Зан дар аҳди бостон аз неруи шигифтангезе бархурдор буд, зеро дар ҷомеаи модарсолор ба неруи қудрат, ҷавҳари ҳаёт ва устурагуна будани ӯ қоил шуда, ӯро ба мақоми эзадӣ расонида буданд, ки мавҷудияти эзадбонувон Аноҳито, Спандормаз, Даено, Амурдод, Хурдод гувоҳи ин гуфтаҳост.
Парастиши эзадбонувон аз сохтори сиёсию иҷтимоии модарсолорӣ дар ҷавомеи ибтидоии башарӣ ва вазоифу рисолати ӯ бархостааст, ки то ҳазораи сеюми қабл аз мелод устувор будааст. Далели мавҷудияти эзадбонувон дар аҳди бостон пеш аз ҳама қудрати офаринандагӣ ва зояндагии зан мебошад, ки замин низ қудрати офаринандагии гулу гиёҳонро дошта, аз ин рӯ замин муаннас ҳисобида мешуд. Дигар ин ки зан дар аҳди бостон нигаҳбони оташу фурӯғи хонадон буда, кишоварзиву сафолгариро бар уҳда дошт.
Парастиши илоҳа – эзадбону дар аҳди бостон то поёни даврони Сосониён ривоҷ дошта, мардумон ба хотири сарчашмаи меҳру борварӣ ва эҳсоси отифӣ будани занон тандисҳое аз онон сохта, онҳоро мавриди парастишу ситоиш қарор доданд, ки неруи мусбат ба армуғон меоварданд. Аз тандисҳо дар баргузории оинҳое аз қабили борварии замин, инсону ҳайвоноти хонагӣ, обу гулу гиёҳ низ истифода мешуд. Дар гоҳшумории бостонӣ номи сирӯзаи моҳ ба эзаде мансуб буд, ки дар радифи онҳо эзадбонувон низ буданд. Муҳимтарин ва арҷмандтарин эзадбонувон дар Авесто ва матнҳои паҳлавӣ ёд шудаанд.
Оноҳито/Анаҳито ё Ардависура Оноҳито (Arəduuī Sūrā Anāhitā) ва муарраби он Ноҳид – эзадбонуи обҳои неруманд, яъне дарё ва баҳрҳо, покӣ, саломатӣ, озодагӣ, зебоӣ, борварӣ ва замину ҳосилхезӣ, ишқу модарӣ мебошад. Ардвисура Оноҳито дар Яшти панҷуми Авесто (Обон яшт) ин гуна тавсиф шудааст:
126.Намоён ситод' аст [ин дам]
‐ Ардвии сурҳан Оноҳито
духтаре нозанин, зебо,
рехтаву баландболо,
таҳам, камар баста баланд,
тандуруст, озода, ройманд,
ҷомаи бад гарон бар тан
зарнигор бо ҳазор озин.
127. Бад-он барсуми дар дар даст-ш,
ба гушвори зар, чортарка,
баростӣ шигарфу зебосту
бонуи бас фарҳехта[`ст] Адвисура Оноҳито (3).
Оноҳито фаротар аз марзҳои Эрон шуҳрат дошт, барояш маъбад месохтанд, ба ӯ хайрот мебахшиданд. Аз ҷумла,
Гуштосп, Фаридун, Ҷамшед, Кайковус ба ӯ бахшишҳо эҳдо карда, дар даврони Ҳахоманишӣ ӯро намоди “се неру – равонӣ, артишторӣ ва зоиш дониста, маъбадҳо дар Ҳамадону Шуш бунёд карда, тасвири ӯро дар катибаҳо ва сиккаҳо ҳаккокӣ кардаанд. Маъбадҳои об, ки вақфи ӯ буданд, бештар дар канори дарёҳо дар Персеполис, Ҳамадон, Бобил, Димишқ, Арманистону Афғонистон ва Тоҷикистон бозёфт шудаанд. Хусусияти шифобахшии чашмаҳо ва муқаддас донистани онҳо дар фарҳанги мо аз парастиши Оноҳито ва оинҳои марбут ба ӯ сарчашма гирифтааст. Инчунин рӯзи даҳуми моҳи солшумории хуршедии порисён ба Оноҳито (Обон) бахшида шудааст, ки фазилати ин рӯз “Обонрӯз парҳез кун ва об маёзор!” мебошад.
Аз шаш амшоспанд (амша – ҷовидон, бемарг; спанта – пок, муқаддас ) – офаридаҳои муқаддаси Аҳура Маздо се амшоспанд зан мебошанд – Спандормаз, Амурдод ва Хурдод, ки исми онҳо ба сирӯзаи моҳ ва дувоздаҳ моҳи сол низ гузошта шудааст. Ин эзадбонувон дар адабиёти паҳлавӣ ситоиш шудаанд.
Спантормаййити ё Спандормаз (авестоӣ Spəntā – “бахшанда”, Ārmaiti – “ихлос”; паҳлавӣ Spandārmad) яке аз ҳафт Амшоспанд ва эзадбонуи нигоҳбони замин, покӣ, ишқ ва занони порсо мебошад, ки арзишҳои маънавии амиқе ҳамчун шикебоӣ, фурӯтанӣ, иффати занона ва меҳри модарона дар ӯ таҷассум ёфтаанд ва олудакунандагони замин, дуздон ва ситамкороноро газанд мерасонад. Номи ӯ – Исфанд бар моҳи дувоздаҳуми сол ва рӯзи панҷуми ҳар моҳ ниҳода шудааст. Зардушт ӯро руҳи замин хондааст, ки дар осмон дар самти чапи Аҳуромаздо менишинад ва ӯро манбаи хубиҳо, роҳи ростин ва назми кайҳонӣ медонанд. Дар “Гузидаҳои Зодспарам” Спандормазро ҳамчун зани зебо ва ҷавон дар “Бундаҳишн” ӯро бурдбору пуртоқат тавсиф кардаанд. Ситоиши амшоспандон нахуст аз ӯ оғоз мешавад: “Испандормази афзунӣ <бахш> некбундак маниш (=комил андеша)-ро меситоем”. Ӯ ба занони дурусткор – “ашаван”, ки зидди ҷангҷӯён – девон меҷангиданд, неруву қудрат медиҳад. Эзадбону Спандормаз – муваккили замин меҳри модарона дошта, бо шикебоӣ озори инсонро ба замин таҳаммул мекунад, мафҳуми модарро бо ӯ пайванд медиҳанд.
Вобаста ба ин эзадбону ҷашни Спандормазгон (Исфандгон) барои гиромидошти замину занон ва ишқ мутобиқ ба 5-уми исфанди ҳиҷрии шамсӣ ва мутобиқи гоҳшумории хуршедии зардуштиён 29-уми баҳман баргузор мешавад. Ин ойин аз даврони бостон баргузор мешуд ва дар он мардон ба ҳамсарони худ нишони меҳр ҳадяҳое мисли гулу либос ва суханони бомуҳаббат тақдим мекарданд. Ба спандормаз гули палангмушк (мелисса)-ро нисбат медиҳанд. Фазилати рӯзи мансуб ба Спандормаз – эзади посдори замонҳо, хирадҳо, чашмҳо ва гӯшҳо “Спандормадрӯз замин варз кун!” мебошад.
Амурдод/Амуртот – эзади ҷовидонагӣ ва бемаргӣ, сарвар ва нигаҳбони гиёҳу рустаниҳо мебошад ва гӯсфандонро афзоиш медиҳад ва чунин ситоиш шудааст: “Амурдод Амшоспандро меситоем. Фаровонии рамаро меситоем. Афзунии ғаллотро меситом.” Исми рӯзи ҳафтуми ҳар моҳ буда, фазилати “Амрдодрӯз дору дарахт нишон!” аст. Ҷашни мурдодгон, ки ба рӯзи 7-уми Мурдодмоҳ рост меояд, мардум ба киштзорҳо мерафтанд ва ин рӯзро ҷашни нилуфар ҳам гӯянд.
Хурдод – эзади растагорию наҷот ва муваккилу нагаҳбони об мебошад. Рӯзи шашуми ҳар моҳ ва моҳи сеюм – Хурдод ҷашн Хурдодгон баргузор мешавад ва гули савсанро ба ӯ нисбат медиҳанд. Фазилати ин рӯз “Хурдодрӯз ҷӯй кан!” мебошад ва онро рӯзи нек хонанд:“Ва ҳам зиндагии неки солҳо ин ки ҳар ки ниёиши рӯзи хурдод кунад, ҳамаи рӯз <ҳо>-ро ниёиш карда бошад ва ӯро ҳамаи сол нектар бувад”
Даено (Daēnā;паҳлавӣ dēn) – эзадбонуи виҷдон ва роҳу сафар ва ҳомии занон аст, ки ба зоту сифоти ахлоқии ҳар фард рабт дорад. Даено ҳамчун неруи илоҳӣ бар асоси рафтори фардӣ ва аъмоли ҳар инсоне дар замони ҳаёташ дар дунё яъне аз рӯй амалҳои парҳезкорона ва ё гунаҳкорона ӯро ба шакли дӯшизаи зебои 15-сола дар охират ҳангоми гузаштани чиниватпул раҳнамун месозад. Даено дар “Видевдод”, “Бундаҳишн”, “Ардавирознома” ёд шудааст, аз ҷумла дар Видевдод омадааст: “Пас он гоҳ дӯшизаи зебо, некандом, неруманд ва барозанда...”. Дин рӯзи 24-уми моҳ буда, гули садбаргро ба ӯ нисбат медиҳанд. Оини марбут ба ин эзад садрапӯшӣ (=навзод)
мебошад, ки имрӯз низ зардуштиён онро барпо мекунанд. Фазилати ин рӯз “Динрӯз храфастар(=мор) куш!” мебошад.
Эзадбонувони дигаре низ дар даврони бостон мавҷуд буданд, ки ситоиш мешуданд ва ба рӯзҳои сирӯзаи тақвими порсиён номи онҳо гузошта шуда, оинҳое низ вобаста ба онҳо баргузор мешуданд: Ашӣ ваҳӣ (Ашии хуб) ё Ард, ки дар Яшти ҳафтдаҳуми Авесто аз ӯ ёд шуда, модинаи борварӣ ва муваккили ҷавонони навхона мебошад. Ӯ ба занон зебоӣ мебахшад, бахту тавонгарӣ медиҳад ва дар хона баракат падид меоварад; Аштоз/Аштод – эзадбонуи ростиву дурустӣ; Чисто – эзадбонуи дониш ва фарзонагӣ.
Ин эзадбонуҳо дар таърихи асотирии мо нақши калидӣ бозидаанд ва намоди қудрати ҳаётбахш, борварӣ, покӣ, зебоӣ, дониш, виҷдон, наҷоту ҷовидонагӣ мебошанд. Гумон меравад онҳо аз образи зан-модар бархостаанд ва мафҳуми “Ватан – модар” ва “Табиат – модар” аз ҳамин устураи бостонӣ дар фарҳанги мо устувор шудааст. Эзадбонувони бостон таҷаллии воқеии зан дар фарҳанги мост – рисолати ӯ, рафтору хисоли неки ӯ, дунёи маънавии ӯ, сабки зиндагии ӯ. Нақши эзадбонувон дар замони бостон аз мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа ва вазифаҳои онон дар умури хонадорӣ бархостаанд: нақши эзади борварӣ ва замин (Спандормаз) – аз қудрати офаринандагии зан, эзади зебоию покӣ ва қудрат (Оноҳито) – аз ҳусну ҷамол ва иффату дур аз олудагии зоҳирию маънавии зан ва қудрати ӯ дар баробари сахтии зиндагӣ, эзади виҷдон (Даено) – аз қазоват ва амали дуруст дар нисбати корҳои хубу бад, эзади дониш (Чисто) – аз хираду фарзонагӣ ва маърифати зан. Гарчанде имрӯз аз нақши намодини эзадбонувони асотири Эрони бостонӣ номҳо, матнҳое дар бораи онҳо ва нигораву тандисҳо, оинҳое боқӣ мондаанд, аммо шукӯҳи ҷалоли онҳо дар ҳофизаи таърих боқӣ мондааст ва рисолату вазоиф, сурату сирати неки зан-модари тоҷик бозгӯи нақши намодини илоҳаҳои бостонӣ мебошад.
Шарифзода Фарангис - директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

