Skip to main content

Имрӯз, 24 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Намунаи адабиёти тоҷик” – падидаи таърихӣ – фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ” бахишида ба 100 – соли таълиф ва нашри асари таърихӣ – бадеии поягузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” баргузор гардид.

Дар кори симпозиум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки асари мазкур ҳамчун як падидаи нодири таърихиву фарҳангӣ дар худ таҷассумгари мероси гаронбаҳои адабии халқи тоҷик буда, дар рушди худшиносии миллӣ ва таҳкими ҳувияти фарҳангӣ нақши муҳим гузоштааст. Қайд гардид, ки «Намунаи адабиёти тоҷик» на танҳо як маҷмӯаи осори адабӣ, балки сарчашмаи муҳими илмӣ барои омӯзиши таърихи адабиёт, забон ва фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ин асар дар шароити мураккаби таърихӣ таълиф гардида, барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва муаррифии мероси адабии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки асари «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ ҳамчун як мероси гаронбаҳои миллӣ ва дастоварди бузурги илмиву фарҳангӣ аҳамияти хоса дошта, дар ташаккул ва рушди адабиёти навини тоҷик нақши калидӣ мебозад.

Таъкид гардид, ки ин асар на танҳо осори гузаштагонро гирд овардааст, балки ҳамчун пули пайвандсоз миёни наслҳо хизмат намуда, барои ҳифз ва муаррифии арзишҳои миллӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ҳамзамон зикр гардид, ки омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин асар дар шароити муосир низ аҳамияти хоса дошта, барои тақвияти худшиносии миллӣ ва густариши робитаҳои фарҳангии минтақавӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

Дар идома муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва дигар олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар суханронӣ намуда, доир ба аҳамияти таърихиву фарҳангӣ ва илмии асари «Намунаи адабиёти тоҷик» маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа карданд.

Зикр гардид, ки ин асар ҳамчун сарчашмаи муҳими омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик ва омили таҳкими худшиносии миллӣ, дар рушди фарҳанги маънавии ҷомеа нақши муассир дорад. Ҳамзамон, иштирокчиён ба масъалаҳои таҳқиқи минбаъдаи мероси адабии ниёгон, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангии тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Дар фарҷом як зумра аз олимон ва муҳаққиқон, ки дар баргузории ин ҳамоиш саҳмгузор буда, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд, бо сертификатҳои махсус қадрдонӣ гардиданд.