
Парчам яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлати ба шумор рафта, бузургтарин арзиши имрӯзу фардои миллат мебошад. Ин рамзи давлатӣ, нишон аз давлати комилҳуқуқу дунявӣ ва ягона мебошанд. Аслан рамзҳое, ки дар ин ё он мамлак мавҷуд аст, ифодагари ҳуввияти ҳамон миллату халқ мебошад. Таърихи соҳиби парчам гардидан дар сиёсати давлатдории тоҷикон ба қарнҳои дур рафта мерасад. Бахусус дар замони давлатдории Пешдодиён, Каёниён, пеш аз ҳама, рамзи давлатдори дар парчамбардории онҳо зоҳир меёфт.
Аҷдодони мо парчами худро доштанд, ки ифодагари қудрат, тавоноӣ, фарҳанг, сиёсат, иҷтимоию иқтисодиёти давлаташонро нишон медод. Дар замонҳои қадим миёни мардуми одди урфу одатҳое буд, ки тибқи он ақидаҳои худ парчамро тоҷи сар мекарданд. Ин эътиқод нерӯю тавоноиро дар замиру тинаташон нишон медод.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Ин сана минбаъд ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бори аввал рӯзи 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бошукӯҳ Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр ҷашн гирифта шуд. Дар саросари кишвар вобаста ба он ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба муносибати Рӯзи Парчам 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфтаанд:
«Ранги сурх - рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед- нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».
«Парчам» вожаи суғдӣ («parcam») аст, ки маънои «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғаҷговро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза мебистанд». Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони форсӣ роҳ ёфта ва бо гузашти замон, бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл, бар худуди дирафш низ гуфта шуд.
«Дирафш» зери се модаи луғавӣ чунин маънидод шудааст:
ДИРАФШ I -олоти нӯгтези дастадоре, ки бештар мӯзадӯзон барои сӯрох кардани чарм ва гузаронидани сӯзан ба кор мебаранд, дарафш.
ДИРАФШ II – ки парчам, ливо, байрақ: дирафши ковиёӣ, дирафши сурх.
ДИРАФШ III– ки дурахш, дурахшидан, тобандагӣ, дурахшиш.
Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 метр) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид.
Имрӯзҳо парафшонии парчамонро дар минбарҳои баланди сатҳи байналмилали мебинем, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Варзишгарон дар бахшҳои гуногун бо дастоврдҳои хеш, аҳли фарҳанг, илму маъориф ва дигар қишҳои ҷомеа дар минбарҳои баланди сатҳи байналмилали бо парчами хеш муаррифи мегарданд. Дар ин радиф саҳми ходимони илмӣ, бахусус ходимони илмии Институти астрофизикаи АМИТ назаррас буда, дар муаррифии парчами кишвар дар арсаи байналмилали намоён аст. Саҳми олимони Институти астрофизикаи АМИТ-ро дар рушди илми астрономия ба назар гирифта, Ҷамъияти байналмилалии астрономҳо ба якчанд сайёраҳои хурд номҳои олимони тоҷику расадхонаҳои астрономии Тоҷикистон, инчунин ба номи Тоҷикистон (сайёраи хурди – 2469 Tadjikistan) гузошта шудааст. Мо аз он мефахрем, ки парчами мо на танҳо дар рӯи Замин парафшони мекунад, балки дар Кайҳон низ бо номи Тоҷикистон“парафшон” аст.
Дар замони муосир парчами ҳар давлат рамзи озодӣ, соҳибистиқлоли ва соҳибдавлатии ҳамон кишвару миллат мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҳама давру замонҳо парчамро ҳамчун тоҷи давлату давлатдорӣ медонанд ва онро дар болои қасру боргоҳҳои гуногун меафрозанд. Дар замони пеш ҳамин ҷилваи парчам дар болои кохи шоҳон дида мешуд, ки аз пойдору устувор будани давлат гувоҳӣ медод. Агар дар ҳолати ҷангӣ парчами яке аз тарафҳо афтонда мешуд, ин маънои онро дошт, ки лашкари бепарчам ҳуқуқи ҷангиданро надорад ва дар ин сурат рӯҳия ҷанговарон мешикаст. Имрӯз он нишонаҳое, ки мо дар парчамамон мебинем, ифшогари қудратмандии кишвар ва давлатдории тоҷикон аст. Дар ин рӯзҳо мо зери сояи парчами миллӣ пирӯзии кишвару давлати хешро мебинам. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки Парчам нишони сулҳу ваҳдат ва соҳибистиқлолии кишвар аст. Дар арсаи байналмилали ҳар миллату давлатро аз рӯи рамзҳояшон, хусусан парчамаш мешиносанду эътирофаш мекунанд.
