологҳои беҳтaрини сиёсӣ, ки дaр тaшкили мaърaкaҳои интихоботӣ тaҷрибa дорaнд, кор мекунaнд.
Бояд гуфт, ки комиссияҳои интихобот аз рӯи принсипи ҳудудӣ таъсис дода шуда, як нафар ҳуқуқ дорад фақат аъзои як комиссияи интихобот бошад.
Хусусияти дигари низоми интихоботии моро муайян мекунад ин вижагӣ вобаста ба усули овоздиҳӣ мебошад. Мутобиқи моддаи 3 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад, дар он ҳеҷ гуна ҳадди ҳисоб (квота) муқаррар карда намешавад». Истифода аз усули пропорсионалии ҳисобкунии овозҳо дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва мажоритарӣ дар ҳавзаҳои якмандатаи интихобот хусусияти омехтагии низоми интихоботиро дар Тоҷикистон муқаррар намудааст. Дар интихоботи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бошад низоми мажоритарии интихоботи амалӣ карда мешавад.
Дар маҷмӯъ таҳлили низоми интихоботӣ дар Тоҷикистон собит менамояд, ки он бо хусусиятҳои хоси сохторию функсионалӣ ва мазмунии худ фарқ намуда, ифодагари ҷанбаҳои муҳимми ташаккули анъанаҳои давлатдорӣ мебошад, ки вобаста ба рушди ҷомеа ва равандҳои демократӣ дар ҷаҳон такомул ёфта истодааст.
Расулзода Аслам Зафар - ходими калони илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Имрӯз (26.02.2025) дар Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон даври муассисавии озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳақиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» миёни магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин озмунҳо магистрантон ва докторантони PhD- и муассисаҳои илмӣ иштирок намуда, 4 нафар ғолиби озмунҳои мазкур гардиданд. Аз ин ҳисоб ду нафар ғолиби даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва ду нафар ғолиби даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» гардиданд.
Мақсади ташкил ва гузаронидани Озмун ин дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму техника, технология, рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ихтирокорӣ ва навоварӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология ва принсипҳои сиёсати илмӣ-инноватсионӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
26 феврали соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо директори иҷроияи Маркази байналмилалии илм ва технология хонум Карина Ангуэлиева мулоқоти судманд анҷом дод.
Мақсад аз мулоқот мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самтҳои техника, таҳқиқотҳои илмӣ, омода намудани кадрҳои баланди илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад. Дар мулоқоти имрӯза президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи худро бо Маркази байналмилалии илм ва технология дар доираи якчанд лоиҳаҳо ба роҳ монда, минбаъд низ тибқи он барои густариш додани ҳамкориҳо дар якҷоягӣ фаъолияти густурдаро ба роҳ хоҳанд монд.
Зикр шуд, ки дар доираи ин лоиҳаҳо ва дастгирии маъмурияти Маркази байналмилалии илм ва технология ба олимони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон имкон пайдо мешавад то дар соҳаи илм натиҷаҳои назаррасро ба даст оварда, соҳаи илмро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.
Дар мулоқот қайд гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои муштарак мо метавонем дар оянда, миёни олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҷониби дигар конфронс ва симпозиюмҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор намоем. Ҳамзамон ҷонибҳо дар масъалаи омода намудани кадрҳои баланди илмӣ таваҷҷуҳ равона намуда, барои ҳамкорӣ дар ин самт ба мувофиқа омаданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асри рушди техникаву технология қарор дорад. Гуфта шуд, ки Ҳуши маснуъӣ падидаи фанноварии нодири солҳои охир аст. Вобаста ба ин мо бояд дар ин самт тадбирҳои нав андешида, ҳамкориҳои худро тақвият бахшем.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қоиблҷон Хушвахт таъкид дошт, ки дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав фаъолият менамояд, ки пурра ба ин самт бахшида шудааст. Дар оянда барои тақвият бахишидан дар ин самт мо метавонем ҳамкориҳои худро дар доираи фаъолияти ин марказ ба роҳ монем.
Дар охир ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои минбаъда, бахусус дар самтҳои техника, таҳқиқотҳои илмӣ омода намудани кадрҳои баланди илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ изҳор карданд.
25 феврали соли 2025 дар шаҳри Доҳаи давлати Қатар бо иштироки беш аз 80 нафар намояндагони 27 давлати дунё 10-умин Маҷмааи умумии Шабакаи ҷаҳонии дипломатияи мардумӣ фаъолияти худро оғоз намуд.
