Skip to main content

23 сентябри соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Маврид ба таъкид аст, ки моҳи июли соли 2022 зимни Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории амалии мақомоти намояндагӣ ва қонунгузори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва рушди минбаъдаи робитаҳои мутақобилаи минтақавӣ ва шарикии стратегӣ, баргузории Форуми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расида буд.

Форумҳои қаблӣ дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон доир гардида, ба таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ ва тавсеаи муколамаи минтақавӣ мусоидат намуданд.

Зимни суханронӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки баргузории мунтазами Форуми мазкур нишонаи эҳтиром ба арзишҳои ҳамгироии минтақавӣ ва ифодаи талоши устувори кишварҳои минтақа дар роҳи таҳкими эътимод, муколама ва ҳамкорӣ ба нафъи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад.

Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба шарофати саъйю талошҳои созанда ва сиёсати пайгиронаву босуботи Сарони давлатҳои он имрӯз тадриҷан ба минтақаи ҳамкории барои ҷонибҳо судманд табдил меёбад.

Муҳимтар он аст, ки аз самараи барқарории фазои сифатан нави дӯстӣ, ҳамкорӣ ва эътимод дар минтақа, пеш аз ҳама, халқҳои ба ҳам дӯсту бародари Осиёи Марказӣ баҳравар мегарданд.

Дар доираи рӯзномаи форум иштирокдорон масъалаҳои мубрами ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва рушди рақамикунонии иқтисодиётро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз рӯи ин масъалаҳо дар бахшҳои алоҳидаи форум муҳокимаҳои судманд сурат гирифтанд[1]. Эъломияи Бишкек қабул карда шуд, ки дар он тавофуқҳои ҳосилшуда ва самтҳои ҳамкориҳои минбаъда баён шудаанд[3].

Дар ҳамин замина хотирнишон намудан ба мақсад мувофиқ аст, ки робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор гардидаанд.

Мусаллам аст, ки робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон бар пояи анъанаҳои устувори сиёсӣ ва иқтисодӣ асос ёфта, дар рӯҳияи дӯстии таърихӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд рушд меёбанд.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба Тоҷикистону Қирғизистон Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон (ҷаласаи аввал 6 августи соли 2009 дар ш. Душанбе ва Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон (ҷаласаи аввал 27-28 майи соли 2013 дар ш. Бишкек)-ро таъсис додаанд. Ин ниҳодҳо ба ҳайси механизмҳои самарабахш барои ҳалли масъалаҳои афзалиятнок ва такмили муносибатҳои дуҷониба хизмат мекунанд[2].

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳамкорӣ дар сохторҳои бисёрҷониба - СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СААД, СҲИ ва МҲТБО аҳамияти муҳим медиҳанд[2].

Қобили зикр аст, ки самти ҳамкориҳои фарҳангию башардӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи вусъатёбанда рушд намуда, он аз ҳар ҷиҳат мавриди дастгирии мардуми ба ҳам дӯсти ҳарду кишвар мебошад. Хулоса, халқҳои тоҷику қирғизро умумиятҳои зиёди фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд. Ду халқи ҳамсоя дар раванди таърих аз осори маънавии якдигар баҳра бурда, таъсири мутақобила дар зиндагиашон ба назар мерасад. Ҳамин тариқ, ҳамкориҳои судманди ду халқи бародар ҷавобгӯйи манофеи ду кишвар буда, ҳадафи асосӣ ба пешрафту ободии манотиқи Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон ба таҳкими рӯҳияи дӯстӣ, саҳмгузорӣ, шарикии стратегӣ, ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки ба муҳити минтақавӣ таъсири мусбат хоҳад расонд, мусоидат менамояд.

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, ходими пешбари илмии Шуъбаи ИДМ-и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа

САРЧАШМА:

1. Рустами Эмомалӣ дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд. Манбаи электронӣ: https://khovar.tj/2025/09 / rustami-emomal-dar-forumi-seyumi-bajniparlamentii-kishvar-oi-osiyoi-markaz-ishtirok-namudand/. Санаи муроҷиат: 23.09.2025.

2. Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон. Маълумотнома дар бораи вазъи робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон.Манбаи электронӣ: https://mfa.tj/tg/bishkek/munosibatho/munosibathoi-dujoniba.

Санаи муроҷиат: 20.09.2025

3. Рустами Эмомали выступил на Третьем Межпарламентском форуме стран Центральной Азии в Бишкеке.

Источник: https://avesta.tj/ 2025/09/23/ rustami-emomali-vystupil-na-tretem-mezhparlamentskom-forume-stran-tsentralnoj-azii-v-bishkeke/ Avesta.tj. Дата обращения: 23.09.2025.