Skip to main content

(Дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг)

Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафтаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. “Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои босуръат инкишофёбандаи сармоя, фановарӣ, ашёи хом ва маҳсулоти саноатӣ, таҳкими муносибатҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҷумла Тайланд, Индонезия, Малайзия, Сингапур, аз он ҷумла Ветнам аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ мешуморад” дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст[5]. Ҷиҳати таҳким бахшидани муносибатҳо бо ин кишварҳо барои расидан ба ин мақсад шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Махсусан, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ветнам, дар соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳим идома доранд ва ин раванд яке аз дастовардҳои муҳими дипломатияи тоҷик дар тӯли 34 соли истиқлолият мебошад. Заминаҳои қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳо бо кишварҳои минтақа, аз қабили Ветнам, Таиланд, Индонезия, Малайзия, Сингапур ва ғайра, дар ҳоли ташаккул қарор доранд.

Ҳамкориҳои сиёсию дипломатии байни ду кишвар

Маҳз анъанаҳои деринаи дӯстӣ дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ ба ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ветнам мусоидат намудааст. Ду кишвар дар ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, барои таъмини оромию субот ба хотири рушду пешрафт манфиатҳои умумӣ ва талошҳои муштарак иштирок доранд ва ба арзишҳои сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ эҳтиром менамоянд. Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар баробари кишварҳои ҷаҳон Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, 14 июли соли 1992 муносибатҳои дипломатии худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор кардааст. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам (бо қароргоҳ дар Пекин) Парвиз Давлатзода таъйин шудааст.

Дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ байни Тоҷикистону Ветнам муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба роҳ монда шуда буданд. Тоҷикистон ба Ветнам электроплитаҳо, термостатҳо, таҷҳизот барои саноати текстилӣ, алюмин, арматур ва ғайра содир мекард. Инчунин дар чорчубаи ин ҳамкориҳо шаҳрвандони Ветнам дар донишкадаҳою мактабҳои Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Мулоқотҳои сатҳи олӣ дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба

Дар солҳои охир, муносибатҳои дуҷонибаи Ҷуҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам то андозае фаъол гардидааст. Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Ветнам ин сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам 18-22 январи 1999 ва гуфтушуниди ӯ бо Президенти он кишвар Чан Дик Лионг дар мавриди рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд мебошад. Байни ду кишвар ҳамкории самараноки байнипарлумонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2010 Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам таъсис ёфтааст. 26 апрели соли 2019 дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ҳамкориҳои байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ”, мулоқоти Роҳбари Давлат бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам доир гардид. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 15 июни соли 2019 дар ҳошияи Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мулоқоти Ноиби Президенти Ветнам бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардид. Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

22 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг мулоқот намуданд. Барои рушди фаъоли ҳамкорӣ ва таҳкими муколамаи сиёсӣ пешниҳод гардид, ки вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои андешидани чораҳои муассир вазифадор карда шаванд. Дар ин замина таҳкими ҳамкории байнипарлумонию байниидорӣ зарур шумурда шуд. Ҷонибҳо аз имконоти мавҷудаи рушди муносибатҳо ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки талошҳо барои истифодаи босамари онҳо ба нафъи мардумони ду кишвар бештар гардонида шаванд. Ба афзуннамоии ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, хусусан навсозии технологии соҳаи саноати сабук ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ низ зарур дониста шуд. Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба ҳамкории ду кишвар дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт[4].

Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ

Айни замон байни Тоҷикистон ва Ветнам 5 санади ҳуқуқӣ ба имзо расидаанд, ки иборатанд аз:

-Аҳднома оид ба асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам; -

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоя;

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ;

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва техникӣ;

-Протокол оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ветнам.

Бояд қайд кард, ки санадҳои мазкур барои рушди ҳамкориҳои мутақобилаи судманди кишварҳо заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Созишномаҳо оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоя барои фаъолияти соҳибкорон ва сармоягузорони ветнамӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ

Бояд зикр намуд, ки ба имзо расонидани Созишнома оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ барои фаъол гардонидани муносибатҳои тиҷоратии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам замина гузошт. Ҷумҳурии Ветнам яке аз кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад, ки ҷиҳати ҳамкорӣ намудан Тоҷикистон шароити мусоидро дар самт боҷи гумрукӣ ва андозҳо пешниҳод менамояд. Бар асари сафари мазкур робитаҳои иқтисодии кишварҳои мо то андозае фаъол гаштанд. Имрӯз дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон зиёда аз 9 корхонаи муштарак бо саҳмгузории сармояи ҷониби Ветнам фаъолият менамоянд.

Пас аз сафари давлатии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1999 дар ҷумҳурӣ 3 корхонаҳои муштарак «ВТ Силк», (бо ду намояндагиҳои худ дар шаҳри Кулоб) оид ба истеҳсоли абрешим, ки фонди низомномавии он 2 млн. сомониро ташкил медод, таъсис дода шуд. Корхонаи муштараки “Роҳи абрешим” бо фонди низомномавии 823970 доллари ИМА байни корхонаҳои ШС «Тори Зарин» Тоҷикистон, ки ҳиссаи он 40% ва ШС «Хиеп Шанг Ко ЛТД» Ветнам, ки ҳиссаи он 60% ро ташкил мекард таъсис ёфт.[3.С-55] Дар ҷумҳурӣ корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам «ВТ-Инвест», ки ҳиссаи маблағгузории Ветнам 1,7 млн. долл. ИМА- ро ташкил медиҳад фаъолияти худро бурда истодааст. Корхонаи мазкур дар ноҳияи Бешкент 3000 гектарро ба иҷора гирифта дар 2500 гектар бо парвариши пахта машғул аст. Дигар корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам «ВТИ-Помир» соли 1998 ташкил ёфтааст, ки он дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият бурда (78%), дар маблағгузории кони ангишти Ровнев иштирок менамояд.

Ҳамин тариқ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ асоси муносибатҳои дарозмуддати байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ба ҳисоб меравад. Аз рӯи ҳаҷми гардиши савдо, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ динамикаи робитаҳои тиҷоратӣ кам ба назар мерасад. Ҳаҷми тиҷоратии дуҷониба байни кишварҳо дар 2018 ба 3 миллиону 302 ҳаз. долл. ИМА расидааст.

Хулоса, равобити хуби анъанавии дӯстии раҳбарони ду ҷониб ба густариши ҳамкориҳои тарафайн шароити мусоид фароҳам овард. Аз ин рӯ таҳия ва татбиқи қарорҳои ҳамаҷониба барои пешбурди тиҷорати байни Ветнам ва Тоҷикистон муҳим мебошад.

Механизми байниҳукуматӣ барои бунёди заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таҳияи лоиҳаҳо оид ба иқтисоду тиҷорат мусоидат менамояд. Баргузории вохӯриҳо дар сатҳи вазирон ва муовинони вазирон ва такмили механизмҳои кумитаи байниҳукуматӣ анҷом дода шавад. Барои Тоҷикистон дар густариши механизми байниҳукуматӣ бо Ветнам зарур аст, ки механизми машваратҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ омӯхта шавад, то ин дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳо миёни ду ҷониб ба мувофиқа оварда расонад. Барои зиёд кардани ҳамкориҳои самти иқтисодӣ омӯзиши ҷанбаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам зарур аст. Дар оянда бо назардошти ин ҷанба муносибатҳоро дар сатҳи сифатан нав бояд ба роҳ монд. Тоҷикистону Ветнам имкониятҳои зиёди иқтисодӣ доранд ва метавонанд ҳамкориҳоро дар соҳаҳои саноати сабук, аз ҷумла коркарди пилла, пахта ва дигар маҳсулоти техникӣ, ҳамчунин истихроҷи захираҳои ангишт фаъолтар гардонанд.

Соҳиби Баҳруло, - ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиёи ва Аврупои АМИТ

Адабиёт

1. Эмомалӣ Раҳмон // 20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ [Манбаи электронӣ] URL:https://mo.tnu.tj/tj/20-soli-s-sh-amkor-ba-ri-subot-va-shukufo/ (санаи муроҷиат06.2021)

2. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ] URLhttps://mfa.tj/tg/main/view/988/konsepsiyai-sijosati-khorijii-jumhurii-tojikiston (санаи муроҷиат 23.06.2021)

3. Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ветнам [Манбаи электронӣ] URL:https://www.mfa.tj/index.php/tg/main/view/18/munosibathoi-tojikiston-bo-vetnam (санаи муроҷиат 23.06.2021)

4. Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг [Манбаи электронӣ] https://www.president.tj/event/news/52857(санаи муроҷиат 23.09.2025)

5. Сайидзода Зафари Шералӣ (Саидов Зафар Шералиевич). Внешняя политика Таджикистана в период его становления как суверенного независимого государства (1992-2004 гг.). – Седьмое издание. - Душанбе: ООО «Контраст», 2010. – 446 с.: ил. С-55

6. Сиёсати хориҷӣ (маҷаллаи илмӣ-назариявӣ ва иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон). – № 1, 2011 С-68-69