25 феврали соли 2025 дар шаҳри Доҳаи давлати Қатар бо иштироки беш аз 80 нафар намояндагони 27 давлати дунё 10-умин Маҷмааи умумии Шабакаи ҷаҳонии дипломатияи мардумӣ фаъолияти худро оғоз намуд.
Дар ин рӯз маросими кушодашавии 10-умин Ассамблеяи генералӣ, интихоби президенти Шабакаи глобалии дипломатияи мардумӣ барои солҳои 2025-2028 ва ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи “Дипломатияи мардумӣ: омилҳо ва таҳдидҳои нав” баргузор гардид, ки дар кори он муовин оид ба илм ва таълими Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Дониёр ва ходими калони илмии ҳамин Институт Мирвайсов Мамурҷон иштирок ва маърӯза намуданд.
Инчунин дар ҳошияи ин чорабинӣ Сангинзода Д. ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила ва густариши он бо намояндагони давлатҳои аъзои GPDnet, ба монанди Қатар, Молдова,
Полша, Украина, Африқои Ҷанубӣ, Намибиа, Грузия, Малайзия, Балгария, Венгрия ва дигарон мулоқотҳои судманд анҷом дод.
25 феврали соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалӣ илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Саҳми занону бонувон дар рушди илм” бо ташабббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ва дигар занону бонувон иштирок намуданд.
Нахуст, ба кори конференсия Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки занону бонувони кишвар роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доимо сармашқи кори худ намуда, кушишу ғайрати софдилонаву содиқонаи худро барои фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот равона карда истодаанд.
Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо суханронӣ намуда, қайд намуд, ки занону бонувони кишвар роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доимо сармашқи кори худ намуда, кушишу ғайрати софдилонаву содиқонаи худро дар тамоми соҳаҳо равона карда истодаанд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оид ба таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти занону бонувон ибрози ақида намуда, қайд намуд, ки дар ҳақиқат занону бонувони давлати мо таҳти ғамхориву сарпарастии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар бораи баланд бардоштани мақому манзалати зан – модар дар замони соҳибистиқлолии ватани азизамон корҳои азиме ба сомон расонида шудааст, ки боиси ифтихор ва сарфарозиҳост.
Инчунин, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ибрози ақида намуда, таъкид дошт, ки имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Тавре дар Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 ироа гардид, бонувону занон ва духтарон дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ намудани бегонапарастӣ, аз ҷумла сарулибос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан, минбаъд низ саҳми худро мегузоранд.
25 феврали соли равон дар ҳошияи баргузории Конференсияи байналмилалии илмӣ амалии дар мавзуи “Саҳми занон дар рушди илм” дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши дастовардҳои бонувони муассисаҳои илмӣ - таҳқиқотӣ баргузор гардид.
Дар ин намоиши дастовардҳо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша иштирок намуда, аз дастовардҳои бадастовардаи бонувону занони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самтҳои гуногун дидан намуданд.
Дар раванди дидан намудани дастовардҳои бонувони академия аз ҷониби муаллифон ва мутасаддиён ба иштирокдорон – тамошобинон оид ба ҳар як дастовард, маълумоти мукаммал дода шуд, ҳамзамон аз ҷониби меҳмонон ба дастовардҳои бонувони академия баҳои баланд дода шуд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи давлату ҳукумат аз ҷумла таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занону бонувон дар тамоми соҳаҳо умуман барои пешбурди кори давлату ҷамъият ниҳоят бузург аст ва дар ин радиф занон низ тавонистанд, ки ба боварӣ ноил гашта, дар пешбурди корҳои давлатию ҷамъиятӣ корҳои азимеро ба анҷом расонанд.
Ташкилотҳои ибтидоии “Дипломат” -и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар санаи 23 феврали 2025 дар қисми низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “23 феврал - Рӯзи Артиши миллӣ” ҳамоиши ҳизбӣ-фарҳангӣ бо иштироки аскарону афсарон ва аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур таҳти сарварии Каримзода Нилуфар баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ дар қисми низомӣ раиси ТИ “Дипломат”-и ҲХДТ, директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Рустам Ҳайдарзода, муовини директори ҳамин Институт Сангинзода Дониёр, сарходими илмии ҳамин Институт, муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ Қурбонова Ширин ба иштирокчиёни ҳамоиш оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими Артиши миллӣ мубодилаи афкор карданд.
Дар идома афсарону сарбозон ин қисми низомӣ бо “Сипоснома”и ҲХДТ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гадиданд.