ПАДИДАИ АСТРОНОМӢ: НАЗДИКТАРИН МАСОФАИ ЗАМИНУ ОФТОБ ДАР ДАВОМИ СОЛ Ё МАСОФАИ ПЕРИГЕЛИИ ЗАМИН
3 январи соли 2026, соати 22:15 бо вақти Душанбе, Замин ба нуқтаи перигелий - яъне ба наздиктарин нуқтаи мадори худ нисбат ба Офтоб мерасад. Дар ин лаҳза масофаи байни Замин ва Офтоб ҳадди ақал (минималӣ) буда, 147 099 586,26 км (0,9833 воҳиди астрономӣ)-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин рӯз қутри намоёни диски Офтоб дар осмон калонтарин дар соли 2026 буда, 32 дақиқаю 35 сонияи кунҷӣ мешавад.
Қутри Офтоб бо воҳидҳои кунҷӣ чен карда мешавад. Тафовути андозаи намоёни диски Офтоб дар давраҳои афелӣ ва перигелӣ бо чашми оддӣ эҳсос намешавад, зеро тағйирёбии андозаи он дар тӯли тақрибан ним сол тадриҷан сурат мегирад. Бо вуҷуди ин, ҳангоми муқоиса маълум мешавад, ки дар давраи перигелӣ қутри намоёни Офтоб тақрибан 3 фоиз калонтар аст нисбат ба аввали моҳи июл, вақте ки масофа байни Замин ва Офтоб ба ҳадди аксар (максималӣ) мерасад.
Мадори эллипсӣ ва андозаи зоҳирии Офтоб
Замин як гардиши пурраро дар атрофи Офтоб дар муддати 365 рӯз, 6 соат, 9 дақиқа ва 10 сония анҷом медиҳад. Ҳаракати он дар мадори эллипсӣ бо суръати миёнаи тақрибан 29,765 км/с сурат мегирад. Наздиктарин нуқтаи мадори Замин ба Офтоб перигелӣ ном дорад ва Замин аз он дар аввали моҳи январ мегузарад. Нуқтаи дуртарини мадор афелӣ номида мешавад ва Замин онро дар аввали моҳи июл мегузарад.
Мадори Замин даврашакли комил нест. Он шакли эллипс дорад, гарчанде ки эллипсӣ будани он заиф ифода ёфтааст (эксентриситет ≈ 0,0167 - Геоид). Ин маънои онро дорад, ки масофа то Офтоб дар тӯли сол тақрибан 5 миллион километр тағйир меёбад. Дар натиҷаи ин тағйирёбӣ, андозаи кунҷии зоҳирии Офтоб низ дигар мешавад. Дар моҳи январ он тақрибан 6-7% калонтар аз моҳи июл аст. Барои чашми оддии инсон ин фарқият қариб эҳсос намешавад, аммо дар аксҳои рақамӣ, ки бо вақти якхела гирифта шудаанд, он хеле равшан дида мешавад: диски зимистонаи Офтоб аз диски тобистонааш ба таври намоён калонтар менамояд.
Бояд таъкид кард, ки андозаи кунҷии Офтоб аз вақти шабонарӯз вобаста нест.
Баъзан чунин мегӯянд, ки гӯё «Офтоб ҳангоми тулӯъ калонтар аст», аммо ин танҳо бо таъсири омилҳои оптикӣ ва ҳодисаҳои атмосфера дар наздикии уфуқ вобаста мебошад. Андозаи воқеии диски Офтоб дар давоми рӯз тағйир намеёбад. Перигелӣ, яъне наздиктарин масофаи Замин ба Офтоб, ба саломатии инсон дар рӯи Замин таъсири манфӣ намерасонад.
Бӯризода Анвар Маҳмад Директори Институти астрофизикаи АМИТ
19 августи соли равон дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Қазоқистон конференсияи сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Куришбаев Ахилбек Кажигулович, раисони иттифоқҳои нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон, муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорони муассисаҳои олии кишвар, инчунин олимону зиёиёни тарафайн иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз ба кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, бори дигар ташрифи меҳмонони олдиқадрро Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Таъкид гардид, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани Конфронси олимон ва зиёиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз нақши муҳими он шаҳодат медиҳад.
Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсиси давлати соҳибистиқлол илму маориф мавқеи марказиро ишғол намуд. Ҳамин аст, ки олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва зиёиён қувваи созанда ва пешбарандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат мебошанд. Бояд гуфт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон таърихи тӯлонӣ ва пуршарафи ҳамкориҳо доранд.
Дар идома президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Куришбаев Ахилбек Кажигулович суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки , баргузории ин конфронси сатҳи байналмилалӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳа илм, муттаҳид сохтани нурӯи илмии олимони Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозии пажӯҳишҳои илмӣ дар доираи як платформа мебошад. Дар ибтидо олимону зиёиёни Тоҷиикстону Қазоқистон дар конфронс доир ба мавзӯҳои илмию таҳқиқотӣ маъруза намуданд.
19 августи соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Куришбаев Ахилбек Кажигулович мулоқот анҷом дод.
Дар оғози мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Куришбаев Ахилбек Кажигуловичро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зимнан доир ба рушди дурнамои ҳамкориҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ибрози андеша намуданд.
Таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ ҳамеша омода аст то ҳамкориҳои худро бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон дар шароити муосир рушду густариш диҳад. Қайд гардид, ки дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани як конфронси сатҳи байналмилалӣ бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Қазоқистон барои мустаҳкам гардидани ҳамкориҳои илмӣ дар оянда мусоидат хоҳад кард.
Умуман, баргузории ин конфронси сатҳи байналмилалӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳа илм, муттаҳид сохтани нурӯи илмии олимони Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозии пажӯҳишҳои илмӣ дар доираи як платформа мебошад.
ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҚАЗОҚИСТОН БА АКАДЕМИЯИ МИЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
19 августи соли равон дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Куришбаев Ахилбек Кажигулович ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварданд.
Меҳмони олиқадро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати олимону кормандон дар саҳни бинои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо хушнудӣ истиқбол намуданд. Пас аз истиқбол ҳайати олимону зиёиёни Тоҷикистону Қазоқистон дар назди нимпайкараи Қаҳрамони халқи тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров акси хотиравӣ бардоштанд.
Сипас меҳмонони олиқадр аз намоишгоҳи дастовардҳои муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуда, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ дар зинаҳои гуногун фикру андешаҳои худро баён доштанд.
Ёдовар мешавем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз бо талошу хиради пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Ҷумҳурии Қазоқистон рушду густариш додааст. Маҳз сиёсати ояндадор ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки нуфузу эътибори кишвари Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ боло рафтааст.
Мувофиқи маълумоти лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки тавассути асбобу таҷҳизотҳои муосири таҳқиқи атмосфераи Замин: «Lidar-PollyNet» (истеҳсоли Олмон), фотометри Офтобӣ (истеҳсоли Фаронса) ва спектрометри рентгенофлуорестсенсӣ СПЕКТРОСКАН - МАКС-G (истеҳсоли Россия) ба даст оварда шудааст, шурӯъ аз соати 09:00 16 августи соли 2024 ба фазои Душанбе «хокбориш» ворид гардид.
Таҳқиқот аз руйи таҳлили масири бараксии чангу ғубор нишон дод, ки барои таърихи рузи 16–уми август соли 2024(соати 16:00) саршавии масири чанг аз сели ҳавое ки 7 шабонаруз дар баландии 500 м (аз Британияи Кабир), 1000 м (аз Олмон) ва 1500 м аз давлати Россия оғоз гардидааст ва ба биёбонҳои Осиёи Марказӣ (Аралқум, Қизилқум ва Қароқум ворид шуда қисман аз ғарб ва қисми зиёд аз ҷануби Тоҷикистон (Шаҳритус) ба кишвари мо ворид гардидааст.
Баландии хокбориш дар шаҳри Душанбе то 6 километр ба қайд гирифта шуд
Таҳлили таркиби хокбориши воридгардида нишон медиҳад, ки дар он аз унсурҳои вазнини ба саломатии инсон зараровар ҳамагӣ се унсур – марги муш (арсеник), маранес ва оҳан бо консентратсияи каме зиёдтар аз қимати миёнаи солҳои 2007-2022 муайяншуда дарёфт гардиданд.
