Ҳамватанони азиз!
Рӯзи ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо – сокинони Тоҷикистон санаи муборак ва таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Таҷлили ин ҷашни сарнавиштсоз нишонаи возеҳи арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва амнияту осоиш мебошад.
Тамоми шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бистуҳафтумин солгарди ин санаи таърихсоз самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як сокини Тоҷикистон амнияту оромӣ ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоям.
Дар саҳифаҳои таърихи даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Дар ин санаи сарнавиштсоз хиради аҷдодии миллати тоҷик пирӯз шуд ва санади муҳимму таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, ба хотимаи ҷанги даҳшатбори таҳмилии шаҳрвандӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати мардуми кишвар заминаи устувор гузошта шуд.
Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид.
Бояд гуфт, ки мо ба ин рӯзи муборак бо саъю талоши зиёд ва дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ муяссар гардидем.
Ба шарофати роҳандозӣ гардидани раванди ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот Ҳукумати мамлакат бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ба бартараф намудани душвориву мушкилоти зиёди ҷомеа ва давлат, дар навбати аввал, барқарорсозии баъдиҷангӣ оғоз намуд.
Бо гузашти вақт захмҳои ҷанг тадриҷан шифо ёфтанд, харобаҳои ҷанг обод гардиданд, аммо мардуми мо ҳанӯз сабақҳои талх ва даҳшату фоҷиаи ҷангро, ки дар натиҷаи он садҳо ҳазор куштаву миллионҳо нафари дигар овораву бехонумон шуданд, фаромӯш накардаанд ва бовар дорам, ки ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Ҳодисаҳои нангини он даврон, ки аз ҷониби як гурӯҳ худбохтагону имонфурӯхтагон, яъне душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо созмон дода шуда буданд, боиси фалаҷ шудани тамоми шохаҳои ҳокимият гардида, хатари пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз миён рафтани давлати тоҷикон ба воқеияти талху даҳшатноки он рӯзҳо табдил ёфта буд.
Қобили зикр аст, ки заминаи асосӣ ва хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллии мо ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии кишвар гузошта шуда буд.
Дар ҷараёни иҷлосия аз ҷониби роҳбарияти навинтихобшудаи давлат ба хотири қатъи ҷангу хунрезӣ аввалин иқдомоти муҳим, аз ҷумла ба ҳам овардани роҳбарони гурӯҳҳои ба якдигар мухолиф амалӣ гардиданд ва нахустин қадамҳо ба сӯи сулҳу оромӣ гузошта шуданд.
Аз кишварҳои хориҷии дуру наздик ба Ватан ва ҷойи зисташон баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ ва ташкили шароити зарурии зиндагӣ барои онҳо иқдомоти минбаъдаи мо дар он рӯзҳо буданд.
Барқарор намудани фаъолияти шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимият, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ, яъне барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва бо ҳамин роҳ пешгирӣ кардани хатари парокандагии миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тоҷикон вазифаҳои мубрамтарину аввалиндараҷаи мо дар он айём ба шумор мерафтанд.
Ҳамаи ин корҳоро мо бо майлу иродаи қавии халқамон ва дастгириву пуштибонии қотеонаи мардуми шарифи Тоҷикистон анҷом додем ва роҳро барои барқарорсозии иқтисодиёти фалаҷшуда ва таъмин намудани рушди минбаъдаи он ҳамвор сохтем.
Бинобар ин, бори дигар бо ифтихору сипос иброз медорам, ки қаҳрамони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд.
Тайи 27 соли ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи мардуми тоҷик кишвари мо ба дастоварду пешравиҳои бесобиқа ноил гардида, барои сокинони он шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда шуд.
Имрӯз халқи саодатманди тоҷик дар шароити сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар ҷодаи амалисозии ҳадафҳои созандаи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Ҳоло Тоҷикистони соҳибистиқлол дар миёни кишварҳои мутараққии ҷаҳон соҳиби нуфузу обрӯи шоистаи худ мебошад.
Қабул гардидан ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгириву амалисозӣ қарор гирифтани ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон нишонаи возеҳи эътирофу эҳтироми кишвари мо ба шумор меравад.
Имрӯзҳо фарҳанги сулҳофаринӣ ва таҳаммулгароии миллати моро, ки дар натиҷаи ба даст овардани ваҳдати миллӣ эътибори ҷаҳонӣ ёфт, марказҳои таҳқиқотии дунё мавриди омӯзиш қарор дода, сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд.
Хотирнишон месозам, ки ваҳдати миллӣ барои халқи мо неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва рамзи саодати наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Вазъи ниҳоят мураккаб ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон, талоши қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё, раванди яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», вусъати рӯзафзуни ҷангҳои иттилоотӣ, таҳоҷуми фарҳангиву ғоявӣ ва дигар раванду ҳодисаҳои номатлубу хатарноки замони муосир моро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем.
Таъкид месозам, ки дар чунин шароити ҳассос ҳар яки мо бояд ба хотири пояндагиву бақои миллатамон ва устувории давлати соҳибистиқлоламон боз ҳам бештар сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, иродаи қавӣ дошта бошем ва манфиатҳои милливу давлатиамонро содиқона ҳимоя намоем.
Дар робита ба ин, як масъалаи муҳимро хотирнишон менамоям: ҳар қавму миллате, ки иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдату ҳамдилиро шиори худ кардааст, аз миёни обу оташи таърих бо сарбаландӣ гузашта, ба саодати воқеӣ расидааст ва баръакс, ҳар халқе, ки ихтилофу ҷудоӣ ва ҷангу нифоқро пеш гирифтааст, ба номаи тақдири хеш муҳри бадбахтиву нокомӣ задааст.
Ин воқеиятро ҳофизаи таърихӣ борҳо собит намудааст.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд амиқан дарк намоем, ки азамату қудрат ва тавоноии миллат ва давлат бо устувориву пойдории мавҷудияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил пайванди ногусастанӣ дорад.
Мо ваҳдати миллиро дар баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем.
Таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти кишвар барои мо вазифа ва рисолати муқаддасу муқаддами умумимиллӣ ва умумихалқӣ мебошад.
Дар фарҷоми сухан, бо ибрози ниятҳои нек Рӯзи ваҳдати миллиро бори дигар ба тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, саодати рӯзгор, комёбӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.
Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз
Имрӯз 30.10.2025 сол дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни илмӣ-маърифатии “Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар озмун магистрантон, докторантон ва унвонҷӯёни Институт фаъолона иштирок намуда, дониши худро нисбат ба меъёрҳо ва арзишҳои конститутсионии давлат муаррифӣ намуданд.
Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои конститутсионӣ ва таҳким бахшидани эҳтиром ба Қонуни асосии кишвар миёни магистрантон, докторантон ва унвонҷӯён роҳандозӣ гардид.
Иштирокчиён дар рафти озмун донишу малакаи худро доир ба муҳтавои меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи қабул ва нақши он дар рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ баён намуданд.
Тағйирёбии глобалии иқлим ва гармшавии мунтазами ҳарорати ҳаво яке аз мушкилот ва хатарҳои ҷиддии экологӣ ба ҳисоб меравад, ки тайи даҳсолаҳои охир ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва махсусан ба Тоҷикистон таъсири назаррас расонидааст. Таъсири ин раванд дар шакли обшавии босуръати пиряхҳо, камшавии захираҳои обӣ ва афзоиши хавфи хатарҳои пиряхӣ эҳсос мешавад.
Дар ҳамин замина, ҳодисаи 25-уми октябри соли 2025 дар ҳудуди деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об ноҳияи Тоҷикобод, ки дар он пораи аз пиряхи Деҳдал канда шуда, аз тариқи дара поён лағжидааст, ҳамчун бонги хатар ва нишонаи равшани паёмадҳои тағйирёбии иқлим арзёбӣ мешавад.
