Наврӯз ҳамчун ҷашни оғози соли нав дар байни ориёитаборон, ки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ, Эрон ва Ҳиндустон зиндагӣ мекарданд, маъруф буд. Тибқи осори таърихӣ, ориёиҳо Наврӯзро ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл, пеш аз таъсиси давлатҳои аввалин таҷлил мекарданд.
Наврӯз аз қадим ҷашни баҳорӣ ва оғози давраи нави табиат буд, ки бо эътиқодоти ориёиҳо мутобиқат дошт. Дар Ведҳо мафҳумҳои тозагӣ, поксозӣ ва эҳёи зиндагӣ, ки дар Наврӯз низ дида мешаванд, хеле муҳим буданд.
Гарчанде ки худи калимаи “Наврӯз” дар Ведҳо зикр нашудааст, мазмуни он ҳамчун ҷашни эҳёи табиат ва оғози нав ба таври амиқ дар фарҳанги ведоӣ ҷой гирифтааст.
Дар “Ведҳо”, ки қадимтарин матнҳои муқаддаси ориёӣ ба шумор мераванд, ишораҳои ғайримустақим ба ҷашнҳое монанд ба Наврӯз вуҷуд доранд.
Махсусан,“Ригведа” дар бораи табиат, тағйироти фаслҳо ва аҳамияти даврҳои кайҳонӣ ба таври васеъ тавсиф мекунад. Дар таърихи ведоӣ ҷашнҳое вуҷуд доранд, ки ба ибтидои баҳор ва оғози давраи нави зиндагӣ рабт доранд, аз қабили:
1. Ҷашнҳои офтобӣ ва баробарии рӯз ва шаб
Дар Ведаҳо Суря (Офтоб) ва Агни (Оташ) ҳамчун рамзҳои ҳаёт ва тозагӣ васф мешаванд.
Ҷашнҳое, ки ба ҳаракати офтоб марбутанд, яке аз аслҳои Наврӯзро ташкил медиҳанд.
2. Маҳабҳарат ва Рамаяна
Дар достонҳои эпикии ҳиндуӣ, монанди “Маҳабҳарат”ва “Рамаяна”, ҷашнҳои фаслии баҳорӣ ва оғози соли нав қайд шудаанд, ки бо Наврӯз шабоҳатҳои зиёд доранд.
3. Макараи Санкранти (Makar Sankranti)
Ин ҷашн дар Ҳиндустон таҷлил мешавад ва ба ҳаракати Офтоб ба сӯи нимкураи шимолӣ рабт дорад, ки ба оғози кишоварзӣ ва навшавии табиат ишора мекунад.
Баъди давраи Ведҳо (тақрибан ҳазораи I то мелод), Наврӯз дар сарзаминҳои Эрону Осиёи Марказӣ шакли равшантарро ба худ гирифт.
Хусусан дар давраи Зардуштия ҷашни Наврӯз мақоми расмӣ касб намуд. Дар Авасто, китоби муқаддаси зардуштӣ, Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат ва Худованд тавсиф мешавад. Дар “Яштҳо” ва “Вандидод” низ ба покизагӣ, эҳёи зиндагӣ ва арҷгузорӣ ба нур ва рӯшноӣ ишора шудааст.
Яке аз унсурҳоиасосии таълимоти Зардуштия поксозӣ ва эҳтиром ба муҳити зист мебошад. Дар “Авасто” омадааст, ки ҳар шахс бояд пеш аз ҷашн покизагӣ ва тозагиро риоя кунад:
• Тозакунии хона ва муҳит
• Обпошӣ ва поксозии ҳаво
• Фароҳам овардани фазои ором барои руҳияи нек
Ҳамин анъанаҳо то имрӯз дар суннатҳои наврӯзии мардум боқӣ мондаанд.
Оташи муқаддас дар Зардуштия рамзи нур, хирад ва покӣ мебошад. Дар “Авасто” таъкид шудааст, ки дар рӯзи Наврӯз бояд оташ афрӯхта шавад, то ки қувваҳои бад дур гарданд.
Тақвими ориёии бостонӣ бар асоси гардиши офтоб танзим шуда буд. Дар он соли нав бо оғози баҳор – баробаршавии шабу рӯз (21 март), ки дар Авасто низ муҳим шуморида мешавад, оғоз мешуд. Ин тақвим бо номи ҷашни Ҷамшедӣ (Наврӯзӣ) маъруф буд ва дар замони муосир ҷашни Наврӯз низ аз рӯи ин тақвим таҷлил мегардад.
Умуман дар “Авасто” Наврӯз на танҳо як иди оддӣ, балки як ҷашни муқаддаси рӯшноӣ, покизагӣ ва оғози давраи нави зиндагӣ дониста мешавад. Ин ҷашн бо Аҳурамаздо, фариштагон ва унсурҳои табиат алоқаманд аст. Оташ, об, покизагӣ ва эҳёи табиат рамзҳои асосии Наврӯз дар таълимоти Авасто мебошанд. Поксозии хона, афрӯхтани оташ ва эҳтиром ба замин ва офтоб суннатҳое ҳастанд, ки аз Авасто сарчашма мегиранд ва то имрӯз дар Наврӯз боқӣ мондаанд.
Хулоса, Наврӯз ҳамчун ҷашни қадимаи фарҳанги ориёӣ, миёни мардуми ориёитабор ҷойгоҳи мухсусиеро касб намудааст ва аз сарчашмаҳои бостонии ориёӣ ба монанди “Ведҳо” ва “Авасто” оғоз гардида, то ба замони мо омада расидааст. Ҳам дар “Ведҳо” ва ҳам дар “Авасто” Наврӯз ҳамчун ҷашни таҷдиди табиат ва рӯшноӣ тасвир шудааст. Он бо офтоб, оташ, покизагӣ, ва оғози зиндагии нав алоқаманд буда, аҳамияти фалсафии амиқро ифода мекунад. Ин ҷашн далели он аст, ки инсон ҳамеша бо унсурҳои табиӣ, ба монанди об, оташ, хок ва ҳаво алоқаманд буда, ҳамчун пайванди аслии инсон бо табиат ва коинот ҳамасола эҳё карда мешавад.
Муҳаммадиева Сайҳуна – ходими хурди илмии Маркази антропологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Имрӯз, 22 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 1190- солагии гиромидошти асосгузори мактаби классикии шеър-мусиқии замони Сомониён Абулаббоси Бахтиёр (834-920) Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор гардид.
Ба кори ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён ҳусни оғоз бахшида, доир ба муҳтавои ҳамоиш ва мавқеи илму адаб ва фарҳангу мусиқӣ дар замони давлатдории Сомониён ибрози андеша намуд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқаддимавии хеш таъкид дошт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақш ва ҷойгоҳи аввалин давлати миллии тоҷикон Сомониён дар таърихи тамаддуни башарӣ чунин ибрози андеша намуданд:”Воқеан давраи маданият, фарҳанг, рушди илму адабиёт, шукӯҳу иқтидори давлати тоҷикон ба аҳди Сомониён, хусусан шоҳ Исмоили Сомонӣ марбут аст.
Ин давронро метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори тамаддуни миллӣ ва авҷи камолоти давлатдорӣ, ташаккули шахсиятҳои барӯманд, олимону, шоирон, симоҳои намоёни давлатӣ номид”.
Дар ҳақиқат осори тамаддуни моддӣ ва маънавии замони Сомониён дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хоса дошта, симоҳои дурахшони он Ҳаким Тирмизӣ, Абулаббоси Бахтиёр, Абулаббоси Сарахсӣ, Рӯдакӣ, Абумансури Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон дар ташаккул, рушди тамаддуни башарӣ саҳми арзанда гузошта, осори офаридаашон ба ҷараёни таърихи ташаккули мероси таърихӣ, илмӣ, фалсафӣ, адабӣ, сарвати бебаҳои бадеии тоҷик ва мардумони эронӣ иртиботи ногусастанӣ доранд. Дар замони Сомониён таърих, илм, забону адабиёт, мусиқии илмию амалӣ, ҳунарҳои бадеӣ бовусъат пешрафт намуда, намояндагони эҷодии ин асри заррин фазои васеи адабию таърихӣ, илмӣ, фалсафӣ, бадеию эҷодии усулан классикию мондагорро дар тамаддуни башарӣ рӯи саҳна овардаанд.
Гуфта шуд, ки офаридаҳои симоҳои эҷодию илмии замони Сомониён, аз ҷумла замони фаъолияти илмию идории чеҳраи барҷаста, асосгузори мактаби классикӣ ва фарҳангӣ Абулаббоси Бахтиёр марҳалаи басо шукуфоии таърих, миллат, забон ва Эҳёи тамаддуни тоҷикон ва мардумони Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик аст.
Намояндагони эҷодкори замони Сомониён давлатсозу фарҳангсоз баъди вуруди ислом дар таърихи Шарқ буда, дар сохти идории бонизоми давлатӣ на фақат низому анаъанаи дерини имперотурҳои ориёиро бо усули созандагӣ аз нав падид оварданд, инчунин фазои мусоиди бунёдкориро ба пешрафти иқтисоду тиҷорат, илму маориф, санъат такони пурвусъати пешрафтро рӯи саҳна овард.
Дар идомаи ҳамоиш дар баробари муҳаққиқони тоҷик, ҳамчунин донишмандону ҳунармандон аз давлатҳои Амрико, Фаронса, Канада, Ҳиндустон, Ӯзбекистон дар шакли ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ иштирок ва суханронӣ намуда, масоили мубраму камтаҳқиқшудаи таърих ва тамаддуни аввалин давлати муттамаркази тоҷикон-Сомониён ва намояндаи барҷастаи он, донишманди варзида, поягузори мактаби классикии шеъру мусиқӣ ва фарҳанги замони Сомониён Абулаббоси Бахтиёр ва замони ӯро мавриди баррасӣ қарор доданд.
22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Илҳомиддин Муовини вазири корҳои дохилӣ таъин карда шуд.
Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ дар як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, раёсату шуъбаҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои гуногун кадрҳои соҳибтаҷриба ва ҷавону варзида таъин карда шуданд. Сардорони шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Панҷакент, Гулистон, Конибодом, Левакант, ноҳияҳои Муминобод, Данғара, Хуросон, Шаҳритус, Ёвон, Балҷувон, Спитамен, Мастчоҳ, Айнӣ, Ванҷ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур аз ҳисоби мутахассисони варзида таъин гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба давлат ва мардуми Тоҷикистон ҳидоят намуда, ба онҳо доир ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу тартибот, волоияти қонун ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ дар асоси савганди садоқати худ ва қонунгузории кишвар дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки ба одоби муошират бо мардум, омӯзиши забонҳои байналмилалӣ ва истифодаи техникаю технологияҳои муосири иттилооотӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, назорати татбиқи ҳамаҷонибаи талаботи нави қонунгузорӣ дар истифодаи дурусти неруи барқ, аз раванди таълиму тарбия дур намондани насли наврас ва ба хусус ба тарбия ва забономӯзии кадрҳои ҷавон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Имрӯз, 21 апрел бо ташаббуси Маркази меросии хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили рӯнамоии китоб баргузор гардид. Дар баргузории маҳфил китоби тозанашри доктор Соҳибназар Муродӣ “Тоҷикони Хуросон: таърих фарҳанг ва сарнавишт” рӯнамоӣ карда шуд.
Ба кори маҳфил саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои таърих, профессор Қосимшо Искандаров ҳусни оғоз бахшида, муҳтавои маҳфилро ба ҳозирин фаҳмонида сухани муқаддимавиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт вогузор намуданд.
Зимни баромади хеш президенти Аккадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки китоби доктор Соҳибназар Муродӣ “Тоҷикони Хуросон: таърих, фарҳанг ва сарнавишт”, ки дар дар се ҷилд аз тарафи интишороти “Бадахшон” ба нашр расидааст, самимона табрик мегӯям.
Гуфта шуд, ки нашри ҳама гуна натиҷаи таҳқиқоти илмии вобаста ба таърих, фарҳанг ва сарнавишти таърихии тоҷикон воқеаи бисёр муҳимми илмию фарҳангӣ маҳсуб мешавад. Эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ ба хотири таҳкими истиқлолияти кишвари соҳибистиқлоли мо, боло бурдани сатҳи маънавиёти қишрҳои гуногуни аҳолӣ дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Таъкид гардид, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар заминаи таҳқиқи таърихи пурифтихор ва фарҳанги оламшумули халқи тоҷик корҳои зиёдро анҷом додааст ва дар оянда анҷом хоҳад дод. Тибқи Нақша - чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 дар ин давра дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китобҳои бунёдӣ дар соҳаи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба нашр мерасанд.
Бешубҳа, ҳама гуна таҳқиқот дар бораи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик дар кадом кишваре, ки таҳия ва нашр нашуда бошад, бояд муаррифӣ ва нақд шавад, тақризҳо шаванд, то аҳли илму дониш иттилои бештаре пайдо намоянд. Боиси хурсандист, ки мо имрӯз чунин як китоби сеҷилдаи калоҳаҷмро дар бораи таърихи тоҷикони Хуросон - ро муаррифӣ мекунем.
Бояд гуфт, ки китоби “Тоҷикони Хуросон” китоби ҷомеъ ва аз назари хронологӣ аз замонҳои қадим то ба имрӯзро дар бар мегирад. Китоб дар маҷмуъ аз 15 фасл иборат аст ва тамоми паҳлуҳои зиндагии тоҷиконро дар бар гирифтааст. Хонандаи ин асар аз таърих, ҷуғрофиё, забон, адабиёт, фарҳанг, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, тарзи давлатдорӣ ва тамаддунофарии тоҷикон, мушкилоти тоҷикон дар тӯли таърих ва садҳо масъалаи дигари ҳаёти тоҷикон огоҳӣ меёбад. Дар китоб муаллиф аз манобеи хеле зиёд, адабиёти таҳқиқӣ ба забонҳои гуногун истифода намудааст, ки бешубҳа, арзиши китобро боло бурдааст.
Дар идомаи маҳфил як зумра олимону муҳаққиқон оид ба китоби тозанашр ибрози ақида намуда, ҷонибдорӣ намуданд.
Имрӯз, 21 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии рангини фарҳанги бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ва дигар олимону кормандон баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинии фарҳангӣ роҳбарият ва меҳмонон аз гушаи ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби масъулини муассисаҳои илмӣ таҳқиқотӣ ороста гардида буд боздид намуданд.
Дар идома ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ бо суруду таронаҳои ҷаззоби хеш ба фазои идонаи Рӯзи пойтахт дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳусни дигар бахшиданд.
Имрӯз, 21 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Душанбе-сарзамини тахти воло” баргузор гардид.
Ба кори ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқадимавии хеш ҳозиринро ба муносибати Рӯзи пойтахти маҳбубамон шаҳри Душанбе табрику таҳният хонда, иброз намуд, ки имрӯз Душанбе, пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол, ба як маркази бузурги илмӣ ва баргузории чорабиниҳои илмии миқёси байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ табдил ёфтааст. Омилҳое, ки ба ин мусоидат намудаанд, қабл аз ҳама, бо фаъолияти шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободонии пойтахти кишвар ва кулли Тоҷикистон алоқаманданд. Ҳамзамон, фаъолияти роҳбарияти худи шаҳр низ тайи чанд соли охир барои рушди пойтахт имкониятҳои заруриро барои банақшагирӣ ва баргузории чорабиниҳои гуногуни илмӣ тақвият бахшидааст.
Гуфта шуд, ки марказҳои бузургтарини илмӣ-таҳқиқотии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва филиалҳои ин гуна муассисаҳо аз кишварҳои хориҷӣ маҳз дар пойтахт ҷойгир буда, ҳамаи онҳо дорои кадрҳо ва инфрасохтори зарурӣ барои баргузории симпозиум, конфронсҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ мебошанд.
Дар баробари ин, шаҳри Душанбе имрӯз инфрасохтори рушдёбанда дошта, толорҳои нави муосир барои конференсияҳо ва меҳмонхонаҳо барои ширкаткунандагони онҳо рӯз ба рӯз ташкилкунандагони чорабиниҳои илмии байналмилалию ҷумҳуриявиро бештар ҷалб месозад. Инчунин, пайваста тақвият ёфтани имконияти пайвастшавӣ ба шабакаҳои байналмилалии алоқа ва рушди нақлиёти ҳавоӣ шаҳри Душанберо барои баргузории чорабиниҳое, ки олимонро аз кишварҳои гуногун ҷамъ меоранд, ба майдони муносиби ташкили чорабиниҳои илмӣ табдил додаанд.
Сипас, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо доир ба рушду пешрафти шаҳри Душанбе ва заҳмату талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуда, зимнан аз сиёсати ҷавонпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид. Гуфта шуд, ки имрӯз зери зиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташабусҳои ободкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе симои худро куллан тағйир дода, ба шаҳри орзуҳо табдил ёфтааст. Дар маҷмуъ пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст.
Дар идомаи ҳамоиш олимону кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар маърузаҳои хеш аз таърихи пайдоиш ва рушду пешрафти шаҳри Душанбе дар замони муосир сухан гуфтанд.
Тавре иттилоъ дорем дар таърихи 15.04.2025 соати 23:14:03.0 бо вақти ҷаҳонӣ ва 16.04.2025 соати 04:14:03.0 бо вақти маҳаллӣ заминҷунбӣ ба амал омад, ки мутобиқи додаҳои пойгоҳҳои сейсмикии Роғун ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ заминҷунбӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии исломии Афғонистон (координат 36.56 N 70.17 E) бо магнитудаи 6,0 дар жарфи 102 км рух дод.
Пас аз ба вуқӯъ пайвастани зилзила дар водии Рашт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди махсус барои бартараф намудани оқибатҳои заминларза таъсис дода шуд. Дар заминаи ин бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ҳайати комиссияи мазкур роҳбарияти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ворид гардид, ки дар доираи ин масъулин ба минтақаи Рашт сафарбар гардида, аз мавзеи бавуқӯъ пайвастаи заминлараза дидан намуданд.
Имрӯз, 19 апрел дар доираи ин зимни машварати корӣ бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва ҳайати олимону кормандон масъалаи оқибатҳои заминларза дар водии Раштро натиҷагирӣ намуданд. Дар оғоз директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Носир Сафарализода доир ба вақт ва макони ба вуқӯъ пайвастаи заминларза ва оқибатҳои ногувори он ҳисоботи муфассал ироа намуд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доир ба беҳтар намудани фаъолияти пойгоҳҳои сейсмологӣ ва саривақт додани маълумот доир ба заминларза ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Маълумотномаи пешакии мухтасар дар бораи заминҷунбии 19.04.2025 с., дар худуди Ҷумҳурии исломии Афғонистон
Имрӯз, 19 апрел соати 06:47:56.0 бо вақти гринвич ва соати 11:47:56.0 бо вақти маҳаллӣ заминҷунбӣ ба амал омад, ки мутобиқи додаҳои пойгоҳҳои сейсмикии Роғун ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, заминҷунбӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо магнитудаи 5,9 дар жарфи 96 км рух дод. Дар шаҳри Душанбе 3-3,5 баллро ташкил дод. Маркази заминҷунбӣ аз шаҳри Душанбе ба самти ҷанубу шарқ дар масофаи 334 км, аз рӯи додаҳои Институт, 339 км GEOFON ва аз маркази шаҳри Хоруғ бошад аз рӯи додаҳои Институт дар масофаи 109 км, GEOFON 143 км ва аз НОБ-и Роғун аз рӯи додаҳои Институт дар масофаи 283 км, GEOFON 300 км ҷойгир мебошад.
Аз рӯи маълумоти ба дастомада, заминҷунбӣ ҳудуди Ҷумҳуриҳои Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистонро такон додааст. Инчунин бо истифода аз шабакаҳои сейсмикии ҷаҳонӣ маълумот гирд оварда шуд ва дар маълумотномаи мазкур координатаҳои маркази заминҷунбии рухдода, бо аксҳо нишон дода шудааст.
Мувофиқи маълумоти ба даст омада, дар натиҷаи рух додани ин офати табиӣ дар ҳудуди Ҷумуҳрии Тоҷикистон ягон хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ БА 300 НАФАР ШАХСОНИ ДОРОИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУДИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Мавриди зикри хос аст, ки дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва наврасони дорои имкониятҳояшон маҳдуд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамаи ин ғамхориву дастгириҳо аз сиёсати оқилонаю инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Имрӯз, 18 апрел дар пайравӣ аз ин сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба 300 нафар шахсони дорои имконияташон маҳдуди ноҳияи Данғара кумак расонида шуд.
Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳандозӣ гардида, бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои шахсони дорои имконияташон маҳдуд дастархони идона ва барномаи рангини фарҳангӣ доир карда шуд.
Дар идома муовини раиси ноҳияи Данғара, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, сардори раёсати магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимзода Солеҳ, мудири кафедраи забонҳои хориҷии назди Раёсати АМИТ Саидзода Ҳалимҷон доир ба дастгириву иқдомҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбон ва наврасони дорои имконияташон маҳдуд ва доир ба иқдоми навбатии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт суханронӣ намуданд.
