Skip to main content

Мақола дар бораи фаъолияти илмӣ-фарҳангии яке аз донишмандони боистеъдоди илму фарҳанг – файласуфу санъатшинос, муҳаққиқ ва мунақиди кино ва театри тоҷик, доктори илмҳои фалсафа, марҳум Раҳимов Саъдулло Хайруллоевич (ёдашон ба хайр, рӯҳашон шод бод) бахшида шудааст.

Саъдулло Раҳимов мутаваллиди шаҳри Бухоро (1951) буда, дар хонаводаи бошахсияту бо илму фарҳанг тарбия ёфтааст. Ӯ хатмкунандаи факултаи забон ва адабиёти руссии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пас аз хатми он соли 1983 дар шаҳри Москва дар Институти фалсафаи Академияи илмҳои СССР аз рӯи ихтисоси «Зебоишиносӣ» («Эстетика») рисолаи номзадии хешро дифо намудаанд. Соли 2007 рисолаи доктории хешро дар мавзӯи «Андешаҳои фалсафӣ-эстетикии зардуштия» бо муваффақият дифо намуда, соҳиби унвони доктори илмҳои фалсафа шуданд.

Саъдулло Раҳимов солҳои зиёде дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов кору фаъолият намуданд ва вазифаи мудири «Шуъбаи фалсафаи фарҳанг»-ро анҷом доданд, ки дар байни аҳли илму адаби Институт бо илму маърифат ва фарҳангу инсонияти волои худ мақом ва ҷои хосса доштанд. Саъдулло Раҳимов як шахсияти донишманду мутафаккир, хоксору мутавозеъ, ҳалиму меҳрубон ва беозору заҳматкаш буданд ва рӯи ҳарфу суҳбати хеш ҳамеша андешида амал мекарданд ва одам орзу мекунад, ки дар ҷомеа чунин шахсиятҳо, эй кош бештар мешуданд.

Саъдулло Раҳимов узви Иттиҳоди кинематографистҳои Тоҷикистон, узви Иттиҳоди кинематографистҳои давлатҳои мустақил ва кишварҳои Балтика буданд. Дар баробари ин узви ягонаи созмони байналмиллалии ФИПРЕССИ (Федерацияи байналмиллалӣ) аз ҷониби Тоҷикистон буданд, ва ҳамчун узви ин ташкилот ба унвони ҳакам (жюри) дар форум ва фестивалҳои кино ва театр ширкат намуданд. Аз соли 1987 сар карда, зиёда аз 10 сол роҳбарии кинстудияи «Тоҷикфилм»-ро ба уҳда доштанд. Солҳои 1997-1998 ба вазифаи ҷонишини раиси Комитети радио ва телевизион дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд. Аз соли 1999 то соли 2024 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ дар «Шуъбаи фалсафаи фарҳанг» адои хизмат намуданд. Аз соли 2011 то 2024 вазифаи Мудири «Шуъбаи фалсафаи фарҳанг»-и Институтро анҷом доданд.

Саъдулло Раҳимов муаллифи як қатор филмҳои ҳуҷҷатӣ, монографияву дастурҳои илмӣ-методӣ мебошанд, ки мо метавонем чанде аз онҳоро номбар кунем: «Симои саҳна» («Луч экрана») (2004), «Аз таърихи ҷаҳонбинии зебоишиносии мардуми тоҷик» (2005), «Эстетикаи зардуштия» (2006), «Доиратулмаорифи кино (синамо)-и Тоҷикистон» (2012), «Проблемаҳои мубрами фарҳанги тоҷик» (2020), «Очеркҳои таърих ва назарияи синамои тоҷик»: (марҳилаи худшиносӣ) (2020). «Современное пространство таджикской культуры и искусства» (Душанбе, 2023). Мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-омавии ӯ дар маҷаллаву маҷмуаҳои илмӣ, нашрияҳои энсиклопедӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Россия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Фаронса, Англия, Кореияи ҷанубӣ ва дигар кишварҳо нашр гардидаанд ва азбаски теъдоди онҳо зиёд аст, мо ин дар ҷо номгӯи онҳоро намеорем.

Раҳимов Саъдулло ҳамчун муҳаққиқи кино ва театру кинофестивалҳои тоҷик, аз соли 2004 Раиси бахши ҳунарии кинофестивалҳои байнамиллалии «Дидор» буданд. Он кас дар баробари ин боз муҳаққиқи хуби таърихи фалсафа ва олими фарҳангшинос буда, дар симпозиумҳои байналмиллалӣ, конфронсҳои доир ба масъалаҳои мубрами фалсафа, фарҳанг ва эстетика бо баромаду мақолаҳояшон қобили эҳтиром ва пазириши аҳли илму адабу фарҳанг гардиданд. Барои хизматҳои шоиста бо баромаду навиштаҳои илмӣ-фарҳангӣ-интиқодӣ, ҳамчун рамзи идеяҳои воло дар соҳаи илму фарҳанг, махсусан кино ва театрҳо бо мукофотҳои Ташкилоти байналмиллалии ООН дар Тоҷикистон ва бо Грамотаҳои фахрии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳозира АМИТ) ва Донишгоҳи Кобул (Афғонистон) мукофотонида шудаанд.

Саъдулло Раҳимов дар тарбияи кадрҳо низ саҳмгузорӣ намуда, шогирдони зиёдеро соҳиби унвони номзадӣ намудаанд.

Арзандааст, ки бо чанд сухане фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва фарҳангии Саъдулло Раҳимовро матраҳ намоем. Дар мақолаи ҳозир доир ба ду китоби боарзиш ва барҷастаи муаллиф, ки бо унвонҳои «Очеркҳои таърих ва назарияи кинои тоҷик»: (марҳилаи худшиносӣ) ва «Масоили мубрами фарҳанги тоҷик», ки соли 2020 аз чоп баромадаанд, мухтасар баъзе андешаҳои хешро баён намуда, мубрамияти онҳоро ба хонанда ва ҳаводорони илму фарҳанг ва ҳунар пешкаш намоем. Бо вуҷуди он ки банда муҳаққиқи риштаи санъату ҳунар нестам, боз ҳам мехоҳам нисбати китобҳои дар боло номбаршудаи ин олими пурдону бо фазилат шодравон Саъдулло Раҳимов фикрҳои шогирдонаи хешро баён намоям.

Дар китоби якум «Очеркҳои таърих ва назарияи кинои тоҷик» муаллиф таърихи вазнини тай намудаи синамои тоҷикро ҳамчун ангуштнамои фарҳангу тамаддуни миллӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додаанд. Чунонки муҳаққиқи барҷастаи таърихи фалсафа, академики шодравон (ёдашон ба хайр) Мусо Диноршоев қайд намудаанд мавзӯи баҳси ин китоб идомаи ҳамон китоби пештараи муаллиф «Симои саҳна» (2004) мебошад. Аммо ин маънои онро надорад, ки муаллиф айни мавзӯи он китоби қаблиро такрор намудааст. Мо медонем, ки синамо ва театри тоҷик дар замони барҳамхурии Иттиҳоди Шурави -ро ба руқӯъ ниҳод, вале он дер давом накард. Чунонки дар боло ишора шуд аз соли 2004 то 2024 Саъдулло Раҳимов Раиси бахши ҳунарии кинофестивалҳои байналмиллалии «Дидор» ва ҳамчунин Директор ва роҳбари бадеии киностудияи «Тоҷикфилм» буданд. Бо кумаку талош ва ҳамкориҳои бо ходимон ва ҳунарпешаҳои киною театр, кино ва театри тоҷик боз аз нав рӯ ба рушноӣ ниҳод. Масъалаҳои муҳиме, ки замони истиқлолият дар пеши аҳли илму фарҳанг, махсусан муҳаққиқону олимон ва ҳунарпешагони кинову театр гузошт, мавриди диққату тамаркузи муаллиф гардидааст. Аз ин лиҳоз Саъдулло Раҳимов саъю кушиш намудаанд, ки дар ин асари хеш масоили муҳими замони муосирро, дар мисоли синамову театри тоҷик ва санъати ҳунарии ҳунармандони онро мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор диҳанд. Чунки ба қавли бузургон мо наметавонем ёди гузашта кунему ду даст пеши бар монда, бо афсус бинишинем, балки бояд мо ба зиндагии хеш обу ранг дода, ҳамқадам бо давлату миллати худ пеш равем ва ҳувияти милливу худшиносиамонро дар замони Истиқлолият, ки ба мо имкониятҳои фаровон додааст, такмил диҳем ва онро ҳифз намоем. Дар ин бора Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду суҳбатҳои хеш нисбати болоравии маърифатнокӣ ва фарҳангу худшиносии мардуми ҷомеа борҳо ишора намуда, аҳли илму донишмандонро ба таҳлилу таҳқиқи илму тамаддуни гузаштаву имрӯзаи миллати тоҷик даъват менамояд. Муҳаррири китоби «Очеркҳои таърих ва назарияи кинои тоҷик» Саъдулло Раҳимов аз ҳамин нуқтаи назар амал намуда, рушду такомули синамо ва театри тоҷик, санъати ҳунарии ҳунарпешаҳои бомаҳорати онро дар ин асари худаз назари илмӣ-таърихӣ ва интиқодӣ баррасӣ намудааст, ки хонандаи муҳтарам метавонад ҷавҳари андешаҳои муаллифро дар ҳангоми мутолиаи китоб дарёбад.

