(ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
“Танҳо илму дониш ва сатҳи баланди маърифат - қобилияти расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, давлату давлатдорӣ, падару модар, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои бебаҳои миллиро фароҳам месозад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илму инноватсия зиёд гардид. Таваҷҷуҳи ҳар як давлат ба илму маърифат ва хосатан омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ нишони рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон хоҳад гардид. Дар марҳилаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши илм ва тавсиаи тафаккури илмӣ, инчунин техникаю технология дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим мебошад, зеро воқеан дар ҷаҳони муосир илм ба омили муҳими рушд ва нишондиҳандаи асосии иқтидори кишварҳо табдил ёфта, мутахассисони баландихтисос ва аз илми замонавӣ огоҳ қувваи асосии истеҳсолкунанда ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар ин замина мақом ва ҷойгоҳи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ маҳз аз нерӯи зеҳнӣ, дараҷаи рушди инноватсионӣ ва дастовардҳои назаррас дар самти илму технологияи муосир вобастагии амиқ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа меҳисобад. Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат барои пешрафти ҳамаҷонибаи соҳа ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони илм тамоми имкониятҳоро муҳайё намудааст. Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг бошанд.
Қобили тазаккур аст, ки ибтикороти стратегӣ ва «Бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ», яке аз муҳимтарин иқдомҳои Пешвои миллат ба мақсади баланд бардоштани тафаккури техникии насли наврас буда, эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ин худ далели равшани он аст. Ин иқдом ба хотири тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа ва тақвияти нерӯи зеҳнии кишвар нигаронида шудааст. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳо, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ доир мегардад. Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати касбӣ, мусиқӣ, сарояндагӣ, рақс, рассомӣ ва тарғиби фарҳанги волои миллӣ равона шудааст. Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» бо мақсади гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат баргузор мегардад. Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи аҳолӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ инъикос ёфтааст, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 доир мегардад. Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа гузаронида мешавад.
Ҳамин тариқ, қобил ба ёдоварист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Пешвои миллат сохтори Академияи илмҳо мукаммал гардонида шуд ва дар соли 2020 он мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро (АМИТ) соҳиб гашт. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба рушди илм ва маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Таҳлили рақамҳои овардашуда чунин аст:
Рушди илм: Агар дар соли 1992 ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, то соли 2024 ин рақам ба беш аз 225 миллион сомонӣ расидааст, ки ин афзоиши чашмрасро нишон медиҳад.
Заминаи моддӣ: Танҳо дар як марҳилаи муайян барои тақвияти базаи моддиву техникии илм беш аз 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ равона шудааст.
Маблағгузории маориф: Соҳаи маориф, ки яке аз самтҳои калидӣ аст, дар 20 соли охир (аз 2005 то 2025) 42 баробар бештар маблағгузорӣ шуда, аз 260 миллион сомонӣ ба 10,9 миллиард сомонӣ расидааст. Ин афзоишҳо аз татбиқи сиёсати маорифпарваронаи давлат ва талошҳо барои баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва рушди илми ватанӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Ҳамзамон дар ин давра бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила муассисаҳои нави илмӣ дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфтанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар давраи Истиқлоли давлатӣ, махсусан дар солҳои охир, бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) як силсила муассисаҳои нави илмӣ таъсис ёфтанд, ки ба рушди самтҳои афзалиятноки илм нигаронида шудаанд.
Дар байни ин муассисаҳо ва марказҳои нав метавон инҳоро қайд кард:
- Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
- Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ
- Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ ба номи А.М. Баҳоваддинови АМИТ
- Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо»
- Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, ядроӣ ва радиатсионӣ
- Муассисаи илмии “Хадамоти геофизикӣ”
- Муассисаи “Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (ш.Душанбе)”
- Маркази инноватсионии Чин ва Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ (Research Institute "Chinese-Tajik Innovation Center for Natural Products")
- Маркази ташаккули ҳувияти миллӣ ва оммависозии илми назди Раёсати АМИТ
- Маркази антропологияи назди Раёсати АМИТ
- Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати АМИТ
- Шуъбаи санъатшиносии назди Раёсати АМИТ
- Шуъбаи георафияи назди Раёсати АМИТ
- Шуъбаи минтақавии Тоҷикистонии Маркази байналмилалии илмию техникӣ.
Ин муассисаҳо бо мақсади тақвияти таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаҳои энергетика, биология, тиб, технологияҳои нав, амният, сиёсат, муносибатҳои байналмилалӣ, омӯзиши масъалаҳои экологӣ, обу иқлим, пиряхшиносӣ ва истифодаи самараноки растаниҳои шифобахши ватанӣ таъсис ёфтаанд. Таъсиси онҳо ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди индустрияи инноватсионӣ дар кишвар мусоидат мекунад.
Боиси сарфарозӣ аст, ки барои тарбияи насли нави олимон дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бунёди мактаби зеҳнӣ оғоз гардидааст, ки дар он омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба роҳ монда мешавад.
Бунёди мактаби зеҳнӣ дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як иқдоми стратегӣ барои тарбияи насли нави олимони ҷавон ва тақвияти илмҳои дақиқ аст. Ин марказ ба омӯзиши амиқи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ тамаркуз карда, барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар шароити ҷаҳонишавӣ замина мегузорад. Ин иқдом баёнгари рушди илм ва худшиносии миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Ин мактаб метавонад дар оянда дар таҳкими пояҳои илмии давлат ва рушди технологияҳои нав дар кишвар саҳми назаррас гузорад.
Мусаллам аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зикр мекунанд, ки олимони кишвар бояд дар татбиқи ҳадафи стратегӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар саҳми фаъол дошта бошанд. Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, як қатор ҷоизаҳои давлатӣ ва стипендияҳо, аз ҷумла стипендияи Президентӣ, Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ таъсис дода шудаанд.
Ҳамин тариқ, саҳми фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илми тоҷику Тоҷикистон таърихӣ ва беназир аст. Талошҳои Пешвои миллат имкон доданд, ки илми тоҷик на танҳо пояҳои моддию техникии худро мустаҳкам намояд, балки ҳамчун узви баробарҳуқуқи муассисаҳои илмии ҷаҳонӣ эътироф гардад. Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина гузошт, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати тамаддунсоз ва илмпарвар муаррифӣ шавад.
Қобили тазаккур аст, ки рушди илм ва инноватсия дар ҳар як давлат омили асосии пешрафти ҷомеа ва кафолати ояндаи дурахшон ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят беназир, муҳим ва ҳалкунанда мебошад. Зикр намудан ба маврид аст, ки ба масъалаи рушди илм ва маориф ҳамчун рукни асосии давлатдории миллӣ тайи 35 соли худшиносию худогоҳии тоҷикон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.
Шаҳодати гуфтаҳои болозикр ин таҳия ва қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи илм ва сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ” ва “Стратегияи миллии рушди илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” инъикосгари ин таваҷҷуҳ маҳсуб меёбад. Санадҳои мазкур заминаи устуворро барои рушди ҳамаҷонибаи илм, дастгирии олимон ва ҷалби ҷавонону наврасон ба фаъолияти илмӣ фароҳам овардаанд. Ҳамзамон, заминаи ҳуқуқиро барои пешрафти илму техника мустаҳкам намуда, ба татбиқи илм дар истеҳсолот ва баланд бардоштани нерӯи зеҳнии кишвар нигаронида шудааст.
Зикр намудан ба мақсад мувофиқ аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо аҳли илму маориф дар сатҳҳои гуногун мулоқотҳову вохӯриҳо анҷом дода, ба масъалаҳои рушди илм ва маориф таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд. Мусаллам аст, ки чунин мулоқотҳову вохӯриҳои судманд ба олимон рӯҳу илҳоми нав бахшида, онҳоро ба таҳқиқотҳои амиқтар ва фаъолияти пурсамари илмию таҳқиқотӣ ҳидоят менамояд.
Ҳамин тариқ метавон гуфт, ки сиёсати хирадмандона ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаҳои гуногуни илм, таҳкими инфрасохтори илмӣ ва баланд бардоштани иқтидори илмии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат менамояд. Дар натиҷа чунин тадбирҳои ояндабинона ба кишвар имкон фароҳам меорад, ки дар оянда ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар соҳаи илму инноватсия шомил гардад, ки ин тақозои замон мебошад. Бинобар ин чуноне, ки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: "Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, барои пойдории сулҳу субот, амнияти давлат, оромии ҷомеа ва пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварамон тамоми имконият ва нерӯи мавҷудаи худро сафарбар намоем". Мавриди зикри хос аст, ки дар 35-соли соҳибистиқлолии кишвар илмомӯзӣ, бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ нишони рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар дохил ва хориҷӣ кишвар гардид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар марҳилаи навини ташаккули рушди Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши илм, тафаккури илмӣ ва техникаю технологияи муосир дар ҳалли кулли масъалаҳои мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоӣ, иттилоотӣ, идоракунии давлатӣ, татбиқи илм дар истеҳсолот муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин ҷода саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту рушди илми тоҷик ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ дар замони муосир беназир мебошад.
Дигар ин, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ на танҳо як санаи ҷашнӣ, балки фурсати арзёбии роҳи тайнамуда ва муайян намудани ҳадафҳои нав мебошад. Ин ҷашн рамзи ваҳдат, якпорчагӣ ва иттиҳоди мардуми Тоҷикистон буда, ҳар як шаҳрванди кишварро ба ифтихор аз Ватан ва масъулияти бештар барои ояндаи он ҳидоят мекунад.
ДАВЛИЁРОВА Сафаргул Тешаевна, ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент
