Skip to main content

Ҳамватанони арҷманд ва омӯзгорони азиз!

Бо самимияти беандоза, Рӯзи омӯзгоронро ба кулли устодону мураббиён ва аҳли маориф табрик менамоям.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, омӯзгоронро ҳамчун неруи тавоно, муҳаррики пешбарандаи ҷомеа ва роҳнамои зеҳнии наслҳои оянда ҳифз ва сарпарастӣ менамоянд.

Ҳукумати мамлакат дар доираи Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф ҷиҳати беҳтар намудани сифати таҳсил ва мутобиқ намудани он ба бозори меҳнати дохилию хориҷӣ, ислоҳоти ҷиддиеро амалӣ намуда истодааст.

Омӯзгорон бо азму иродаи қавӣ рисолати муқаддаси хешро баҳри таълиму тарбияи насли хушзеҳну бофарҳанг ва соҳибмаърифату ватандӯст сарбаландона иҷро менамоянд.

Бо чунин таманниёти нек ба устодону омӯзгорон дар иҷрои рисолати бузургашон - таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан, саломатӣ ва барору комёбӣ таманно менамоям.

Бигзор Тоҷикистони азиз аз самараи заҳмати шумоён боз ҳам ободу шукуфон гардад.

Рӯзи омӯзгорон муборак, ҳамватанони азиз!

@RustamEmomali