Наврӯз таърихи зиндаву бедор ва бақои миллати тоҷик аст .
Эмомалӣ Раҳмон.
Наврӯз, ки дар тамоми забонҳои дунё низ боҳамин тарз талафуз мешавад ба маънои "рӯзи нав"буда, на танҳо оғози соли нав аст, балки ҷашни қадимии ҳаёт, эҳё ва пирӯзии нур бар торикӣ мебошад. Наврӯз, ки решаҳои он ба зиёда аз 3000 сол ба давраи зардуштӣ рост меояд, аз фарорасии баҳор хабар медиҳад ва дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз, одатан 20 ё 21 март, ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз, он фарҳангҳои гуногунро дар саросариҶаҳон аз ҷумла, Ховари миёна, Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Балкан ва берун аз онро муттаҳид мекунад робитаҳои ғании расму оинҳо, анъанаҳо ва арзишҳои муштаракро пешниҳод мекунад. Рӯзи байналмилалии Наврӯз 21 март, рӯзи аввали баҳор дар, таҷлил мешавад. Ҷашнҳои Наврӯз як қатор расму оинҳо, маросимҳо, бозиҳои анъанавӣ, хӯрокҳои махсус, намоишҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангиро дар бар мегиранд, ки дар тӯли тақрибан як моҳ баргузор мешаванд.
Пайдоиши Наврӯзро метавон ба империяи қадимии Форс ва тақвими зардуштӣ, ки дар он ҷо яке аз муқаддастарин рӯзҳои солро қайд мекарданл, рабт дод. Наврӯз, ки дар аввал вақти муқаддас барои ҷашн гирифтани эҳёи табиат буд, дар тӯли асрҳо ба як ҷашни дунявӣ табдил ёфт, ки аз ҷониби ҷомеаҳои сершумори этникӣ-забонӣ ва фарҳангӣ пазируфта шуд. Ҷозибаи пойдори он дар рамзи пирӯзии нур бар торикӣ оғози нав, ҳам дар табиат ва ҳам дар рӯҳияи инсонӣ – нуҳуфта аст.
Дар тӯли ҳазорсолаи охир, Наврӯз рушд ва густариш ёфта, бо паҳн шуданаш дар Роҳҳои Абрешим таъсирҳои нави иҷтимоӣ, динӣ ва фарҳангиро ба бор овард. Санаи он, ки дар аввал мувофиқи таҷрибаҳои қадимии астрономӣ ҳисоб карда мешуд, дар асрҳои XI ва XII борҳо таҷдиди назар ва аз нав ҳисоб карда шуд, зеро Наврӯз дар замони ҳокимон ва режимҳои гуногун ҷашни дорои аҳамияти бузурги иҷтимоӣ боқӣ монд. Олимони машҳур монанди Абу Райҳон ал-Берунӣ (973-1048), Маҳмуди Қошғарӣ (1005-1102) ва Умари Хайём (1048-1131) аз ҷумлаи зиёиёне ҳастанд, ки санаи Наврӯзро омӯхтаанд. Наврӯз инчунин барои фаъолиятҳои фарҳангии анъанавӣ, ки одатҳои умумиро бо расму оинҳои маҳаллӣ муттаҳид мекунанд, низ муҳим аст. Шеър яке аз хусусиятҳои маъмули ҷашнҳои Наврӯз аст, ки дар он "шеърҳои Наврӯзӣ" дар атрофи ҷашн навишта, нашр ва қироат карда мешаванд. Мусиқӣ низ дар ҷашни навруз хеле муҳим аст ва бисёре аз кишварҳо онро ҷашн мегиранд, сурудҳои анъанавии мардумии худро дошта, ки махсус барои ҷашн гирифтан хонда мешавад.
Чуноне, ки Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш қайд менамоянд“Ҳангоме ,ки табиат дар ин баҳор худро нав мекунад, бояд дар хотир дорем, ки ҳар соли нав ва ҳар рӯз имкониятест барои оғози нав, имкони анҷом додани корҳо ба таври дигар, имкониятест барои бунёди ҷаҳони беҳтар”.
Хушбахтона, Наврӯз ба ҳайси яке аз унсурҳои барҷастаи фарҳанги ғайримоддӣ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷумҳуриҳои Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳиндустон рӯзи 30 ноябри соли 2016 дар Ҷаласаи 11-умини байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор гардид, расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Тибқи иттилои Оҷонсии фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО), бозгашти баҳор аҳамияти бузурги маънавӣ дорад, ки пирӯзии некӣ бар бадӣ ва шодӣ бар ғамро ифода мекунад. Ин ҷашн қисми рӯйхати намояндагии мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО мебошад ва Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2010, 21 мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард.
Махмедов Муҳаммадҷон - ходими хурди илмии Шуъбаи Аврупои
Институти Омузиши масъхалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
ИФТИТОҲИ ОЗМОИШГОҲИ ГЕОТЕРМАЛӢ ДАР МАРКАЗИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ ИЛМ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ АМИТ
Имрӯз, 18 ноябр дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кейко, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимону муҳаққиқони Тоҷикистону Ҷопон озмоишгоҳи геотермалӣ ба истифода дода шуд.
Зимни ифтитоҳ иттиллоъ дод шуд, ки озмоишгоҳи мазкур ба омӯзиш ва арзёбии захираҳои гармии зеризаминӣ машғул мешавад. Дар озмоишгоҳ ҳарорат ва хосиятҳои обҳои зеризаминӣ таҳлил мешаванд, потенсиали геотермалӣ муайян мегардад, таркиби минералӣ ва газҳои ҳамроҳ санҷида мешавад ва технологияҳои истифодаи гармии зеризаминӣ, аз ҷумла насосҳои гармидиҳии заминӣ (GSHP), озмоиш мешаванд. Ин озмоишгоҳ барои рушди энергетикаи тоза ва устувор аҳамияти муҳим дорад.
Таъкид гардид, ки дар озмоишгоҳ анализатори Хроматографияи ионӣ насб карда шудааст. Хроматографияи ионӣ вазифаи таҳлил ва ҷудокунии ионҳоро дар намунаҳои гуногуни об иҷро мекунад. Ин усул имкон медиҳад, ки консентратсияи анионҳо ва катионҳо бо дақиқии баланд муайян карда шавад, таркиби маҳлулҳо ошкор гардад, сифати об назорат шавад, ифлоскунандаҳо ва ионҳои номатлуб муайян шаванд ва раванди химиявӣ пайваста таҳти назорат нигоҳ дошта шавад.
Гуфта шуд, ки ин усул дар назорати экологӣ, гидрохимия, саноати озуқаворӣ ва дорусозӣ, инчунин дар озмоишгоҳҳое, ки таҳлили босуръат ва боэътимоди таркиби ионӣ талаб карда мешавад, васеъ истифода бурда мешавад.
ВОХУРӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ БЕҲТАР НАМУДАНИ НИЗОМИ ГАРМИДИҲИИ ДЕКАРБОНАТӢ БО ИСТИФОДА АЗ ЗАХИРАҲОИ ГАРМИДИҲИИ ЗЕРИЗАМИНӢ
Имрӯз, 18 ноябр дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи амалисозии лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» вохурӣ баргузор гардид.
Дар вохурӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кейко, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимону муҳаққиқони Тоҷикистону Ҷопон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии хеш иброз дошт, ки бо дастгирии Донишгоҳи Акитаи Япония амалишавии лоиҳаи мазкур дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имконият медиҳад, то дар кишвар технологияи муосири гармидиҳии декарбонатӣ рушд ёфта, истифодаи захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ ба таври самаранок ба роҳ монда шавад.
Зикр гардид, ки имрӯз мо дар доираи ифтитоҳи хонаи гармидиҳии геотермалӣ, бахшида ба лоиҳаи iTAG-SATREPS — «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» — ҷамъ омадаем. Лоиҳаи мазкур бо ҷонибдории барномаи байналмилалии “Ҳамкориҳои илмӣ ва технология барои рушди устувор” (SATREPS), Донишгоҳи Акитаи Ҷопон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гардид.
Таъкид гардид, ки амалисозии лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки низоми гармидиҳии кишвар бо усулҳои муосир такмил ёфта, ҳамзамон барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ватанӣ заминаи устувор фароҳам оварда шавад. Гуфта шуд, ки истифодаи гармии зеризаминӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди энергетикаи сабз дар кишвар маҳсуб меёбад.
Дар идома, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кейко иброз дошт, ки ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетикаи сабз ва татбиқи технологияҳои муосир барои рушди устувори Тоҷикистон аҳамияти калидӣ дорад ва татбиқи лоиҳаи гармидиҳии декарбонатӣ намунаи рӯшани ин ҳамкорӣ мебошад.
Дар фарҷоми вохурӣ иштирокчиён оид ба роҳҳои амалисозии босамари лоиҳа, ҷалби сармоягузорони байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ мубодилаи афкор намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ИБОДЗОДА САИДМУҚИМ ТИЛЛОХӮҶА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА МУБОДИЛАИ ИСТЕЪДОДҲО ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
Боз як кашфиёти нодирро дар соли 2025 ҳаводорони астрономия ва мутахассисони ин соҳа таҷлил карданд. Ин ҳам бошад пайдоиши як ҷирми берун аз Низоми офтобӣ, ки аз фазои байниситорагӣ ба мо ворид шудааст. Номи ин ҷирм кометаи 3I/ATLAS буда, пас аз 1I/ʻOumuamua (2017) ва 2I/Borisov (2019) — сеюмин объекти байниситорагии аз ҷониби инсоният мушоҳида шуда мебошад.
Ҳафтаи равон (санаҳои 11–14 ноябри соли 2025) аз ҷониби муҳаққиқони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо истифода аз телескопи Сейсс 1000 (1 метра) - и Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох мушоҳидаи ин ҷирми нодири байниситорагӣ — кометаи 3I/ATLAS, гузаронида шуд.
Тибқи баъзе маълумотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма баҳсу ҳангома ба миён оварданд, гӯё як зонди берунизаминӣ ба фазои наздизаминӣ ворид шудааст. Аммо таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ин хабарҳо асоси илмӣ надоранд. Ҷирми мушоҳидашуда дар асл як объекти нодири байниситорагӣ — кометаи 3I/ATLAS мебошад, ки ягон хатаре барои Замин эҷод намекунад.
Кометаи 3I/ATLAS санаи 1 июли соли 2025 тавассути системаи автоматии ATLAS (Asteroid Terrestrial-impact Last Alert System), ки дар Чили фаъолият дорад, ошкор гардид.
Натиҷаҳои аввалини мушоҳидаҳо нишон доданд, ки мадори ҷирм гиперболӣ буда, эксентриситети он аз 6 зиёд аст. Ин маънои онро дорад, ки ҷирм ба таври ҷозибавӣ аз Офтоб вобаста набуда, пас аз он, боз ба фазои байниситорагӣ бармегардад.
Комета бо суръати тақрибан 68 километр дар як сония вориди минтақаи дохилии Низоми офтобӣ шуда, масофаи наздиктарини он ба Офтоб дар нимаи моҳи сентябри соли 2025 ба қайд гирифта шуд.
Тибқи таҳқиқоти аввалия бо телескопҳои заминӣ ва кайҳонӣ (аз ҷумла James Webb Space Telescope), дар комаи кометаи 3I/ATLAS миқдори зиёди диоксиди карбон (CO₂) ва оксиди карбон (CO) ошкор шудааст. Ин нишон медиҳад, ки таркиби он аз бисёр кометаҳои дохилии Низоми офтобӣ фарқ мекунад.
Пайдоиши ҷирмҳои байниситорагӣ барои мутахассисони соҳаи астрономия аҳамияти бузург дорад. Онҳо ба олимон имкон медиҳанд, ки модда ва ташкилаи ибтидоии ситораҳо ва сайёраҳои дигарро омӯзанд. Ин гуна ҷирмҳо шояд пораҳои боқимонда аз системаҳое бошанд, ки дар онҳо ташаккули сайёраҳо ба таври дигар сурат гирифтааст.
Кометаи 3I/ATLAS яке аз навтарин ва ҷолибтарин кашфиётҳои астрономӣ дар даҳсолаи охир мебошад. Он ба монанди фиристодае аз олами дури ситораҳо буда, дар хусуси он ки кайҳон то чӣ андоза гуногун ва васеъ аст, ба мо маълумот меорад.
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии мубодилаи истеъдодҳо (CQITEC 2025) дар шаҳри Чунсини Чин иштирок намуданд
Бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва густариши муносибатҳои илмӣ миёни Тоҷикистон ва Чин, ҳайати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ, профессор Саидмуқим Ибодзода ва бо иштироки сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии АМИТ, профессор Қурбонов Қ.Ш., аз 13 то 16 ноябри соли равон дар Конфронси байналмилалии мубодилаи истеъдодҳо (CQITEC 2025) дар шаҳри Чунсини Ҷумҳурии Халқии Чин иштирок намуд.
Дар доираи сафари корӣ ҳайати Тоҷикистон аз ҷониби ноиби Президенти Академияи илмҳо ва технологияҳои Чунсин, Ҷен Сюн Бо, самимона пазироӣ гардид. Ҷонибҳо дар мулоқоти расмиву корӣ масъалаҳои марбут ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва муҳаққиқон, роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ, инчунин баргузории форумҳо ва чорабиниҳои илмии дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳайати илмии АМИТ ҳамчунин аз Клиникаи илмию амалии «Хайфу» боздид ба амал овард. Клиника бо истифода аз технологияҳои муосири лазерӣ ва ултрасадо табобати бемориҳои гуногуни инсонро, аз ҷумла бемориҳои саратонӣ, эхинококкии ҷигар, эндометриози бачадон ва дигар патологияҳоро ба роҳ мондааст. Олимони тоҷик бо имкониятҳои клиника, таҷҳизоти пешрафта ва усулҳои муосири ташхису табобат шинос гардиданд.
Сафари мазкур дар самти тавсеаи робитаҳои илмӣ ва тиббӣ миёни Тоҷикистону Чин қадами муҳими нав ба шумор рафта, заминаҳои тоза барои ҳамкориҳои судманд дар бахшҳои таҳқиқотӣ, клиникӣ ва инноватсионӣ фароҳам меорад.
БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ — КИТОБ АСТ» ДАР НОМИНАТСИЯИ «АДАБИЁТИ ҶАҲОН»
Имрӯз, 15 ноябр аз рафти баргузории даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ – китоб аст» дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дидан намуданд.
Зимни боздид масъулин аз сатҳи омодагии иштирокчиён, баргузории марҳилаҳои озмун ва муҳити созандаи маърифатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуданд, ки номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» барои густариши ҷаҳонбинӣ ва боло бурдани савияи дониши фарҳангии ҷавонон аҳамияти хоса дорад.
Зикр гардид, ки адабиёти ҷаҳонӣ — ганҷинаи арзишҳои умумибашарӣ ва таҷассумгари таҷрибаи ҳазорсолаи инсоният буда, мутолиа ва омӯзиши он дар ташаккули тафаккури созанда нақши муҳим мебозад.
Конфронс. НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН
Имрӯз, 14 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи XVI- Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон” баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми олимонро ба ин санаи таърихӣ табрику таҳният хонда, иброз доштанд, ки Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо иди давлатӣ, балки рамзи таҳкими ваҳдати миллӣ, субот ва талош барои шукуфоии кишвар мебошад, ки ҳамасола дар сатҳи баланд аз ҷониби тамоми сокинони ҷумҳурӣ самимона ва бо садоцати хосса таҷлил карда шуда, дастовардҳои муҳимми кишварро дар давраи сипаригашта инъикос мекунад ва ҳамчун воситаи таҷассуми ҳувияти миллӣ ва сарвати фарҳангии халқи мо хизмат мекунад.
Таъкид гардид, ки Рӯзи Президент аз ҷониби шаҳрвандон ҳамчун ифодаи самимии эҳтиром ба Пешвои муаззами миллат – Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки иродаи халқро барои таҳкими пояҳои истиқлол ва рушди давлатдории миллӣ ифода мекунад, самимона пазируфта шудааст. Дар маҷмуъ, Рӯзи Президент дар Тоҷикистон ҷашни гуногунҷабҳаест, ки ҳувияти миллӣ, ҳифзу муаррифии мероси фарҳангӣ ва кӯшиши мардумро барои пойдории ваҳдат ифода мекунад.
Гуфта шуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои миллӣ ва эътимоду боварии худро ба ояндаи дурахшони кишварамон изҳор мекунанд. Ин ҷашн дар руҳияи ваҳдат ва ҳамбастагӣ сурат мегирад, ки аҳаммияти нигаҳдорӣ ва пос доштани сулҳу субот дар кишварро, ки барои рушди пайваста ва таъмини некӯаҳволии шаҳрвандон зарур аст, таъкид месозад. Ин рӯз на танҳо нишонаи эҳтиром ба Президент, балки тантанаи ваҳдати миллӣ, хотираи таърихӣ ва назари нек ба ояндаи Тоҷикистони азиз мебошад.
Зикр гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунонки маълум аст, ҳамчун рӯзи эътирофи нақши Сарвари давлат дар ташаккул ва рушди давлатдори миллии тоҷикон мебошад. Ин ҷашн соли 2010 ба ифтихори Пешвои муаззами миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ки давраи нави таърихи кишварро оғоз кард, таъсис дода шудааст. Ҳамагон шоҳиди онем, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон ба раванди бунёди давлатдории миллӣ сарчашма гузошт ва абармади сиёсӣ Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович чун вакили ҷавон ва дорои таҷрибаи баланди корӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, Раиси Шурои Олӣ интихоб шуд. Ин абармарди таърих миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи боҳашамати сулҳи тоҷиконро бунёд кард, низоми давлатдории муосирро асос гузошт ва тоҷиконро чун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Аз ин ҷост, ки халқ ба ӯ унвони арзандатарин – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро додааст.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд таҷрибаи хосаеро ба ҷаҳониён дар самти ҳалли осоиштаи низоъи шаҳрвандӣ ва муноқишаҳои сиёсӣ омӯзонанд. Ба ҷаҳониён собит намуданд, ки ақли солим, ҳадафи волои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва бартарии манфиатҳои умумидавлатӣ нисбат ба манфиатҳои гурӯҳӣ метавонанд сулҳро дар мамлакат пойдор созанд. Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистонро аксари давлатҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун маркази сулҳу адолат мешиносанд ва ташаббусу пешниҳодҳои онро дар масъалаҳои умумибашарӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Боиси тазаккур аст, ки сарчашмаи пайдоиши институти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар иҷлосияи мазкур маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсад аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи Тоҷикистон марҳилаи нави муҳимми давлатӣ, яъне идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Қайд шуд, ки мо вазифадорем ҳар як дастоварди Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намоем, манфиатҳои умумимиллӣ-Истиқлоли давлатӣ, якдилӣ ва ҳамбастагии сокинони кишварро аз манфиатҳои шахсӣ, маҳаллӣ, гурӯҳӣ ва ҳизбӣ боло гузорем, дар пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Дар идома олимону муҳаққиқон дар маърӯзаҳои худ таъкид намуданд, ки давлати тоҷикон дар марҳилаи истиқлолият ба шарофати сиёсати давлатдорию таҳкимбахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низоми муосири идоракунӣ ворид гардид. Онҳо зикр карданд, ки таҷрибаи сиёсӣ, дипломатӣ ва идоракунии роҳбари давлат на танҳо барои рушди дохилии кишвар, балки барои таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон низ нақши созгор гузоштааст.
Инчунин, дар ҷараёни чорабинии имрӯза лоиҳаи Атласи пиряхҳои Тоҷикистон, ки аз ҷониби олимону муҳаққиқони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аввалин маротиба дар кишвар таҳия шудааст, муаррифӣ гардид.
12 ноябри соли равон дар Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ бахшида ба “16-уми ноябр- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар дар мавзӯи “Гиромидошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гашт.
Дар оғоз ноиби президенти АМИТ, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, д.и.т., профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа иштирокчиёнро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, нақши Пешвои миллатро дар таҳкими давлатдорӣ ва шукуфоии миллати тоҷикон баён намуд.
Баъдан маърӯзаи мутахассиси шуъба Шукуфа Мавлододова шунида шуд.
Зикр гардид, гиромидошти Рӯзи Президент, ки аз соли 2016 инҷониб таҷлили он ба ҳукми анъана даромадааст, нишонае аз қадрдонии миллати мо ва рамзи муттаҳидии тамоми мардум дар атрофи Президенти маҳбуб аст.
Аз он рӯзи тақдирсоз, баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд), ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардид ва дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, солҳои зиёде сипарӣ гардид. Мардуми кишвар дар симои ин Марди сиёсатмадор ва хирадманд Роҳбареро пайдо намуданд, ки сол то сол бо заҳматҳои шабонарӯзиашон шукуфоии кишварро боло бардошта, осоиштагиву беҳбудии зиндагиро боз ҳам хубтару беҳтар гардониданд. Маҳбубияти Сарвари миллат хурду бузургро фаро гирифт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандеанд, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.
Хушбахтона, гузаштан ба шакли идоракунии президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёту сиёсат, тандурустӣ, фарҳангу маориф ва дигар соҳаҳо гардид.
Кишвар дар давоми 34 соли соҳибистиқлолӣ дорои иқтидори хеле тавонои илмӣ гардид, ки ин дастовард вобаста ба сиёсати пешгирифтаи Сарвари миллат мебошад.
Солҳои охир бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои зиёди рушди амалии илм дар кишвар таҳия ва татбиқ мегарданд. Ин тамоми соҳаҳои илмро дар бар мегирад.
Имрӯз саҳми олимони тоҷик дар тамоми соҳаҳо назаррас мебошад, махсусан пешрафти илми тиб ва дастовардҳои олимон дар ин соҳа ҷолиби диққат аст. Ҳамин аст, ки дар амалияи тибби кишвар корҳои илмӣ –тадқиқотӣ рӯз аз рӯз амалӣ гашта истодаанд.
Дар рафти ҳамоиш кормандони дигари шуъба зикр намуданд, ки ҷоннисориву заҳматҳои бепоёни Пешвои миллат баҳри шукуфоии Ватан мебошад, ки мардуми шарифи он атрофашон муттаҳид шуда, ҷонибдориашон намуданд. Таҷлили ин Рӯзи саид нишонаи эҳтироми миллати мо нисбат ба Президенти маҳбуб аст.
