Дар зиндагии ҳар як инсон, модар ҷойгоҳи махсус ва муқаддас дорад. Модар шахсест, ки инсонро ба дунё меорад, ӯро тарбия мекунад ва тамоми умри худро барои хушбахтии фарзандонаш мебахшад. Аз ҳамин сабаб дар тамоми ҷаҳон нисбат ба модар эҳтироми бузург вуҷуд дорад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол рӯзи 8 март ҳамчун Рӯзи модарон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз на танҳо иди занон, балки рӯзи қадршиносии муҳаббат, меҳрубонӣ ва заҳмати модарон мебошад. Дар ин рӯз ҷомеа хизматҳои бузурги занон ва модаронро дар тарбияи фарзандон, рушди ҷомеа ва таҳкими оила қадр мекунад.
Воқеан, модар барои ҳар инсон аввалин омӯзгор, аввалин роҳнамо ва аввалин сарчашмаи муҳаббат мебошад. Ӯ ба фарзанд на танҳо ҳаёт мебахшад, балки арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ меомӯзонад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва қадршиносии модар вазифаи муқаддаси ҳар як инсон ба ҳисоб меравад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки Рӯзи байналмилалии занон таърихи зиёда аз як аср дорад. Дар охири асри XIX ва аввали асри XX занон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон барои ҳуқуқҳои худ мубориза мебурданд. Онҳо мехостанд, ки дар ҷомеа баробарӣ дошта бошанд, шароити кории онҳо беҳтар шавад ва ҳуқуқҳои иҷтимоии онҳо эътироф гарданд. Илова бар ин, соли 1908 дар шаҳри Ню-Йорк ҳазорон занони коргар ба кӯча баромаданд ва барои беҳтар шудани шароити кор ва маоши баробар, эътироз карданд. Ин ҳаракат диққати ҷомеаро ба масъалаи ҳуқуқи занон ҷалб намуд. Сипас, соли 1910 дар конфронси байналмилалии занон, ки дар шаҳри Копенгаген баргузор гардид, пешниҳод шуд, ки як рӯзи махсус барои дастгирии ҳуқуқҳои занон ва қадршиносии онҳо муайян карда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби намояндагони бисёр кишварҳо дастгирӣ ёфт. Бо гузашти вақт 8 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҷашн гирифта шуд. Дар Тоҷикистон низ ин рӯз ба иди муҳим табдил ёфт ва бештар ҳамчун Рӯзи модарон маъруф гардид.
Имрӯз рузи мазкур, на танҳо ба масъалаи ҳуқуқҳои занон, балки ба қадршиносии модарон, нақши онҳо дар оила ва ҷомеа бахшида мешавад.
Бояд эътироф кард, ки модар дар ҷомеа нақши бениҳоят муҳим дорад. Оила асоси ҷомеа мебошад ва дар ташаккули оила нақши модар хеле бузург аст. Модар муҳити гарм ва пурмуҳаббати оиларо ба вуҷуд меорад. Ӯ аввалин шахсест, ки кудак аз ӯ тарбия мегирад. Кудак аз рузҳои аввал аз модар сухан гуфтан, рафтори дуруст ва муносибат бо дигаронро меомӯзад. Бисёр хислатҳои хуби инсон, ба мисли меҳрубонӣ, ростқавлӣ ва эҳтиром ба дигарон, маҳз дар оила ва бо роҳнамоии модар ташаккул меёбанд. Ғайр аз ин, занон дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа низ саҳми калон доранд. Имрӯз занон дар соҳаҳои гуногун, махсусан, соҳаи маориф, илм, тиб, фарҳанг, иқтисод ва идоракунӣ фаъолона кор мекунанд. Дар баробари ин ҳама, онҳо ҳамзамон вазифаи модариро низ иҷро менамоянд. Ин нишон медиҳад, ки занон метавонанд ҳам дар оила ва ҳам дар ҷомеа нақши муҳим дошта бошанд.
Зикри ин нукта муҳим аст, ки муҳаббати модар яке аз поктарин ва самимитарин муҳаббатҳо дар ҷаҳон мебошад. Модар фарзанди худро бе ягон шарт дӯст медорад. Ӯ ҳамеша омода аст барои фарзанди худ ҳама гуна душвориро паси сар кунад. Модар шабҳои зиёдеро бедор мегузаронад, то фарзандаш ором бошанд. Ӯ барои тарбияи фарзанд тамоми қувва ва вақти худро сарф мекунад. Ҳатто ҳангоме, ки фарзанд калон мешавад, муҳаббат ва ғамхории модар кам намегардад. Муҳаббати модар ба фарзанд қувваи бузург мебахшад. Бисёр одамон маҳз ба шарофати дастгирии модар ба муваффақиятҳои калон мерасанд. Суханони нек ва дуои модар метавонад ба инсон рӯҳбаландӣ бахшад ва ӯро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ кунад.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон Рӯзи модарон бо эҳтироми зиёд ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар тамоми кишвар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва идона баргузор мегарданд. Дар мактабҳо хонандагон барои модарон ва омӯзгорон барномаҳои идона ташкил мекунанд. Онҳо шеърҳо мехонанд, сурудҳо месароянд ва намоишҳои ҷолиб пешниҳод менамоянд. Фарзандон ба модарони худ гул, тӯҳфа ва суханони гарму самимӣ тақдим менамоянд. Ин амал рамзи муҳаббат ва эҳтироми фарзандон ба модарон мебошад. Дар муассисаҳо ва ташкилотҳо низ чорабиниҳои идона баргузор мегарданд. Дар ин рӯз ба занон ва модарон барои хизматҳои онҳо дар ҷомеа миннатдорӣ баён карда мешавад.
Дар фарҳанги тоҷикӣ эҳтироми модар аз қадимулайём мавқеи баланд дорад. Мардуми тоҷик ҳамеша модарро ҳамчун шахси муқаддас ва азиз меҳисобанд. Дар байни мардум бисёр мақолҳо ва зарбулмасалҳо дар бораи модар вуҷуд доранд. Барои мисол: «Модар меҳри бепоён дорад». Воқеан дуруст аст. Суханоне, ки дар васфи модар бахшида мешаванд, нишон медиҳанд, ки дар фарҳанги тоҷикӣ модар рамзи муҳаббат, сабр ва меҳрубонӣ мебошад. Шоирон ва нависандагони тоҷик низ дар асарҳои худ модарро бо эҳтироми зиёд васф кардаанд. Дар шеърҳо ва достонҳо модар ҳамчун сарчашмаи муҳаббат ва тарбия тасвир мегардад. Шоирон дар ситоиши занон беҳтарин ашъори худро сурудаанд. Барои намуна ин байти М. Баҳор аз бузургии занон далолат мекунад:
Тахти Ҷамшедӣ барояш, маҳбаси мардонаест,
Зон ки мардон ғофиланд, аз ҳозиру фардои зан.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳар як фарзанд бояд модари худро эҳтиром кунад ва қадри ӯро донад. Эҳтироми модар танҳо дар рӯзи ид маҳдуд намешавад, балки он бояд дар тамоми рӯзҳои сол зоҳир гардад. Фарзанд бояд ба модар кумак кунад, бо ӯ бо меҳрубонӣ муносибат намояд ва суханони нек бигӯяд. Ҳатто як амали хурди нек метавонад дили модарро шод гардонад. Ҳангоме, ки модар пир мешавад, фарзанд бояд ба ӯ бештар ғамхорӣ зоҳир намояд. Зеро модар тамоми умри худро барои тарбияи фарзанд сарф намудааст.
Дар хулоса бояд гуфт, ки Рӯзи модарон яъне 8-уми март яке аз ҷашнҳои муҳим ва пурмаъно мебошад. Ин рӯз ба мо хотиррасон мекунад, ки модарон барои фарзандон ва ҷомеа чӣ қадар хизматҳои бузург анҷом медиҳанд. Модар сарчашмаи муҳаббат, меҳрубонӣ ва тарбия аст. Бе модар зиндагии инсон пурра буда наметавонад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва қадршиносии модар, бояд ҳамеша дар дилу рафтори ҳар як инсон ҷой дошта бошад. Муҳаббат ва ғамхорӣ нисбат ба модарон ҳамеша бояд сурат гирад. Зеро модар азизтарин ва муқаддастарин шахс дар ҳаёти ҳар инсон мебошад.
Беков Дидавар ходими илмии Институти фалсафа ва
сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ




