Skip to main content
12

3 январи соли 2026, соати 22:15 бо вақти Душанбе, Замин ба нуқтаи перигелий - яъне ба наздиктарин нуқтаи мадори худ нисбат ба Офтоб мерасад. Дар ин лаҳза масофаи байни Замин ва Офтоб ҳадди ақал (минималӣ) буда, 147 099 586,26 км (0,9833 воҳиди астрономӣ)-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин рӯз қутри намоёни диски Офтоб дар осмон калонтарин дар соли 2026 буда, 32 дақиқаю 35 сонияи кунҷӣ мешавад.

Қутри Офтоб бо воҳидҳои кунҷӣ чен карда мешавад. Тафовути андозаи намоёни диски Офтоб дар давраҳои афелӣ ва перигелӣ бо чашми оддӣ эҳсос намешавад, зеро тағйирёбии андозаи он дар тӯли тақрибан ним сол тадриҷан сурат мегирад. Бо вуҷуди ин, ҳангоми муқоиса маълум мешавад, ки дар давраи перигелӣ қутри намоёни Офтоб тақрибан 3 фоиз калонтар аст нисбат ба аввали моҳи июл, вақте ки масофа байни Замин ва Офтоб ба ҳадди аксар (максималӣ) мерасад.

Мадори эллипсӣ ва андозаи зоҳирии Офтоб

Замин як гардиши пурраро дар атрофи Офтоб дар муддати 365 рӯз, 6 соат, 9 дақиқа ва 10 сония анҷом медиҳад. Ҳаракати он дар мадори эллипсӣ бо суръати миёнаи тақрибан 29,765 км/с сурат мегирад. Наздиктарин нуқтаи мадори Замин ба Офтоб перигелӣ ном дорад ва Замин аз он дар аввали моҳи январ мегузарад. Нуқтаи дуртарини мадор афелӣ номида мешавад ва Замин онро дар аввали моҳи июл мегузарад.

Мадори Замин даврашакли комил нест. Он шакли эллипс дорад, гарчанде ки эллипсӣ будани он заиф ифода ёфтааст (эксентриситет ≈ 0,0167 - Геоид). Ин маънои онро дорад, ки масофа то Офтоб дар тӯли сол тақрибан 5 миллион километр тағйир меёбад. Дар натиҷаи ин тағйирёбӣ, андозаи кунҷии зоҳирии Офтоб низ дигар мешавад. Дар моҳи январ он тақрибан 6-7% калонтар аз моҳи июл аст. Барои чашми оддии инсон ин фарқият қариб эҳсос намешавад, аммо дар аксҳои рақамӣ, ки бо вақти якхела гирифта шудаанд, он хеле равшан дида мешавад: диски зимистонаи Офтоб аз диски тобистонааш ба таври намоён калонтар менамояд.

Бояд таъкид кард, ки андозаи кунҷии Офтоб аз вақти шабонарӯз вобаста нест.

Баъзан чунин мегӯянд, ки гӯё «Офтоб ҳангоми тулӯъ калонтар аст», аммо ин танҳо бо таъсири омилҳои оптикӣ ва ҳодисаҳои атмосфера дар наздикии уфуқ вобаста мебошад. Андозаи воқеии диски Офтоб дар давоми рӯз тағйир намеёбад. Перигелӣ, яъне наздиктарин масофаи Замин ба Офтоб, ба саломатии инсон дар рӯи Замин таъсири манфӣ намерасонад.

Бӯризода Анвар Маҳмад Директори Институти астрофизикаи АМИТ