Бигзор ҳамеша ва абадан Парчами давлатӣ болои сари миллату давлати тоҷикон ҷилвагару парафшон бошад. Зиндаву ҷовидона бошад, парчами мо ва давлатдории тоҷикон пойдору устувор боқӣ монад.
Хуҷаназаров Ҳабибҷон Файзалиевич - ходими илмии Институти астрофизики АМИТ:
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Наворҳои видеоӣ
Имрӯз, 19 июн президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҳошияи ифтитоҳи озмоишгоҳ ҳамзамон аз Боғи ботаникии Помири Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бозид намуданд.
Зимни бозид иттилоъ дода шуд, ки Боғи ботаникии Помир дар заминаи Институти биологии Помир буда, соли 1940 таъсис дода шудааст ва асосгузор ва директори дойимии он то соли 1965 доктори илмҳои биологӣ, профессор А.В.Гурский буд, ки имрӯз Боғ номи ӯро дорад.
Бояд гуфт, ки самтҳои асосии таҳқиқот - интродуксия ва акклиматизатсияи растаниҳо, кабудизоргардонии шаҳру деҳаҳо, тайёр кардани маводи шинондании растаниҳои гулдори ороишӣ, муайян кардани соҳа ва захираҳои ашёи хоми растаниҳои табобатӣ мебошад.
Боғи набототи Помир ба сифати лабораторияи табиӣ баҳри омӯзиши фаъолияти ҳаётии растаниҳо дар шароити баландкӯҳ таъсис дода шудааст. Он муассисаи махсусгардонидашудаи илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-маърифатӣ буда, баҳри захира намудани генофонди растаниҳои гуногуни маҳалӣ ва аз ҷойҳои дигар овардашуда, омӯзиши дақиқи хусусиятҳои экологию биологии онҳо, истифодаи пурсамари навъҳои пурқиммати онҳо дар кабудзоркунӣ, хоҷагии кишлоқ, саноати хӯрокворӣ ва тиб хизмат мерасонад.
Боғи наботот ҳамчун музеи зиндаи ба худ хоси табиати Помир буда, дар он намояндагони асосии олами набототи ин кишвари кӯҳсор гирд оварда шуда омӯхта мешаванд.
Гуфта шуд, ки Боғи набототи Помир дар байни боғҳои набототи тамоми дунё мавқеи махсус дорад. Вай ҳамчунин манбаи тухмии набототи баландкӯҳ таваҷҷӯҳи боғҳои мамолики дигарро ба худ ҷалб менамояд. Боғ ҳар сол 200 намунаи тухмӣ аз минтақаҳои гуногуни дунё дастрас менамуд. Мубодилаи тухмӣ бо 25 суроғаи муассисаҳои собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва қариб 40 суроғаи мамлакатҳои хориҷа ба амал бароварда мешавад. Боғи наботот дар ниҳолхонаҳо ва коллексияи наботот зиёда аз 30 ҳазор намуду шакл ва навъи растаниҳоро аз омӯзиш гузаронид.
Таъкид гардид, ки дар ҳудуди Боғи наботот осорхонаи «Табиати Помир» ташкил дода шудааст. Дар он зиёда аз 800 нигора гирд оварда шудаанд, ки шароитҳои табиати Помир, намояндагони асосии олами набототу ҳайвоноти онро шарҳ медиҳанд. Хазинаи растаниҳои Боғ қариб аз 4000 намуду навъҳо иборат аст, ки онҳо дар коллексияҳои наботот ва растаниҳои маҳаллии ҳудуди мамнӯнгоҳ мавҷуданд. Дар коллексияҳо қариб 3000 намуд, шаклу, навъи дарахту буттаҳо ва алафҳо гирд оварда шудаанд.
Нақшаи асосии тармими Боғи ботаникӣ ва сохтмони шабакаҳои обёрӣ ва пойгоҳи обкашӣ тартиб дода шуда, амалӣ гардонида шуд. Дар натиҷа масоҳати боғ то 118 га, масоҳати шӯъбаҳои флоравӣ то 2-4 маротиба зиёд карда шуд. Коллексияи растаниҳои Боғ ар рӯйи принсипи ҷуғрофӣ тартиб дода шудааст. Дар он растаниҳои Осиёи Миёна, Осиёи Шарқӣ, Ҳимолой ва Ҳиндукуш, Аврупо, Қриму Кавказ ва Амрикои Шимолӣ мавҷуданд.
Имрӯз, 19 июн дар Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пас аз ифтитоҳи озмошгоҳ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону кормандон миззи мудаввар баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш аз дастигириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароти мусоиди корӣ барои олимон ва пеш аз ҳама таъмини сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар ёдовар гардид.
Таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон барои ба ҳам омадани миллат, ҳифзи истиқлоли комили давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.
Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад. Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад.
Гуфта шуд, ки ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. Дар ҷомеае, ки решаҳои сулҳу ваҳдат пойдору мустаҳкаманд, ҳеҷ гоҳ осебе намерасад. Агар хуб ба умқи ин мафҳум назар андозем, мебинем, ки зери ин вожаи гуворо ҷуз аз шодиву нишот, ҳамдиливу ҳамзабонӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, якпорчагиву осоиштагӣ чизи дигаре нест.
Дар ҳақиқат сулҳу ваҳдат неъмати бузург аст. Дар ҳар миллату давлате, ки сулҳу ваҳдат ва истиқлолият ҳукмронӣ менамояд, сокинони он кишвар дар фазои сулҳу субот нафаси озод мекашанд ва аз якпорпчагӣ, осоиштагӣ, сулҳу ваҳдат, ва истиқлоли миллӣ ифтихор мекунанд.
Имрӯз, 19 июн бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи замонавии биотехнология бо асбобу таҷҳизотҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва олимону кормандон иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, ки марҳила ба марҳила базаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беҳтар гардонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар як муддати кӯтоҳ бо ташббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар пояи 7 муассисаи илмӣ таҳқиқотӣ озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо асбобу технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуданд, ки барои пешбурди корҳои илмӣ таҳқиқотии олимону кормандони ин муассисаҳо мусоидат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки озмоишгоҳи мазкур ба самти илмҳои биологӣ рабт дошта, олимону муҳақиқони ин самт минбаъд метавонанд бо фароҳам гардидани шароити мусоид корҳои илмию таҳқиқотии хешро дар ин самт пеш баранд. Бояд гуфт, ки озмоишгоҳ бо тамоми асбобу таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳаз гардонида шудааст, ки ҳадафи асосии он омӯзиши асосҳои физиологӣ-биохимиявии устуворияти растаниҳо нисбати таъсири омилҳои номусоиди экологӣ ва механизмҳои мутобиқшавии онҳо ба таъсири шароити номатлуби баландкӯҳҳо машғул буда, барои муайян кардани нақши нурҳои ултрабунафш ва ҳарорат дар ташшакулёбии ҳосилнокии растаниҳои баландкӯҳ корҳои илмӣ-тадқиқотиро пеш бурда истодааст.
Ғайр аз ин озмоишгоҳ ба омӯзиш ва коркарди технологияи парвариши растаниҳои полезӣ, гулдор ва ороишӣ дар гармхонаҳое, ки дар асоси гармии обҳои геотермалии Помир кор мекунанд фаъолияти худро пеш мебарад.
Имрӯз, 19 июн президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва олимону кормандон дар ҳошияи ифтитоҳи озмоишгоҳ ҳамзамон аз намоиши дастовардҳои олимону кормандони Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ШАРҚИ МИЁНА ВА НАЗДИК: ҲОЛАТ ВА ДУРНАМО
Имрӯз, 17 июн дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ конфронси илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик: ҳолат ва дурнамо” баргузор шуд. Конференсияи мазкурро директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ифтитоҳ намуданд.
Президенти Академии миллии илмҳои Тоҷикистон академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба кори конференсияи ҳусни оғоз бахшида, оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик андешаронӣ намуданд. Дар кори конференсия беш аз 28 нафар олимону муҳаққиқон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ватанӣ иштирок намуда, дар мавзуъҳои мухталифи марбут ба авзои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми кори конференсияи илмӣ ЭЪЛОМИЯ қабул карда шуд, ки дар он дувоздаҳ пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳади рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик аз ҷониби коршиносони соҳа тавсия гардид.
Инчунин, аз ҷониби мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институт номзади илмҳои филология Зиёев Субҳиддин Насриевич ҷиҳати дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба Президенти АМИТ академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва директори Институт профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва барои гузориҳои илмии арзишманд ба гузоришгарон ва меҳмонон изҳои миннатдорӣ баён карда шуд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ИБОДЗОДА САИДМУҚИМ ТИЛЛОХӮҶА ДАР ФОРУМИ II АКАДЕМӢ ОИД БА ЭНЕРГИЯИ САБЗ ДАР ШАҲРИ АЛМААТО
ИШТИРОКИ ОЛИМОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ҶАШНВОРАИ ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ ДАР МАВЗУИ “700 СОЛ БО ҲОФИЗ”
Рӯзҳои 9-14 июни соли 2024 ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши байналмилалии ЮНЕСКО дар мавзуи “700-сол бо Ҳофиз” ба шаҳри Парижи Фаронса дар ҳайати олимону ҳунармандони кишвар сафар намудам.
Конференсияи байналмилалии “700 сол бо Ҳофиз” дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж рӯзи 11 июни соли 2024 оғоз ёфт. Ҳайати олимони тоҷикро намояндаи доимии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО Дилшод Раҳимӣ пазироӣ кард.
Дар толори ЮНЕСКО намоиши дастхатҳои девони Ҳофизи Шерозӣ, осори илмии доир ба Ҳофиз таълифшуда ва гӯшаи таҳқиқоти Ҳофизи Шерозӣ дар Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда буд.
Конференсияро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Матлубахон Сатториён оғоз намуда, доир ба мақому манзалати Ҳофизи Шерозӣ дар Тоҷикистон, таҳқиқу пажуҳиш ва нашри девони ӯ дар Тоҷикистон суханронӣ карда, таъкид кард, ки Конферекнсияи байналмилалии мазкур бо дастгирии Ҳукумавти Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Ҳамчунин, муовини Дабири Кулли ЮНЕСКО оид ба фарҳанг Эрнесто Оттоне низ дар бахши ифтитоҳи конференсия суханронӣ карда, доир ба мақоми Ҳофиз дар адабу фарҳанги ҷаҳон суханронӣ кард.
Баррасии маърузаҳои илмӣ дар толори XI идома ёфт. Бахши дуюми Конференсия тибқи барнома “Ҷаҳони Ҳофиз, таърих ва худогоҳӣ” ном дошт, ки дар ин бахш бо Аҳмад Покатчӣ – сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ЮНЕСКО раисӣ намудем.
Банда дар бахши 4, ки Ҳофиз ва маънавият ном дошт, дар мавзуи “Фасоҳат ва балоғати сухан дар ғазадиёти Ҳофизи Шерозӣ” суханронӣ намудам.
Дар ҳамоиш бо олимону муҳаққиқон аз кишварҳои гуногун шинос гардида, бо онҳо суҳбату мулоқотҳои суданд баргузор кардем.
Дар баробари боздид намудан аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии Фаронса дар консерти муштараки филармонияи Париж-Шарқ, ки бо иштироки ҳунармандони тоҷику эронӣ баргузор гардид, иштирок кардам.
Рафти иштироки ҳайати иштиркдорони Конференсияи тавассути шабакаҳо гуногуни ҷаҳон ва Тоҷикистон нишон нишон дода шуд.
Ҳамчунин, бо супориши президенти АМИТ муҳтарам Қ. Хушвахтзода диплом, шаҳодатнома ва нишони сарисинагии Узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба Раҳом Аша, ки ба тозагӣ интихоб шуда буд, супоридам.
Имрӯз, 15 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати кушодашавии 46- умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии ифтитоҳии хеш иброз доштанд, ки бо дастгирӣ ва ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ба яке аз соҳаҳои калидӣ, афзалиятдошта ва авлавиятдошта мубаддал гардидааст. Тӯли даврони соҳибистиқлолӣ дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат мавқеи махсус ба наврасону ҷавонон дода мешавад. Дар ин росто, ҳадафи баргузории 46-умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон низ дар амал татбиқ намудани сиёсати илмии Ҳукумати мамлакат аз овони мактабхонӣ маҳсуб меёбад.
Дар баробари ин, Президенти маҳбуби кишварамон таъкид менамоянд, ки “дар шароити пешрафти босуръати илму технологияҳои муосир мо бояд тамоми имкониятҳоро барои таълиму тарбияи фарзандон ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи онҳо сафарбар созем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунем ва ба ҳаёти мустақилона омода намоем, зеро кӯдакон ва наврасону ҷавонони имрӯза ояндаи мо, давомдиҳандагони кори мо ва умеду орзуи мову шумо мебошанд. Агар мо хоҳем, ки дар оянда Ватанамон ободу зебо ва ҳамқадами кишварҳои пешрафта гардад, бояд ҳеҷ гоҳ аз раванди таълиму тарбияи насли наврас дар канор набошем”. “... ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд”.
Гуфта шуд, ки имсол 54 сол аз фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон пур мешавад, яъне шуруъ аз 4 декабри соли 1971 ҳангоми таъсиси Академияи хурд натиҷаҳои назарру қонеъкунанда аз ҳисоби корҳои илмию таҳқиқотии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат мушоҳида гардида истодаанд.
Таъкид гардид, ки асоси кор ва фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистонро бахшҳои ихтисосӣ, маҳфилҳои илмӣ, иттиҳодияҳои эҷодии хонандагон ва Сессияҳои илмии аъзоёни Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки дар пояи Институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд. Аз ин лиҳоз, миннатдории Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем.
Дар идома мудири шуъбаи кор бо мактаббачагони АХИТ дар назди Раёсати АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Манучеҳр Садриддинов ва дигар намояндагони вазорату идораҳо суханронӣ намуданд. Дар кушодашавии 46- умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон зиёда аз 500 нафар хонандагон аз тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳо иштирок доштанд.
Дар фарҷом як зумра аз иштирокчиёни фаъоли Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон аз вилотятҳои ВМКБ, Суғд ва Хатлон бо диплом ва сипосномаҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.