Унсурҳои дигар, ба монанди мис, руҳ, хром ва ғайра (ҳамагӣ 7 унсури дигар) дар таркиби хокбориш бо консентратсияи камтар мавҷуданд ва бинобар ин ба саломатии инсон зарари зиёд намерасонанд. Дар таркиби аэрозоли хокбориш кобалт ва ванадий пайдо нашуд.Дар рўзҳои хокбориш олудагии ҳаво дар фазои кишвар қариб 4 маротиба зиёд шудааст.
Хокбориш ҳамагӣ то 19-20 август идома хоҳад ёфт. Бинобар ин, дар ин рӯзҳо ба одамоне, ки ба бемориҳое, мисли, касалиҳои дил, роҳи нафас, баландфишорӣ ва монанди инҳо гирифторанд, тавсия дода мешавад, ки дар хонаҳо қарор гирифта, ҳангоми сайру гашт дар фазои кушод аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода кунанд.
Имрӯз (14.08.2024) ҳайати олимпӣ хоса ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024 пас анҷоми олимпиада ба ватан баргашатанд. Дар фурӯдгоҳи байналмилалӣ ҷоизадоронро бо шукуҳ ва шаҳомати хоса истиқбол гирифтанд.
Дар ин росто олимону кормандон таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо бардоштани Парчам кишвар барои истиқболи қаҳрамонони парчамбардори миллат ба роҳ баромаданд. Воқеан ҳам ҷонибдорӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин боз ҳам барои рушди соҳаи варзиши кишвар мусоидат хоҳад кард.
Ҳамин аст, ки бо сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ рушди бо майлон намуда истодааст. Ёдовар мешавем, ки аз санаи 26 то 11 августи соли 2024 дар шаҳри Париж Бозиҳои Олимпии Париж-2024 баргузор гардиданд.
Дар ин олимпиада варзишгарони парчамбардори миллат дар қатори варзишгарони 206 давлати дунё дар бозиҳои тобистонаи XXXIII- юми Олимпиадаи Париж – 2024, аз намудҳои гӯштини ҷудо, тарзи озод, бокс, варзиши сабук, теквандо, шиноварӣ иштирок варзида, бо ба даст овардани се медали биринҷӣ Парчами кишварро дар миёни кишварҳои дунё баланд бардоштанд.
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
8 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳамоиши якуми сарони давлатҳои Муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНИИ РОССИЯ
08 августи соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт директори Институти ҷумҳуриявии илмӣ-тадқиқотии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия Лопатин Владимир Николаевичро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба маркази илми ҷумҳурӣ хайрамақдам гуфта, зимнан доир ба рушди дурнамои ҳамкориҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Туркия ибрози андеша намуданд.
Таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ ҳамкориҳои худро бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии Федератсияи Россия дар шароити муосир рушду густариш додааст.
Инчунин дар доираи ин ҳамкориҳо мо мода ҳастем, ки дар оянда ҳамкориҳои худро бо Институти ҷумҳуриявии илмӣ-тадқиқотии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия тақвият бахшида, натиҷаҳои арзишмандро дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD ба даст орем.
Мақсад аз ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ин самт рушди моликияти зеҳнӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди инноватсия ва соддагардонии низоми моликияти зеҳнӣ мебошад.
08 августи соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт пас аз боздид дар толори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони ин ниҳод вохурӣ анҷом дод.
Дар вохурӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло, олимони академия ва кормандони Агентии обуҳавошиносӣ иштирок намуданд.
Зимни вохурӣ муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Байдуллоева Ҷамила Акбархоновна доир ба самтҳои фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ ба ҳозирин маълумоти мушаххас дод.
Дар идомаи вохурӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт натиҷаҳои илмии олимони акдемия ва зерсохторҳои онро барои татбиқ намудан дар раванди корҳои амалӣ пешниҳод намуданд, ки аз ҷонби роҳбарияти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд.





