Skip to main content

Соли 2025 барои халқи тоҷик бо як рӯйдоди муҳими фарҳангӣ ва сарнавиштсоз зебу зиннат ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як иқдоми фарҳангиву маънавии беназир, ду ҷилди китоби безаволи «Шоҳнома»-и Ҳакими Тӯсӣ - Абулқосими Фирдавсиро бо забони тоҷикӣ ба табъ расонида, онро ҳамчун туҳфаи арзишманди маънавӣ ба ҳар як хонадони кишвар тақдим намуданд.

Ин амали неку бедод дар таърихи фарҳангии давлатдории навини тоҷикон ҳамчун як рамзи баланди эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва мероси пурғановати гузаштагон ворид мегардад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба воситаи чунин иқдом нишон доданд, ки фарҳанг ва адабиёт барои миллат танҳо ганҷи маънавӣ набуда, балки пояи худшиносиву Худогоҳӣ, Ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии мардум аст.

Шоҳнома дар қалби ҳар як тоҷик мавқеи махсус дорад. Он на танҳо як достони қаҳрамониву шоҳона, балки як китоби зиндагии маънавист -шиносномаи Ориёӣ, муаррификунандаи решаҳои тамаддуни миллати тоҷик ва поягузори ифтихору нангу номуси миллӣ. Нашри ин асари нодир аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, як паёми равшан ба ҳар шаҳрванди кишвар аст: мо дорои таърихем, дорои фарҳангем, ва моро мебояд, ки ин бузургиро бишиносем, ҳифз кунем ва ба оянда барем.

Бо рӯҳбаландӣ аз ин иқдоми маънавӣ ва бо ҳадафи таъмини иштирок ва бедории фарҳангии омма, соли 2026 бо ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Олӣ Озмуни Ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” эълон гардид. Ин озмун, ки ба яке аз шоирон ва китобҳои абадии тамаддуни форсӣ-тоҷикӣ бахшида шудааст, худ як гоми муҳими дигар дар роҳи баланд бардоштани маърифати миллӣ ва эҳёи анъанаҳои адабпарварии миллат мебошад.

Муҳимтарин ҷанбае, ки озмуни мазкурро аз дигар чорабиниҳои фарҳангӣ фарқ мекунад, он аст, ки барои дастгирии он фонди махсус аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, ки маблағҳои он хеле калон буда, ба қадрдонии ғолибон ва ҳавасмандсозии иштирокчиёни фаъол нигаронида шудааст. Ҷоизаҳои озмун на танҳо дар шакли мукофоти пулии назаррас, балки дар шакли эҳтироми давлатӣ, таваҷҷуҳи васеи ҷомеа ва имкониятҳои рушди шахсӣ ба ғолибон дода мешаванд.

Бо роҳандозии чунин иқдом, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуданд, ки сарнавишти фарҳанги миллӣ, забони модарӣ ва худшиносии таърихии тоҷикон барои эшон танҳо як шиор нест, балки як рисолати муқаддас ва масъулияти бевосита мебошад. Озмуни “Шоҳномахонӣ” танҳо як озмун нест - ин як ҷараёни тарбиявӣ, як мактаби маънавӣ ва як ҳаракати бузурги худшиносӣ дар сатҳи умумиҷумҳуриявист, ки метавонад тамоми ҷомеаро, аз кӯдакон то бузургсолон, ба маърифати миллӣ пайвандӣ диҳад.

Суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки “Миллате, ки гузаштаи хешро намешиносад, имрӯз ва фардо надорад”, имрӯз бештар аз ҳар вақти дигар дар амал татбиқ шуда истодааст. Чопи Шоҳнома дар ҳар хонадон ва ташкили озмуни Шоҳномахонӣ намунаи барҷастаи сиёсати фарҳангмеҳвари давлат ва рӯҳияи фарҳангсолории роҳбарияти олии кишвар аст.

Ҳар байти “Шоҳнома”, ҳар шахсияти таърихӣ, ҳар рӯйдоди гуфташуда дар он, имрӯз метавонад ба ҷавони тоҷик сабақ бошад, илҳом бахшад ва як гӯши равшане аз таърихи миллатро боз намояд. Ва вақте ки ин китоб аз дасти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дасти мардум мерасад, он дигар танҳо як асар нест - он рамзи пайвандии наслҳост, рамзи Ваҳдату Худогоҳист, рамзи эҳтиром ба гузашта ва бовар ба оянда аст.

Шоҳнома дигар танҳо як китоби таърих нест - он садои ниёгон аст, ки имрӯз аз забони Пешвои миллат ба гӯши миллат мерасад.

Пешвои миллат, раҳнамои мо,

Дар ҳар дам раҳнамою ёри мо.

Шоҳнома боз ба мардум армуғон,

Ҳамчун чароғе ба шабҳои замон.

Миллат бардошт аз раҳнамоии ӯ,

Бо меҳр шуд рӯ ба фардои ӯ.

Бо созишу муҳаббат сохт кишвар,

Бо Ваҳдату иттифоқу меҳр агар.

Ҳар хонадон шуд равшану нурбор,

Бо фарҳангу илму бо гуфтори ёр.

Агар набуд Пешво дар замон,

Намемонди меҳрро дар дил ҷовидон

Аминова Нигора Аминовна н.и.т, муд. озм.“Маводшиносӣ”. МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои иноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон