Skip to main content

Имрӯз, 27 январ, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл баргузор гардид. Дар мулоқот инчунин хонум Мари Фаверо — доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса иштирок намуд.

Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар мулоқот ҷонибҳо роҳҳои густариши робитаҳо байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Фаронса, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷрибаи илмӣ ва рушди ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятноки илмро баррасӣ намуданд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти забон ва таърих, гузаронидани омӯзишҳо ва таҳқиқоти илмӣ миёни донишҷӯён ва муҳаққиқон дар мавзеъҳои таърихӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии худ ба аҳамияти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм таъкид намуда, иброз дошт, ки Академия омода аст дар доираи лоиҳаҳои муштарак, баргузории ҳамоишҳои илмӣ, конфронс, симпозиюмҳо, табодули олимону муҳаққиқон ва анҷоми таҳқиқоти муштарак бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Фаронса ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.

Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл ба сатҳи ҳамкориҳои илмии дуҷониба баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Фаронса ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус дар самти забон, таърих ва таҳқиқоти марбут ба Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Дар идомаи мулоқот хонум Мари Фаверо — доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса, ба омӯзиш ва мавзеъҳои таърихии чандинҳазорсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, омодагии худро ҷиҳати гузаронидани таҳқиқотҳои муштарак миёни олимон ва муҳаққиқони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар ин мавзеъҳои таърихӣ изҳор намуд.

Дар анҷом ҷонибҳо чунин мулоқотҳоро заминаи муҳим барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва густариши равобити дуҷониба арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд.