Skip to main content
Душанбе, яке аз шаҳрҳои зебои Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмии кишвар мебошад. Ин шаҳр дар водии Ҳисор, дар баландии тақрибан 750-900 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, бо иқлими мӯътадили континенталӣ, табиати зебо ва инфрасохтори рушдёфта маъруф аст.

123123Таърихи Душанбе решаҳои қадима дорад. Бино ба маълумоти таърихӣ, ин макон ҳанӯз дар асрҳои миёна ҳамчун як деҳаи хурд шинохта мешуд. Номи «Душанбе» аз он сарчашма мегирад, ки дар ин ҷо ҳар ҳафта, маҳз рӯзи душанбе, бозори калон баргузор мегардид. Дар ибтидои асри XX, махсусан пас аз солҳои 1920, рушди босуръати шаҳр оғоз ёфт. Соли 1924 Душанбе маркази маъмурии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ва баъдан пойтахти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гардид.

Аз нигоҳи демографӣ, имрӯз аҳолии Душанбе зиёда аз 1 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда шаҳодати марказияти иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр мебошад. Душанбе маркази асосии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла донишгоҳҳо, академияҳо ва марказҳои илмӣ мебошад, ки дар рушди илму маорифи кишвар нақши калидӣ мебозанд.

Иқтисодиёти Душанбе гуногунсоҳа буда, саноат, хизматрасонӣ, сохтмон ва савдо дар он мавқеи муҳим доранд. Солҳои охир дар шаҳр сохтмони биноҳои баландошёна, марказҳои тиҷоратӣ ва роҳҳои муосир ва ба талаботи замон мувофиқ босуръат идома доранд. Ин раванд нишон медиҳад, ки Душанбе ба як шаҳри ҷадид ва ҳамқадам ба набзи шаҳрсозии асри нав табдил ёфтааст.

Аз ҷиҳати фарҳангӣ, Душанбе маркази муҳими ҳаёти фарҳангии кишвар мебошад. Дар шаҳр театрҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва қасрҳои фарҳанг фаъолият мекунанд. Чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, аз ҷумла фестивалҳо ва намоишгоҳҳо мунтазам баргузор мегарданд, ки ин ҳама барои ҳифз ва рушди мероси фарҳангии миллат мусоидат мекунад.

Аз ҷиҳати меъморӣ ва муҳити зист, Душанбе бо хиёбонҳои васеъ, боғҳои сабз ва фаввораҳои зебояш фарқ мекунад. Боғҳои шаҳр натанҳо макони истироҳат, балки қисми муҳими экосистемаи шаҳр мебошанд. Маълумоти илмӣ собит намуданд, ки зиёд будани дарахтон ва минтақаҳои сабз ба беҳтар шудани сифати ҳаво ва паст гардидани ҳарорати шаҳр мусоидат менамоянд.

Нақши Душанбе дар сиёсати байналмилалӣ низ назаррас аст. Дар шаҳр сафоратхонаҳо, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои дипломатӣ ҷойгир буда, он ҳамчун як маркази муҳими робитаҳои хориҷӣ хизмат мекунад.

Шаҳри Душанбе натанҳо пойтахти сиёсӣ, балки рамзи истиқлолият, пешрафт ва фарҳанги миллати тоҷик мебошад. Рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти илму фарҳанг ва беҳтар гардидани шароити зиндагӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Душанбе ба ояндаи дурахшон қадам мегузорад. Барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон Душанбешаҳри зебо ва сарсабзу хуррам ҳамчун маркази фарҳангии бузурги миллӣ мояи ифтихор мебошад.

Ҳакимзод Сулаймон - ходими хурди илмии Институти зоология ва

паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон