Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ соли 1991 дар таърихи давлатдории тоҷикон давраи нави инкишофи таърихии давлатдорӣ сар мешавад. Маҳз аз ҳамин давра сар карда, дар ҷомеаи навбунёди давлати тоҷикон равандҳои демократикунонии ҷомеа, ислоҳотҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои нави миллӣ оғоз меёбанд. Давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз муқовиматҳои сиёсие, ки баъдтар ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд, рост меояд. Баъзе аз қувваҳо ва гурӯҳҳо аз ин вазъият истифода намуда, барои амалӣ намудани нақшаҳои ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ дар мамлакат шурӯъ намуданд. Вазъияти сиёсӣ ҳамчунон тезутунд гашта буд, ки ҳатто ба ном "ҳукумати мусолиҳаи миллӣ" имконияти таъмин намудани роҳбарии давлат ва ҷомеаро надошт. Давлате, ки нав истиқлолияти худро ба даст оварда буд, ба ҷанги шаҳрвандӣ ҷалб карда шуда, дар натиҷа дар ҷомеа бетартибиҳо, беқонуниятӣ ва сиёсати бесарусомонӣ ҳукумфармо буд.
Хафнокии вазъият дар он буд, ки қувваҳое, ки барои ғасб кардани ҳокимияти сиёсӣ талош мекарданд, бо шиорҳои демократӣ баромад мекарданд, гарчанде ниятҳои аслиашон дур аз осоиштагӣ ва сохти конститутсионӣ буданд. Илова бар ин, халқи Тоҷикистон ба минтақаҳо, маҳалҳо ва миллатҳо тақсим гардид, ки ҳар кадоме манфиати худро аз манфиати умумимиллӣ афзалтар медонистанд.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ ҷалб карда шуда буд, ки сабабҳои он дар мушкилоти барвақт бавуҷудомадаи сиёсӣ, хусусияти иқтисодӣ - иҷтимоӣ дошта, зиддиятҳои байни гурӯҳҳои алоҳидаи этникӣ, динӣ ва маҳаллӣ, ки бевосита аз хориҷи кишвар дастгирӣ меёфтанд ва барои бо роҳи зӯроварии мусалаҳона амалӣ намудани ниятҳои дурбинонаи худ ва мақсадҳои дигари сиёсӣ манфиатнок буданд, ниҳон гардида буд.
Сабабҳо ва худи раванди ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистонро ходимони сиёсию ҷамъиятӣ, журналистон, олимон дар нашрияҳо аз нигоҳи худ ва мавқеи сиёсиашон баҳо додаанд. Дар таҳқиқотҳои гузаронидашуда нуқтаҳои назари ба ҳам зид оид ба сабабҳо ва раванди ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон оварда шудааст. Дар аксари таҳқиқодҳо муаллифон ба гунаҳгор намудани якдигар ва намояндагони ҳокимияти давлатӣ ё гурӯҳҳои алоҳидаи сиёсӣ маҳдуд шудаанду халос. Масъалаҳои асосӣ ва сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва таҳлили сиёсию таърихии он мадди назар шудаанд.
Раванди ба даст овардани мусолиҳаи миллӣ таҳкими истиқлолият ва мустақилияти давлатӣ, бо муваффақият паси сар кардани ҷанги шаҳрвандӣ ва барпо намудани шароитҳо барои ба эътидол овардани ҷомеа ба қадри имкон объекти омӯзиши олимони соҳаҳои мухталифи илмҳои ҷомеашиносӣ ва як қатор муаллифоне, ки ҳиссаи худро дар таҳқиқоти мушкилоти мусолиҳаи миллӣ ва оштӣ ҳамчун рукни демократикунонии ҷомеа гузоштаанд, дарҷ гардидааст.
Сабабҳои сар задани муқовимати сиёсӣ, фалаҷ гардидани ҳокимияти даввлатӣ ба нестӣ омадани сохти конститутсионии Тоҷикистон ба таври расмӣ ва аз нигоҳи таҳқиқоти таърихию ҳуқуқӣ ва сиёсатшиносӣ ба таври мукаммал дар китобҳо, маърӯзаҳо, суҳбатҳо ва баромадҳои Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтааст. Маҳз Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати ташаббускори асосии ба амал баровардани консепсияи оштии миллӣ дар Тоҷикистон баромад кардаанд. Чунки он кас медонистанд, ки бе таъмини сулҳу салоҳ дар мамлакат бунёд намудани дигар созандагиҳо ғайриимкон буд. Бинобар ин, Сарвари давлат тамоми ҳастии худро барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон ва амнияти давлатдорӣ бахшида буданд.
Бесабаб нест, ки бисёре аз мутахассисони дараҷаи байналмилалӣ консепсияи ризоияти миллӣ ва оштии халқи Тоҷикистонро яке аз дастовардҳои нодире ҳисобиданд, ки таҷрибаи онро дар ҳалли муқовиматҳои сиёсӣ дар дигар давлатҳо истифода кардан мумкин аст.
Баъд аз муқовиматҳои зиёди мусалаҳона ва ҷанги бародаркуш, фалаҷ гардидани сохти конститутсионӣ, мақомоти давлатӣ ва умуман ҷомеаи шаҳрвандӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он дар таърихи навини тоҷикон саҳифаи наверо оғоз намуд. Маҳз дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоб карда шуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон соати ба сари қудрат омаданашон тамоми азму иродаи худро ба умдатарин масъалаҳои ҳастии халқу мамлакат - таъмини сулҳу субот, муттаҳид сохтани мардуми Тоҷикистон, истеҳкоми ваҳдати миллӣ бахшиданд ва фаъолияти сиёсии он кас ҳамчун Сарвари давлат бо ормонҳои чандинасраи миллат ва рисолати ҷамъиятию азалии халқи тоҷик мувофиқ омад. Халқи Тоҷикистон дар симои роҳбари худ шахсиятеро дарёфт, ки мақсади он кас сулҳу салоҳ, якпорчагии Тоҷикистон ва ободию осудагии халқ буд, ҳаст ва хоҳад монд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баъд аз интихоб шуданашон ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, савганд ёд карда, иброз доштанд, ки ман ба мамлакат сулҳ меорам, халқи Тоҷикистонро аз фоҷиаи ҷангу хунрезӣ наҷот медиҳам, ваҳдати мардумони гуногунмиллати кишварамонро таъмин менамоям.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба қавл устувор будани худро дар амал исбот намуданд. Бо мақсади муътадил намудани вазъияти сиёсии Тоҷикистон ва барқарор намудани сулҳу амният аз минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони гурӯҳҳои силоҳбадаст муроҷиат намуда, самимона иброз доштанд: «Бародарони гиромӣ! Ҳоло тақдири Ватани азизамон - Тоҷикистон, ки ҳамчун як давлати тозаистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократӣ бояд арзи ҳастӣ бикунад, дар асоси торафт шиддат гирифтани вазъи сиёсию ҷамъиятӣ, буҳрони амиқи сиёсӣ - иҷтимоӣ сахт дар хатар аст. Чанд рӯз аст, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд намояндагони мардум дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба хотири наҷоти Тоҷикистон, ба хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш ба оҳанги сулҳу ризоият ва ҳамдигарфаҳмӣ муваффақ мешаванд. Бо ҳамин мақсад ва ба хотири воҳидияту ваҳдати тамоми халқҳои сокини Ҷумҳурӣ Шуморо 25-уми ноябри соли 1992, соати 14 барои иштирок дар кори Иҷлосияи Шурои Олӣ даъват менамоем. Ҳукумати Тоҷикистон бехатарӣ ва амнияти Шуморо таъмин менамояд».
Имрӯзаи Тоҷикистон, яъне сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ки натиҷаи талошҳои ҷиддӣ ва ҳаматарафаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, имконият медиҳад, ки ба гузашта баҳо дода, роҳҳо ва сабақҳои сулҳи Тоҷикистонро ҳамчун намунаи раванди сиёсӣ нишон диҳем, омӯзем ва таҷриба гирем. Раванди сулҳи Тоҷикистон саҳми босазоеро барои таҳкими сулҳ дар кишвар ва барои барқарор намудани сулҳ дар миқёси ҷаҳонӣ гузошт.
Натиҷаи гуфтушуниди байни тоҷикон, ки даври хотимавии он санаи 24-27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва барпо гардид, дар он Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби Президенти Точикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифини тоҷик С. Нурӣ ба имзо расонида шуд.
Аҳаммияти ҳуҷҷатҳои дар Москва имзошуда дар он буд, ки онҳо на танҳо ҳолати оташбасро дар тамоми давраи гузаронидани гуфтушунидҳои байни тоҷикон дароз намуданд, балки бори аввал муҳлат ва мазмуни давраи гузаришро аз ҷанг ба сулҳ ва механизми дастовардаҳои ризоияти миллиро дар Тоҷикистон муайян кардаанд.
Дар созишномаи қабулшуда аз 13 декабри соли 1996 оид ба натиҷаи вохӯрӣ дар шаҳри Москва тарафҳо оид ба зарурати ба амал баровардани авфи умумӣ ва якдигарбахшӣ нисбат ба шахсоне, ки дар муқовиматҳои ҳарбӣ-сиёсӣ иштирок намуданд, аз соли 1992 то лаҳзаи қаблуи санади авф ибрози ақида намуданд; инчунин дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин оид ба иваз намудани асирони ҳарбӣ ва маҳкумшудагон ба мувофиқа омаданд. Роҳбарони намояндагиҳо қарор карданд, ки аз лаҳзаи ба имзо расидани Созишнома оид ба қатъи оташбас ва дигар амалҳои душманона дар тамоми давраҳои байни гуфтушуниди тоҷикон эълон карда шавад.
Дар протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) қайд карда шудааст: тарафҳо ба хулоса омаданд, ки дар давраи гузариш Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шавад. Вазифаи асосии Комиссия аз ноил гардидан ба оштии миллӣ бо роҳи амалӣ намудани натиҷаҳои гуфтушунидҳо, ки дар рафти гуфтушуниди байни тоҷикон мувофиқа шуда буд, фароҳам овардани муҳити боварӣ ва ҳамдигарбахшӣ, таъмини музокироти неруҳои мухталифи сиёсии кишвар барои истиқрор ва таҳкими ризоияти шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, иборат буд.
Муайян карда шуда буд, ки қарорҳои қабулнамудаи Президент ва КОМ оид ба масъалаҳои оштии миллӣ барои иҷро аз ҷониби мақомоти ҳокимият ҳатмист. Фаъолияти КОМ дар алоқамандии қавӣ бо намояндагии нозирони СММ ва намояндагии САҲА дар Тоҷикистон сурат мегирад. Баъди даъвати парлумони нав ва ташаккули мақомоти роҳбарии он фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ қатъ мегардад.
Ба Комиссияи оштии миллӣ бо протоколи дар вохӯрии Москва қабулшуда ҳамчунин вазифаҳои масъулиятнок, ба монанди ҳамроҳи мақомоти дигари бо ин мақсад таъсисёфта муқаррар намудани усули назорат ва ҳамчунон татбиқи назорати он ки тарафҳо Созишномаҳоро оид ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ чи гуна иҷро мекунанд; андешидани чораҳое, ки бе хавфу хатар ва сарбаландона баргаштани гурезаҳоро таъмин, ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат фаъолона пайвастанашон бо мақсади барқарор кардани манзилҳо, объектҳои саноатӣ ва зироатии дар асари ҷанг харобшуда ёрӣ расонданро таъмин менамоянд; пешниҳоди таклифҳо дар масъалаи тағййир додани қонунҳо оид ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори омма гузошта шуда буд.
Президенти ҶТ ва Комисиияи оштии миллӣ дар давраи гузариш бояд ваколатҳо ва вазифаҳои зеринро татбиқ менамуданд: бо раъйдиҳии умумӣ пешниҳод намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи амалкунанда; омода сохтан ва ба тасдиқи парлумон пешниҳод намудани қонуни нав дар бораи интихоби парлумон ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, агар зарурат ба миён ояд, қабул намудани он ба воситаи раъйдиҳии умумхалқӣ; дар давраи гузариш таъсис додани Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ; ислоҳоти ҳукумат - ба сохторҳои ҳокимияти иҷроия, ба шумули вазоратҳо, идораҳо, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ворид намудани намояндагони мухолифин; бо дарназардошти ба инобат гирифтани мувозинати минтақавӣ ба миқдори баробарӣ намояндаи тарафҳо дар Комиссияи оштии миллӣ; роҳбарӣ ва назорат ба барҳам додан, халъи силоҳ кардан ва ҳамгироии дастаҳои мусаллаҳи мухолифин, амалӣ сохтани тадбирҳои ислоҳоти мақомоти қудратӣ ва прокуратура ва ғайраҳо.
Дар раванди гуфтушунидҳо байни ҳайати намояндагии ҳукумат ва мухолифин 12 апрели соли 1997 рӯзномаи муфассали гуфтушуниди байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ, ки аз ҷониби ҳайати ҳукуматӣ ва мухолифини тоҷик пешниҳод шуда буд, коркард ва тасдиқ карда шуд. Рӯзномаи музокироти мазкур дар ҳамаи давраи раванди гуфтушунидҳо се мушкилоти асосиро дар бар гирифта буд, ки минбаъд бо ноил гардидани оштии миллӣ замина гузошт. Ба ин масъалаҳо дохил буданд: - чораҳое, ки ба ҳалли сиёсии вазъияти Тоҷикистон равона карда шудаанд; - ҳалли масъалаҳои марбут ба гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ; - масоили аслии сохтори конститутсионӣ ва муттаҳидии давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гурӯҳи якуми масъалаҳо анҷом додани амалҳои зеринро пешбинӣ мекард: чораҳо барои ноил шудан ба оташбас, қатъи амалиёти иғвогарона дар навоҳии сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ва пешгирии фаъолияти иғвоангез дар ноҳияҳои ҷудогонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар дохили кишвар манъ кардани амалиёти ҳуҷумоварии неруҳои мусаллаҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастаҳои мусаллаҳи мухолифин.
Дар баробари масъалаҳои зикргардида, инчунин муайян кардани асоси боварӣ дар соҳаи сиёсат, дар хусуси парвандаҳои ҷиноятӣ, ки дар иртибот дар муқовимати сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардидаанд, қонунигардонии ҳизбҳо ва ҳаракатҳои манъшуда, қатъ намудани иқдоми тахрибкориву террористӣ, ҷалб намудани васоити ахбори омма дар раванди оштии миллӣ пешбини карда шуданд.
Дар қисми дуюми мушкилот "Ҳалли масъалаҳои марбут ба гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ" муайян намудани миқдори гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, шахсоне, ки бо мулоҳизаҳои иқтисодӣ ҳиҷрат намудаанд, кафолатҳои амниятӣ ба гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ҳангоми баргаштан ба Тоҷикистон пешбинӣ шуда буд. Ғайр аз он, "нақши эҳтимолии қувваҳои коллективии сулҳхоҳ дар Тоҷикистон, Идораи Комиссари олии СММ оиди гурезаҳо, дигар фишангҳои назоратии байналмилалӣ дар иҷрои ин амр" муайян шуда буданд.
Дар қисми сеюми мушкилот "Масоили аслии сохтори конститутсионӣ ва муттаҳидии давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон" оид ба пешниҳод дар бораи Конститутсияи нав ва роҳҳои ҷалби ҳамаи табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон ба раванди конститутсионӣ, дар бораи қонуни нави интихоботӣ ва иштироки тамоми табақаҳои аҳолии ҷумҳурӣ, ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар раванди қонунгузорӣ, дар бораи ташкил ва гузаронидани интихоботи озоду демократӣ дар Тоҷикистон, пешниҳод дар бораи давраи гузариш ва масъалаҳои марбут ба он, нақши эҳтимолии СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар татбиқи баъзе аз масоили фавқуззикр муайян карда шуда буд.
Созишномаи умумӣ ҳуҷҷатҳои зеринро низ дар бар мегирифт: - Протокол дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 17 августи соли 1995; - Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ аз 19 майи соли 1997, Созишномаи ба он дахлдоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва Роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик С.А. Нурӣ зимни вохӯриашон дар Москва аз 23 декабри соли 1996; - Протокол "Дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ" аз 23 декабри соли 1996; - Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ аз 21 феврали соли 1997; - Пртоколи иловагӣ ба Протокол "Дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ" аз 21 феврали соли 1997; - Протокол оид ба масъалаҳои ҳарбӣ аз 8 марти соли 1997; - Протокол оид ба масъалаҳои гурезаҳо аз 13 январи соли 1997; - Протокол дар бораи кафолатҳои амалигардонии Созишномаи умумӣ аз 28 майи соли 1997.
Созишномаи умумӣ исбот намуд, ки халқи тоҷик миллати ботамаддун мебошад ва мамлакате, ки рӯзҳои даҳшатнок ва вазнинро аз сар гузаронида, сулҳро мехост ва хоҳони он буд, ки дар тамоми дунё масъалаҳои хонумонсӯз бо роҳи сулҳу салоҳ ҳалли худро ёбанд. Бо ба имзо расидан ва амалӣ гардидани санади сулҳ давлат ва миллати тоҷик аз фаноёбӣ раҳо ёфт.
Комиссияи оштии миллӣ (аз 26 аъзо, ки 13-нафарӣ аз намояндагони ҳукумат ва мухолифини тоҷик буданд) дар давраи гузариш маҳаки асосии иҷрои санадҳои "Созишномаи умумӣ" ба ҳисоб мерафт.
Дар назди Комиссияи оштӣ 4 зеркомиссия фаъолият менамуд, ки онҳо маҳз ба иҷрои сандаҳои Созишномаи сулҳ машғул буданд:
- зеркомиссия оид ба масъалаҳои сиёсӣ;
- зеркомиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ;
- зеркомиссия оид ба масъалаҳои ҳарбӣ;
- зеркомиссия оид ба масъалаҳои гурезаҳо.
Комиссияи оштии миллӣ баъд аз интихоб ва даъвати парлумони нави Тоҷикистон 1 апрели соли 2000 фаъолияти худро қатъ намуд.
Баъд аз қатъ гаридани фаъолияти КОМ бо пешниҳоди мухолифини тоҷик 33 намояндагони он ба мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия таъин карда шуданд, ки онҳо дар иҷлосияҳои Маҷлиси Олӣ тасдиқи худро ёфтанд. Дар як вақт мутобиқи квотаи 30-фоиза намояндагони мухолифини тоҷик ба мансабҳои гуногуни роҳбарикунандаи ҳокимияти маҳаллӣ таъин карда шуданд.
Пешниҳоди Комиссияи оштии миллӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ" 13 ноябри соли 1998 аз ҷониби Маҷлиси Олӣ қабул карда шуд.
Тарафҳо ба мувофиқа омада буданд, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шавад, ки ин мувофиқа 30 июни соли 1999 дар иҷлосияи махсуси Маҷлиси Олӣ баррасӣ гардида, санаи 26 сентябри соли 1999 рӯзи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ муайян карда шуд, ки дар натиҷа халқи Тоҷикистон бо дастгирии зиёда аз 70 фоиз онро қабул намуд.
Тибқи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1999 интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 феврали соли 2000 интихоботи Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23 марти соли 2000 интихоботи Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд. Аввалин маротиба интихоботи палатаи поёнии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси бисёрҳизбӣ баргузор гардид.
Натиҷаҳои асосии раванди дастоварди сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон инҳо мебошанд:
- низои дохилии ҳарбӣ-сиёсӣ дар натиҷаи муқобилати тӯлонии қувваҳои сиёсӣ, динӣ ва этникии зиддимуҳорибавӣ бо сулҳ анҷом ёфт. Вай бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷик аз рӯи маърифати худ халқи сулҳдӯст мебошад;
- дар Тоҷикистон амалигардонии сулҳу суботи ҷамъиятӣ пояи ягонагии миллӣ гардид, ки он яке аз нишонаҳои асосии барқароршавии миллати тоҷик мебошад;
- барои амалигардонии сулҳ ва ризоияти миллӣ омилҳои дохилӣ - кӯшиши умумихалқии тоҷикон ба сулҳ ва ризоияти ихтиёрӣ ба қувваҳои сиёсии муборизабаранда дар ҷомеа нақши асосиро бозид;
- раванди таҷрибаи сулҳҷӯёна дар Тоҷикистон исбот намуд, ки барои ноил шудан ба мақсади умумиқабулшаванда - арзишҳои миллӣ метавонад нисбат ба мақсадҳои маҳдуди ҳизбӣ боло истад;
- дастоварди сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон асоси таҳкими худшиносии миллии тоҷикон дар таърихи навини ӯ - ба рушди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда расонид;
- сулҳ дар Тоҷикистон миллат ва давлатдориро аз нав эҳё намуд. Ба халқи Тоҷикистон замина барои меҳнати осудаи созандагӣ, эъмори давлати демократӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқӣ ва дунявӣ пайдо гардид.
Ба шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллат, ҷомеа ва давлатдории тоҷикон заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ба вуҷуд овард. Ғояи ваҳдати миллӣ, ки решааш сулҳу осудагӣ мебошад, назар ба иқтисодиёт ва сатҳи моддии рӯзгори мардум пеш рафт ва халқро бештар фаро гирифт. Фурӯ нишонидани ҷанги дохилӣ ва ҳифзи якпорчагии мамлакат қадами ҷиддие ба сӯи ваҳдати миллӣ буд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ изҳор доштанд: «Имрӯз дар арафаи яксолагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ман ба халқи худам гуфта метавонам, ки ҳарчанд зисту зиндагонии мардум беҳбудӣ наёфта бошад, ҳарчанд мушкилоти азими иқтисодӣ пешорӯи мо бошад, вале дар бобати хотима бахшидан ба ҷангҳои бародаркушӣ, нигоҳ доштани якпорчагии Ватани азиз ва таъмини сулҳу осоиш барои шаҳрвандон, мо вазифаи аввалиндараҷаи худро иҷро кардем».
Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 декабри соли 1999 фармон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ» ба тасвиб расониданд, ки ба туфайли он дар кишварамон муҳити мусоиди бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ фароҳам омад. Ин тадбир омили муҳиме гардид, ки ҳизбҳо ва ҳаракатҳои мухталиф муттаҳид гардида, фаъолияти худро ба ҳифзу таҳкими сулҳ, ризоияти миллӣ, рушди демократия, инкишофи иқтисодиёт ва дигаргунсозиҳо дар ҷомеаи тоҷикон амалӣ созанд. Намояндаҳои ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмону ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз ҳамкории муштараку судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати тақвияти ин робитаҳо саъю кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳафт ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият мебаранд: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби давлат ва тараққиёт. Озодиҳои демократӣ пурра вуҷуд дошта, аҳзоби сиёсӣ дар интихобот пурра ширкат меварзанд, ҳатто намояндагони онҳо дар парлумони мамлакат фаъолият доранд.
Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро чун санади гаронбаҳои тақдирсоз хуш истиқбол карда, онро чун гавҳаракаи чашм ҳифз менамоянд. Ҳукумати кишвар 27- уми июнро иди ваҳдат - Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намудааст, ки он ҳар сол дар тамоми ҳудуди мамлакат ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад.
Барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва он тағйиротҳои куллие, ки дар натиҷаи баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ падид омаданд, давраи комилан наверо дар низоми қонунгузорӣ, сиёсати ҳуқуқӣ ва мавқею мақоми Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари комилҳуқуқ эътироф гардидааст, ба миён овард. Ҳамаи тадбирҳое, ки бо ҳидояти Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созишу Ваҳдати миллӣ, ки дар самти таҷдиди низоми қонунгузорӣ ва ҳокимияти давлатӣ дар пояи барномаҳои доманадори Ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ шудаанд, ҳадафи онро доштанд, ки кишвари мо эъмори ҷаҳонии худро ба шоҳроҳи тамаддуни ҷаҳони муосир ворид намояд. Низоми нави давлатдорие, ки Президенти кишвар дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ ва низоми қонунгузорӣ тарҳрезӣ намуданд, барои озодии инсон ва ҷомеа, муҳит ва заминаҳои воқеӣ муҳайё карданд. Озодии инсон ва бузургдошти ҳуқуқҳои ӯ ба бунёдгузорӣ ва такмили ниҳодҳои муносиби умури сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон бо дарёфти истиқлолияти миллӣ оварда расонид.
Маҳз самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаи заминагузори ғояҳои ваҳтадгироии Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои арзишманд ноил гардид.
Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 30-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст. Бояд қайд намуд, ки дастури Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бо дастовардҳои баланди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар тамоми қаламравӣ ҷумҳурӣ гузаронидани ин идҳои аҳаммияти муҳими иҷтимоию сиёсӣ дорад. Зеро ин тадбири судманд ба гиромидошти Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва ба таҳкими ҳамаҷонибаи ин неъматҳоии олӣ мусоидат мекунад.
Дар ин айёми омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ мебошад. Чунки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ намуда, ин неъмати бебаҳо - иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад. Бояд таъкид намуд, ки рисолати мазкур муваққатӣ набуда, балки доимӣ мебошад. Бо татбиқи ҳарчи бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа хоҳад гашт.
Халқи Тоҷикистон хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи бунёди сулҳи тоҷикон, суботу оромӣ дар ҷомеа, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, амалӣ намудани ислоҳотҳои бузурги иқтисодию сиёсӣ, аз ҷумла таъмини амнияти Точикистон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти озуқаворӣ, баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, амалӣ гардонидани саноатикунонии мамлакат, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати муосири демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандидошта муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар сатҳи қонуни конститутсионӣ қадр намудааст.
Мутобиқи моддаи 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, № 1356 «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад.
БОБОҶОНЗОДА ИСРОФИЛ ҲУСЕЙН - мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор