
НАҚШИ НАВРӮЗ ДАР ТАҲКИМ ВА ТАҚВИЯТИ ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ ВА БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН
Наврӯз ҳамқадам ва тавъам бо рӯзгору пайкори инсоният буда, ҳамеша тараннумгари саодату пирӯзии мардуми олам ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ, некуиву самимият, хирадмандию ақлгароӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ мебошад.
Ба ибораи дигар, Наврӯз маъмултарин, машҳуртарин ва қадимтарин ҷашнҳои миллӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти фарҳангии тоҷикон мақом ва нақши мондагор дорад.
Дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо ибтикор ва саъю таваҷҷуҳу самтгириҳои созанда ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ мазмуну шукуҳи тоза пайдо кард ва ба ҷаҳон шиносонида шуд. Яъне дар ин замина, Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд, ки минбаъд таваҷҷуҳ ба омӯзишу таҳқиқи он доираи васеъ гирифта, дар ин иртибот рисолаву пажӯҳишҳои илмӣ ба таври фаровон рӯи кор омаданд.
Мавриди зикр аст, ки аслан аз рӯзҳои аввали дастёбӣ ба Истиқлоли давлатӣмасъалаи ҳифзу гиромидошт ва пешниҳоду муаррифии ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристҳои бонуфузи ҷаҳонӣ яке аз масъалаҳои меҳварӣ дар сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мерафт. Зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозии ташаббусҳои Тоҷикистонро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла ЮНЕСКО дар ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллати тоҷик зарур ва саривақтӣ дониста, таъкид доштаанд, ки «дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардидаданд.». Аз ин бармеояд, ки саҳми Пешвои миллат дар эҳё ва шиносонидани Наврӯз дар арсаи ҷаҳонӣ аҳаммияти бузурги таърихӣ дорад. Зеро Пешвои миллатдар саргаҳи таъсис додани ҳавзаи нави фарҳангии Наврӯз байни давлатҳои Шарқ қарор мегиранд, ки мардумони ин қаламрави Наврӯзто ба кунун бо номи неки Наврӯз бо ҳам муттаҳид мешаванд, амалҳои созандаву мондагореро анҷом медиҳанд, фарҳанги ягонаеро густариш мебахшанд, ки дар рушди маънавиёт ва маърифатнокии мардум нақши бориз дорад. Аз ин лиҳоз, Наврӯз дар ҳавзаи фарҳангии худ қодир аст, фазои устувори таҳаммулпазириро ба вуҷуд оварад, ки ин на танҳо омилии муттаҳидии давлату миллатҳои минтақа, балки василаи асосии пайванди инсонҳои Замин дар рӯҳияи дӯстиву рафоқат ва ҳамкориву ҳамдигарфаҳмӣ аст. Аз ин ҷост, ки имрӯз Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ шинохта шуда, таҷлили саросарии он дар манотиқи гуногуни сайёра пазируфта шудааст.
Агар сухан перомуни масъалаи нақши омилҳои фарҳангӣ дар сиёсати хориҷӣ ба миён ояд, бемуҳобо Наврӯз ҳамчун унсури асосӣ дар ин соҳа ифода мешавад. Бо ақидаи мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ фарҳанг ҳамчун рукни чаҳоруми сиёсати хориҷии давлат буда, аксари муноқиша ва низоъҳоро дар се даҳсолаи охир тавассути дипломатияи фарҳангӣ баррасӣ мегардад. Пас, Наврӯз дар меҳвари дипломатияи фарҳангӣ қарор гирифта, яке аз ҷузъи асосии фарҳанги миллии тоҷикон аст, ки ин омили муҳимми ҳувиятсоз ҷиҳати барпо кардани ваҳдату ягонагӣ дар дохили кишвар ва устувор гардонидани мақому ҷойгоҳи давлат унсури калидӣ маънидод мегардад.
Албатта, Наврӯз дар шароити муосири муносибатҳои байналмилалӣ механизму муҳаррики асосии дипломатияи фарҳангӣ маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, дипломатияи фарҳангӣ барои Тоҷикистон имкон медиҳад, мо ҷашнҳои миллиамонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври барҷаста муаррифӣ намоем. Масалан, имрӯзҳо дар аксари сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷа ба ин муносибат мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони аҳли фарҳангу санъат ва чеҳраҳои саршиноси кишварҳои хориҷӣ доир шуда, дар он аксҳо ва асарҳое, ки доир ба таърихи маросиму ҷашнвораҳо ва ёдгории бостонии тоҷикон маълумот медиҳанд, ба маърази тамошо гузошта мешванд. Меҳмонон ба ин васила ба таърих, фарҳанг ва санъати тоҷикон ошноӣ пайдо менамоянд. Ин навъ муаррифӣ имкон медиҳад, ки намояндагони дигар халқу миллатҳо ба мероси маънавии тоҷикон шинос шаванд ва ин меросро қадр ва тарғиб намоянд.