Муаллифи китоб ҳамчунин аз таърихи илму фарҳанги мардуми тоҷику форси асрҳои миёна низ гуфтугӯ намуда, ташаккули тафаккуру шуури ҷамъиятӣ, сохт ва ташаккулёбии олами мавҷуд, назарияи маърифат ва нақши он дар донисташавии олами ҳастӣ ва гуманизми ахлоқиро то ҳадде дар мисоли мутафаккирони барҷастаи тоҷик – Абуабдуллои Рудакӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мавлонои Балхӣ, Муҳаммади Ғазолӣ ва дигарон тавассути иҷрои нақши ҳунарпешаҳои ватанӣ баррасӣ менамояд.

Саъдулло Раҳимов дар ин асари хеш дар бораи филмҳои киностудияи тоҷик «Достони Рустам», «Рустам ва Суҳроб», «Достони Сиёвуш», «Муҳоҷир», «Дохунда», «Фарзанди Тоҷикистон», «Қисмати шоир», «Зумрад», «Марги судхур», «Субҳи нахустини ҷавонӣ» («Юности первое утро»), «Асрори хонаводагӣ», «Дарди ишқ», «Ишқ ва фалсафа» ва амсоли инҳо баҳс намуда, мақому манзалати ин филмҳо ва ҳунарпешаҳои онҳоро дар таърихи илму фарҳанг, синамою театр, ва тарбияву худшиносии миллӣ-маънавии тоҷик хеле моҳирона ва бо назму низом аз нигоҳи таърихӣ-иҷтимоӣ, фалсафӣ-ахлоқӣ ва эстетикию фарҳангӣ мавриди муҳокимаву таҳлил қарор додааст. Аз ин ҷо, мутолиа ва баррасии ин китоб барои олимон ва муҳаққиқону дeстдорони фарҳангу синамо ва театр аз мубрамият кам нест, махсусан роҳу равиши таҳқиқ ва услуби таҳлилии муаллифи шодравон метавонад кумаки бузурге барои олимони ҷавони илму санъат ва ҳунари тоҷик бошад.

Китоби дигари муаллиф «Масоили мубрами фарҳанги тоҷик» проблемаҳои муҳими фарҳангу тамаддун ва маънавиёти тоҷикро аз замонҳои қадим то замони муосир дар бар гирифтааст. Китоби мавриди назари мо асосан барои фарҳангшиносон, мутахассисони фалсафаи фарҳанг, зебоишиносон, донишxeёну унвонҷӯён ва магистрҳои соҳаи фарҳанг, ки рағбат ба таҳқиқи масоили фарҳангу тамаддуни мардуми ватанӣ-тоҷик доранд нигаронида шудааст.

Мавзӯи баҳси ин китоб асосан характери таърихӣ дошта, аз асотир сар карда, то фарҳангу тамаддуни замони ҳозирро фаро гирифтааст, ки инро аз мундариҷаи китоб ба хубӣ пай мебарем. Қисмати аввали мундариҷаи он ба ин минвол матраҳ шудааст: таҳлили муқоисавии шуури асотирӣ ва асотири муосир; шакли асотирии ҷаҳонфаҳмии зардуштия; муборизаи баҳамзидҳо ҳамчун принсипи зардуштия, нақш ва ё таъсири он ба фарҳанги Эрони бостон; доир ба баъзе принсип ва хусусиятҳои тафаккури бадеии зардуштия ва Эрони бостон; дар бораи файласуфон ва шоирони файласуфмашраб дар асрҳои миёнаи Шарқ; ҷаҳонбинии фалсафӣ-эстетикии Абуабдуллоҳи Рудакӣ; андешаҳои зебоишиносии Абуалӣ ибни Сино ва ғ. Қисмати дигар мавзӯҳои китоб бештар масоили мухталифи замони муосирро дар бар гирифтааст, ба монанди: таассурот ва андешаҳо дар бораи китоби академик Мусо Диноршоев «Матолиби фалсафаи Ибни Сино»; дунё дигар шуд, дарёи ман, ту ҳамоне, ки ҳамоно, ки ҳастӣ; фалсафа ва мусиқӣ; ба ҳар ҳол ба гузашта(оқиб) менигарем; фаъолияти индивидуалии рассоми миллӣ; доир ба масоили театр ва «театралӣ»; Ҳомид Маҳмудов ва баъзе масоили театри муосири тоҷик ва монанди инҳо.

Бархе аз мақолаҳои китоб масъалаҳои фарҳангӣ-суннатӣ, ба мисли ташаккули тафаккури эстетикии ҷомеаи тоҷик; Наврӯз - ҷаҳонбинии болидарӯҳиву некбинӣ ва созандагӣ; ҷанбаҳои психиологӣ- иҷтимоӣ ва фарҳангии тақвимии ҷашнгирии форсӣ-тоҷикӣ; фидокорӣ ва хизматҳои шоёни академик М.Осимӣ ва ғ.-ро фаро гирифтааст.Чунонки аз мухтасари мазмуну мундариҷаи китоби мазкур ба назар мерасад, муаллиф дар навиштан ва сохтори ин китоб заҳмати зиёде кашида, ба хонанда масоили муҳими фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷикро аз замони қадим то замони муосир бо як назофату назму низом ба қалам додааст. Дар ҷараёни таҳлилу баррасии масъалаҳои дар пеш гузоштаи хеш муҳаққиқ Саъдулло Раҳимов аз усулу равишҳои фалсафӣ-ахлоқӣ ва эстетикӣ истифода намуда, як асари арзишманди илмӣ-таҳқиқотии фалсафӣ-фарҳангиро ба аҳли илму адаб, олимону ҳунармандони соҳаи этикаву эстетика, синамову театр ва унвонҷӯёну донишҷӯёни соҳаи илму фарҳанг ва тамаддун пешниҳод намудааст.

Бояд қайд намуд, ки ин ду китобе, ки мо дар боло хеле фишурда баррасӣ намудем ва шояд аз нигоҳи санъатшиносону фарҳангшиносон заиф ба назар расад, аммо бо вуҷуди ин саъй намудем, ки то ҳадде тавонем мазмуну мундариҷа ва бо санъати илмӣ-ҳунарӣ, фалсафӣ-таърихӣ навишта шудани онҳо ва рӯи об баровардани фарҳангу тамаддуни ғании мардуми тоҷик хизмату фидокории қалбии муаллиф – Саъдулло Раҳимовро ба аҳли илм муаррифӣ намоем. Меарзад, ки чунин муаллифони варзида қобили ташвиқ ва дастгирии хирадмандони ҷомеа гарданд. Зеро ки Саъдулло Раҳимов аввалин муҳаққиқ аст, ки дар ин ду китоби худ шуҷоатмандона масъалаҳои муҳими таърихи фалсафаву фарҳанг, адабиёту ҳунар ва театру синамои тоҷикро аз ибтидо то имрӯз таҳлилу баррасии бунёдӣ намудааст, ки ифодакунандаи арзишҳои маънавию фарҳангии мардуми тоҷик мебошад.

Муродова Т. Номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими пешбари илмии ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