Skip to main content

Имрӯз, 14 апрел бахшида ба Рӯзи илми тоҷик як гурӯҳ олимону муҳаққиқон таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати пос доштани хотири аҳли илму адаб ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо ба оромгоҳи бузургон сафарбар гардиданд.

Дар ҷараёни ин иқдоми маънавию фарҳангӣ иштирокдорон аз оромгоҳи шахсиятҳои барҷастаи илму адаби тоҷик, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ ва дигарон боздид намуда, бо гузоштани гулчанбару гулдастаҳо хотираи неки онҳоро гиромӣ доштанд.

Зимни ин маросим таъкид гардид, ки гиромидошти осору мероси илмӣ ва адабии чунин шахсиятҳои бузург барои наслҳои имрӯзу оянда ҳамчун манбаи илҳом ва худшиносии миллӣ хизмат намуда, дар таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди ҷомеа нақши муҳим мебозад.

Таъкид гардид, ки саҳми олимону мутафаккирони тоҷик дар рушди илму фарҳанги миллӣ бениҳоят арзишманд буда, онҳо бо осори гаронмояи худ дар ташаккули тафаккури илмӣ, рушди забону адабиёт ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ нақши муассир гузоштаанд.

Зикр гардид, ки эҳтиром гузоштан ба хотираи чунин фарзандони фарзонаи миллат на танҳо як амали рамзӣ, балки як рукни муҳими тарбияи маънавии ҷомеа ба ҳисоб меравад.