12 ноябр соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва маросими кушодашавии Павилиони об барои иқлим иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки об ва иқлим ҳамбастагии зич дошта, мудирияту истифодаи оқилонаи об дар раванди ҳалли мушкилоти иқлим нақши калидӣ мебозад. Инчунин аён аст, ки хавфу таҳдидҳои иқлимӣ нисбат ба амалҳое, ки аз ҷониби мо татбиқ мешаванд, зудтар сурат гирифта, таъсиргузор мебошанд.
Қайд карда шуд, ки тайи панҷ соли охир пайваста нисбат ба тамоми давраҳои мушоҳида солу моҳҳои гармтарин шуда, тибқи гузоришҳои омода намудаи коршиносон соли 2024 низ ҳамчун соли гармтарин сабт шуд.
Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки Стратегияи рушди “иқтисоди сабз”-ро қабул намуда, дар назди худ ҳадафҳои бузург гузоштааст ва ният дорад то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монда, то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳад.
Имрӯз аллакай 98 фоизи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби энергияи обӣ истеҳсол шуда, ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ночиз мебошад ва аз рӯйи ин нишондод мо дар ҷаҳон дар ҷойи 130-юм қарор дорем. Боиси хушнудист, ки дар конференсияи мазкур низ ин иқдомҳо тавсеа ёфта, ҳамзамон, қабули “Эъломияи об барои амал дар соҳаи иқлим” дар назар дошта шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо ҷалб намуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари осебпазир аз ин раванд ва узви Панели сатҳи баланд оид ба обу иқлим, ҷиҳати эълони “Соли ҳифзи пиряхҳо”, ташаббус намудааст, бо дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашнро таҷлил намояд.
Дар ҳамин замина, инчунин, “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” муайян гардида, дар назди Созмони Милал Бунёди мақсадноки ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шудааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон чун муаллифи ин қатънома, ҳиссаи худро дар ин Бунёд гузошт ва аз ҳамаи шариконамон низ даъват ба амал овард, ки аз ин иқдом пайравӣ кунанд.
Дар ҳошияи татбиқи қатъномаи мазкури СММ, моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе, гузаронидани аввалин Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо дар назар дошта шудааст.
Президенти кишвар иброз доштанд, ки илова ба эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Маҷмаи Умумии СММ, бо ташаббуси Тоҷикистону Фаронса, моҳи августи соли равон қатъномаи дигареро оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал оид ба дастгирӣ илмҳои криосфера” қабул намуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон пешниҳод намуданд, ки ба мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд, дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.
Қайд гардид, ки натиҷаҳои ҷамъомади баргузоршуда барои ғанӣ гардонидани муҳтавои чорабиниҳои Конфронси 29-уми Созмони Милал оид ба тағйирёбии иқлим саҳми босазо хоҳанд гузошт ва минбаъд нигарониҳои ҳамаи кишварҳо дар масъалаҳои вобаста ба обшавии пиряхҳо, норасоии об ва хавфи офатҳои табиии марбут ба онҳо, мавриди таваҷҷуҳи махсуси ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегиранд.
Маҳмад Сафаров -и.в.м. мудири шуъбаи гидрометеорология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва адаптатсия
Шомаҳмадов Алишо—сарходими шуъбаи гидрометеорология, ҳифзи пиряхҳо,тағйирёбии иқлим ва адаптатсия

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ДАР БИНОИ МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ БЕХАТАРӢ, АМНИЯТ ВА КАФОЛАТҲОИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
Имрӯз, 10 апрел, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳамроҳии як гурӯҳ олимону кормандон дар бинои Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз макони насби панелҳои офтобӣ дидан намуда, пурра аз тарзи кори панелҳои офтобӣ аз наздик шинос гардиданд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади иҷрои Стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқ ва рушди иқтисодиёти “сабз” кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба роҳ мондаанд. Дар ин замина, аз ҷониби кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ панелҳои офтобӣ таҳия ва омода карда шуда истодаанд, ки ба рушди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мусоидат менамоянд.
Таъкид гардид, ки насби чунин таҷҳизоти муосир имконият фароҳам меорад, то муассиса бо неруи барқи тоза ва аз лиҳози экологӣ безарар таъмин гардида, ҳамзамон сатҳи истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ баланд бардошта шавад. Ин иқдом инчунин метавонад ҳамчун намунаи таҷрибаи пешқадам барои татбиқи технологияҳои “сабз” дар дигар муассисаҳои илмӣ ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ хизмат намояд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо мақсади сарфа кардани нерӯи барқ минбаъд тибқи дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тамоми биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои таълимие, ки сохта ба истифода дода мешаванд, бояд панелҳои офтобӣ насб карда шавад. Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони илмии Академияи миллии илмҳо сохта ба истифода додан ва насби панелҳои офтобӣ ба роҳ монда шуд.
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВИИ ҲИЗБИЁНИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Имрӯз, 9 апрел бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Каримзода Мирзоқосим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва дигар кормандону собиқадорони ҳизб иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ меҳмонон аз хони наврӯзии Кумита ва ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дидан намуда, бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва расму ойинҳои аҷдодии тоҷикон шинос гардиданд.
Дар ин чорабинии идона масъулини Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ бо оростани хони наврӯзӣ фаъолона иштирок намуда, суннату анъанаҳои миллиро ба таври шоиста муаррифӣ карданд. Хони оросташуда бо таомҳои миллӣ, шириниҳо ва рамзҳои хоси Наврӯз зебу зинат дода шуда, таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб намуд.
Имрӯз, 8 апрел ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни бостонӣ табрик гуфт. Зикр гардид, ки Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пайванди наслҳо аҳамияти бузурги фарҳангиву маънавӣ дошта, дар таҳкими худшиносии миллӣ нақши муҳим мебозад.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки дар шароити муосир илм ва фарҳанг ҳамчун ду рукни асосии рушди ҷомеа ба ҳам зич алоқаманд буда, баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷомеа ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ мусоидат менамояд.
Инчунин, иштирокдорон аз намоиши дастовардҳои илмии институт дидан намуда, бо фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии муҳаққиқон аз наздик шинос гардиданд. Чорабинӣ дар фазои идона ва руҳбаландкунанда баргузор гардида, ба ҳозирин ҳисси ифтихор аз фарҳанги миллӣ ва арзишҳои аҷдодиро бештар намуд.
Имрӯз, 8 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохурии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Донишгоҳи Оксфорд баргузор гардид.
Дар мулоқот роҳбарият, ноиби президент ва сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ ва аз ҳайати Донишгоҳи Оксфорд мутахассисони соҳаи забон ва адабиёти форсӣ, аз ҷумла профессор Эдмунд Ҳерзинг, доктор Фарнияз Закер ва хонум Ани Бет-Мовсес иштирок намуданд.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани созишнома миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Оксфорд, густариши ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷриба миёни олимон, роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва иҷрои лоиҳаҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки ҳамкориҳо дар самти омӯзиши забон ва адабиёти форсӣ, таҳқиқи мероси фарҳангӣ ва рушди равобити академӣ метавонанд ба манфиати ҳар ду ҷониб хизмат намоянд.
Дар мулоқот ба масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби магистрантон ва докторантон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос таъкид намуданд.
Зикр гардид, ки ҷалби ҷавонони болаёқат ба барномаҳои магистратура ва докторантура, ташкили табодули донишҷӯён ва муҳаққиқон, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани таҳқиқоти муштарак метавонад ба рушди минбаъдаи илму маориф ва тақвияти иқтидори зеҳнии ҷомеа мусоидат намояд.
Инчунин, ҷонибҳо барои дар оянда баргузор намудани конфронсҳо ва семинарҳои муштараки илмӣ ба мувофиқа расида, таъкид намуданд, ки чунин чорабиниҳо метавонанд барои табодули дониш, муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот ва густариши ҳамкориҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Қайд гардид, ки баргузории мунтазами чунин ҳамоишҳо ба таҳкими робитаҳои академӣ ва рушди муҳити илмии ҳар ду ҷониб мусоидат хоҳад кард.
Имрӯз, 6 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» (солҳои 2025-2030), “Даҳсолаи илмҳои криосферӣ” (солҳои 2025-2034), эълон гардидани соли 2026 – “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш таъкид намуд, ки баргузории «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» дар шароити муосир аҳамияти муҳимро касб менамояд. Гуфта шуд, ки илми академӣ ҳамчун заминаи боэътимоди рушди устувори давлат ва ҷомеа баромад намуда, дар татбиқи самараноки стратегияҳои миллӣ, пешбурди иқтисодиёти рақамӣ, тавсеаи равандҳои инноватсионӣ ва таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар нақши калидӣ дорад.