Пиряхи Деҳдал аз ҷониби мутахассисони Маркази илмӣ-таҳқиқотии ва экологияи муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин таҳқиқ карда шуда (солҳои 2019,2020 ва 2023), корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ин минтақа минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
Дар нишебии шимолии қаторкӯҳи Пётри Якум, дар ҳудуди ҳавзаи дарёи Сурхоб, тақрибан панҷоҳ пиряхи хурд ҷойгиранд. Аз ҳама бузургтарини онҳо пиряхи Деҳдал буда, пиряхи набзӣ (surging- eng, пульсирующий-ru, пиряхе ки бо давраҳои тезҳаракатии муваққатӣ тавсиф мешавад) ба шумор меравад. Деҳдал ба навъи пиряхҳои мураккаби водигӣ тааллуқ дошта, дар ҷараёни шаклгирии он як шохоби хурд аз тарафи рости пирях ба он ҳамроҳ мегардад, ки морфологияи умумии системаи яхбандиро мураккабтар месозад. Забони пирях аз болои дараи тангу нишеб ва санглох овезон буда, нишонаҳои равшани таъсири гравитатсонӣ ва раванди шикасту лағзиши яхро нишон медиҳад.
Тибқи тасвирҳои моҳвораии Sentinel-2 (10 м), пиряхи Деҳдал то 17 сентябри соли 2025 дар ҳолати оромӣ қарор дошта, баъдан ба ҳаракат омадааст. То 22 сентябри соли ҷорӣ забонаи он дар водии дарёи Дара пеш рафта, то наздикии деҳаи Сафедоб расидааст.
Дар баробари ин, ҳаракати сегментии пирях ба қайд гирифта шуда, суръати максималии он рӯзи 25 октябри соли 2025 мушоҳида гардидааст. Ҳамин тариқ, ҳаракати пиряхи Деҳдал то санаҳои 27 октябр идома ёфта, дар натиҷа забонаи пирях дар маҷмӯъ тақрибан то 4500 метр поён ҳаракат намудааст.
Бояд кайд кард, ки ин ҳодисаи мазкур дар пиряхи Деҳдал бори аввал нест. Пиряхи мазкур ҳамчун пиряхи набзонии фаъол буда, ҳаракати он дар солҳои 1890, 1974, 2015-2016 дар адабиётҳо сабт гардидааст. Бори охир ҳаракати фаъоли пиряхи мазкур дар солҳои 2015-2016 ба қайд гирифта шуда буд, ки дар он як ҳодисаи классикии фурӯпошӣ рух дод.
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ конфронси байналмиллалии илмӣ-амалӣ таҳти номи “Илмҳо оид ба Замин: вазъи кунунӣ ва дурнамои онҳо” доир гардид. Конфронси мазкур ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020-2040 ва “Соли 2025 – соли байналмиллалии ҳифзи пияхҳо” бахшида шудааст.
Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ директори Институт, н.и.г.-м. Сафарализода Н.С. ҳусни оғоз бахшид. Сипас, ноиби президенти АМИТ д.и.т. Амонзода И.Т. ба сухан баромада, дар хусуси муҳиммияти “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020-2040 ва “Соли 2025 – соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” фикру назари хешро иброз дошт. Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оймуҳаммадзода И.С. риштаи суханро ба даст гирифта, дар хусуси паҳлуҳои асосии кори конфронс ва пешрафту рушди илми геологияи кишвар чанд нуктаи муҳимро зикр намуд. Дар қисмати пленарии конфронс инчунин профессори Донишгоҳи миллии Узбекистон ба номи М. Улуғбек, д.и.г.-м. Ишбоев Х.Ҷ., профессори Донишгоҳи техникии Тошкент ба номи И. Каримов, д.и.г.-м. Умурзоқов Р.А. ва профессори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ Муҳсини М. бо маърузаҳои илмии худ баромад намуданд. Кори конфронс дар се бахш: геологияи умумӣ ва минтақавӣ, минералогия ва геохимия, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология ҷараён гирифт.
Бояд зикр намуд, ки геология имрӯз яке аз соҳаҳои муҳими пешрафти иқтисоди кишвар маҳсуб меёбад, ки дар барномаву Стратегияҳои Ҳукумати кишвар мавқеи хоса дорад. Хоса дар “Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои камёфт барои солҳои 2016-2026” дурнамо ва рушди соҳаи геология ҳаматарафа инъикос гардидааст. Инчунин мавқеи соҳаи геология дар Стратегияи чаҳоруми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи саноатикунонии босуръати кишвар - “Солҳои 2022-2026 – солҳои рушди саноат” ба таври назаррас дарҷ гардидааст.
Як зумра мақолаҳои ба конфронс пешниҳодгардида дар хусуси ҳалли масоили васеъи геодинамика: таҳлили деформатсия ва шиддатнокии пустлохи замин дар асоси истифодаи усулҳои тектонофизика, ошкор намудани қонуниятҳои рушд ва ҳосилшавии ярчҳо, фурӯравиҳо, селҳо, ки дар натиҷаи заминҷунбиҳои сахт рух медиҳанд, бахшида шуда буданд. Инчунин таҳлили фаъолнокии сейсмикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва ноҳияҳои фаъоли сейсмикии атроф, хусусиятҳои такроршавии заминҷунбиҳо низ дар маводи пешниҳодгардидаи конфронс мавриди баҳсу музокира қарор гирифтанд. Қисмати бештари мақолаҳо хусусияти амалӣ доштанд ва ба усулҳои геофизикии иктишофи сарватҳои табиӣ, ошкор намудани мавқеи микросейсмҳо дар ҳосилшавии хосиятҳои физикӣ-кимиёвии яхҳо, арзёбии хатари ярчӣ ва сейсмикӣ, инчунин таҳлили тағйироти грунтҳо дар маҷмуаи Нишони Истиқлол бахшида шуда буданд.
Дар фароварди кори конфронс як қатор пешниҳоду тавсияҳо, аз ҷумла оид ба:
- идома додани таҳқиқоти мураккаби минералогӣ-геохимиявӣ бо таваҷҷуҳ ба амиқӣ ва шароити ташаккули танаҳои маъданӣ, аз ҷумла ҷиҳатҳои геохимияи флюидӣ ва изотопӣ;
- татбиқи фаъолонаи барномаҳои компютерӣ (монанди MICROMINE, GIS, ва бастаҳои оморӣ) дар амалияи корҳои геологиву ҷустуҷӯӣ;
- рушд додани ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва байналмилалӣ бо мақсади ташкили бонки ягонаи маълумот оид ба хусусиятҳои геохимиявӣ ва минералогии конҳои маъдании Осиёи Марказӣ;
- дастгирии тадқиқот дар соҳаи омӯзиш ва ошкор намудани унсурҳои нодир ва нодирзаминӣ, инчунин равона кардани кӯшишҳо ба баҳодиҳии иқтидори саноатии манбаъҳои ғайримаъмулии маъданҳо;
- ҷалб намудани мутахассисони ҷавон ва аспирантон ба корҳои саҳроӣ-экспедитсионӣ ва таҳлилӣ, аз ҷумла дар пойгоҳи таълимии донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии минтақа;
- таҷрибаи мусбати мушоҳидаҳои муҳандисӣ-сейсмологии маҷмуаи Нишони Истиқлол дар дигар қитъаҳо низ васеъ карда шавад, то сабти акселерограммаҳои заминҷунбиҳои воқеӣ амалӣ гардида, натиҷаҳои онҳо дар моделсозӣ ва баҳодиҳии хатарҳои сейсмикӣ истифода шаванд;
- таҳияи харитаҳои муосири хавфи сейсмикӣ, ки дар онҳо магнитудаҳо, баллнокӣ ва шитоби замин ҳангоми заминҷунбиҳои эҳтимолӣ, такроршавӣ, давомнокии фазаҳои асосии ларзиш, инчунин минтақаҳои паҳншавии манбаъҳои афтершокҳо нишон дода мешаванд;
- таҳияи барномаи тайёркунии кадрҳои ҷавон дар шароити рақобати байналмилалӣ ва муносибатҳои бозорӣ самаранок ва ғ.
Конфронс дар сатҳи баланди илмӣ баргузор гардид. Дар фарҷоми конфронс аз ҷониби маъмурияти Институт ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ ва сертификат тақдим гардид.
Имрӯз, 28 октябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф: вазъият ва дурнамо» бо иштироки олимону муҳаққиқони Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид. Ба кори конфронс директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷура ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки илм ва маориф қувваи пешбарандаи пуриқтидор мебошанд, ки устувории миллӣ, рушди иқтисодӣ ва ғановати маънавии ҷомеаро ташаккул медиҳанд. Дар Тоҷикистон ҳамеша хуб дарк мекарданд, ки бе илм пешрафт имконнопазир аст ва бе маориф — оянда вуҷуд надорад.
Таъкид гардид, ки халқи мо аз азал олимон, андешамандон ва маърифатпарваронро эҳтиром мекард. Мо бо ифтихор анъанаҳои Ибни Сино, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ ва дигар донишмандонеро идома медиҳем, ки бо ақлу хирад ва инсондӯстии худ харитаи зеҳнии ҷаҳонро шакл додаанд. Дар ҳамин роҳи таърихӣ Русия ҳамеша шарики наздик, дӯсти боэътимод ва ҳамсафари мо дар роҳи маърифат ва созандагӣ будааст ва боқӣ мемонад.
Гуфта шуд, ки робитаҳои илмии мо бо Федератсияи Русия решаҳои амиқи таърихӣ доранд. Ҳанӯз аз даҳаҳои аввали асри XX олимони тоҷик ва рус дар паҳлӯи ҳам барои таҳқиқи захираҳои табиӣ, мероси фарҳангӣ, таърих ва забони халқи мо заҳмат мекашиданд. Бо шарофати ин ҳамкорӣ даҳҳо институт, озмоишгоҳ ва марказҳои таълимӣ таъсис ёфтанд. Имрӯз метавон бо итминон гуфт, ки ҳамкориҳои байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Русия — пули дӯстӣ ва ғановати мутақобилан устувор, зинда ва дар ҳоли рушд мебошанд.
Зикр гардид, ки ҳазорон донишҷӯён, аспирантон ва мутахассисони ҷавони мо дар донишгоҳҳои бонуфузи Русия таҳсил намуда, технологияҳои муосир, усулҳои илмӣ ва равишҳои нави педагогиро меомӯзанд. Ҳамзамон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ҷавонони рус таҳсил мекунанд, ки ба фарҳанг, забон ва таърихи кишвари мо таваҷҷуҳ доранд. Ин намунаи равшани он аст, ки маориф метавонад пули дӯстӣ миёни наслҳо ва халқҳо гардад. Имрӯз, дар замони тағйироти босуръати технологии ва геополитикӣ, барои мо уфуқҳои нави ҳамкорӣ боз мешаванд.
Қайд гардид, ки ҷаҳон ба давраи зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои “сабз” қадам мегузорад. Аз он вобаста аст, ки ҷомеаҳои илмии мо то чӣ андоза босуръат ва самаранок ба ин раванд ҳамроҳ мешаванд, то рақобатпазирии кишварҳои мо таъмин гардад. Маҳз аз ин рӯ, ман итминон дорам, ки замон аз мо фалсафаи нави ҳамкории илмиро талаб мекунад — на танҳо мубодилаи натиҷаҳо, балки таъсиси экосистемаҳои муштараки таҳқиқотӣ, ки дар онҳо дониш, навоварӣ ва сармояи инсонӣ ба арзиши умумӣ табдил меёбанд.
Дар идома Григорьев Семён Вячеславович, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Валентина Вячеславовна Комлева, ҷонишини директори Институти тадқиқоти илмии тараққиёти алоқа, доктори илмҳои иқтисодӣ, Раҳими Шараф Абдукарим, сардори Раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимону муҳаққиқон дар бораи дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои ҳамкориҳои илмӣ ва маорифӣ маърӯзаҳо ироа карданд. Зикр гардид, ки рушди илму маориф омили муҳими таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии байни ду давлат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки қисмати дуюми Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф: вазъият ва дурнамо» дар толори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он олимону муҳаққиқони Тоҷикистон ва Русия доир ба мавзуҳои гуногуни илмӣ маъруза намуданд.
Имрӯз, 27 октябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади густариш додани ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Италия бо ҳайати ниҳоди байналмилалӣ – Ҳамоҳангсози махсуси Осиёи Марказӣ – Италия, ҷаноби Федерико Фаилла мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои илмӣ, мубодилаи таҷриба, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва татбиқи барномаҳои муштараки илмиро баррасӣ намуданд. Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъкид доштанд, ки рушди илму технология омили муҳим дар таҳкими робитаҳои байналмилалӣ мебошад ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода аст бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Италия ҳамкориҳои судманд ба роҳ монад.
Ҷаноби Федерико Фаилла низ аз сатҳи баланди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Италия изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар оянда бо ҷалби олимон ва марказҳои илмии ду кишвар лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ, семинару конфронсҳои илмӣ ва табодули донишмандон роҳандозӣ мегарданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкориро дар самтҳои энергетика, экология, астрономия, геология, зилзиласанҷӣ ва илми биотехнология муҳокима намуданд. Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки барои густариши робитаҳо миёни донишгоҳҳо ва марказҳои илмии ҳар ду кишвар меморандуми нави ҳамкорӣ таҳия ва ба имзо расонида шавад.
Дар анҷом, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди минбаъдаи робитаҳои илмӣ, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва тақвияти муносибатҳои дӯстонаи байни Тоҷикистон ва Италия изҳор намуданд.
Имрӯз, 24 октябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндаи савдои Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Леонидович мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмию инноватсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки фаъолияти ширкати IRP Technology ба соҳаи энергетика равона гардидааст, ки ҳадафи асосии он ҷалби сармоя ва истифодаи технологияҳои муосири русӣ барои рушди неругоҳҳои барқароршаванда, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва дастгирии иқтидорҳои илмӣ-техникии мутахассисони тоҷик мебошад.
Зикр гардид, ки ба наздикӣ миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома дар бораи таъсиси боғи саноатӣ ба имзо мерасад. Дар ҳамин росто, таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон метавонад дар доираи ин ташаббус дар таҳияи асосҳои илмӣ-техникӣ, арзёбии иқтидорҳои истеҳсолӣ, истифодаи технологияҳои нав ва омӯзиши кадрҳои тахассусӣ саҳмгузор бошад.
Гуфта шуд, ки пас аз муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, мумкин аст намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин барномаҳо шомил карда шаванд, то бо донишу таҷрибаи илмии худ дар таҳияи лоиҳаҳо, арзёбии асосҳои илмӣ-техникӣ ва татбиқи технологияҳои нав саҳм гузоранд.
Ин иқдом ба тақвияти робитаҳои илмӣ ва истеҳсолӣ, инчунин фаъол гардидани ҳамкориҳои амалии байни муҳаққиқони тоҷик ва мутахассисони рус мусоидат хоҳад намуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар самтҳои энергетика, илм, астрофизика ва экология, инчунин дар самти таҳқиқоти муштарак, мубодилаи таҷриба ва омодасозии кадрҳои баландихтисос изҳор доштанд.
Конфронс. САҲМИ ФАЙЛАСУФ, ТАБИБ ВА КИМИЁШИНОС АБУБАКР МУҲАММАД ИБНИ ЗАКАРИЁИ РОЗӢ ДАР РУШДИ ИЛМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз, 24 октябр дар толори Раёсати Аадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 1160-солагии файласуфи тоҷик, олими маъруфи тиб ва кимиё Абубакри Розӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар таҳти унвони «Саҳми файласуф, табиб ва кимиёшинос Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар рушди илми ҷаҳонӣ» баргузор гардид. Ба кори конфронс директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Маҳмадизода Нозим ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз доштанд, ки тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар дар тули ҳазорсолаҳо бо дастовардҳои безаволи фарҳангиашон беҳтарин бозёфтҳои маънавии фарзандони хирадманди миллат - фарҳанг, тамаддун ва имлу маърифати сарзамини хешро ҳифз кардаанд.
Таъкид гардид, ки ба шарофати истиқлоли кишвар, мо имруз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ҷомеаи мутамаддини демократӣ бо ҳувият, арзишу анъанаҳо ва чеҳраву симои хоси миллии хеш, ҳамзамон бо дастоварду комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги башарӣ ворид гардидем. Аз ин рӯ, истиқлоли давлатии моро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавонад ба марҳалаи дурахшон ва пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд, ки имконияти хуби шинохт, арҷгузорӣ ва ба наслҳои оянда интиқол додани беҳтарин комёбиҳои илму фарҳанги ниёгонро фароҳам овардааст.
Гуфта шуд, ки яке аз ин гуна чораҳои муҳим бо Амри Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2 январи соли 2025, таҳти рақами АП-713, соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил кардани санаи муҳими таърихӣ, 1160-умин солгарди Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат омухтани руйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабиро доимо таъкид карда ва аз миллат тақозои дарёфту ҳифзи решаҳои худро гузашта, эҳсос кардани пайванди ногусастанӣ бо онҳо, ба хотири номуси ватандорӣ, ном ва корномаҳои гузаштагони шарафманди миллат, аз нав зинда гардонидан ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф заданро менамоянд. Маҳз ба ҳамин хотир ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, бахусус 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии Кулоб, бузургдошти шахсиятҳои сарсупурдаи илмиву адабӣ ва сиёсиву таърихӣ - Имоми Аъзам, Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, ба ҳар як шаҳрванди кишвар эҳдо намудани китобҳои ҳувиятсози “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ба роҳ монда шудаанд, ки бо моҳият ва арзишҳои ҷаҳониашон худшиносии тоҷиконро таҳким мебахшанд.
Пешвои миллат дар китобашон “Чеҳраҳои мондагор” ба ҳамин хотир таъкид кардаанд, ки “Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо мебошад. Он дар худогоҳӣ ва ҷустуҷуҳои таърихиву миллии тоҷикон марҳалаи комилан тозаро ба вуҷуд овардааст”.
Ёдовар мешавем, ки Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ аз ҷумлаи мутафаккирони саршумори даврони Сомониён (865-925) ба ҳисоб меравад, ки дар илм ва фарҳанги Авруосиёи таърихиву муосир мақому мартабаи хоса дошта, ном ва таълифоташ аз асрҳои ХШ то ба имрӯз дар илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ маъруфу машҳур гардидаанд. Ӯ яке аз мубаллиғони қавии хирадгароӣ, илмдӯстӣ ва нигоҳи воқеъбинона нисбат ба ҳастӣ буда, барои рушди ҷаҳонбинии илмӣ, ахлоқи олимон, тарбияи олим часпу талоши таърихӣ анҷом додааст.
Бояд гуфт, ки Абубакри Розӣ яке аз пешоҳангони рушди усули арастуии тафаккури фалсафӣ, татбиқгари мубоҳиса ва музокираҳои илмӣ-фалсафӣ-мантиқӣ дар Шарқ буда, чунин тарзи ҷустуҷӯ ва пайдо кардани ҳақиқатро мақсад ва мароми ҳаёти худ интихоб карда буд. Абубакри Розӣ асосгузор ва инкишофдиҳандаи равияи таҷрибавӣ ва мушоҳидавӣ дар илм аст ва эътиқодманд бар он аст, ки инсон бояд қобилиятҳои фитрии худро дар пажӯҳиш ва ақлоният такмилу сайқал бидиҳад. Ин маъноро ӯ дар асарҳояш «Тибби руҳонӣ» ва «Тибби Мансурӣ» бо далелу бурҳони қотеъ, ки ба мушоҳида ва таҳлилҳои ӯ асос ёфтаанд, меоварад ва шарҳ медиҳад.
Дар идомаи конфронс як зумра аз олимону муҳаққиқон доир ба ҳаёт ва фаъолияти файласуфи тоҷик, олими маъруфи тиб ва кимиё Абубакри Розӣ маъруза намуда, хидматҳои ин нобиғаи бузурги миллати тоҷикро дар рушди илмҳои бунёдӣ, гумантиарӣ ва табиию риёзӣ арзишманд ҳисобиданд.
Хониши сиёсӣ. БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҶАҲОНБИНӢ ВА ЗЕҲНИЯТУ ТАФАККУРИ ИЛМИИ МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОН
Имрӯз, 23 октябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Шурои олимони ҷавон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ курси хонишҳои сиёсии “Сарварони сиёсӣ” баргузор гардид.
Қобили зикри хос аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.
Дар раванди чорабинӣ Раиси Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Зиёев Субҳиддин оид ба фаъолияти пурсамари эшон сухан гуфта, аз ҳузури меҳмон истиқболи нек намуд.
Дар идома академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ перомуни ҳаёту фаъолияти роҳбариаш ба олимони ҷавон суҳбати озод ва самимиву асоснок анҷом дод.
Дар раванди нишаст директорони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа Муҳаммадизода Нозим ва директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Р.Ҷ. роҷеъ ба касбият ва фаъолияти пурсамати академик Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ баромад намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ мубоҳисаҳо сурат гирифта иштирокчиёни курс ба маърӯзачӣ саволҳо пешниҳод карданд, ки ба ҳамаи онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