Ба тариқи хулоса метавон қайд кард, ки ҷаҳон дар пешорӯи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо қарор гирифтааст. Дар ҷараён ва густариши ин тамоюл фарҳанг ба қисми таркибии сиёсати байналмилалӣ ва “дипломатияи фарҳангӣ”-и давлатҳо ворид гардида, барои таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни давлатҳо мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, Наврӯз яке аз омилҳои калидии пешбурди сиёсати хориҷии фарҳангии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамчун унсури калидӣ дар рушди дипломатияи фарҳангӣ нақши асосӣ дорад. Яъне ба ибораи дигар, ҷиҳати таҳкиму тақвияти мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ бо истифода аз густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва дар ин замина вусъати корбарӣ аз “неруи нарм”, Наврӯз василаи умда ва саривақтиву мантиқӣ арзёбӣ мегардад.
Ардамеҳр Ашурзода, номзади илмҳои таърих, ходими пешбари илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Раёсати магистратура аспирантура ва докторантураи АМИТ тамоми шароитҳо барои таҳсил ва омоданамоии кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби ҷавонон омомода карда шудааст.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар тули солҳои соҳибистиқлолии ватани азизамон таваҷҷуҳи давлату ҳукумат хосатан таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани илми ватанӣ равона гардидааст.
Роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ дар ин самт корҳоро ҷоннок намуда, ҳамарӯза аз рафти баргузории дарсҳои магистрантону докторантон дидан намуда, онҳоро роҳнамоӣ намуда истодаанд, имрӯз низ бо ин мақсад Сардори Раёсати магистратура аспирантура ва докторантураи PhD – и АМИТ Қосимзода Солеҳ ва мудири кафедраи забонҳои хориҷии АМИТ Саидзода Ҳалим аз рафти баргузории дарсҳо дидан намуда, бо онҳо оид ба шароитҳои баргузории дарсҳо суҳбату вохуриҳо анҷом доданд.
Дар асосӣ созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Ҷамъияти саҳомии ғайритиҷоратии (ҶСҒ) «Донишгоҳи Қазоқистони Ғарбӣ ба номи Махамбет Утемисова» ва Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон унвонҷӯ Сарманов Айбек Ертлеуович дар мавзуи «Сообщества донных беспозвоночных озёр разного генезиса западно-казахстанской области» дар назди “Институт” аз рӯи ихтисосӣ 03.02.08 – Экология ба Институт ташриф оварданд.
Айни ҳол муҳаққиқон имтиҳони минимуми худро супорида ва дар семинари байниозмоишгоҳӣ бо презинтатсия баромад намуданд. Инчунин, барои ҳимояи рисола тайёрии худро дида истодаанд.
Магистрантон ва унвонҷӯёни муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», ва «Магистранти сол» ширкат варзида соҳиби ифтихорнома ва мукофотҳо гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Зарифов Маҳммадзариф Ҷамшедович дар озмуни ҷумҳуриявии "Магистранти сол" миёни магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардид. Ҳамзамон барандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мебошад.
Инчунин, Давлатова Мунзифа Шукришоевна барои иштироки фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии "Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон" миёни докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва барои дастоварҳо дар бахши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ ва ва Буриев Умед Рустамович барои дастоварҳои дар бахши фанҳои гуманитарӣ дар самти сиёсатшиносӣ бо сипосномаҳо қадршиносӣ гардиданд.
Ҳамзамон Султонзода Ҷасурбек магистранти курси 1- и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Қурбонов Муборакшоҳ барандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли 2025 гардиданд.
СУХАНРОНИИ ОНЛАЙНИИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА БУЗУРГДОШТИ "ШОҲНОМА" - И ФИРДАВСӢ ДАР БРЮССЕЛ
24 апрели соли 2025 дар китобхонаи Мунтпунти шаҳри Брюссел сафорат дар ҳамбастагӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи Лёвани Белгия ва Ассотсиатсияи тоҷикони Белгия “Диёр” мизи мудавварро дар мавзуи “Шоҳномаи Фирдавсӣ: осори беназири адабиёти ҷаҳон” ташкил намуд.
Доираи васеи олимон, намояндагони ниҳодҳои аврупоиву белгиягӣ, коршиносон, санъаткорон, сокинони шаҳри Брюссел, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамзабонони муқими Белгияву Нидерланд меҳмони ин маҳфил буданд.
Дар кори ин нишаст президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода, вакили Парлумони Аврупо Тиерӣ Марианӣ, узви Академияи аврупоии илмҳо ва санъат, профессори Донишгоҳи Лёван Ян Таверниер, профессори Донишгоҳи Лёван Элин Горрис, директори барномаҳои нашриёти “Ҷаҳони дипломатӣ” Алберто Туркстра, профессори Донишгоҳи Лювен Морган Журдайн, пажуҳишгар Офран Бадахшонӣ ва магистранти Донишгоҳи Озоди Брюссел Шоҳина Беҳзодзода суханронӣ намуданд.
Сухангуён “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсиро дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва мероси ниёгон, ватандустӣ, арзишҳои инсондустиву сулҳпарварӣ, гуфтугуи тамаддунҳо ва рушди дипломатияи фарҳангӣ муҳим хонда, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи чеҳраҳои мондагор ва осори таърихиву фарҳангии миллати Тоҷик, махсусан зикр карданд.
Дар бахши дигари чорабинӣ мусиқинавози ҷавон Сипанд Додбеҳ санъати волои касбӣ ва мусиқии халқиро муаррифӣ намуд.
Дар толори бошукуҳи китобхона гушаи этнографӣ ташкил гардида, асарҳои классикӣ ва навору нигораҳо бахшида ба “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба намоиш гузошта шуд.
БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОИ ФИЛИАЛИ АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОИИ АМИТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 25 апрел президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дидан намуданд. Сохтмон дар бинои мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли ҷорӣ оғоз ёфта, бо маром идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки санаи 29 октябри соли 2024 дар шаҳраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз лоиҳаи бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон муаррифӣ карда шуд. Зимни муаррифӣ қайд гардид, ки бинои мазкур аз маҷмуи биноҳои 2 ва 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати 0,12 садяк замин ба нақша гирифта шуд. Дар бинои мазкур сохтмони озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои маъмурӣ барои кормандони соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, толори маҷлисгоҳ ва синфхонаҳои муосир, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷҷаҳаз гардидаанд, пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки филиали мазкур бо дарназардошти таваҷҷуҳ ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 бо мақсади рушд додани ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ миёни муассисаҳои вилояти Хатлон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.
Маблағгузории сохтмони бино аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷҳизотҳои дохили бино бошад аз ҷониби Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) маблағгузорӣ мешавад. Ҳамчунин, имконияти баргузории машғулиятҳои дарсии амалӣ ва иҷрои корҳои лаборатории донишҷӯёни ихтисосҳои химия ва биология дар синфхонаҳои замонавиро доранд.
СЕМИНАР ДАР МАВЗӮИ “НОИЛ ШУДАН БА ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОРИ СММ- ПЕШГИРӢ НАМУДАНИ ВАФТИ МОДАРОН ”
Имрӯз (25.04.2025) бо ташабусси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, Ҷамъияти анестизологҳо ва реаниматологҳои Тоҷикистон ба номи профессор Муродов М.К. ва Ассосиатсияи акушерон -геникологҳои Тоҷикистон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинар таҳти унвони “Ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори СММ- пешгирӣ намудани вафти модарон ” баргузор гардид.
Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, д.и.т., профессор Ибодзода С.Т. кушод.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Қобилҷон Хушвахтзода Хушвахт ҳозиринро бо баргузор намудани чунин ҳамоиш табрик намуда, саҳми илми тибби тоҷикро хуб арзёбӣ намуд. Махсусан, пешрафти илми тиб ва дастовардҳои олимон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҷолиби диққат мебошанд. Ҳамин аст, ки дар амалияи тибби кишвар онҳо рӯз аз рӯз амалӣ гашта истодаанд.
Дар соҳаи илми тиб низ барои рушди илм ва ҷорӣ намудани технология муосир, тарбияи кадрҳои баландихтисос, тадбиқи қорҳои амалӣ ва табобати беморон чораҳои зиёде роҳандозӣ шуда истодааст.
Таҳқиқоти олимон дар самтҳои гуногуни илми тиб қарор гирифтанд, ки иҷроиши дурусти онҳо дар самтҳои гастроэнтерология, ҷарроҳии дилу раг, осебшиношӣ, акушерӣ – гинекологӣ ва ғайра нуфузи илмро боло мебардорад.
Сипас, раиси Ҷамъияти анестизологҳо ва реаниматологҳои Тоҷикистон, д.и.т., профессор Муродов А.М. ва раиси Ассосиатсияи акушерон -геникологҳои Тоҷикистон, н.и.т., дотсент Давлатзода Г.К. баромад намуда, ҳозиринро табрик ва ба кори семинар коёбиҳо орзу намуданд.
Мудири шуъбаи илмҳои тибби клиникӣ, д.и.т., профессор Рустамова М. С. дар мавзўи “Сохтори фавти модарон ва роҳҳои паст намудани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дотсенти кафедраи анестозология ва реаниматологияи “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустиӣ”-и МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Беларус”, н.и.т. Жаворонок А.Н. дар мавзӯи “Чанбаҳои муосири муолиҷаи хунравӣ ва назорати сохтори гемостаз” ва д.и.т., профессор Муродов А. М. дар мавзӯи “Таъсири шушҳо ба сохтори гемостаз дар занони ҳомиладори гирифтори синдроми аворизнокии узвҳо” суханронӣ намуда, доир ба дастоварду мушкилотҳои ҷойдошта ҳангоми беморихои занона андешаҳои худро баён намуданд. Махсусан, ҳозирин маърӯзаи илмии н.и.т. Жаворонок А.Н.-ро ба мароқи зиёд гӯш намуда, ба посухҳои худ ҷавоб гирифтанд.
Имрӯз, 23 апрел президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз гармхонаи Институти ботаника, физиалогия ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Зимни боздид ба роҳбарияти академия иттилоъ дода шуд, ки таъмири гармхона тавассути лоиҳаи Хизматрасонӣ дар самти обу ҳаво ва иқлим (ХООИ), ки аз ҷониби Каритас Швейтсария ва Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд (SDC) маблағгузорӣ шудааст, дастгирӣ гардид.
Таъкид гардид, ки дар ин гармхона барои барқарор намудани чарогоҳи зерҳадафи ноҳияи Рашт тавассути парвариши зиёда аз 20 намуди тухмиҳои бутта ва дарахтони ба шароити маҳал устувор парвариш карда мешавад. Тухмиҳои бутта ва дарахтони маҳаллӣ аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон барои мутобиқгардонӣ дар шароити чарогоҳҳои минтақаи Рашт аз ҷониби кормандони Каритас Швейтсария ҷамъоварӣ карда шудааст.
Гармхона ҳамчун парваришгоҳи ниҳолҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Институт барои барқарор намудани чарогоҳҳои таназзулёфтаи минтақаи Рашт истифода бурда мешавад.
ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА БОЙГОНИИ АПОСТОЛИИ ВАТИКАН ВА КИТОБХОНАИ АПОСТОЛИИ ВАТИКАН
Имрӯз, 23 апрел президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Бойгонии Апостолии Ватикан ва китобхонаи Апостолии Ватикан мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Бойгонии Апостолии Ватикан ва Китобхонаи Апостолии Ватиканро ба имзо расониданд, ки минбаъд дар доираи ин ёддошт мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷмӯаҳои Трат муқаддас маҳфузанд мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.
Зимни мулоқот қайд гардид, ки бойгониҳои Апостолии Ватикан, ки ҳуҷҷатҳои бебаҳои марбут ба ҳукумати Калисои умумиҷаҳонӣ ва Китобхонаи Апостолии Ватикан, ки мероси бойю ғании китобҳои илмию санъатро маҳфуз медоранд, ба ихтиёри олимону муҳаққиқони тоҷик гузошта, барои пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ ва омӯзишро дар ин самт ба роҳ монанд.
Гуфта шуд, ки Бойгонии Апостолии Ватикан ва Китобхонаи апостолии Ватикан дар доираи ин ёддошти тафоҳум саъй хоҳанд кард, ки ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди лоиҳаи таҳқиқотӣ кумак расонида, ҳамзамон дар таълифи силсилаи китобҳои “Мероси фарҳангии Хуросони бузург”, ки ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад, саҳми худро хоҳанд гузошт.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо дар доираи ин созишнома барои пешбурди корҳои илмию таҳқиқотии олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Бойгонии апостолии Ватикан ва Китобхонаи Апостолии Ватикан ба мувофиқа омаданд.