Таъкид гардид, ки дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи илму маориф шароити мусоид фароҳам оварда шуда, имрӯз олимони тоҷик метавонанд дар ҳалли масъалаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ саҳми арзанда гузоранд. Дар ин замина, густариши таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, ҷалби ҷавонон ба илм ва ҳамкориҳои байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардиданд.
Қайд гардид, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои муосир, густариши фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва истифодаи дастовардҳои илми муосир яке аз омилҳои асосии таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, ҷалби неруи зеҳнии ҷавонон ба илм, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардиданд.
Зикр гардид, ки дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» дар муддати ду ҳафта идома ёфта, дар доираи он баргузории конфронсҳо, семинарҳо, мизҳои гирд, намоишҳои дастовардҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳои илмиву маърифатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи ин чорабиниҳо олимон, магистрантон ва докторантон бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти хешро муаррифӣ менамоянд. Бояд гуфт, ки ин раванд барои рушди тафаккури илмӣ, табодули таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ миёни насли гуногуни муҳаққиқон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар идома олимону муҳаққиқон дар баромадҳои хеш оид ба натиҷаҳои илмии бадастовардаашон дар самтҳои гуногуни таҳқиқот, аз ҷумла фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, технологияҳои муосир, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Таҷлили тантанавии ҷашни Наврӯз дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ
Бо фарорасии баҳори нозанин ва эҳёи табиат, санаи 4-уми апрели соли 2026 дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар чорабинии идона президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт тамоми кормандонро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик намуда, ба кормандон ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар фаъолияташон муваффақиятҳои некро таманно намуд.
Бояд гуфт, ки устодон ва кормандони Институт дар ҷашни наврӯзӣ фаъолона иштирок намуданд ва дар он фазои идонаву рӯҳияи баланди миллӣ ҳукмфармо гардид.
Барномаи фарҳангӣ аз намоиши анъанаҳои миллӣ, сурудҳои дилнишин ва рақсу бозӣ иборат буд. Ҳамзамон, дастархони наврӯзӣ бо хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ороста гардида, меҳмонон аз он баҳравар шуданд.
Роҳбарияти Институт ҳозиринро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик намуда, ба ҳамаи онҳо саломатӣ, саодатмандӣ ва дастовардҳои навро таманно намуд.
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ АКАДЕМИК А. ҶӮРАЕВИ АМИТ
Санаи 2-уми апрели соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Чорабиниро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ва пурғановатарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ буда, рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва пирӯзии некиву рӯшноӣ бар бадиву торикӣ мебошад. Мавсуф зикр намуданд, ки маҳз бо сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз дар арсаи ҷаҳон ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии мардумон пазируфта шудааст.
Сипас, директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ, н.и.ф.м. Раҳимзода Алишер Орзу суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Наврӯз ҷашни покизагӣ, дӯстӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ буда, мардумро ба ваҳдат, созандагӣ ва ободкорӣ ҳидоят менамояд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки кормандони соҳаи илм низ дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа дар рушди кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми назаррас доранд.
Дар ин айём табиат эҳё гардида, замин қабои сабз ба бар мекунад ва инсон бо рӯҳияи нав ба зиндагӣ қадам мегузорад. Наврӯз бо суннатҳои неки миллӣ, аз ҷумла оростани хони «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», пухтани суманак, баргузории бозиҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ, шукӯҳи хоса дорад.
Ҳамзамон, саҳни Институт бо шиору овезаҳои наврӯзӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, асбобҳои мусиқии миллӣ ва оростани дастархони наврӯзӣ, аз ҷумла «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», зебу зинат дода шуда, ба маърази тамошобинон гузошта шуд.Дар чорабинии идона олимону кормандон ва меҳмонон фаъолона иштирок намуда, барномаи фарҳангӣ фазои идонаро боз ҳам рангин намуд.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ як қатор кормандони фаъол ва меҳмонони гиромӣ барои саҳми арзанда дар ташкил ва баргузории чорабинии наврӯзӣ, иштироки фаъолона ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Институт сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон ба ҳамаи иштирокчиён барои саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ баён гардид.