Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад. Ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсия ҳуҷҷати расмии дорои аҳамияти барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, дар он масъалаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва масъалаҳои дигари ҳаётан муҳими ҷомеа таҷассуми ҳукуқӣ меёбанд.
Имрӯз Конститутсия қонуни асосии қариб ҳар давлати муосири мутамаддин мебошад. Моҳияти дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти сохтори иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар мегузаранд, дар ташаккули қонунгузории конститутсионӣ дарҷ мегарданд. Чунки дар конститутсия принсипҳои асосии давлатдорӣ, усулҳо ва шаклҳои фаъолият инъикос ёфтааст. Конститутсия қоидаҳо, меъёр ва принсипҳои хосаи ташаккул ва инкишофро соҳиб аст.
Бояд гуфт, ки Конститутсия танзимгари бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, сарчашмаи асосии қабули санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ мегардад. Баланд бардоштани эътибори Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки он ба сифати санади асосии таҳкимгар ва такмилдиҳандаи ҳаёти ҷомеа баромад менамояд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсӣ қабул гардид ва эътибор пайдо намуд. Воқеан, њам Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати юридикӣ дар ҷомеаи мутамаддини муосир барои муайян кардани муносибати байни шаҳрванд ва давлат, инчунин танзимкунандаи сохтори қудратии давлатдорӣ - асоси сохти конститутсионӣ мебошад. Аз ин рў, боби аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тољикистон «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» ном гирифта, моҳияти давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ тавсиф мегардад. Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ пазируфта мешавад. Мақоми забони русӣ ва забонҳои маҳаллӣ муқаррар карда мешаванд. Рамзҳои давлатӣ ва мақоми пойтахт мушаххас гардонида шудаанд. Арзиши олӣ пайдо намудани худи инсон, ҳуқуқу озодиҳои вай ва дахлнопазир будани ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон ҷойгоҳи хосаро пайдо намудаанд. Халқ манбаи ягона ва ҳар гуна ҳокимият (моддаи 6) эътироф гардида, масъалаҳои бевоситаи марбути он мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтаанд.
Дар Конститутсия дахлнопазирии сарҳадот ва тақсимнашаванда будани ҳудуди кишвар (моддаи 7) таъкид гардида, дар заминаи плюрализми сиёсӣ амал намудан, фаъолият намудани тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ муқаррар гардидаанд.
Муносибати Тоҷикистон бо акторҳои дигари сиёсати ҷаҳонӣ муқаррар карда шудаанд. Санадҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун ҷузъи таркибии низоми ҳукуқии кишвар пазируфта мешаванд ва авлавияти онҳо эътибори хосаро касб намудаанд. Сиёсати сулҳҷӯёнаи давлат дар маркази диққат қарор дода шудааст. Ҳамкории самарабахш бо давлатҳои дигар яке аз ҳадафҳои асосии мамлакатро ташкил медиҳанд.
Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол ба давлат имкон дод, ки ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳонӣ муосир ворид шуда, ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар арзи ҳастӣ намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали мустақими меъёрҳои он шаҳодат медиҳанд, ки он яке аз конститутсияҳои асосии беҳтарини дунё маҳсуб меёбад. Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд. Боиси ифтихор аст, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эътироф гардидааст.
Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсия анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намудаанд, «Аҳаммияти таърихии Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки ин санади муқаддаси давлати соҳибихтиёр истиқлолу озодии Тоҷикистонро ба расмият дароварда, шакли идораи давлатро муайян намуд. Конститутсия, ҳамчун барои ташкил ва таҳкими низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт ва омили таъминкунандаи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ гардид. Ин санади таърихӣ, инчунин, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа ва давлати Тоҷикистонро муайян намуда, низоми мукаммали ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаррар кард ва механизми амалигардонии онҳоро кафолат дод».
Воқеан ҳам Конститутсия санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта мебошад. Тамоми санадҳои дигари ҳуқуқӣ бевосита аз Конститутсия сарчашма гирифта, бояд ба он мутобиқат намоянд.
Ҳамин тариқ, Конститутсия дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҳар як кишвар аҳамияти муҳим дорад. Ҳар як шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз миллат, ҷинс, эътиқод дар асоси Конститутсия ҳимоя мегардад ва ҳаёти босаодати вай таъмин мегардад. Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар вазифаи ҳар як шахс мебошад. Аз ин рӯ шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои ҳамдигарро эътироф намоянд, барои пойдорӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар саҳмгузор бошанд.
Қодирова З.Б., ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Ман, ҳамчун ҷавони хушбахту саодатманди даврони Истиқлолияти давлатӣ, бо эҳсосоти гарму самимӣ ва бо дили пурифтихор хабари мушарраф гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой пазируфтам. Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҳар як шаҳрванди мамлакат, хоса барои мо ҷавонон, манбаи ифтихор, илҳом ва нерӯи тоза гардид.