Skip to main content

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16.12.2025)

Дар таърихи муосири Тоҷикистон Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷатҳои калидии сиёсӣ ва иҷтимоӣ мақоми хос доранд. Паёми 16 декабри 2025, ки ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ бахшида шудааст, на танҳо дастовардҳои солҳои охирро ҷамъбаст мекунад, балки ҳадафҳои ояндаро низ муайян менамояд. Аз дидгоҳи илми таърих ин паёмро метавон ҳамчун манбаи аввалия барои омӯзиши равандҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар даврони истиқлол арзёбӣ кард.

Таърих нишон медиҳад, ки дар ҷомеа занон ҳамеша нақши калидӣ доштаанд – аз даврони бостонӣ (масалан, дар фарҳанги ориёӣ) то даврони муосир. Дар даврони истиқлол сиёсати давлатӣ ба баланд бардоштани мақоми занон нигаронида шудааст, ки ин дар паёмҳои пешини президенти низ мушоҳида мешавад. Паёми навбати ин равандро идома медиҳад ва занонро ҳамчун қувваи пешбарандаи тарбияи миллӣ муаррифӣ мекунад.

Дар паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмати марбут ба занон дар фасли иҷтимоӣ ироа гардид. Аз ҷумла Пешвои миллат такид намуданд, ки: "Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад. Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем. Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем".

Аз дидгоҳи таърихӣ ин суханон робитаи мустақим бо равандҳои пас аз соҳибистиқлолӣ доранд. Дар солҳои 1990-ум ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ занон нақши калидӣ дар ҳифзи оила ва ҷомеа бозиданд. Баъд аз ба даст омадани сулҳ сиёсати давлатӣ ба баланд бардоштани мақоми занон нигаронида шуд, ки ин дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабулшуда инъикос ёфтааст. Паёми соли 2025 ин сиёсатро ҳамчун "меҳвари фаъолияти рӯзмарра" муайян мекунад, ки нишондиҳандаи идомаи равандҳои таърихӣ аст.

Ба шуғли занон ишора Пешвои миллат ишора намуда, такид карданд, ки: “Дар ин росто, ба масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони марказҳои таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи махсус, дар навбати аввал, занон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои аҳолии ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷманд бояд эътибори хосса дода шавад. Бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш медиҳам аз 1-уми сентябри соли 2026: маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд; музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад; ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад. Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд”.

Ин тадбирҳо идомаи сиёсати солҳои охир мебошанд (масалан, афзоиши маошҳо дар 2025), ки ба афзоиши буҷети иҷтимоӣ (зиёда аз 35 фоизи хароҷоти давлатӣ) ва рушди иқтисодӣ (8,4 фоиз дар 2025) такя мекунанд. Ин иқдом на танҳо барои ҳифзи қувваи харидории аҳолӣ аз таваррум муҳиманд, балки барои ҳавасмандгардонии кормандони соҳаҳои калидӣ (маориф ва тандурустӣ) ва кам кардани муҳоҷирати меҳнатӣ кӯмак мерасонанд. Дар шароити афзоиши аҳолӣ (зиёда аз 10 миллион) ва таъсири омилҳои берунӣ (пули муҳоҷирон), чунин иқдомҳо кафолати суботи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла занон мебошанд.

Қисмати калидии паёми Пешвои миллат ба тарбияи фарзандон бахшида шудааст. Аз ҷумал такид шуд, ки: “Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд. Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд.”

Ин суханони Пешвои миллат аз дидгоҳи таърихӣ бо анъанаҳои миллӣ робита доранд. Чунки занон ҳамеша ҳомии фарҳанг будаанд – аз замони ориёӣ то даврони сомонӣ (асрҳои IX-X), ки дар онҳо занон дар тарбияи миллӣ нақши калон доштанд. Дар замони истиқлол қонунҳои зикршуда («Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд») ҳамчун ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ барои ҳифзи ҳувияти миллӣ хидмат мекунанд. Паёми соли 2025 занонро ҳамчун "сафи пеш" дар муқовимат ба бегонапарастӣ муайян мекунад, ки ин идомаи сиёсати давлатӣ Пешвои миллат аст. Ин нақш бо фарҳанги миллӣ, ки "пӯшидани либосҳои миллӣ" ва "сарфаю сариштакорӣ"-ро ҳамчун арзишҳои асосӣ медонад, мувофиқ аст.

Муқоиса бо паёмҳои пешин нишон медиҳад, ки дар 10 соли охир, мақоми занон аз "гурӯҳи осебпазир" ба "қувваи пешбаранда" табдил ёфтааст. Ин раванд бо афзоиши ҳиссаи занон дар ҳокимият (аз 19% дар соли 2015 то 25% дар 2025) ҳамоҳанг аст. Аз дидгоҳи глобалӣ, ин сиёсат бо ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳид (Ҳадафҳои рушди устувор, №5 – баробарии гендерӣ) мувофиқ аст ва робитаҳои таърихӣ ба мероси миллиро (масалан, ҷашни Робияи Балхӣ, ки дар паём зикр шуд) инъикос менамояд. Ин нишон медиҳад, ки сиёсати Тоҷикистон ҳам муосир ва ҳам миллӣ мебошад.

Дар паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занонро ҳамчун ҳомии тарбияи миллӣ ва муқовиматкунанда ба падидаҳои манфӣ муаррифӣ мекунад. Аз дидгоҳи илми таърих паём нишондиҳандаи пешрафти ҷомеаи тоҷикӣ дар даврони истиқлол мебошад. Яъне паёми соли 2025 робитаи мустақими байни гузаштаи бостонӣ ва ояндаи муосирро нишон медиҳад ва далели он аст, ки ҷомеаи тоҷик бо роҳбарии Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳувияти миллӣ ва рушди инсонӣ афзалият медиҳад.

ШИРИН ҚУРБОНОВА, сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих